Рисолати паёмбарони илоҳӣ(бахши чаҳорум)

0
30

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Башар дар зиндагии иҷтимоии худ ниёзи ҷиддӣ ва асосӣ ба қонун дорад ва худаш ҳам аз вазъи қонун нотавон мебошад, зеро мушкилоте ба вуҷуд хоҳад омад; аз як сӯ суду зиёни худашро ба таври шоиста наметавонад шиносоӣ кунад ва аз сӯи дигар худхоҳӣ сифате аст, ки дар зоти инсон вуҷуд дорад ва имкон дорад тавре қонунро вазъ кунад, ки ба дилхоҳи худаш бошад. Бо дарназардошти ин ду мушкил, башар наметавонад қонун вазъ кунад, аммо равшан аст, ки бояд як даста қонунҳое вуҷуд дошта бошад, ки таъминкунандаи ниёзҳои моддӣ ва маънавии инсонҳо бошад, то ҳуқуқи шахсӣ ва иҷтимоии инсон ва тамоми ниёзҳои моддӣ ва маънавӣ ва ҳамчунин ҳадафи хилқат, ки ҳамон расидан ба саодати илоҳӣ аст, барои инсон фароҳам шавад ва Худованди мутаол ин масъалаи муҳимро дар пайравӣ аз дастуроташ қарор додааст ва ин дастурот аз тариқи касоне, ки аз ҷониби Худованд барангехта мешаванд ба башарият расонда мешавад. Бар асоси оятҳои Қуръони Карим интихоби паёмбарон, на тавассути мардум, балки аз ҷониби Худованд мебошад ва Ӯ ҳам ҳар касеро бихоҳад вазифаи муҳими паёмбариро бар дӯшаш мегузорад. Худованди Мутаол дар сураи Анъом мефармояд:

اللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ

«Худо донотар аст, ки рисолаташро куҷо қарор диҳад.» (Сураи Анъом, ояти124)

Пешинаи баҳс

Дар бахши аввал фалсафа ва зарурати беъсати паёмбарон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва баён шуд, ки инсон зотан дар ҷустуҷӯи саодат аст ва барои расидан ба ин мақсад талошҳои бисёр анҷом медиҳад ва барномаҳоеро ҳам тарҳрезӣ мекунад, аммо абзору имконоте, ки дар ихтиёр дорад нокоромад аст ва ба таври шоиста наметавонад зиндагии худро сомон бахшад ва дар бахшҳои баъдии он равшан шуд, ки ҳадафи куллӣ аз беъсати паёмбарони илоҳӣ, роҳнамоӣ ва ҳидояти башарият мебошад. Бархе аз аҳдофи анбиё аз ҷумла итмоми ҳуҷҷат, адолатмеҳварӣ баён шуд ва идомаи он мавриди баррасӣ қаро хоҳад гирифт.

  1. Рафъи ихтилоф

Худованди Мутаол дар сураҳои мухталифи Қуръони Карим ҳадафи ягонаи паёмбарони илоҳиро баён доштааст ва ба мусалмонон тавсия мекунад, ки ба тамоми паёмбарон эҳтиром бигузоранд ва аз дастурҳои онҳо пайравӣ кунанд.

Бо диққат дар таърих маълум мешавад, ки мардум дар оғози зиндагӣ зиндагии содда ва шоистае доштанд, вале кам-кам бар асари зиёд шудани афрод ва фаровони салиқаҳо ва алоқаҳо, ихтилофҳо ва даргириҳо сар баланд кард ва бар сари баҳрамандӣ аз манобеи табиӣ ва манфиатхоҳиҳо ихтилофҳо зиёд шуд ва ҷомеа ба бахшҳои мухталиф тақсим шуд. Аммо зарурати зиндагии иҷтимоӣ чунин аст, ки қонунҳои маҳкам ва одилонае вуҷуд дошта бошад, ки битавонад ихтилофҳоро ҳал кунад. Аз ин рӯ Худованд паёмбаронро барои ҳалли ихтилофҳо ва рафъи даргириҳо ирсол кард ва китобҳои осмониро ҳам нозил кард, вале гурӯҳе аз сари лаҷу душманӣ дар баробари дастурҳои паёмбарон муқовимат карда ва сарпечӣ карданд ва худи ин масъала ҳам сабаби афзоиши беандозаи ихтилофҳо шуд. Аммо Худованди Мутаол бо луфту раҳмати худ он даста аз афродеро, ки ҳидоятпазир буданд, ҳидоят кард ва онҳоеро ҳам, ки дар асари ҳасадварзиҳо ва зулмҳо бо дастурҳои анбиё мухолифат мекарданд, ба ҳоли худ раҳо кард, то ба сазои аъмолашон бирасонад. Худованди Мутаол дар сураи Бақара дар бораи ҳадафи беъсати паёмбарон чунин мефармояд:

كانَ النّاسُ اُمَّةً واحِدَةً فَبَعَثَ اللّهُ النَّبِیینَ مُبَشِّرِینَ وَ مُنْذِرینَ وَ اَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتابَ بِالْحَقِّ لِیَحْكُمَ بَیْنَ النّاسِ فیَما اخْتَلَفُوا فِیهِ

Мардум уммати ягона буданд, [пас, ихтилоф карданд] он гоҳ Худо паёмбаронро муждарасону бимдиҳанда барангехт; ва бо онон китобро ба ҳақ нозил кард, то миёни мардум дар бораи он чи дар он ихтилоф кардаанд, ҳукм кунад; ва дар он ихтилоф накарданд”. (Сураи Бақара, ояти 213)

Қонунҳо ва тамаддунҳои башарӣ тавоноии ҳалли ихтилофҳоро надоранд, зеро ҳар фарду гурӯҳе ба думболи хостаҳо ва манфиатҳои худ ҳаст. Пас ҳалли ихтилофҳо бояд аз тариқи қонуни илоҳӣ ва доварии анбиё, ки дар чорчӯби қонунҳои осмонӣ аст, шакл бигирад; қонуне, ки хатое дар он роҳ надорад ва доварие ҳам, ки дур аз ҳавасҳо ва хостаҳои нафсонӣ мебошад. Паёмбарони илоҳӣ беҳтарин роҳи ҳал барои рафъи ихтилофҳоро дар тақвияти маод ва маодбоварӣ медонанд ва барои ҷилавгирӣ аз ихтилофҳо ва дармони он мардумро дар ин бора ҳушдор медиҳанд. Дар ҳақиқат яке аз вафизаҳои паёмбарони илоҳӣ рафъи ихтилоф ва сипас эҷоди ваҳдат мебошад ва ин нишондиҳандаи он аст, ки вазифа ва роҳи тамоми анбиё яксон аст ва онҳо зери сояи мададҳои илоҳӣ раҳбарии умматро ӯҳдадор мешаванд ва решаи ихтилофҳоро аз ҷомеа хориҷ месозанд.

  1. Озодӣ ва озодагӣ

Аз нигоҳи дини Ислом ва Қуръони Карим ҳадафи паёмбарони илоҳӣ дар тӯли таърихи башарият ин будааст, ки мардумро аз ҳаргуна вобастагиҳои фардию иҷтимоӣ ба дунё ва хостаҳои нафсонӣ раҳоӣ бахшанд ва аз паймонҳо ва суннат ва қонунҳои зидди фитрӣ, ки монеи ҷиддии рӯҳу равони одамӣ мешавад ва инсонро асири хоку замин кардааст, раҳо кунанд. Қуръони Карим дар сураи Аъроф мефармояд:

الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِنْدَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالْأَغْلَالَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ ۚ فَالَّذِينَ آمَنُوا بِهِ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَاتَّبَعُوا النُّورَ الَّذِي أُنْزِلَ مَعَهُ ۙ أُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

Касоне, ки аз ин фиристода, паёмбари дарс нахонда пайравӣ мекунанд, ки ӯро назди худ дар Таврот ва Инҷил, навишташуда меёбанд, дар ҳоле ки ононро ба маъруф амр мекунад ва ононро аз мункар наҳй мекунад; ва покизаҳоро барояшон ҳалол мекунад ва палидиҳоро бар онҳо ҳаром месозад ва бори сангини онҳо ва занҷирҳоеро, ки бар онон буд, аз онҳо бармедорад; пас, касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ӯро гиромӣ доштанд ва ӯро ёрӣ намуданд ва аз нуре ки бо ӯ нозил шуд, пайравӣ карданд, онон худ растагоранд. (Сураи Аъроф, ояти 157)

Манзур аз занҷирҳо дар ин ояти мазкур, занҷири ҷаҳлу нодонӣ, бутпарастӣ, навъҳои гуногуни табъизҳо ва беадолатӣ, қонунҳои нодуруст ва дар банди тоғутҳо будан аст. Паёмбари Акрам (с), ки бар асоси сароҳати Қуръони Карим “уммӣ” ва дарснахонда буд, вазифаи ҳидояти башариятро ӯҳдадор буд ва пайравӣ ва итоаташ барои мардум фарз гардонда шудааст, зеро бо вуҷуди тамоми сахтиҳо талош дошт, ки аҳкоми илоҳиро барои мардум бирасонад ва ҷуз хайру баракат барои башарият чизе талаб надошт. Зикри ин нукта ҳам зарурӣ аст, ки Расули Худо(с) ҳам мақоми нубувват дошт ва ҳам мақоми рисолат; “набӣ” ба касе мегӯянд, ки аз ваҳйи илоҳӣ огоҳӣ дорад ва хабар медиҳад, вале “расул” масъули расондан, иҷро ва назорат ҳам мебошад. Барои ҳамин аст, он ҳазрат раҳмате барои ҷаҳониён аст ва китобҳои дигар аз ҷумла Тавроту Инҷил ҳам бар он ҳазрат гувоҳӣ медиҳанд ва паёмбарони пешин ҳам ба омадани Паёмбари Ислом (с) башорат додаанд.

Бар асоси ояти мазкур ва вуҷуди ривоятҳои бисёр фаровон, касоне дар зумраи пайравони ҳақиқии Паёмабри Ислом (с) ба ҳисоб оянд, аз раҳмат хоссу вижаи Худованди Мутаол баҳраманд хоҳанд ва Расули Акрам(с) воситаи раҳмати бениҳояти илоҳӣ мебошад. Зеро он ҳазрат ҳамеша талош дошт, занҷирҳои бидъатҳо ва суннатҳои нодурусту қонунҳои пучро аз ҷомеа дур кунад ва табиӣ аст, ки пайравӣ аз дастурҳои он ҳазрат ва дигар паёмбарони илоҳӣ роҳи саодат дар дунё ва охиратро барои инсон ҳамвор месозад.

Идома дорад…

Рисолати паёмбарони илоҳӣ(бахши сеюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед