Ошноӣ бо мактаби мотуридия

0
195

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Ошноӣ бо мактаби мотуридия

Абумансури Мотуридӣ дар сарзамини Мовароуннаҳр, ки баъдан ба номи Туркистон ва баъд аз истеъмори русҳо ба номи Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказии Шуравӣ, ки шомили панҷ ҷумҳурӣ ба номҳои : Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон мебошанд, нашъу намо ёфт. Бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳи илмии хоссе, ки ӯ дар миёни аҳли суннат бо ироаи назароти ҷадид дар калом ва тафсир пайдо кард, ба тадриҷ дидгоҳҳои каломии ӯ табдил ба як мазҳаби эътиқодии ба номи фирқаи Мотуридия гардид.
Дар ин навиштор иҷмолан ба шинохти зиндагӣ, осор, андешаҳо, машоҳир ва мабонии каломии ин мактаб мепардозем.

Зикри ному насаби бунёнгузори мактаби мотуридӣ
Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Маҳмуд Абумансури Мотуридии Самарқандӣ мулаққаб ба алқоби “Имомул ҳудо”, “Имомул мутакаллимин”, “Раиси аҳли суннат”, “Ашшайх”, “Алфақиҳ”, “Имоми зоҳид”, “Аламулҳудо” ва ….  мебошад. Ӯ дар деҳаи Мотурид ё Мотурит яке аз деҳоти наздик ба шаҳри Самарқанд ба дунё омад.

Бархе муътақиданд ки насаби ӯ ба Абуаюби Холид ибни Зайд ибни Калиби Ансорӣ, ки саҳобаи маъруф ва мизбони Паёмбари Акрам(с) ба ҳангоми ҳиҷрат аз Макка ба Мадина буд, мунтаҳӣ мегарадад. (Баёзӣ, Аҳмад, Ишоротул маром, саҳ. 23). Вале Зубайдӣ дар “Итҳофус содатил муттақин” нисбати ӯро ба Ансорӣ ҳақиқӣ намедонад ва мегӯяд, ки ин нисбат, нисбати ташрифӣ аст. ( Зубайдӣ,  Муртазо, Итҳофус содатил муттақин, ҷ.2, саҳ.5.)

Таваллуд ва вафот
Мутарҷимон ва шарҳи ҳол нависон соли тавллуди ӯро зикр накардаанд, вале дуктур Муҳаммад Аюбалӣ соли таваллуди ӯро соли 238 ҳиҷрӣ тахмин задааст. Далелаш ин аст, ки таърихи вафоти ду устоди Мотуридӣ, ки онҳо Муҳаммад ибни Мақотили Розӣ соли вафоташ 248 ва Наср ибни Яҳёи Балхӣ соли вафоташ 268 ҳиҷрӣ мебошад ва Мотуридӣ бояд қабл аз соли 248 ҳиҷрӣ ба дунё омада бошад. ( Ақидатул Ислом вал Имомул Мотуридӣ, саҳ. 264 ва 265 ба нақл аз Ҳарбӣ, Аҳмад, Ал мотуридия диросатан ва тақвиман, саҳ.96.)

Ва аммо дар мавриди вафоташ се қавл вуҷуд дорад, ки солҳои 332, 333 ва 336 ҳиҷриро зикр кардаанд. ( Баёзӣ, Аҳмад, Ишоротул маром, саҳ.7, Халифа, Ҳоҷӣ, Кашфуз зунун, ҷ.2, саҳ.1406.) Вале тақрибан ҳамаи арбоб тарҷумаҳо, ки фақат шарҳи мухтасаре аз зиндагии Мотуридиро дар осори худ зикр кардаанд, дар ин маврид иттифоқи назар доранд, ки вай соли 333ҳиҷрӣ вафот ёфтааст

( Шариф, Мирмуҳаммд, Таърихи фалсафа дар Ислом, ҷ.1, саҳ.368.) ва дар Самарқанд дар қабристони маъруфи “Ҷокардиза” мадфун аст. ( Ҳамавӣ, Ёқут, Муъҷамул булдон, ҷ.2, саҳ.95.)

Манзалати илмии Мотуридӣ
Мотуридӣ дар даврони ҳукумати муқтадири Сомониён, ки аз соли 261 ҳиҷрӣ то 289 ҳиҷрии қамарӣ бар тамом сарзаминҳои Ирон фармонравоӣ карданд ва ба ҳифз ва ишоаи адаб ва илму фунун ҳиммат гумоштанд ва иддае аз уламои машҳури замонро дар дарбори худ гирд оварданд, нашъу намо ёфт. Ӯ дар ҷави ороми илмӣ ва муҳити фарҳангии сарзамини модарии худ тарбият шуд ва таҳти сарпарастии чор тан аз донишмандони барҷастаи замони хеш, ки ҳамагӣ аз шогирдони Абуҳанифа буданд, улуми мухталифи исломиро фаро гирифт. ( Шариф, Мирмуҳаммд, Таърихи фалсафа дар Ислом, ҷ.1, саҳ.368.)

Мотуридӣ аз ҷойгоҳи хубе дар таърихи фикри исломӣ бархурдор буд, зеро ӯ бунёнгузори яке аз макотиби  каломие аст, ки дар ҷаҳони ислом нашр ёфтааст. Мактаби Мотуридӣ ҳамонанди мактаби Ашъарӣ дунёи каломи аҳли суннатро дар миёни худ тақсим намудааст. Тош Куброзода дар ин бора овардааст: “Раиси аҳли суннат ва ҷамоат дар илми калом ду  нафаранд, яке аз онҳо ҳанафимазҳаб ва дигари шофеимазҳаб аст, ҳанафи мазҳаб Абумансур Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотуридӣ, имоми ҳидоят… ва дигари, ки шофеӣ мазҳаб аст, шайх аҳли суннат ва раиси ҷамоат ва имоми мутакаллимон, … Абулҳасан Ашъарии Басрӣ аст”.( Мифтоҳус саодат, ҷ.2, саҳ51-152 ба нақл аз Ҳарбӣ, Аҳмад, Алмотуридия диросатан ва тақвиман, саҳ.96)

Ба поси хадамоти ӯ дар заминаи илму таҳқиқ  ва дониши амиқи ӯ дар илми  калом (ва хадамоти арзандаи ӯ ба аҳли суннат) аҳли уммат ба ӯ унвони “Имомул ҳудо” ва “Имомул мутакаллимин”-ро додаанд.

Маҳмуди  Куфавӣ аз ӯ ба унвонҳои “Имомул ҳудо, масали аълои аҳли ҳидоят, ҳомили илми аҳли суннат ва ҷамоат, дофеи залолат ва қомеи бидъат ва пешвои аҳли илм, мучаддид ва муслиҳи имони муслимин” ном бурдааст. ( Катоибу аъломул ахёр, саҳ. 29 ба нақл аз Шариф, Мирмуҳаммад, Таърихи фалсафа дар Ислом, саҳ.368-369.)

Зубайдӣ мегӯяд: “Ҳаргоҳ аҳли суннат гуфта шавад, мақсуд Ашоира ва Мотуридия аст”. ( Зубайди, Муртазо, Итҳофус содатил муттақин, ҷ.2, саҳ. 5.)

 

 Асотиди Мотуридӣ
Абумансури Мотуридӣ назди чаҳор тан аз донишмандони барҷастаи замони хеш ба фарогирии улуми мухталифи исломӣ пардохт, ки иборатанд аз:

  1. Абубакр Аҳмад ибни Исҳоқи Ҷузҷонӣ.
  2. Наср ибни Яҳёи Балхӣ (мутаваффои 248ҳ.қ).
  3. Абунаср Аҳмад ибни Аббоси Аёзӣ, маъруф ба фақеҳи самарқандӣ
  4. Муҳаммад ибни Мақотили Розӣ, қозии Рай (мутаваффои 248 ҳ.қ) ( Ибни Манзур, Лисонул мизон, ҷ.5, саҳ.388; Асқалони, ибни Ҳаҷар, Таҳзибут таҳзиб, ҷ.9, саҳ.469; Ҳарби, Аҳмад, Алмотуридия диросоатан ва тақвиман, саҳ.100-103.)

Аллома Зубайдӣ, ки худ аз мотуридиён аст, мегӯяд: “Мотуридӣ назди имом Абумансури Аёзӣ шогирди кард ва аз устодҳои ӯ Абубакр Аҳмад ибни Исҳоқ ибни Солеҳи Ҷузҷонӣ ва Муҳаммад ибни Мақотили Розӣ буд. Ду фарди нахуст аз шогирдони Абусулаймони Ҷузҷонӣ буданд, ки худи ӯ аз шогирдони Абуюсуф ва Муҳаммад ибни Шайбонӣ аз шогирдони Абуҳанифа буданд, аммо устоди чаҳоруми ӯ; яъне Муҳаммад ибни Мақотили Розӣ бо як восита назди Абуҳанифа шогирдӣ кардааст. Бинобарин Мотуридӣ гоҳ бо ду восита ва гоҳ бо се восита ба имоми худ (Абуҳанифа) муттасил мешавад.” ( Зубайдӣ, Муртазо, Итҳофус содатил муттақин, ҷ.2, саҳ.5.)

 

Шогирдони Мотуридӣ
Мотуридӣ як мактаби фикрӣ дар илми каломро бино ниҳод, ки дар тамоми сарзамини Мовароуннаҳр ва манотиқи муҷовири он интишор ёфт ва иддае аз олимони машҳури ҳанафӣ назди ӯ таламмуз карданд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

  1. Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад ибни Исмоил, машҳур ба Ҳакими Самарқандӣ (м.340 ҳ.қ)
  2. Абулҳасан Алӣ ибни Саъиди Растағфанӣ ( Растағфан номи яке аз рустоҳои Самарқанд.) (м.390ҳ.қ)
  3. Абумуҳаммад Абдулкарими Баздавӣ (м. 390ҳ.қ) ҷадди Муҳаммад ибни Абдулкарим муаллифи китоби “Усули дин” .
  4. Абуаҳмад ибни Абунаср Аҳмад ибни Аббоси Аёзӣ (аз наводагони ибни Абунасри Аёзӣ устоди Мотуридӣ).
  5. Абуабдураҳмон ибни Абулайсӣ Бухорӣ. ( Қурашӣ, Муҳаммад, Алҷавоҳирул музиа, ҷ.4, саҳ.65; Лакнавӣ, Муҳаммад, Алфавоидул баҳия, саҳ. 116.)

Таълифоти Мотуридӣ
Абумансури Мотуридӣ осори муҳимме дар илми тафсир, калом, усули фиқҳ ва дигар улуми исломӣ таълиф кардааст. Осори ӯро метавон дар ин мавзӯот дастабандӣ кард:

А. Тафсир “Таъвилоти аҳли суннат” ё “Таъвилоти Қуръон”

Б. Илми калом:

  1. Китоби Аттавҳид
  2. Шарҳи фиқҳи акбар
  3. Рисолатун фил ақида
  4. Рисолатун фил имон
  5. Алмақолот
  6. Баён ва ҳумул муътазила
  7. Раду таҳзибил ҷадал лил Каъбӣ
  8. Раду ваъидил фуссоқ лил Каъбӣ
  9. Раду авоилил адилла лил Каъбӣ
  10. Радул усулил хамса ли Абимуҳаммадил Боҳилӣ
  11. Раду алал Қаромита
  12. Радул имомати ли баъзир равофиз

В. Усули фиқҳ:

  1. Маъхазуш шароеъ
  2. Ҷадал

          Д. Ахлоқ: Китоби “Панднома”      

                 Машоҳир ва бузургони мотуридия ва осори машҳури онҳо

  1. Абулайс Наср ибни Муҳаммади Самарқандӣ (м. 375ҳ.қ) “Баёну ақидатил усул фил имон”, “Усулул имон” ва “Шарҳул фиқҳил баст ли Абиҳанифа”.
  2. Қозӣ Абуляср Муҳаммад ибни Ҳусайни Абдулкарими Баздавӣ (421-493ҳ.қ) “Усули дин”
  3. Имом Абумуин Маймун ибни Муҳаммади Насафӣ(418-508ҳ.қ) “Табсиратул адилла”
  4. Шайх Наҷмуддин Абуҳафс Умар ибни Муҳаммади Насафӣ(460-537). “Ал ақоидун насафия”
  5. Аллома ибни Абилиззи Ҳанафӣ (731-792ҳ.қ). Шореҳи китоби “Ал ақидатут Таҳовия”
  6. Камолуддин Муҳаммад ибни Абдулвоҳид Маъруф ба ибни Ҳумом(790-860ҳ.қ). “Ал мусойира фил ақоидил мунҷияти фил охира”, “Фатҳул Қадир”
  7. Аллома Камолуддин Аҳмад ибни Ҳасан ибни Санониддини Румии Баёзӣ(м.1097ҳ.қ). “Ал усулил муниқати лил имом Абиҳанифа”, “Ишоротул маром мин иборотул имом”.
  8. Алӣ ибни Султонмуҳаммади Ҳеравӣ маъруф ба Муллоалии Қорӣ(м.1016ҳ.қ). Шореҳи “Фиқҳи акбар”
  9. Ҳофиз Муҳаммад Абдулазизи Фарҳодӣ(м.1239ҳ.қ). “Аннаброс” шарҳе бар Шарҳи ақоиди Насафии Тафтазонӣ.
  10. Ҳусайн ибни Муҳаммади Троблусӣ(м.1327ҳ.қ). “Ал ҳусунул ҳамидия лил муҳофизати алал ақоидил исломияти”.
  11. Шайх Муҳаммади Абдуҳи Мисрӣ(м.1323ҳ.қ). “Рисолаи аттавҳид”
  12. Шайх Муҳаммад Зоҳиди Кавсарии Мисрӣ(1296-1371ҳ.қ).

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед