Паёмбари Худо(с) маҳбуби дилҳо(бахши дуввум)

0
32

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Яке аз бузургтарин неъматҳое, ки Худованд ба инсонҳо додааст фиристодани Паёмбарон барои роҳнамоии башар буд. Паёмбаре, ки беъсати пурбаракаташ тамоми коинотро нурборон кард ва самарот ва натоиҷи бисёр мусбат ва пурбаракатро барои тамоми махлуқот ба армағон овард.  Дар бахши аввал баён карда шуд, ки  бояд тамоми мусалмонҳо ишқ ва муҳаббат нисбат ба Паёмбари Худо(с)-ро дошта бошанд ва баён шуд, ки ишқ ва муҳаббат набояд фақат зобонӣ  бошад, балки мусалмонҳо бояд дар қалби худ ин ишқро пайдо кунанд ва онро дар амал нишон диҳанд, чун фақат муҳаббати забонӣ дар назди  Парвардигор муътабар нест ва Худованд аз аҳволи қалби инсонҳо бохабар ва огоҳ аст. Муҳаббат ва ишқ аломатҳое дорад, ки дар ин ҷо бахше аз  онро баён хоҳем кард.

Пайрави комил

Аз ҷумла осори муҳаббат нисбат ба ҳазрати Расул(с) табаият ва пайравии дақиқ аз таълимоти набавӣ мебошад. Бидуни шак касе, ки иддиои муҳаббат ва ошиқ буданро мекунад, вале гуфтаҳои маҳбуб ва маъшуқаш дар назараш аҳаммияте надорад ва ба дастуроти ӯ таваҷҷӯҳе намекунад, аз назари ҳар шахси оқил, дуруғгӯ ва муддаии ишқи дуруғин мебошад. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд;

یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُواْ أَطِیعُواْ اللّهَ وَأَطِیعُواْ الرَّسُولَ وَأُوْلِی الأَمْرِ مِنکُمْ فَإِن تَنَازَعْتُمْ فِی شَیْءٍ فَرُدُّوهُ إِلَى اللّهِ وَالرَّسُولِ إِن کُنتُمْ تُؤْمِنُونَ بِاللّهِ وَالْیَوْمِ الآخِرِ ذَلِکَ خَیْرٌ وَأَحْسَنُ تَأْوِیلاً

“Эй касоне, ки имон овардед Худоро итоат кунед ва аз Паёмбар ва соҳибони амр, ки аз шумо ҳастанд фармон баред, пас ҳар гоҳ дар чизе ихтилоф кардед, онро ба Худо ва Паёмбар ирҷоъ диҳед, агар ба Худо ва рӯзи охират имон доред, ки ин беҳтарин ва некӯтарин руҷуъ аст”.(Сураи Нисо, ояти 59)

Дар ин оят барои пайравӣ аз дастуроти Расули Худо(с) лафзи (أَطِیعُواْ) (Атиъу)-ро ду бор зикр кардааст, то аҳаммияти табаият аз Паёмбар(с)-ро равшан созад. Муҳиббони воқеъии Паёмбар(с) ба хотири ишқи ҳақиқӣ, ки доштанд ҳеҷ вақт дар анчоми  фармони Паёмбари Худо(с) ва пайравии комил аз равиши зиндагии эшон тардид ба худ роҳ намедоданд. Масъалаи тағйири қибла ва таҳрими шароб ва садҳо намунаи дигар шоҳиди ин ҳарф аст. Расули Худо(с) дар масҷид машғули хутба буд, чанд нафар дар канори девори масҷид истода буданд ва ба ҳарфҳои он ҳазрат гӯш медоданд. Паёмбари Худо(с) хитоб ба онҳо фармуд: Бишинед! Абдулло ибни Масъуд(рз) ба тарафи масҷид меомад ва ҳануз вориди масҷид нашуда буд, ки садои Паёмбар ба гӯши эшон расид, фавран ҳамонҷо нишаст. Абдуллоҳ ибни Масъуд(рз) ба хубӣ медонист, ки манзури Паёмбари Худо(с) касоне ҳастанд, ки дохили масҷид ҳастанд, вале ба хотири итоати комил аз Паёмбар(с) ба эшон иҷозаи қадам бардоштан надод.

Эҳтиром ва таъзими расули Худо

Муҳиб ҳамеша эҳтироми хоссе нисбат ба маҳбубашро дар дили худ эҳсос мекунад ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир нест калимае бар хилофи маҳбуби худ бишнавад ва таҳаммул намояд. Ӯ ҳар амал ва кори маҳбубашро ба дидаи нек ва эҳтиром нигоҳ мекунад ва дар ҳузур ва ғиёби ӯ иззат ва азаматашро ҳифз мекунад, ба ин хотир алоими муҳаббат ва ишқи воқеъӣ ба Паёмбар(с) ин аст, ки ҳар мусалмон дар ҳар мавқеияте азамат ва бузургии ҳазрати Расул(с) ва одобу эҳтиром нисбат ба он ҳазратро ҳифз кунад ва аз ҳар гуна ҳарф ва коре, ки зидди фармуда ва амали расули Худо(с) аст, аз он бипарҳезад. Худованди Мутаол дар оятҳои зиёде нисбат ба эҳтиром ва таъзими Расули Акрам(с) таъкид фармудааст:

یَا أَیُّهَا النَّبِیُّ إِنَّا أَرْسَلْنَاکَ شَاهِداً وَمُبَشِّراً وَنَذِیراً * لِتُؤْمِنُوا بِاللَّهِ وَ رَسُولِهِ وَتُعَزِّرُوهُ وَ تُوَقِّرُوهُ وَ تُسَبِّحُوهُ بُکْرَةً وَ أَصِیلاً‏ (توبه، 8-9)

“Бидуни шак мо туро гувоҳ ва  башоратгар ва ҳушдордиҳанда фиристодем. То ба Худо ва фиристодааш имон оваред ва ӯро ёри кунед ва бузургаш доред ва Худоро субҳ ва шом ба покӣ биситоед”.(Сураи Фатҳ, ояти 8-9)

Баъзе муфассирин ҳар се лафзи тасбеҳ, туваққир ва туаззизро ба Худованд нисбат додаанд ва баъзе гуфтаанд, ки тасбеҳ барои Худованд аст ва туваққир(таъзим) ва туаззиз(ёри намудан) барои Расули Худо(с) мебошад, дар ин сурат Худованд ба бандагонаш дастур медиҳад, ки нисбат ба мақоми болои нубувват ва рисолат изҳори эҳтиром кунанд.

Дар ҷои дигар мефармояд;

یَا أَیُّهَا الَّذِینَ آمَنُوا لَا تَرْفَعُوا أَصْوَاتَکُمْ فَوْقَ صَوْتِ النَّبِیِّ وَلَا تَجْهَرُوا لَهُ بِالْقَوْلِ کَجَهْرِ بَعْضِکُمْ لِبَعْضٍ أَن تَحْبَطَ أَعْمَالُکُمْ وَأَنتُمْ لَا تَشْعُرُونَ» (حجرات، 2)

“Эй касоне, ки имон овардаед садои худро аз садои паёмбар баландтар накунед ва ҳамчунон, ки бо якдигар сухан мегӯед, бо ӯ ба овози баланд сухан нагуед, то аъмолатон беаҷр ва зоеъ нашавад”.(Сураи Ҳуҷурот, ояти 2)

Дар идомаи оят гуфтугӯи нарм ва оҳиста бо Паёмбар(с)-ро ҷузви тақво қарор додааст ва мефармояд;

إِنَّ الَّذِینَ یَغُضُّونَ أَصْوَاتَهُمْ عِندَ رَسُولِ اللَّهِ أُوْلَئِکَ الَّذِینَ امْتَحَنَ اللَّهُ قُلُوبَهُمْ لِلتَّقْوَى لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِیمٌ

“Ҳамтан касоне, ки назди Паёмбари Худо(с) садояшонро поён меоваранд ҳамонҳо ҳастанд, ки Худованд дилҳояшонро барои парҳезкорӣ холис кардааст, онҳоро омурзиш ва подоши бузурге аст”. (Сураи Ҳуҷурот, ояти 2)

Ҳамчунин эҳтироми Расули Худо(с) металабад, ки  дар ҳар маҷлисе, ки гуфтаҳо ва аҳодиси эшон қироат мешавад, эҳтиром ва таъзими он маҷлис комилан риоят гардад.

Ҳамчунин бояд бо аҳли байти он ҳазрат ва ёрони он муҳаббат варзид ва ба онҳо эҳтиром гузошт. Урва ибни Масъуди Сақафӣ, ки дар сулҳи Ҳудайбия асҳоби Паёмбар(с)-ро дида буд, эҳтироми онҳо нисбат ба Паёмбар(с)-ро ингуна барои Қурайш баён мекард, ки эй қавм борҳо назди Қайсар рафтам, вале ҳеҷ подшоҳеро надидам, ки  ингуна мавриди таъзими дарбориёни худ қарор гирад, онгуна, ки Муҳаммад(с) дар дилҳои асҳоби худ ҷой гирифтааст.  Замоне ӯ дастур медиҳад, асҳоб ҳамагӣ барои анҷоми он мешитобанд, вақте вузу мегирад, барои оби вузуяш аз ҳам сибқат мегиранд, гӯё байни онҳо даргирӣ рӯх додааст, бо сукути комил ба суханонаш гӯш медиҳанд ва ба поси адаб касе ба ӯ хира намешавад.(Саҳеҳ Бухорӣ, Китоби шурут, боби шарт фил ҷиҳод)

Дифоъ аз суннати Расули Худо(с)

Амал ба дастуроти набавӣ ва дифоъ аз таълимоти ҳазрати Расули Акрам(с) аз дигар алоими муҳаббат ва улфат бо Паёмбар(с) мебошад. Касе, ки иддиои ишқ ва муҳаббати он ҳазратро дорад, бояд дар роҳи нашри барномаҳо ва фармоишоте, ки Паёмбар(с) аз ҷониби Худо барои саодати башарият овардааст, ки заҳамоти сахтеро барои он таҳаммул кардааст, талош кунад.

Тариқаи зиндагонии Паёмбари Худо(с)-ро аввалан дар тамоми зиндагияш улгӯ қарор диҳад ва ба он амал кунад ва ба тамоми суннатҳои он амал кунад ва дар марҳалаи баъд дигаронро ба ин кор даъват кунад ва бо ҳикмат ва мулотифат мардумро аз корҳои хилофи суннат боз дорад ва дар ин роҳ ҳарчи саъй ва талош кунад, Паёмбари Худо(с)-ро бештар розӣ ва ҷалб хоҳад кард.

Натиҷа

Аз ончи дар боло баён шуд натиҷа мегирем, ки ишқ ва эҳтироми Паёмбар(с) танҳо бо забон кифоят намекунад. Бояд дар қалб ин ишқ ва муҳаббатро ҷой дод ва дар амал онро пиёда кард. Дар ҷомеаи мо имрӯзҳо урф шудааст, ки мегӯянд; мо мусалмон ҳастем ва  Худо ва расулашро дӯст дорем ва диламон пок аст, вале дар амал гуфтаи Худо ва расулашро анҷом намедаҳанд, дар ҳоле  ки ин дӯст доштан ва муҳаббат нест, муҳаббат бояд дар амал худашро нишон диҳад ё баъзе аз уламо ва донишмандон иддио мекунанд , ки мо вориси Паёмбар(с) ҳастем ва Ӯро дӯст медорем, дар ҳоле  ки дар ҷомеа зидди ончиро, ки Расули Худо(с) мехост  анҷом мешавад, вале онҳо  сукутро интихоб мекунанд. Пас бояд бо амал ва рафтори худамон ишқ ва муҳуббати худро нисбат ба Расули Худо(с) нишон диҳем.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед