12 Рамазон реҳлати ҳазрати Оиша (рз)

0
128

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Худованди Мутаол дар замони ҳаёти Паёмбари Акрам (с) ба чанд зан тавфиқи ҳамсарии он ҳазрат (с) ва мақоми Уммулмӯънин ( яъне модари мӯъминон)-ро барои онҳо ато кард, ки ду нафари онҳо ба ҷиҳати хадамоте, ки ба Ислом ва Расули Худо (с) кардаанд хело машҳӯр ҳастанд. Яке аз он занон ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз) аст, ки бо ҳамаи дороиҳояш ба густариши Ислом кӯмак кард ва Худованд ҳам ба поси хадамоташ он ҳазратро ба мақоми чаҳор зани биҳиштӣ ноил кард. Яке дигар аз он занон ҳазрати Оиша (рз) аст, ки Худованд дар сини ҷавонӣ ба эшон тавфиқи мақоми ҳамсарии Паёмбар (с)-ро ато кард. Дар ин навиштор ба муносибати солрӯзи реҳлати ҳазрати Оиша (рз) бо эшон ва шахсияташон дар замони Паёмбар (с) ва пас аз реҳлати он ҳазрат (с) бештар ошно мешавем.

Муаррифии ҳазрати Оиша (рз)

Ҳазрати Оиша (рз) духтари аввалин Халифа аз хулафои рошидин, ҳазрати Абӯбакр (рз) ва номи модарашон Рӯмон аз қабилаи Бани Кинона мебошанд. (Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ 8, саҳ 46) Эшон бо тахаллуси Умми Абдуллоҳ ва Уммулмӯъминин хонда шудаанд. Эшон пас аз ҳазрати Хадиҷаи Кубро (рз) ва Савда (рз) сеюмин ҳамсари гиромии Паёмбари Акрам (с) ҳастанд. Тибқи бархе нақлҳо эшон нуҳ солу панҷ моҳ бо Паёмбар (с) зиндагӣ карданд. (Ибни Абдулбир, Ал-истиъоб, ҷ 4, саҳ 181)

Фазилатҳо

Ҳазрати Оиша (рз) дар хонае зиндагӣ мекарданд, ки маҳали ҷамъшавии малоика ва фариштагони илоҳӣ буд.

Бар асоси ояти Қуръони Карим ҳамсарони Паёмбари Акрам (с) модари мӯъминон ҳастанд:

ألنَّبِىُّ أَوْلَى‏ بِالْمُؤْمِنِینَ مِنْ أَنفُسِهِمْ وَأَزْوَاجُهُ أُمَّهَاتُهُمْ وَأُوْلُواْ الْأَرْحَامِ بَعْضُهُمْ أَوْلَى‏ بِبَعْضٍ فِى کِتَابِ اللَّهِ مِنَ الْمُؤْمِنِینَ وَ الْمُهَاجِرِینَ إِلَّا أَن تَفْعَلُواْ إِلَى‏ أَوْلِیَآئِکُم مَّعْرُوفاً کَانَ ذَ لِکَ فِى الْکِتَابِ مَسْطُوراً

“Паёмбар нисбат ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст; ва ҳамсаронаш модарони онҳо ҳастанд; ва хешовандон дар китоби Худо, баъзе аз онҳо нисбат ба баъзе [дигар] аз мӯъминон ва муҳоҷирон [дар ирс], сазовортаранд, магар он ки нисбат ба дӯстонатон некӣ кунед; ин [ҳукм] дар китоб[-и Худо] навишта шудааст. “ (Сураи Аҳзоб, ояти 6)

Яке дигар аз фазилатҳои ҳазрати Оиша (рз) ин аст, ки Паёмбари Акрам (с) дар манзили эшон (рз) дафн шудаанд.

Эшон аз назари халифаи дуюм, ҳазрати Умар (рз) зеботарину маҳбубтарин ҳамсари Паёмбари Акрам (с) буданд. (Ибни Ҳишом, Ассиратун-набавия, ҷ 8, саҳ 68)

Ҳазрати Абӯбакру Умар (рз) эшонро нисбат ба дигар ҳамсарони Паёмбар эҳтироми бештаре мекарданд ва барои эшон ҳадяҳои зиёде мефиристоданд. (Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ 8, саҳ 53)

Имом Аҳмади Ҳанбал (рз) эшонро аҳли илм муаррифӣ кардаанд, ки аз падарашон ёд гирифтаанд ва ҳамчунин нақл кардаанд, ки эшон аз илми тиб ҳам огоҳ будаанд. (Муснади  Имом Аҳмад, ҷ 6, саҳ 67)

Эшон нисбат ба оятҳои нозилшуда, аҳкому суннатҳои исломӣ, қазовату насабшиносӣ ва шеър олима буданд. (Заҳабӣ, Сияр Аъломун-нубало, ҷ 2, саҳ 183)

Эшон аз ровиёни аҳодиси Паёмбари Акрам (с) ҳастанду теъдоди аҳодисе, ки аз эшон нақл шудааст ба 2210 ҳадис мерасад. (Муқризӣ, Амтоул-асмоъ, ҷ 6, саҳ 43)

Ба унвони намуна Имом Абуҳанифа дар китоби Муснадашон аз ҳазрати Оиша (рз) нақл кардаанд, ки эшон фармуданд:

ما شَبِعنا ثلاثة: ایام و لیالیها من خُبز متتابعاً حتی فارق محمد

Се рӯзи пай дар пай набуд, ки шиками мо аз нон сер бошад, то замоне, ки Паёмбар (с) аз дунё гузаштанд. (Муснади Имоми Аъзам, ҳадиси 480, саҳ 902-3)

Ё он ҳазрат (рз) дар мавриди вазъи зиндагии хонадони Паёмбар (с) мефармоянд:

مَا شَبِعَ آلُ مُحمَّدٍ صَلّى اللهُ عَلَيْهِ وسَلَّم مِنْ خُبْزِ شَعِيرٍ يَوْمَيْنِ مُتَتَابِعَيْنِ حَتَّى قُبِضَ

Хонадони Паёмбар (с) ҳатто ду рӯзи паёпай аз нони ҷав ҳам сер нашуд, то замоне, ки Паёмбар (с) аз дунё гузаштанд. (Саҳеҳ Муслим, ҷ 8, саҳ 217; Муснади Имом Аҳмад, ҷ 6, саҳ 97)

Имом Аҳмади Ҳанбал (рз) дар китоби Муснадашон теъдоди 2270 ҳадис аз ҳазрати Оиша (рз) нақл кардаанд. Махсусан дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим беш аз 1200 ҳадиси Расули Худо (с) тавассути эшон нақл шудааст. (Аскарӣ, Аҳодиси Уммулмӯъминин Оиша, саҳ 32)

Ҳазрати Оиша (рз) пас аз реҳлати Паёмбари Акрам (с)

Эшон пас аз реҳлати Паёмбари Акрам (с) дар фазилати ҳазрати Абӯбакр ва Умар (рз) аҳодиси бисёр нақл мекарданд ва бо баёни аҳодиси он ҳазрат (с) хулафоро дар роҳи хилофат кӯмак мекарданд.

Вафоти ҳазрати Оиша (рз)

Эшон дар 17-уми моҳи мубораки Рамазон дар соли 57 ё 58-и ҳиҷрии қамарӣ ва дар ҳоле, ки 66 сола буданд вафот карданд. (Муқризӣ, Амтоул-асмоъ, ҷ 6, саҳ 42) бархе ҳам вафоти эшонро дар 10-уми шавволи ҳамон сол гуфта ва нақл кардаанд, ки Абўҳурайра бар эшон намоз хонд ва эшон дар қабристони Бақиъ дар шаҳри Мадина ба хок супорида шуданд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед