Роҳҳои шинохти паёмбарон

0
395

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Нубувват омма
Бахши дуввум

Роҳҳои шинохти паёмбарон
Аз назари мотуридия шинохти паёмбарон ду гуна меъёр дорад
1-меъёри берунӣ 2- Меъёри дарунӣ.
1-Меъёри берунӣ (муъҷиза)
Вожа ё истилоҳи “муъҷиза” ба маънои нотавонкунанда аст. Ва ба муъҷизаҳои анбиё ба ин хотир муъҷиза гуфта шудааст, ки “дигарон наметавонистаанд монанди он анҷом бидиҳанд ва шикаст мехӯрданд.” (Фарҳанги луғат)
Муҳимтарин роҳ барои шинохти анбиё ва муҳимтарин меъёр барои пазириши иддиои нубувват, ироаи муъҷиза аз сӯи муддаъӣ аст. Ҳамаи  мотуридиён, муъҷизаро яке аз меъёрҳо, ё танҳо меъёри пазириши нубувват дониста ва ба лозим будан ва аҳаммияти он таъкид кардаанд. Ҳарчанд нубувват амри зарурӣ ва лозимуттаҳаққуқ аст, аммо таҳаққуқи он барои шахси хос амри мумкин аст, ки бояд барои исботи он далел иқома кард ва муъҷиза овард . (Абу Муини Насафӣ,Табсират-ул-адилла, ҷ 1, саҳ 468, Ғазнавӣ, Усули-дин, саҳ 121)
Навъи муъҷиза ё муъҷизаҳои ҳар паёмбаре ба шароити даврони вай бастагӣ ва алоқамандӣ доштааст. Масалан дар даврони Солеҳ (алайҳи-с-салом), мардум кӯҳ метарошиданд ва дар он кӯҳ сохтмон месохтанд. Ба ин хотир муъҷизаи вай шикофтани кӯҳ ва даровардани шутури зинда аз он будааст.
Дар даврони Довуд (алайҳи-с-салом), асри оҳангарӣ ва рехтагарӣ буда, ба ин хотир яке аз муъҷизаҳои Довуд (алайҳи-с-салом) кор бо оҳан будааст. Вай оҳанро бидуни ин ки ҳарорат бидиҳад об мекард ва бидуни ин ки қолибрезӣ кунад, асбоб ва васоил ва қитъаҳои зариф ва печида месохт, (яъне бо даст онҳоро шакл медод).
Мусо, (алайҳи-с-салом), дар давраи сеҳру соҳирӣ зиндагӣ мекард. Ва муъҷизаҳои вай муносиб бо кори соҳирон буд. Масалан чубро аждаҳо мекард ё аз замин чашма ҷорӣ мекард.
Дар даврони Исо (алаҳи-с-салом), асри пизишкӣ буд. Ба ин хотир муъҷизаҳои вай мутаносиб бо масоили пизикшӣ буд. Вай нобиноро бо кашидани даст бино мекард ва песи модарзодиро бо як ламс шифо медод ва мурдаро зинда мекард.
Аммо дар даврони Муҳаммад(с), ки баъд аз даврони вайро низ шомил мешавад, асри илму адабиёт мебошад. Ба ин хотир муъҷизаи вай дар заминаи илму адабиёт буд. Ва аввалин вожа ё истилоҳе, ки бар Муҳаммад(с) нозил шудааст, низ вожаи “иқраъ” буд, ки ба маънои бихон аст.
Афзун бар ин барои  ташхиси набӣ аз шахсе ки ба дуруғ иддиои нубувват  кардааст, роҳе ҷуз иқомаи далел ва ироаи муъҷиза нест.(Собунӣ, ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 88)
Нуктае, ки бояд дар поёни баҳси муъҷиза хотирнишон созем ин аст, ки далолати муъҷиза бар сидқи нубувват, барои аҳли замони муддаии  нубувват, ба мушоҳида аст, яъне онон худ бояд бубинанд, ки муддаии нубувват чи муъҷизоте овардааст, аммо  ҳамин муъҷизот барои наслҳои баъдӣ, аз тарафи ахбори мутавотир сабаби илми қатъӣ ва яқинӣ аст. (Абу Муини Насафӣ, Табсират-ул- Адилла, ҷ 1, саҳ 475)
Он чи дар баҳси муъҷиза аҳаммияти бештари дорад ин аст, ки муддаии нубувват аз ҷониби Худованд барои раҳбарӣ ва ҳидояти инсонҳо ва барои иблоғи паёми Парвардигор бар онҳо маъмурият ёфтааст ва муъҷизаро барои сидқи иддиои худ иқома мекунад.
2- Меъёри даруни (Ахлоқи писандида)
Яке дигар аз меъёрҳое, ки бархе мотуридиён аз ҷумла Абумансури Мотуридӣ барои пазириши иддиъои рисолат матраҳ сохтаанд доштани ахлоқи писандида дар шахс аст. Агар муддаии рисолат, аз хурдсоли то бузӯргсоли ахлоқи писандида дошта бошад ва мардум ба ҷуз хайр, сафо ва тақво аз ӯ чизе надида бошанд ва аҳволи ӯ ба гӯнае бошад, ки натавон аз роҳи таълим ва тарбият ба он расид, ин нишонаи он аст, ки ӯ мавриди инояти Худованд буда ва ҳазрати Ҳақ, ӯро ба чунин мақоме ноил сохтааст. Онгоҳ агар ӯ иддаои нубувват кунад, ин нишонаи ҳақиқат (иддаъои)-и ӯ хоҳад буд.
(Абумансури Мотуридӣ,  Тавҳид, саҳ 188)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед