Пандомӯзӣ аз қиссаҳо ва достонҳои Қуръони Карим Ҳазрати Ҳуд(а) қисми якум

0
103

Яке аз масъалаҳое,  ки дар Қуръони Карим баён шудааст, масъалаи достонҳо ва саргузашти  умматҳо,  қавмҳои гузашта ва паёмбарон (а) мебошад, ки чӣ тавр ва бо чӣ василае бархе аз қавмҳои гузашта ҳалок шуданд? Cабаби нозил шудани азоби илоҳӣ бар онҳо чӣ буд? Ҳадафи Худованд аз зикри достони онҳо ба ояндагон чӣ аст? Худованди Мутаол дар оятҳои гуногун достони қавмҳои пешин ва чӣ  тавр аз байн рафтан ва ҳалок шудани онҳоро баён кардааст, ки яке аз онҳо қавми Ҳазрати Ҳуд(а) ба номи Од мебошад. Дар ин мақола ба баррасии саргузашт ва аъмоле, ки сабаби нозил шудани азоби илоҳӣ бар ин қавм шуд мепардозем.

Ҳазрти Ҳуд(а):  Ҳазрати Ҳуд(а) яке аз пайғамбарони бузургӣ илоҳӣ аст, ки номи муборакаш 10 бор ва номи қавмаш 24 мартаба дар Қуръони Карим омадааст ва як сура низ ба номи Ӯ мебошад.  Маҳалли зиндагии ӯ ва қавмаш байни кишвари Уммон ва Яман ва  ё Уммон ва Ҳазрамавт будааст ва ин ки дар чӣ замоне зиндагӣ мекардаанд.  Дар таърих ин тавр омадааст, ки ҳазрати Ҳуд(а) аз насли Сом фарзанди ҳазрати Нуҳ(а) мебошад. Аз қавми ин пайғамбари бузург дар Қуръони Карим ба Од  ёд шудааст. (Сураи Наҷм, ояти 50)

Бархе муваррихон ва муфассирони Қуръони Карим аз ин ояти зикршуда ин гуна бардошт намудаанд, ки дар тарихи гузаштаи инсон ду қавм ба қавми  Од нисбат дода шудааст. Оди аввалӣ ҳамон қавми ҳазрати Ҳуд(а) мебошад, ки дар гузаштаи бисёр дур дар ибтидои тарихи инсон зиндагӣ мекардаанд. Од ибни Сом аз насли  ҳазрати Нӯҳ (а) ҳамон Оди дуюм  аст, ки дар замони  ҳудуди 700 сол пеш аз таваллуди ҳазрати  Исои Масеҳ(а) вуҷуд доштаанд. (Қуртубӣ Алҷомеъулаҳкоми Қуръон, ҷ 18, саҳ 120. Ибни Асир,  Азуддин, тарихи Комил, ҷ 1, саҳ 98)

Маҳали зиндагии қавми Од   

  Дар бархе  оятҳои Қуронӣ Карим ба хусусият ва вежагиҳои зоҳирӣ ва моддии ин қавм ва шаҳрашон  ишора шудааст, ки аз ҷамъи ин оятҳо ин тавр бар меояд, ки қавми Од мардумони  қоматбаланд ва нерӯманд будаанд. Худои Мутаол дар васфи ин қавм мефармояд:

سَخَّرَهَا عَلَيْهِمْ سَبْعَ لَيَالٍ وَثَمَانِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومًا فَتَرَى الْقَوْمَ فِيهَا صَرْعَى كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخخْلٍ خَاوِيَةٍ

“[Худо] Онро ҳафт шабу ҳашт рӯзи пай дар пай бар онҳо мусаллат кард; пас, он қавмро дар он [вақт] афтода медидӣ, гӯё онҳо танаҳои дарахти хурмои фурӯрехтаанд.” (Сураи Ҳоққа, аяти 7)

Ва низ онҳо  мардумони фарбеҳ ва ҳайкалҳои бузург, нерӯманд ва қаввӣ доштаанд:

أَوَعَجِبْتُمْ أَنْ جَاءَكُمْ ذِكْرٌ مِنْ رَبِّكُمْ عَلَىٰ رَجُلٍ مِنْكُمْ لِيُنْذِرَكُمْ ۚ وَاذْكُرُوا إِذْ جَعَلَكُمْ خُلَفَاءَ مِنْ بَعْدِ قَوْمِ نُوحٍ وَزَادَكُمْ فِي الْخَلْقِ بَسْطَةً ۖ فَاذْكُرُوا آلَاءَ اللَّهِ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ

“Ва оё тааҷҷуб кардед, ки панде аз ҷониби Парвардигоратон бар [забони] марде аз шумо бароятон омад, то шуморо ҳушдор диҳад? Ва ёд кунед ҳангомеро  ки баъд аз қавми Нӯҳ шуморо ҷонишинон[-и онон] қарор дод ва шуморо дар офариниш тавоноӣ бахшид; пас, неъматҳои Худоро ёд кунед; бошад, ки шумо растагор шавед” (Сураи Аъроф, ояти 69)

Ин қавм барои худ қасрҳо ва тамадуни пешрафтае сохта ва мардумони мутараққӣ ва пешрафта будаанд. Ҳамин тавар сарзамини ҳосилхез, пӯшида аз боғҳову дархтон ва зироатҳои фаровон ва чорпоёни зиёде доштанд, ки фикри ҷовидона зистан дар ин дунёро мекардаанд:

وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمْ تَخْلُدُونَ

“Ва қасрҳои устувор бармегузинед, ба умеди он ки шумо ҷовидон бимонед!?”

أَمَدَّكُمْ بِأَنْعَامٍ وَبَنِينَ

“Шуморо бо [додани] чорпоён ва фарзандон, мадад расонд”

وَجَنَّاتٍ وَعُيُونٍ

“Ва [низ] ба боғҳо ва чашмасорон” (Сураи Шуаро, ояти 128 ­­­– 134)

Ҳамчунин онҳо  шаҳри боазамат ва тааҷҷубоваре даштаанд, ки монандаш дар он замон набудааст.  Дар ин робита Худованд мефармояд:

إِرَمَ ذَاتِ الْعِمَادِ

“[Шаҳри] “Ирам”, ки дорои сутунҳо буд”

الَّتِي لَمْ يُخْلَقْ مِثْلُهَا فِي الْبِلَادِ

“Ки монандаш дар шаҳрҳо офарида нашуда буд”  (Сураи Фаҷр, ояти 7-8)

Аъмол ва оиини қавми Од

Аз ҷамъи оятҳои Қуръони Карим ин тавр истифода мешавад, ки сабаби азоб,  ҳалокат ва нобудии ин қавм ва дучори лаънат ва хашму ғазаби илоҳӣ шудан,  ҳамон аъмолу рафтор ва боварҳои онҳо будааст.

Ин қавм кофир ва бутпараст будаанд ва аз ҳокимони тоғуту золими  замони худ пайравӣ мекардаанд, бинобар ин Худованд мефармояд:

وَ تِلْكَ عادٌ جَحَدُوا بِآياتِ رَبِّهِمْ وَ عَصَوْا رُسُلَهُ وَ اتَّبَعُوا أَمْرَ كُلِّ جَبَّارٍ عَنيد

“Ва ин [қавми] Од буд, ки оятҳои Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашонро нофармонӣ карданд ва аз дастури ҳар зӯргӯи саркаше пайравӣ карданд” (Сураи Ҳуд, ояти 59)

Метавон аз ин ояти шарифа ин тавр натиҷа гирифт, ки қавми Од гирифтори се хислат, инкори оятҳои илоҳӣ, нофармонӣ аз дастуроти паёмбарон  ва итоат кардан аз  ҳокимони ҷаббор шуда буданд. Дар ояти баъд оқибат ва ақоиди ин қавмро ёдоварӣ карда мефармояд:

وَأُتْبِعُوا فِي هَٰذِهِ الدُّنْيَا لَعْنَةً وَيَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ أَلَا إِنَّ عَادًا كَفَرُوا رَبَّهُمْ ۗ أَلَا بُعْدًا لِعَادٍ قَوْمِ هُودٍ

“Ва дар ин дунё ва рӯзи қиёмат лаънате аз пайи онҳо равона шуд. Огоҳ бошед! Ҳамоно [қавми] Од ба Парвардигорашон куфр варзиданд. Огоҳ бошед! [Аз раҳмати Худо] Дур бод Од, қавми Ҳуд!” (Сураи Ҳуд, ояти 59-60)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед