Роҳҳои исботи исмҳои Худованд аз назари Мотуридӣ

0
124

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Исмҳои Худо
Бахши севвум

Роҳҳои исботи исмҳои Худованд аз назари Мотуридӣ
Дар бораи масъалаи исботи исмҳои Худованд, имом Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони пайрави мактаби Мотуридия, муътақид ба исботи исмҳо барои Худованди Мутаол ҳастанд ва бар ин назаранд, ки исботи исмҳо барои Худованд, сабаби ташбеҳи Худованд ба махлуқот намешавад. Зеро аз назари онҳо аввалин касоне, ки исмҳои Худовандро овардаанд ва ин исмҳоро барои Худованд истифода кардаанд, пайғамбарони илоҳӣ ва китобҳои осмонӣ ҳастанд ва агар исботи исмҳо барои Худованд сабаби ташбеҳи Худованд ба махлуқот шавад, ин ишкол бар пайғамбарони илоҳӣ низ ворид мешавад, дар ҳоле ки чунин нест.

Абумансури Мотуридӣ дар ин бора мегӯяд: “Асл дар назди мо ин аст, ки Худованди Мутаол дорои исмҳои зотӣ аст, ки ба онҳо номида мешавад монанди сухани Худованд, ки фармудааст “АрРаҳмон”. Ва дорои сифоти зотӣ аст, ки ба онҳо васф мешавад, монанди илм ба ашёъ ва қудрат бар онҳо”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ. 160)

Акнун, ки маълум шуд имом Мотуридӣ ва дигар мотуридиён қоил ба исботи исмҳо барои Худованди Мутаол буда ва ба лозим будани исбот ва иқрор ба исмҳои илоҳӣ бовар доранд, ҳоло ин савол ба вуҷуд меояд, ки Мотуридӣ ва дигар мотуридиён исмҳои Худовандро аз чӣ роҳҳое исбот мекунанд? Ё роҳҳои исботи исмҳои илоҳӣ аз назари Мотуридӣ ва дигар мотуридиён кадом аст ва чӣ далелҳое барои ин амр истифода мекунанд?

Дар посух ба ин савол бояд гуфт, Мотуридӣ ва дигар мотуридиён, ақл ва нақлро, далели исботи исмҳои илоҳӣ ва иқрор ба онҳо медонанд. Яъне онҳо барои исботи исмҳои Худованд ҳам аз далели ақлӣ истифода мекунанд ва ҳам аз далел нақлӣ.

1- Далели нақлӣ
Аслитарин далелҳои Мотуридӣ ва дигар мотуридиён барои исботи исмҳои Худованд, далелҳои нақлӣ мебошад. Мотуридӣ барои исботи исмҳои Худованд сухнони пайғамбарони илоҳӣ ва китобҳои осмониро шоҳид ва далел меоварад. Яъне яке аз роҳҳо ва манбаъҳое, ки метавон Худовандро ба исме номгузорӣ кард ин аст, ки он исм дар суханони пайғамбарони илоҳӣ ва китобҳои осмонӣ зикр шуда бошад, монанди исмҳои “Аллоҳ” ва “Ар-Раҳмон”, “Олим”, ки дар Қуръони Карим фаровон зикр шудааст. Дар ин сурат дигар масъала ва хатари ташбеҳи Худованд ба махлуқот низ ба вуҷуд намеояд, зеро пайғамбарони илоҳӣ ва китобҳои осмонӣ худ парчамдори тавҳиди илоҳӣ ҳастанд.

Имом Мотуридӣ дар ин маврид менависад: “Далел бар ончи гуфтем, сухани пайғамбарон ва китобҳои осмонӣ аст, ки ин исмҳоро барои Худованд исбот намудаанд. Агар номидани Худованд ба ин исмҳо сабаби ташбеҳи Худованд ба махлуқот бошад, лозимааш ин аст, ки анбиёи илоҳиро пешгомони нақз кардани тавҳиди илоҳӣ бидонем, дар ҳоле, ки тамоми анбиёи илоҳӣ ҳамеша ба сӯи ибодати Худованди Воҳид ва шинохту маърифат пайдо кардан ба ягонагии Борӣ Таоло даъват кардаанд”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 160)

2- Далели ақлӣ (ҷаҳони офариниш)
Роҳи дигаре, ки барои исботи исмҳои Худованд аз суханони Мутуридӣ метавон ба равшанӣ ба даст овард, далели ақлӣ бар ин масъала аст. Ҳар чанд Мотуридӣ ба сурати ошкору сареҳ унвони далели ақлиро зикр накардааст, аммо аз китобҳои ӯ ба осонӣ метавон ин амрро ба даст овард.

Аз ҷумла иборатҳое, ки дар суханон ва навиштаҳои Мотуридӣ зиёд дида мешавад иборати  «و الشاهد دلیل الغائب» яъне (шоҳид далели ғоиб аст) мебошад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 92) Лозим ба зикр аст, ки дар ин гуна иборатҳо манзури Мотуридӣ аз “шоҳид” ҳамин ҷаҳони офариниш ва ҷаҳони табиъат ва аз “ғоиб” ҷаҳони ғайри ҷаҳони табиат ва мушахасан зоти Худованд аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 91 – 92) Истифодаи ин иборат дар бори исмҳои Худованд нишондиҳандаи назари вай дар хусуси роҳи исботи исмҳои Худованд аз тариқи ҷаҳони офариниш ва ҷаҳони табиъат аст.

Имом Мотуридӣ дар ин маврид мегуяд: “Аз онҷое, ки ҷаҳони офариниш далели вуҷуди Худованд аст ва бар мо лозим аст, ки аз ҳамин тариқ нисбат ба Худо шинохту маърифат пайдо кунем, пас роҳи ба даст овардани исмҳои Худо низ ҳамин ҷаҳони офариниш аст, ки ба андозаи фаҳму дарки худ, Худовандро тавсиф мекунем, агар чи  Худованд муназзаҳ аз он аст, ки монанд ва шабеҳе барои Ӯ вуҷуд дошта бошад”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 160)

Бинобар ин, аз ҷумла роҳҳои исботи исмҳои Худованд аз назари Абумансури Мотуридӣ аз тариқи далели ақлӣ аст, ки манзур аз он ҷаҳони офариниш ва ҷаҳони табиъат мебошад.

Аз дидгоҳи ӯ роҳи шинохти исмҳои илоҳӣ аз тариқи ҷаҳони офариниш ба ин сурат аст, ки бо мушоҳидаи осори онҳо дар олам, аз ин осор ба исмҳои илоҳӣ пай мебарем, монанди инки аз дидани назму тартиб ва ҳайратовар дар олам пай ба исми “Қодир” будани Худованд мебарем. Сипас бо поку муназзаҳ кардани ин исмҳо аз лозимаҳои камбудиҳо ва нақсҳо онҳоро барои Худованд ба исбот мерасонем. Ин гуна аст, ки Мотуридӣ исботи исмҳо ва сифатҳо барои Худовандро сабаби ташбеҳ намедонад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 91 то 92)

Аз ончи баён кардем, чунин натиҷа гирифта мешавад, ки Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони пайрави мактаби Мотуридия, муътақид ба исботи исмҳо барои Худованди Мутаол ҳастанд ва бар ин назаранд, ки исботи исмҳо барои Худованд, сабаби ташбеҳи Худованд ба махлуқот намешавад. Онҳо барои исботи исмҳои илоҳӣ ҳам аз далели нақлӣ истифода мекунанд ва ҳам аз далели ақлӣ. Делели нақлии онҳо бар ин амр, сухнони пайғамбарони илоҳӣ ва китобҳои осмонӣ ва далели ақлии онҳо ҷаҳони офариниш ва ҷаҳони табиат мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед