Саҳобаи гиромӣ Абузари Ғифорӣ (рз)

0
222

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Саҳобаи гиромӣ Абузари Ғифорӣ (рз)
Қисмати сеюм:

Рӯзе, ки бузургтарин, одилтарин ва беҳтарин фармонравоёни қотибаи башарӣ аз дунё меравад (Умар ибни Хаттоб) ва баъд аз худ хaлаи азиме бар ҷой мегузорад ва фавташ чунон таъсире дошт, ки мардум тоб ва тавони таҳаммули онро надоштанд ин дар ҳоле буд, ки амвоҷи футӯҳоти исломӣ дар ҳоли густариш буд ва доманаи хостаҳо ва гироиш ба хушгузарониҳо ва неъматҳои зиндагӣ дар миёни мусалмонон дар ҳоли густариш аст, ин ҷост, ки Абузар(рз) эҳсоси хатар мекунад.
Тарҷеҳ додан ва авлавият бахшидан ба хостаҳо ва манофеи шахсӣ чӣ басо монеи пешрафти кори касоне шавад, ки ҳадафшон дар зиндагӣ, барафроштани парчами Худост.
Дунё бо зарқу барқҳои фиребанда ва зудгузари хатарнокаш гоҳе монеъи кори касоне мешавад, ки рисолаташон табдили дунё ба мазраае барои анҷоми амалҳои солеҳ аст.
Мол ва сарват ҳам, ки Худованд онро хидматгузор ва мутеъи инсон сохтааст, чӣ басо табдил ба сарвари золим шавад.
Он ҳам нисбат ба чӣ касоне?
Нисбат ба ёрони Муҳаммад(с) ҳамон Паёмбаре, ки ба ҳангоми реҳлат, зиреҳи ҷангиаш дар гарав буд, ҳол онки тале аз ғаноим ва байтулмол дар баробараш анбошта шуда буд.
Манобеъ ва захоири замин, ки Худованд барои тамоми мардум офарида ва саҳмашонро аз он баробар ва мусовӣ қарор додааст, гумони он буд, ки эҳтикор шуда ва сабаби навъе мазият ва имтиёз шавад.
Гоҳе масъалаи «қудрат», ки масъулияти он чунон сангин аст, ки дилҳои мардони солеҳ ва некӯкор аз тарси ҳисоб ва муохизаи Худо дар бораи он, ба ларза меояд, табдил ба василаи диктаторӣ ва сарватандӯзи мешавад ва нобудӣ ва авоқиби вахиме ба думбол дорад. «Абузар(рз) ҳамаи инҳоро бо чашми худ дид, ҳол онки дунболи ёфтани вазифа ва масъулият барои худ набуд. Балки даст ба қабзаи шамшер бурд ва онро дар ҳаво ба чархиш даровард ва ҳаворо шикофт ва ба по хост, то бо шамшере, ки бо сарафкандагӣ ва хорӣ  ноошно буд, бо иҷтимоъ рӯбарӯ шавад, аммо хеле зуд садои васияти Паёмбар(с) атрофи қалбашро фаро гирифт ва шамшерро дубора дар ғилоф фурӯ бурд, чун сазовор нест, ки бар рӯйи мусулмонон шамшер кашид.

وَمَا كَانَ لِمُؤۡمِنٍ أَن يَقۡتُلَ مُؤۡمِنًا إِلَّا خَطَ‍ٔٗاۚ

“Ва ҳеҷ муъминеро нарасад, ки муъмини дигарро ҷуз бо хато бикушад.” (Сураи Нисо, ояти 92)

Имрӯз дар чунин шароите вазифаи ӯ эътироз аст, на куштан.
Зеро шамшер василаи тағйир ва ислоҳ нест, балки ин сухани рост ҳамроҳ бо хайрандешӣ ва бидуни тарсу хиёнат аст, ки дар ин шароит тағйир ва ислоҳ эҷод мекунад.
Суханони одилонае, ки ба ҳадаф мерасанд ва авоқиби бад ба думбол надоранд.
Рӯзе Паёмбар(с) ба теъдоде аз ёронаш фармуд:

“Осмон бар касе соя наяфканад ва замин касеро дарбар нагирифтааст, ки ростгӯтар аз Абузар(рз) бошад”

Касе, ки то ин дараҷа аз садоқат дар гуфтор бархурдор аст, чӣ ниёзе ба шамшер дорад? Танҳо як сухан одилонааш аз тамоми шамшерҳои рӯйи замин бурандатар аст.
Бинобар ин бояд бо ҳамин силоҳи ростгӯӣ ба сӯи ҳокимон ва сарватмандон ва тамоми касоне биравад, ки ба воситаи дилбастагӣ ва эътимод ба дунё, хатари бузургеро барои дин ба вуҷуд овардаанд, ки барои башарият ҳидоят ба армағон овардааст на сарватандӯзӣ. Барои дине, ки мантиқи он, паёмбарӣ аст на салтанат, раҳмат аст на азоб, тавозӯъ аст на бартариҷӯӣ, баробарӣ ва мусовот аст на табъиз ва имтиёзу қаноат аст на ҳирсу тамаъ, баҳрабардорӣ аз дунё ба миқдори кифоят аст, на ҳавасронӣ ва билохира адолат дар баҳрабардорӣ аз лазоизи зиндагӣ аст, на олудагӣ ба воситаи он ва ё кушту  куштор бар сари тақсими он!

Барои ин Абузар(рз) бояд бар зидди ҳамаи инҳо қиём кунад, то Худо миёни ӯ ва эшон ба ҳақ доварӣ кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст.
Абузар(рз) ба сӯи маркази қудрат ва сарват раҳсипор шуд, бо онҳо яке пас аз дигари мубориза намуд ва дар андак замоне соҳиби парчаме шуд, ки тӯдаҳои маҳрумони иҷтимоъ гирди он ҷамъ шуданд ва овозаи ӯ ҳатто нуқтаҳои дӯрдстро низ, ки аҳолии он ҳанӯз ӯро надида буданд, фаро гирифт.
Ба гунае, ки зикри номаш дар миёни ҳар қавму тоифае боиси тарҳи саволҳое мешуд, ки масолеҳ ва манофеи соҳибони қудрат ва сарватро таҳдид мекард.
Агар ин инқилобӣ бузург мехост барои худ ва ҷунбише, ки ба вуҷуд оварда буд, парчами махсусе интихоб кунад, шиоре, ки дар он парчам нақш мебаст сихи сурх ва оташине буд, ки ҳарорати он мавҷ мезад. Суруд ва шиореро низ, ки ҳамвора бо худ такрор ва замзама менамуд ва мардум низ онро ҳамчун сурудҳои ҳаммосӣ такрор мекарданд. Ин ҷумлаҳо буданд:

وَٱلَّذِينَ يَكۡنِزُونَ ٱلذَّهَبَ وَٱلۡفِضَّةَ وَلَا يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَبَشِّرۡهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٖ٣٤ يَوۡمَ يُحۡمَىٰ عَلَيۡهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكۡوَىٰ بِهَا جِبَاهُهُمۡ وَجُنُوبُهُمۡ وَظُهُورُهُمۡۖ هَٰذَا مَا كَنَزۡتُمۡ لِأَنفُسِكُمۡ فَذُوقُواْ مَا كُنتُمۡ تَكۡنِزُونَ

“Ба касоне, ки зару сим (тило ва нуқра) меандӯзанд башорат диҳед, ки дар рӯзи қиёмат пешонӣ ва паҳлӯҳояшон бо сихҳои оташин сӯзонда мешавад (Сураи Нисо, ояти 34-35)

Абузар(рз) аз ҳеҷ кӯҳе боло ва аз ҳеҷ даште поин намерафт, ба ҳеҷ шаҳре дохил ва бо ҳеҷ фармонравое рӯбарӯ намешуд, магар ин ки ҷумлаҳои гузашта вирди забонаш буд, то ҷое ки мардум чун медиданд, ки ӯ ба сӯяшон меояд ин ҷумлаҳоро аз ӯ истиқбол мекарданд:
«Касонеро, ки сарват андӯзӣ мекунанд башорат диҳед, ки бо сихҳои оташин сӯзонда хоҳанд шуд.»
Ин шиор аломат ва нишонаи мубориза ва паёми ӯ буд, муборизае, ки зиндагии худро вақфи он намуда буд. Чӣ мавқеъ?
“Вақте, ки дид сарватҳо андӯхта ва эҳтикор мешаванд. Вақте, ки дид зӯрмандон бартариҷӯӣ намуда ва аз қудрати худ истифода барои нафси худ мекунанд, вақте, ки дид муҳаббати дунё дар дил ва даруни бархе аз мусулмонон реша давонда ва тарси он меравад, ки тамоми ворастагиҳо, порсоиҳо, фидокориҳо ва ихлосеро, ки рисолати бузурги исломӣ бо гузашти чандин сол дар мардум ба вуҷуд овардааст, аз байн бибарад”
Ба ҳамин далел муборизаашро аз маконе шурӯъ кард, ки нирӯмандтар ва хатарноктар буд. Яъне аз Шом, дар онҷо «Муовия ибни Абусуфён» бар курсии ҳукумати сарзамине такя зада буд, ки аз пурдаромадтарин ва ҳосилхезтарин ва сарватмандтарин нуқтаҳои қаламрави ҳукумати исломӣ ба шумор мерафт. Муовия пулҳои беҳадду беҳисоберо ба ин ва он мебахшид ва бо ин васила дили афродеро, ки исму расме доштанд ба даст меовард ва онҳоро гирди худ ҷамъ мекард ва ояндаи худро, ки аз дӯр чашмҳоро ба он дӯхта буд, таъмин мекард.
Дар онҷо мулкҳо ва кохҳо даъватгаронро дучори ошуб менамуд, пас мебоист қабл аз ин, ки хатар ҳамаро дарбар гирад Абузар(рз) хатарро эҳсос мекунад.
Раҳбари муборизон домани тавозӯъ боло зада ва зуд ба сӯи Шом раҳсипор гардид.
Мардуми одии шаҳр чун хабари омаданашро шуниданд, бо ҷӯшу хурӯш ба истиқболаш рафтанд ва ӯ ба ҳар ҷо мерафт ва назди ҳар мерафт, гирдаш ҷамъ шуда, мегуфтанд:
«Эй Абузар(рз) барои мо ҳадис нақл кун. Эй ёри Паёмбар(с) бароямон сӯҳбат кун».
Абузар(рз) ба диққат атрофшро менигарад ва мебинад бештар мардуме, ки ӯро дар бар гирифтаанд ниёзманд ва фақиранд, сипас ба атрофи шаҳр менигарад ва қасрҳо ва мӯлкҳоро мебинад, онгоҳ мардуми атрофашро садо зада мегӯяд:
«Дар ҳайратам аз касе, ки як ваъда ғизо дар хонааш пайдо намекунад, чӣ гӯна шамшерашро ба рӯйи онҳо намекашад?»
Зуд васияти Паёмбар(с) ба ёдаш омад, ки бояд сабр ва таҳаммулро ба ҷои қиём баргузинад ва сухани далеронаро ба ҷой шамшер.
Барои ҳамин сухани қиёмро канор ниҳода ва ба сӯи сухани мантиқ ва иқноъи мардум рӯй меовард, мардумро мутаваҷҷеҳи ин нукта мекунад, ки онҳо ҳамонанди дандонаҳои шона мусовӣ ва баробаранд ва ҳама дар ризқу рӯзи шарик ва саҳиманд. Касе бар дигари бартарӣ надорад, магар ба тақво. Агар мардум гурусна монданд бояд ҳоким ва амир нахустин шахси гурусна бошад ва агар сер гаштанд, бояд охирин фарди сер бошад.
Ӯ тасмим гирифт бо сухан ва шуҷоаташ дар тамоми нуқтаҳои қаламрави ҳукумати исломӣ назарияи умумӣ ба вуҷуд овард, ки дар партави устуворӣ ва нирумандӣ, нируи идоракунандае барои умаро ва сарватмандон буда ва монеъ аз ғалабаи афроде бошад, ки аз ҳукумат сӯистифода намуда ва сарватро ба эҳтикори худ дароваранд.
Дар андак замоне мардуми Шом мисли занбурҳои асале шуданд, ки малакаи фармонбардори худро пайдо карда бошанд, агар Абузар(рз) андак ишорае ба қиём мекард, оташи қиём ва шӯриш шӯълавар мегардид, аммо ҳамон тавр, ки гуфтем ӯ ҳиммати худро сарфи эҷоди як раъйи умуми воҷибулэҳтиром намуд ва суханонаш нақли маҷлисҳо ва масҷидҳо ва ҳама ҷо шуда буд.
Хатари Абузар(рз) замоне бештар мутаваҷҷеҳи соҳибони манофеъ шуд, ки дар ҳузури мардум бо Муовия ба мунозира ва мубоҳиса пардохт ва билофосила ҳозирини дар маҷлис ҷараёни гуфтугӯи Абузар(рз) бо Муовияро ба иттилоъи ғоибон ҳам расонданд ва ин хабар зуд дар ҳама ҷо пахш шуд.
Абузар(рз) тибқи таърифи Паёмбар(с) ва устодаш ростгӯтарин фарди ҷаҳониён буд. Бидуни камтарин тарс ва воҳимае дар баробари Муовия меистод ва дар бораи сарватҳое, ки пеш аз ҳукумати шом дошт ва сарватҳое, ки он рӯз дар Шом ҷамъ карда буд, дар бораи хонае, ки дар Макка дар он сукунат мекард ва кохҳое, ки имрӯз дар Шом сохта буд, савол менамуд.
Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед