Оини бародарӣ дар ҳадисҳои Паёмбар(с) қисми севвум

0
92

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ҳадисҳои Паёмбари Ислом(с) низ ба ақди ухуват таъкидҳои фаровоне шудааст.  Дар китобҳои ҳадисии бузург барои ухувват ва бародарӣ бобҳои мустақил ва ҷудогона қарор дода шудааст, ки нишон аз аҳаммияту зарурти баҳси бародарӣ дар назди Паёмбар (с) ва мусалмонон дар тӯли таърих доштааст. Ҳадисҳо дар бораи ин матлаб зиёд аст, баъзе аз онҳо ба ҳуқуқи бародарӣ таъкид мекунанд, баъзе дигар ба аҳаммият ва ҷойгоҳи бародарӣ, ки дар инҷо ба унвони намуна чанд ҳадис оварда ва хулоса баҳс мешавад.

Дар ҳадисе омадааст, ки ҳазарти Паёмбар (с) фармуданд:

«مَثَلُ الْمُؤْمِنِينَ فِي تَوَادِّهِمْ وَتَرَاحُمِهِمْ وَتَعَاطُفِهِمْ مَثَلُ الْجَسَدِ؛ إِذَا اشْتَكَى مِنْهُ عُضْوٌ تَدَاعَى لَهُ سَائِرُ الْجَسَدِ بِالسَّهَرِ وَالْحُمَّى»

Мисоли мӯъминон дар алоқа ва пайвандҳои дӯстона нисбат ба ҳамдигар, ҳамонанди як пайкаранд, дар ҳамдардӣ ва алоқаманд будан нисбат ба сарнавишти ҳамдигар, мисли пайкари зиндае аст, ки агар узве аз аъзои он ба дард ояд, аъзои дигар бо он узв ҳамдарди мекунанд. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 4685).

Ҳазрати Саъдии бузургвор бо илҳом аз ҳадисҳои Паёмбар (с) гуфтааст:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Бародарӣ дар дини Ислом як шиори холӣ аз муҳтаво нест, ҳақиқати ҷудоинопазири дини Ислом аст, ухуаввати динӣ лозим аст дар амал ва дар рафтори мусалмонон дида шавад. Ҳамон тавре ки дар ин ҳадис омадааст, дӯст доштани бародари динӣ, раҳму меҳрубонӣ ва алоқаву муҳаббат нисбат ба бародарони дини бояд дар гуфтор ва дар рафтори инсони мӯъмин дида шавад.

Паёмбар (с) дар ҳадисе фармуданд:

المسلم أخو المسلم لا يظلمه ولا يسلمه ومن كان في حاجة أخيه كان الله في حاجته ومن فرج عن مسلم كربة فرج الله عنه كربة من كربات يوم القيامة ومن ستر مسلما ستره الله يوم القيامة

Мусалмон бародари мусалмон аст, ҳаргиз ба ӯ ситам намекунад ва намегузорад ба ӯ ситам шавад, ҳар касе ба дунболи баровардани ниёзи бародари мусалмон бошад, Худованд низ гирифторӣ ва сахтиҳоро аз ӯ дур мекунад ва яке аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур мекунад ва ҳар касе айби бародари мусалмони худро бипӯшонад, Худованд низ дар рӯзи қиёмат айбҳои ӯро аз чашми дигарон мепӯшонад. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 2310)

Ва ҳамчунин он Ҳазрат (с) дар ҷойи дигар фармуданд:

«مثل الأخوين مثل اليدين تغسل إحداهما الأخرى»

Ду бародари динӣ, ҳамонанди ду дастанд, ки ҳар кадом дигариро мешӯяд.

Ақди бародари робитае аст, миёни ду шахс, ҳамчун ақди никоҳ, ҳамон тавре ки никоҳ боис мешавад, ки ҳуқуқе барои ҳар ду тараф ба вуҷуд ояд ва фарз аст, адои он ҳуқуқ, ҳуқуқи бародарӣ ҳам чунин аст, бародари туро ба ту ҳаққе аст, дар мол, нафс, забону дил, авфу гузашт, дуо, ихлос ва вафо.  (Эҳёи улуми дин, Муҳаммади Ғазолӣ, боби дувум, ҳуқуқи бародарӣ).

Яъне ду дасти инсон, ки бо ҳам ҳамдигарро мешӯянд ва тамиз мекунанд, мӯъминон ҳам чунин ҳастанд, бо ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ айбҳои ҳамдигарро поку тамиз мекунанд. Дасте агар бихоҳад аз олудагиҳо тамиз шавад, аз дигари кӯмак мегирад, мӯъминон ҳам агар бихоҳанд ба камол ва ба покизагӣ бирасанд ба ҳамдигар ниёзманд ҳастанд.

Дар саҳеҳи Муслим аз Расули Худо (с) ҳадис аст, ки он ҳазрат фамуданд:

«مَا مِنْ عَبْدٍ مُسْلِمٍ يَدْعُو لأَخِيهِ بِظَهْرِ الْغَيْبِ إِلاَّ قَالَ الْمَلَكُ وَلَكَ بِمِثْلٍ»

Ҳеҷ бандаи мусалмоне нест, ки ошкор кунад аз бародараш чизеро, ки пинҳо аст, магар ин ки фариштае мегӯяд, барои ту ҳам ҳамонанди ҳамин аст. (Саҳеҳи Муслим, ҳадиси7103، ).

Он чизе, ки барои дигарон пинҳон бошад ва шахсе онро барои дигарон ошкор кунад, агар ҳасана ва корҳои хуб бошад, ки барои ӯ ҳам ҳамонанди онро менависанд, вале агар амали бад ва зишт бошад барои он касе, ки онро ошкор кардааст, низ ҳамон гуноҳ навишта мешавад.

Ҳадисе ба ин мазмун ҳаст, ки ҳар касе айби мусалмонеро бипӯшонад, Худованд дар рӯзи қиёмат гуноҳони ӯро мепӯшонад. Ҳар инсоне шояд айбе дошта бошад, вале Ислом иҷозат намедиҳад, ки айбҳои онҳо ошкор шаванд ва он ҳам ба қасди ифшои фаҳшо бошад, ки бисёр кори зишт ва наҳй шудааст.

Мусалмонон бародари ҳамдигаранд, ки бо ҳам зулму ситам намекунанд, ҳамдигарро хор ва таҳқиру кӯчак намекунанд. Расули Худо (с) фармуданд:

«كونوا عِبادَ اللّه إخوانا المُسلِمُ أخُو المُسلِمِ لا يَظلِمُهُ و لا يَخذُلُهُ ولا يُحَقِّرُهُ»

Эй бандагони Худо! Бародар бошед, мусалмон бародари мусалмон аст, ба ӯ ситам намекунад, ӯро хору залил намекунд ва ӯро дар чашми дигарон таҳқиру кӯчак намекунад.

Баъзе аз рафторҳое, ки дар фарҳангҳо ва дар миёни мардуми одӣ пайдо шудааст, аз нигоҳи дин ва дар миёни бародарони мусалмон ҳаром аст. Анас Ибни Молик (рз) аз Расули Худо (с) нақл мекунад, ки он Ҳазрат (с) фармуданд:

«لا تَبَاغَضُوا وَلا تَحَاسَدُوا وَلا تَدَابَرُوا، وَكُونُوا عِبَادَ اللَّهِ إِخْوَانًا وَلا يَحِلُّ لِمُسْلِمٍ أَنْ يَهْجُرَ أَخَاهُ فَوْقَ ثَلاثَةِ أَيَّامٍ»

Бо якдигар душманӣ накунед, ҳасодат наварзед ва ба якдигар пушт накунед, балки дар канори ҳам бародарвор Худоро ибодат кунед ва барои ҳеҷ мусалмоне иҷозат нест, ки бештар аз се рӯз бо бародари мусалмонаш қаҳр бошад. (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 6065).

Дар баҳси ойини бародарӣ, мӯъминон нисбат ба ҳам ҳуқуқ  ва вазифа доранд, ки лозим аст, онҳоро риоят кунанд ва ҳамдигарро тақвият кунанд.

Вақте аҳодис дар бораи ақди ухувват, дақиқтар таҳлилу баррасӣ шавад, матолиби муҳиме метавон барои ақди ухувват ба даст овард, дар ин чанд ҳадисе, ки дар инҷо оварда шуд, маълум шуд, ки оини бародарӣ яке аз муҳимтарин баҳсҳо ва яке аз бо аҳаммияттарин аҳкоми исломӣ аст, дар баҳси бародарӣ ва ухуват ба унсури имон ба Худованд таъкид мешавад, ки боиси пайванд бо ҳамдигар мешавад ва ҳамин имон ба Худованд нисбати бародариро ба вуҷуд меоварад. Чаро ки агар инсон қалбаш пур аз муҳаббати Худованд бошад, ҳатто агар аз як пистон ҳам шир нахӯрда бошанд, дар як хона бузург нашуда бошанд, фарзанди як падар набошанд, боз ҳам бародар ҳастанд.

Хулосаи баҳс

Дар қисмати аввал ба аҳаммият ва ҷойгоҳи ақди ухуват дар даврони муосир таъкид шуд ва робитаи бародарони имонӣ гуфта шуд. Дар  баҳси дувум ақди ухуват ба унвони неъмати илоҳӣ барои мусалмонон таъкид шуд, ки мусалмонон нисбат ба ҳамдигар дорои вазифа ва  масъулият ҳастанд, бародарони динӣ нисбат бо ҳам ҳаққу таклиф доранд.

Дар бахши севум аз миёни садҳо ҳадис 6 ҳадис интихоб шуд, ки баъзе ба ҳуқуқ ва баъзе ба аҳаммияти ақди ухувват таъкид доранд. Дар ҳадисҳо пайвастагии имону амал дар баҳси ақди ухувват ва оини бародарӣ фаровон дида мешавад ва имоне, ки дин мегӯяд дар амал мушоҳида ва дар рафтору гуфтори фардӣ ва иҷтимоӣ худро нишон медиҳад. Мусалмонон ҳамонанди як бадан ҳастанд, ки барои рушду пешрафт ба ҳамдигар ниёзманданд. Онҳо бо вуруд дар доири Ислом дар канори ҳам қарор мегиранд ва ҳамононди ду даст мешаванд, ки ҳамдигарро пок мекунанд ва айбҳои ҳамро мепӯшонанд. Дар ақди ухувват вазифа ва масъулият барои ҳамагон аст, бародарон вазифа доранд, ки аз ҳамдигар огоҳӣ ва аз мушкилоти ҳам бохабар бошанд ва дар канори ҳам бандагии Худоро ба ҷой оваранд.

Идома дорад…

Оини бародарӣ (ақди ухувват) қисми аввал

Оини бародарӣ дар Қуръон(қисми дуввум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед