Руъяти Худованд аз назари Мотуридӣ

0
72

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Сифоти Худо
Бахши даҳум
Руъяти Худованд аз назари Мотуридӣ

Дар Қуръони Карим ва ривоятҳои Пайғамбари Акрам (с) иборатҳое вуҷуд дорад, ки бархе аз фирқаҳои каломӣ бар асоси онҳо иддио кардаанд, ки Худованди Мутаол бо чашми сар қобили мушоҳида ва дидан аст. Дар мавриди ин ки тафсири ин иборатҳо чи гуна аст ва манзур аз ин иборатҳо чист, донишмандон ва мутакаллмони исломӣ бо ҳам ихтилофи назар доранд. Назарияҳои матраҳшуда дар баҳси руъяти Худованд, монанди назарияҳое аст, ки дар баҳси сифоти хабарӣ матраҳ шудааст, зеро ин баҳс худ шохае аз баҳси сифоти хабарӣ аст. Бар ин асос фирқаҳои чун Муҷассама ва Карромия, ки қоил ба ҷисм будани Худованд ҳастанд, руъят ва дидани ҳиссии Худованд дар ин дунёро ҷоиз медонанд. Фирқаи Ашоира низ муътақид ба ҷоиз будани руъят ва дидани Худованд ҳастанд, аммо ин диданро бо дидане, ки дар мавриди ҷисмҳо анҷом мегирад, мутафовит медонанд. Муътазила ва берхе аз фирқаҳои дигари каломӣ ҳам руъят ва дидани ҳиссии Худовандро ба куллӣ ғайри мумкин медонанд.

Мотуридиён ҳарчанд бар асоси асли танзеҳ, бо назарияи таҷсим ва ташбеҳи Худованд ба шиддат мухолифат мекунанд ва ҳар гуна мушобиҳати Худованд бо махлуқотро рад мекунад, аммо дар масъалаи руъят ва дидани Худованд бо оятҳо ва ривоятҳои фаровоне бармехӯранд, ки таъвил ва ҳатто тафвизи онҳоро канор гузошта, муътақид ба руъят ва дидани Худованд дар охират ва дар қиёмат мешаванд.

Абумансури Мотуридӣ дар ин масъала муътақид аст, ки руъят ва дидани Худованд як амри мумкин ва лозим аст ва дар қиёмат воқеъ мешавад ва мӯъминон Худовандро хоҳанд дид, бидуни инки лозимааш ҷисм будани Худованд бошад. Вай дар ин бора мегӯяд: ”Эътиқод ба руъят ва дидани Худованди Мутаол дар назди мо лозим ва ҳақиқат аст, аммо ин руъят бидуни дарки ҳақиқат ва тафсир аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 141)

Вай ҳамчунин дар ин замина дар тафсири худ “Таъвилоту аҳли ас-сунна” мегӯяд: “Асл дар масъалаи руъят дар назди мо ин аст, ки руъяти Худованд (дар қиёмат) воҷиб аст ва нигоҳ кардан ба суи Худованд собит шудааст… ва аҳли тавҳид дар мавриди саҳеҳ будани ахбори марбут ба руъяти Худованд ихтилофи назар надоранд, вале касоне ки руъят бо чашмро рад мекунанд ахбори марбут ба Худовандро маҳдуд ба руъяти қалбӣ медонанд”. (Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 10, саҳ 350 ва 351)

Имом Мотуридӣ дар посух ба ин савол, ки Худованд чигуна дида мешавад баён доштааст: “Руъят ва дидани Худованд бидуни кайфияту чигунагӣ аст, зеро кайфияту чигунагӣ марбут ба шайи дорои сурат аст. Худованд дида мешавад бидуни васфи росту нишаста, иттикову тааллуқ доштан, часпидаву ҷудо будан, пешу ақиб, кӯтоҳу дароз, нуру торикӣ, қарору ҳаракат, дохилу хориҷ ва бидуни ҳеҷ маънои дигаре, ки тасаввур шавад ва ақл фарз намояд”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 151. Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 10, саҳ 351)

Бинобар ин Мотуридӣ дар мавриди руъят ва дидани Худованд дар қиёмат мувофиқ аст ва муътақид аст оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳои дар ин бора бар мабнои зоҳирӣ ва лафзӣ тафсир шаванд. Вай мегӯяд, лафз ва маънои ин оятҳо ба мо иҷозат намедиҳад, ки онҳоро таъвил кунем ва онро ба маънои дидан ва руъяти қалбӣ тафсир кунем, зеро ин навъи дидан дар охират миёни мӯъминон ва кофирон яксон аст. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 10, саҳ 351)

Аммо Абумансури Мотуридӣ бар ин назар аст, ки руъят ва дидани Худованд фақат аз тариқи далели нақлӣ қобили исбот аст ва ақл наметавонад дар ин замина далеле биёварад.

Аз ҷумла далелҳои вай барои исботи ин масъала ояти:

لاَّ تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ

Яъне “Чашмҳо Ӯро дарк намекунан, вале Ӯ ҳама чашмҳоро дарк мекунад” (Сураи Анъом, ояти 103)

Ӯ муътақид аст агар Худованд руъят ва дида намешуд, далел ва ҳикмате барои нафйи “дарк кардан” вуҷуд надошт, дар ҳоле, ки ғайр аз Худованд ҷуз аз тариқи дидани чизе дарк карда намешванд. Дар ғайри ин сурат баёни нафйи “дарк кардан” дар инҷо бемаъно буд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 141)

Мотуридӣ байни “дарк кардан” ва “руъят” фарқ мегузорад. Ӯ бар асоси ояти (لاَّ تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ) мегӯяд: Дарк кардан барои чизе аст, ки иҳотапазир ва маҳдуд бошад ва чун Худованд иҳотапазир ва маҳдуд нест, бинобар ин қобили дарк кардан низ нест. Аммо руъяту дидан ин вежагиро надорад ва метавон чизеро, ки маҳдуд нест ҳам дид. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 145 ва 146)

Далели дигари Мотуридӣ барои исботи руъяту дидани Худованд сухани ҳазрати Мусо (а) аст, ки фармудааст:

رَبِّ أَرِنِي أَنظُرْ إِلَيْكَ

Яъне “Парвардигоро, худатро ба ман нишон бидеҳ, то туро бубинам” (Сураи Аъроф, ояти 143)

Ӯ мегӯяд агар руъят ва дидани Худованд ҷоиз ва мумкин набуд, ин савол аз тарафи ҳазрати Мусо (а) ҷаҳли Ӯ нисбат ба Парвардигораш шумурда мешуд ва касе, ки ҷоҳил бошад чигуна метавонад фиристодаи Худо ва амини ваҳйи илоҳӣ бошад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 141 ва 142).

Далели дигаре, ки имом Мотуридӣ барои исботи дидгоҳи худ дар мавриди дидани Худованд зикр мекунад, васфи ҳоли биҳиштиён аст, ки дар Қуръони Карим омадааст:

وُجُوهٌ يَوْمَئِذٍ نَّاضِرَة/ إِلَى رَبِّهَا نَاظِرَةٌ

Яъне “Дар он рӯз рӯйҳое шодоб ва хурсанд аст/ (ва) ба сӯи Парвардигорашон менигаранд” (сураи Аъроф, ояти 22 ва 23)  (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 10, саҳ 349 то 352. Ат-тавҳид, саҳ 143)

Ончи баён гардид бахше аз далелҳои Мотуридӣ дар бораи исботи руъят ва дидани Худованд дар охират аст. Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони пайрави мактаби Мотуридия, илова бар далелҳои баёншуда далелҳои мухталифи дигареро аз оятҳо ва ривоятҳо барои исботи назари худ дар ин замина зикр кардаанд.

Аммо бархе аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Мотуридӣ дар мавриди руъят ва дидани Худованд бар хилофи мабноҳои худ амал кардааст. Бар асоси мабноҳои худ, агар оятҳои марбут ба руъяти Худовандро таъвил намекард, ҳади ақал бар асоси асли “танзиҳ”-и худ бояд қоил ба тафвиз мешуд.

Аз ончи баён кардем равшан мешавад, ки Мотуридӣ ва мотуридиён дар масъалаи руъят ва дидани Худованд бо оятҳо ва ривоятҳои фаровоне бармехӯранд, ки таъвил ва ҳатто тафвизи онҳоро канор гузошта, муътақид ба дидани Худованд дар қиёмат мешаванд. Ҳарчанд ҳар гуна кайфият ва чигунагӣ дар мавриди ин диданро рад мекунанд. Инчунин бар ин назаранд, ки руъят ва дидани Худованд фақат аз тариқи далели нақлӣ қобили исбот аст ва ақл наметавонад дар ин замина далеле биёварад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед