Рисолати паёмбарони илоҳӣ(бахши сеюм)

0
18

Худованди мутаол паёмбароин илоҳиро фиристодааст, то қонунҳо ва барномаҳои динро ба таври комил дар ихтиёри инсонҳо қарор бидиҳанд ва дар ҳидояти инсонҳо кӯшиш намоянд, то онҳо ба саодати дунё ва охират ноил шаванд. Аз ин рӯ паёмбарони илоҳӣ бояд ба тамоми масоили динӣ, ки донистани онҳо барои вазифаи паёмбарӣ ва ҳидоят лозиму зарурӣ мебошад, огоҳ бошанд, то ҳадафи Худованди мутаол ҳосил гардад. Равшан аст, ки Худованд барномаҳои саодати инсонро ноқис раҳо намекунад ва инсонҳоро аз роҳи наздик шудан ба даргоҳи илоҳӣ ва садоати абадӣ маҳрум намегардонад, зеро танҳо роҳи ҳидояти мардум аз тариқи паёмбарон будааст. Равшан аст, ки рисолати илоҳӣ ҳеҷ иртиботе ба синну молу сарват надорад, балки интихоби паёмбар ба дасти Худованди мутаол ва ӯ беҳтар аз ҳама медонад, ки рисолаташро барои чӣ касе қарор бидиҳад. Худованд дар сураи Анъом мефармояд:

اللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ

Худо донотар аст, ки рисолаташро куҷо қарор диҳад. (Сураи Анъом, 124)

Пешинаи баҳс

Дар бахшҳои гузашта баён шуд, ки инсон зотан дар ҷустуҷӯи саодат аст ва барои расидан ба ин мақсад талошҳои бисёр анҷом медиҳад ва барномаҳоеро ҳам тарҳрезӣ мекунад, аммо абзору имконоте, ки дар ихтиёр дорад нокоромад аст ва ба таври шоиста наметавонад зиндагии худро сомон бахшад ва ниёз ба расулоне дорад, ки аз ҷониби худо маъмур шуда ва ҳидояти марудмро ӯҳдадор шудаанд ва ин паёмбарон бо овардани шариату баёни он ва огоҳонидани мардум аз хубиҳо ва бадиҳо роҳи растгорӣ ба таври комил муаян мекунад, то инсонҳо ба мақсади ҳақиқии худро ҳосил кунанд. Дар идомаи баҳс аҳдофи илоҳӣ аз беъсати паёмбарон аз нигоҳи Қуръони Карим мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Аҳдофи илоҳӣ аз беъсати паёмбарон аз нигоҳи Қуръон

Бо диққат дар оятҳои Қуръони Карим ин натиҷа ҳосил мешавад, ки ин китоби ҳидоятгари башарият ангеза ва аҳдофи рисолати паёмбарони илоҳиро бар ду асос хулоса кардааст:

Як: нафй маъбудҳои ботил

Ду: паймудани роҳҳои камоли инсонӣ, ки асоси он эътиқод ба тавҳид ва яктопарастӣ аст.

Қуръони Карим аҳдофи зиёдеро аз беъсату рисолати паёмбарони илоҳӣ баён мекунад, ки теъдоде аз онҳо зикр хоҳад шуд:

  1. Итмоми ҳуҷҷат

Ҳуҷҷат дар забону адабиёти араб ба маънои далеле аст, ки ба василаи он тарафи муқобилро қонеъ ва ё дафъ мекунанд ва ин итмоми ҳуҷҷат бар асоси ҳикмати илоҳӣ аст, ки бо фиристодани анбиёи илоҳӣ ҳушдорҳои зарурӣ ба мардум расонда мешавад ва Худованди Мутаол роҳи саодат дар дунё ва охиратро ба василаи паёмбарони илоҳӣ барои башарият равшан месозад, то ҳеҷ баҳоне барои инсонҳо боқӣ намонад. Худованди Мутаол дар сураи Нисо мефармояд:

رُسُلًا مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى اللَّهِ حُجَّةٌ بَعْدَ الرُّسُلِ ۚ وَكَانَ اللَّهُ عَزِيزًا حَكِيمًا

“Паёмбароне, ки ҳушдордиҳанда ва бимдиҳанда буданд, то баъд аз ин паёмбарон, барои мардум ҳуҷҷате бар зидди Худо набошад; ва Худованд пирӯзманди ҳаким аст.” (Сураи Нисо, 165)

Ин ояти мазкур асоси даъвати анбиёи илоҳӣ ва равиши кору ҳадаф аз беъсати онҳоро баён мекунад. Бар фарзи инки ақл -чуноне, ки дар бахши аввал баён шуд- ҳуҷҷати илоҳӣ аст, аммо даркаш маҳдуд аст ва ба танҳоӣ кофӣ ва ҳуҷҷат нест ва илму дониши анбиё муҳимтарин ҳуҷҷати илоҳӣ ба ҳисоб меояд, то роҳнамо ва ҳидоятгари инсонҳо бошад. Зеро паёмбарони илоҳӣ аз ҷиҳати вижагиҳои шахсию ҷисмӣ, собиқаи зиндагию мавқеияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва хонаводагӣ ва ҳамчунин аз ҷиҳати доштани муъҷиза, баёни сареҳу равшан ва баҳрамандӣ аз кӯмакҳои илоҳӣ, бояд дар марҳилае бошанд, ки ҳеҷ кас натавонад дар ҳеҷ мавқеият баҳонае бар онҳо бигирад ва ё айбҷӯӣ кунад. Анбиёи илоҳӣ ҳам илмашон мувофиқи ҳақиқат аст ва ҳам ақлашон бар шаҳваташон ҳоким аст; бо кӯмакҳои илоҳӣ тавоноии ташхиси манфиат ё шарру бадиро барои мардум доранд.

  1. Адолатмеҳварӣ

Адолат ормоне аст, ки тамоми мардуми ҷомеа ҳатто ситамгарону зургӯён ҳам аз он таъриф мекунанд ва ҳамагӣ дил ба он мебанданду ва сари итоат ба соҳибони он месупоранд. Қуръони Карим дар оятҳои гуногун адолатмеҳвариро яке аз муҳимтарину асоситарин  ҳадафҳои беъсату рисолати паёмбарони илоҳӣ муаррифӣ кардааст ва дар сураи Ҳадид ба унвони асоситарин санади муаррификунандаи адолатмеҳварӣ баён шудаанд:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنْزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

“Ба таҳқиқ паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо “китоб” ва “тарозу”-ро фурӯ фиристодем, то мардум ба адолат бархезанд.” (Сураи Ҳадид, 25).

Бар асоси ояти мазкур адолати илоҳӣ дар партави қонун ва раҳбари илоҳӣ иҷроӣ хоҳад шуд ва фаласафи рисолати паёмбарони илоҳӣ ҳам эҷоди адолат мебошад ва ба хубӣ равшан мешавад, ки ҳадафи куллии тамоми паёмбарон ва роҳу равиш ва маниши ҳамаи онҳо адолатмеҳварӣ мебошад ва ин масъала ҳадафи ягонаи онҳо аст.

Адолатмеҳварӣ доираи бисёр густардае дорад, ки адолати иҷтимоӣ муҳимтарини он мебошад ва паёбарон ҳамеша саъй доштаанд, то бо равишҳои мухталиф ин масъалаи муҳимро дар ҷомеа ва байни мардум тавсеа бахшанд ва анбиё аввалин касоне ҳастанд, ки тан ба қонуни адолат медиҳанд.

Нақл аст, ки Паёмбари Акрам(с) рӯзе ба масҷид рафт ва зимни хутба  фармуд: «Худованд савганд ёд кардааст, ки дар рӯзи қиёмат аз зулми ҳеҷ золиму ситамгаре намегузарад. Пас агар ба касе аз шумо ҳар ситаме кардаам ва ӯ ҳаққе бар гардани ман дорад, ман ҳозир ҳастам, ки ба ҳамонанди он ситам тан диҳам.» Аз байн мардум шахсе ба номи Савода ибни Қайс бархост ва гуфт: «Эй Раслуи Хуо! Рӯзе, ки аз Тоиф бозмегаштӣ ва асоро дар дасти худ ҳаракат медодӣ, ба шиками ман бархурд кард ва маро озор дод.» Расули Худо (с) фардум: «Паноҳ ба Худо, ки аз амд ин корро накардам, аммо таслимат ҳастам». Сипас он ҳазрат фармон дод, ки ҳамон асоро биоваранд ва ба дасти Савода дод ва фармуд: “Ҳар узви бадани туро зарба зада бошам, ба ҳамон қисмати бадани ман бизан ва ҳаққи худро дар ҳамин дунё аз ман бигир.” Савода ин корро накарду гуфт: “Ман шуморо мебахшам.” Расули Худо (с) ҳам фармуд: “Худо ҳам туро мавриди бахишиши худаш қарор бидиҳад.”

Адолатмеҳварӣ ба ҳайси рукни муҳими рисолати паёмбарони илоҳӣ чанд ҳадафи вежа дорад, ки хулосаи онҳоро метавон чунин баён кард:

  • Озодӣ ва наҷоти инсон
  • Омӯзиши роҳу расми зиндагии хирадмандона ба инсон ва таълиму тарбияти ӯ
  • Аз байн бурдани занҷирҳои иҷтимоӣ
  • Баёни ҳақиқатҳо ва қоидаҳои хирадмандона
  • Шукуфоии арзишҳои муҳими ахлоқӣ ва инсонӣ
  • Барпоии асосҳои адолатмеҳаврӣ ва тавсеаи он дар ҷомеа

Аҳаммияти адолат аз он ҷиҳат аст, ки дар тамомии мавзӯоти динӣ ва фардию иҷтимоӣ вуҷуд дорад ва анбиёи илоҳӣ ҳам саъй дар пойдории он дар ҷомеа доранд.

Идома дорад…

Рисолати паёмбарони илоҳӣ(бахши дуюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед