Паёмбари нури Раҳмат(с)-бахши аввал

0
14

Ба  номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ин мақола ба дунболи баёни зиндагии Паёмбари Акрам(с) ҳастем. он ҳам ба сурати хулоса, баён хоҳад шуд, ки Паёмбари Ислом(с) дар куҷо ва дар чи хонаводае ба дунё омад ва падару модар ва падарбузургу сарпарастони он Ҳазрат киҳо буданд.

Ҳақиқати вуҷудӣ ва хилқати нурии Пайғамбари Аъзам(с) чароғи равшанибахш ва нурбахш буд. Чароғи равшан чи бихоҳад ва чи нахоҳад, вуҷудаш ҳар ҷо ҳаст, он муҳит мунаввар ва нуронӣ аст. Худо Пайғамбарро ба чароғ ташбеҳ кардааст. На чароғи хомӯш, балки чароғи равшан ва мунир. Ҳар ҷо ҳаст, фазои зиндагии Пайғамбар(с) ва он муҳит мунаввар аст. Бо ахлоқ, рафтор, амал, муомила, дониш ва ҳикматаш фазоро мунаввар мекард. Нури Пайғамбар(с) фақат он вақте набуд, ки ба масҷид мерафт ва мардумро мавъиза мекард, балки он вақте ҳам, ки дар хонааш нишаста буд ё ҳарф намезад ё дар куча роҳ мерафт ё дар майдони ҷанг буд, дар тамоми ин авзоъ ва аҳвол, вуҷуди Пайғамбар(с) нур медод, мунаввар ва нурбахш буд, чун тамоми ҳаракот ва саканот ва алфозу гуфтораш ҳама дар хидмати Худо ва дар роҳи Худо буд. Худованд дар ин маврид мефармояд;

وَدَاعِيًا إِلَى اللَّهِ بِإِذْنِهِ وَسِرَاجًا مُنِيرًا

“Ва мардумро ба фармони Худо ба сӯи он бихони ва ҷароғи тобнок бошӣ”.(Сураи Аҳзоб, ояти 45)

Башорат ба рисолат

Башорати омадани Пайғамбар(с) дар Таврот ва Инҷил. Худованди Карим мефармояд:

الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِنْدَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالْإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَائِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالْأَغْلَالَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ ۚ فَالَّذِينَ آمَنُوا بِهِ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَاتَّبَعُوا النُّورَ الَّذِي أُنْزِلَ مَعَهُ ۙ أُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

[Ҳамон] Касоне, ки аз ин фиристода, паёмбари дарс нахонда пайравӣ мекунанд, ки ӯро назди худ дар Таврот ва Инҷил, навишташуда меёбанд, дар ҳоле ки ононро бамаъруф амр мекунад ва ононро аз мункар наҳй мекунад; ва покизаҳоро барояшон ҳалол мекунад ва палидиҳоро бар)онҳо ҳаром месозад ва бори сангини онҳо ва занҷирҳоеро, ки бар онон буд, аз онҳо бармедорад; пас   касоне, ки ба у имон оварданд ва ӯро гиромӣ доштанд ва ӯро ёрӣ намуданд ва аз нуре ки бо ӯ нозил шуд, пайравӣ карданд, онҳо худ растагоранд.(Сураи Аъроф, ояти 157)

Вижагиҳои шахсии Пайғамбар (с)

Насаб: Аз сулолаи пайғамбарон пеш аз беъсати Пайғамбар(с) мӯъминоне дар Макка буданд, ҳамон касоне, ки дини ҳаниф доштанд. Силсила насабҳои Пайғамбар(с)  бо 48 восита ба ҳазрати Одам(а) мерасад ва дар ин силсила Паёмбароне қарор доранд, монанди Исмоил(ҷади бисту ҳаштум), Иброҳим(ҷади бисту нуҳум), Нуҳ(ҷади сиву нуҳум), Идрис(ҷади чилу дувум) ва Одам(ҷади чилу ҳаштум) Паёмбари Ислом(с) мебошад. (Сираи ибни Ҳишом, ҷ1саҳ 1-3)

Расули Худо(с) дар ин маврид мефармояд: Ҳамоно Худованд мардумро офарид ва манро дар миёни беҳтарини онҳо ва беҳтарини фирқаҳо ва беҳтарини ду даста қарор дод, сипас қабилаҳоро ихтиёр кард ва маро дар  беҳтарини қабила қарор дод ва низ хонаводаҳоро ихтиёр намуд, онгоҳ маро дар  беҳтарин хонавода қарор дод.( Сунани Тирмизӣ, ҷ 5, саҳ 584)

Аз ибни Аббос(рз) ривоят шудааст, ки мефармояд: Пайғамбар(с) доиман дар аслоби анбиё буд, то онки модараш ӯро ба дунё овард. (Адурул мансур фи тафсирил маъсур, ҷ 5, саҳ 98)

Аз насли беҳтарин ақвом

Таваллуд дар хонаводаи маъруф

Пайғамбар(с) дар як хонаводи бузург ва маъруф бо решаҳои ашрофӣ ба дунё омад. Албатта худи Пайғамбар(с) дар даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ бо фақр зиндагӣ кард, ки ин як амри оризи буд, вагарна бани Ҳошим ҷузви шохаҳои муътабар ва раисони Қурайш ва хонаводаҳои ашрофӣ буданд. Медонед, ки амакҳои Пайғамбар(с) чи касоне буданд ва чи эҳтироме доштанд. Худи ҷаноби Ҳамза ё Абутолиб, Абӯлаҳаб ё дигарон ҷузви хонаводаҳои мумтоз маҳсуб мешуданд. Дар чунин хонаводае Расули Худо(с) мутаваллид шуд.

Заминаҳои тасбити Ислом

Дар чунин шароите Пайғамбари Акрам(с) зуҳур кард. Он ҳам аз хонавода ва аз қабилае, ки бархурд бо он барои касе осон набуд. Агар Пайғамбар(с) аз миёни хонаводаҳои заъиф ё афроди поини ҷомеа баргузида мешуд, бархурд бо ӯ барои қудратмандон осонтар буд ва эҳтимоли ин ки ин дарахт реша бидавонад, камтар буд… . Ин инсон, ки дар тӯли даврони зиндагиаш то чиҳилсолагӣ, ахлоқ ва рафтору шахсияти ӯ, ҳамаро таҳти таъсир қарор дода буд, дар ин синин даъваташро оғоз кард, ки ҳамаи инҳо шароитe буд, барои ин ки ниҳоли Ислом боқӣ бимонад.

Xонаводаи Пайғамбар (с)

 Падар- Абдуллоҳ

Абдуллоҳ ибни Абдулмуталиб падари он бузургвор, бино бар ривояте, пеш аз вилoдaтaш аз дунё меравад ва он ҳазрат падарро намебинад. (Таърихи Яъқубӣ, ҷ 1, саҳ 515)

Модар- Омина

Гоҳе ин кӯдакро (дояаш) назди модараш – Омина – меовард ва эшон ӯро медид ва сипас бозмегардонд. Баъд аз шаш сол, ки ин кӯдак аз лиҳози ҷисмӣ ва рӯҳӣ парвариши бисёр мумтозе пайдо карда буд, аз назари ҷисмӣ қавӣ, зебо, чолок ва коромад ва аз назари рӯҳӣ матин, сабур, хушахлоқ, хушрафтор ва бо диди боз, ки лозимаи зиндагӣ дар ҳамон шароит аст- ба модар ва хонавода баргардонда шуд. Модар кӯдакро бардошт ва бо худ ба Ясриб бурд, барои ин ки Абдуллоҳро – ки дар онҷо  дафн шуда буд – зиёрат кунанд. Баъдҳо вақте Пайғамбар(с) ба Мадина ташриф бурданд ва аз онҷо гузар карданд, фармуданд: Падари ман дар инҷо дафн шудааст ва дар ёдам ҳаст, ки барои зиёрати падарам, бо модарам ба инҷо омадем. Ҳангоми бозгашт дар маҳалле ба номи Абвоъ модараш ҳам аз дунё рафт ва ин кӯдак аз падару модар-ҳар ду— ятим шуд. Умми Айман ӯро ба Мадина овард ва ба дасти Абдулмуталиб дод. (Атабақотул кубро, ҷ 1, саҳ 49)

Доя- Ҳалима

Ба расми хонадонҳои шариф ва асили он рӯзи Арабистон, ки фарзандони худашонро ба занони покдоман ва асил месупориданд, то онҳоро дар саҳро ва дар миёни қабоили арабӣ парвариш диҳанд, ин кӯдаки азизи чароғи хонаводаро ба як зани асили наҷиб ба номи Ҳалимаи Саъдия –ки аз қабилаи Бани Саъд буд- супориданд. Ӯ ҳам Пайғамбарро ба миёни қабилаи худ бурд ва ҳудуди шаш сол он дурри гаронбаҳоро нигаҳ дошт. Ба ӯ шир дод ва ӯро тарбият кард, аз ин рӯ Пайғамбар(с) дар саҳро парвариш ёфт.

Ҷад-Абдулмуталиб

Абдулмуталиб мисли ҷони ширин аз ин кӯдак пазироӣ ва парасторӣ мекард. Дар шеъре Абдулмуталиб мегӯяд, ки ман барои ӯ мисли модарам. Ин пирамарди ҳудуди садсола – ки раиси Қурайш ва бисёр шариф ва азиз буд- ончунон ба ин кӯдак меҳру муҳаббат кард, ки аслан эҳсоси камбуди муҳаббат надошта бошад. Шигифтовар ин аст, ки ин навҷавон,  дурӣ аз падару модарро таҳаммул мекунад, барои зарфият ва омодагии ӯ афзоиш ёбад. Абдулмуталиб ончунон ӯро азиз ва гиромӣ медошт, ки мояи тааҷҷуби ҳама мешуд.

Дар китобҳои таърихӣ ва ҳадисӣ омадааст, ки канори Каъба барои Абдулмуталиб фарш ва маснаде паҳн мекарданд ва ӯ онҷо менишаст ва писарони ӯ ва ҷавонони Бани Ҳошим бо иззату эҳтиром гирди ӯ ҷамъ мешуданд. Вақте Абдулмуталиб набуд ё дохили Каъба буд, ин кӯдак мерафт ва рӯи маснад менишаст. Абдулмуталиб, ки меомад, ҷавонони Бани Ҳошим ба ин кӯдак мегуфтанд, ки бархез, ин ҷои падар аст, аммо Абдулмуталиб мегуфт: Не, ҷои ӯ ҳамон ҷост ва бояд онҷо бинишинад. Он вақт худаш канор менишаст ва ин кӯдаки азизу шариф ва гиромиро дар он маҳал нигоҳ медошт. Ҳашт сола буд, ки Абдулмуталиб ҳам аз дунё рафт. (Таърихи Табарӣ, ҷ2, саҳ 248)( (Атабақотул кубро, ҷ 1, саҳ 95)

Амак- Абӯтолиб

Дар ривоят омадааст, ки дами марг Абдулмуталиб аз Абутолиб – писари бисёр шарифу бузургвори худ – байъат гирифту гуфт, ки ин кӯдакро ба ту месупорам. Бояд мисли ман аз ӯ ҳимоят кунӣ. Абӯтолиб ҳам қабул кард ва ӯро ба хонаводаи худаш бурд ва чун ҷони гиромӣ, аз ӯ пазироӣ кард. Абӯтолиб ва ҳамсараш – шерзани араб, Фотима бинти Асад, модари ҳазрати Алӣ(к) – тақрибан чиҳил сол мисли падару модар, ин инсони волоро ҳимоят ва кӯмак карданд. Набии Акрам(с) дар чунин шароитe даврони кудакӣ ва навҷавонии худро гузаронд.

Хисоли ахлоқии воло, шахсияти инсони азиз, сабр ва таҳаммули фаровон, ошноӣ бо дардҳо ва ранҷҳое, ки мумкин аст барои як инсон дар кӯдакӣ пеш биёяд, шахсияти дарҳам танидаи азим ва амиқеро дар ин кӯдак заминасозӣ кард. Дар кудакӣ бо ҷаноби Абӯтолиб ба сафари тиҷорӣ рафт.)Ибни Ҳишом Ассиратунабавия, ҷ 1, саҳ 267); (Торихи Табарӣ, ҷ2, саҳ 325)

Ҳамсар – Хадиҷа

Ба тадриҷ сафари тиҷорӣ такрор шуд, то ба даврони навҷавонӣ ва давраи издивоҷ бо ҷаноби Хадиҷа ва  ба даврони чиҳилсолагӣ, даврони Пайғамбарӣ расид.(Ибни Касир, ҷ 2, саҳ 293)

То инҷо он чӣ дар боло баён шуд хулосае аз зиндагии Паёмбари Акрам(с) дар даврони кудакӣ ва навҷавонӣ буд, то расидан ба беъсат баён шуд, ки хешовандони он Ҳазрат аз маъруфтарин хонавода дар Макка буд ва падару модараш дар хурдсоли аз дунё рафтанд ва сарпарастии Ӯро амакаш ба уҳда гирифт.

Идома дорвд…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед