Саҷдаи тиловат(қисмати дуюм)

0
169

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар қисмати якум ба баёни саҷдаи тиловат ва баёни чанд масъала дар ин маврид пардохтем, дар ин қисмат идомаи масъалаҳои саҷдаи тиловатро баён хоҳем кард.

Масъалаи ҳаждаҳум

Агар имом аз халифи худ саҷлаи тиловатро бишнавад, на бар имом ва на бар дигарон саҷдаи тиловат лозим немешавад; на дар дохили намоз саҷда мекунад ва на дар беруни намоз. Асл қироати имом аст, на ҷонишини вай ба ҳамин хотир, на дар гардани маъмумҳо ва на дар гардани имом ва на дар гардани ҷонишини имом саҷдаи тиловат лозим намешавад.

Масъалаи нуздаҳум

Агар шахсе намоз мехонад ва хориҷ аз намози вай шахси дигар ояти саҷдадорро хонд, намозгузор саҷдаи тиловатро пас аз намоз ба ҷо меорад. Аммо агар дар дохили намоз саҷда кард, саҳеҳ нест, вале намозаш ҳам ботил немешавад.

Масъалаи бистум

Агар намозгузор ояти саҷдаи тиловатро дар васати намоз тиловат кунад, афзал аст, ки пас аз хондани ояти саҷдадор агар қасд дорад, ки давоми сураро мехонад, ибтидо рукуъ ва саҷда мекунад ё танҳо саҷда карда баргашта идомаи сураро тиловат мекунад, аммо агар қасди хондани идомаи сураро надорад, рукуъ кунад ва ҳамин рукуе, ки дар болои ояти саҷда ояти дигар зам нашавад, саҷдаи тиловат ҳам пас аз он рукуъ ҳисоб мешавад, аммо агар қасд дошта бошад, ки идомаи сураро мехонад аввал бояд саҷдаи тиловатро ба ҷо оварад ва пас аз он ба идомаи замми сураи худ бипардозад.

Агар намозгузор ҳатто пас аз хондани ду ё се оят баъд аз тиловати ояти саҷдадор ва бо қасди он ки саҷдаи тиловатро ҳам ба ҷо оварад ба рукуъ ва сипас ба саҷда равад, ин саҷда ҳам саҷдаи воҷиби намоз ва ҳам саҷдаи тиловат ҳисоб мешавад.

Масъалаи бистуякум

Мустаҳаб аст, ки намозгузор дар ҳангоми хондани ояти саҷдадор ду се оят болои ояти саҷдадор зам кунад ё қасди хонданашро надорад, ду се оят монда ба ояти саҷдадор замми сураро бас кунад ва танҳо худи оятро тарк накунад ё дар худи оят қироатро бас накунад.

Масъалаи бистудуюм

Ҳаргоҳ рукуъ ва саҷда кунад намозгузор барои саҷдаи тиловат бидуни онки ду ё се оят бар рӯи он зам кунад, агар қасди идомаи замми сураро дошта бошад бармегардад ба қиём, мустаҳаб аст, ки пас аз тиловати ояти саҷдадор рукуъ накунад ва ду ё се оятро тиловат кунад.

Масъалаи бистусеюм

Агар ояти саҷдадорро дар намоз тиловат кунад, пас агар ирода кунад, ки рукуъ мекунад, муҳтоҷ аст ба як қасд ё ният кардан ба рукуъ яъне дар дилаш гузаронад, ки дар рукуи бетаваққуф саҷдаи тиловатро ҳам дар назар дорад, то саҷдаи воҷиб, саҷдаи тиловаташро кифоя кунад.

Агар ният накунад, саҷдаи воҷиб саҷдаи тиловатро ҷуброн немекунад. Пас бояд ниятро дар дилаш гузаронад, ки замми сураро идома надодам ба хотири саҷдаи тиловат буд. Аммо агар ин ниятро дар рукуъ кунад, дар ин маврид ихтилоф аст, баъзе гуфтаанд, ки ҷоиз аст ва бархе дигар гуфтаанд, ки ҷоиз нест. Пас қабл аз рукуъ ният лозим аст.

Аммо агар намозгузор пас аз рукуъ нияти саҷдаи тиловат ҳам кунад, ба назари саҷдаи тиловатро шомил намешавад ва бояд, ки саҷдаи тиловатро адо кунад.

Масъалаи бистучорум

Агар намозгузор ояти саҷдадорро аз дигаре бишунавад, (ду нафар канори ҳам намоз мехонан ё як нафар намоз мехонаду шахси дигар Қуръон мехонад) ва аз хонандаи оят дар саҷда пайравӣ кунад, намозаш ботил мешавад. Баръакси имом, ки пайравӣ аз ӯ воҷиб аст.

Масъалаи биступанҷум

Агар саҷдаи тиловат дар ғайри намоз ва дар ҷамъ тиловат шуд мустаҳаб аст, ки ҳама аз қорӣ пайравӣ карда саҷдаи тиловатро ба ҷо оваранд. Ҳамчунин мустаҳаб аст, ки ба ҳангоми анҷоми саҷдаи тиловат тавассути қорӣ мардум ҳам ба монанди намози ҷамоат дар пушти вай ба монанди ташаҳҳуд нишаста ва бо такбири қорӣ ба саҷда рафта, се тасбиҳро гуфта ва бо такбири вай сар аз саҷда бардоранд.

Аз ҳазрати Абубакр(рз) нақл шудааст, ки агар дар чунин ҳолате як хонум ҳам ба унвони имом ҷулӯи мардум бошад, то мардум аз вай пайравӣ кунанд, ҷоиз аст. Баръакси намозҳои фарз, воҷиб ва нофила, хонум наметавонад имом қарор гирад.

Масъалаи бистушашум

Дар такбири саҷдаи тиловат бардоштани дастҳо нест, қиём нест, қироат ва ташаҳҳуд ҳам нест.

Масъалаи бистуҳафтум

Агар шахсе дар як макон чанд маротиба ояти саҷдадорро бихонад ва ҷои вай тағйир накунад, бар гардани хонанда танҳо як саҷдаи тиловат воҷиб мешавад, аммо агар ҷо тағйир кунад ба сабаби тағйири ҷо саҷдаи дуюм ҳам бар гадани ӯ воҷиб мешавад.

Агар ояти саҷдадор дар як маҷлис хонда шаваду касе аз ҷояш нахезад ва як қадам назанад ё чизе нахӯрад ё нанӯшад чанд маротиба ҳам ояти саҷдадор хонда шавад, танҳо як саҷда барои хонанда ва шунаванда кифоя мекунад. Агар ҳам кадоме аз онҳо ҷояш тағйир кунад, ба ҳамон одам ба сабаби тағйири ҷояш саҷдаи дигар воҷиб мешавад. Аммо агар макони хонанда тағйир кунад барои ҳама беш аз як саҷда воҷиб мешавад. Масалан агар хонанда дар ҷои собит 10 маротиба бихонаду шунаванда ҷояшро се бор иваз кунад, ба хонанда як саҷда ва ба шунаванда се саҷдаи тиловат воҷиб мешавад. Агар макони хонанда тағйир кунад, ба ҳама беш аз як саҷда воҷиб мешавад.

Тағйири макон ба маънои як қадам ё аз гӯшаи хона ба гӯшаи дигар рафтан ё аз гӯшаи масҷид ба гӯшаи дигари масҷид рафтан. Аммо агар дар рӯи киштӣ бошаду киштӣ ҳаракат кунад, танҳо як саҷда воҷиб мешавад. Аммо агар дар болои чорпо савор бошад ва он чорпо ҳаракат кунад барои ҷо ба ҷо шудани он ҳар чанд боре, ки шунавад саҷдаи тиловат воҷиб мешавад. Баръакси киштӣ.

Аммо агар дар маҷлисе, ки ояти тиловат хонда мешавад, шахси дигаре тасбиҳ гуфт ё ояти саҷдадори дигарро қироат кард, танҳо як саҷда бар гардани вай воҷиб мешавад. Яъне бо машғул шудан ба тасбиҳ ё қироат маҷлисаш тағйир намекунад.

Агар ояти саҷдадорро қироат кунад ва баъд аз он савори чорпо шавад ва пас аз он дубора қироат кунад, агар чорпо ҳаракат накарда бошад маҷлисаш тағйир накардааст ва танҳо як саҷда воҷиб мешавад ва баръаксаш ҳам ҳамин аст. Аммо агар ҳаракат кунад маҷлис тағйир кардааст.

Идома дорад…

Саҷдаи тиловат(қисмати якум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед