Оини бародарӣ дар Қуръон(қисми дуввум)

0
198

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар фарҳанги Қуръон  вақте ба  бародар “الأخ” гуфта мешавад манзур ҳамон маънои бародари динӣ ва имонӣ аст. Қуръони Карим  вақте аз оини бародарӣ ва ақди ухувати исломӣ ёд мекунад, онро неъмати илоҳӣ барои мусалмонон медонад. Қуръони Карим таъкид мекунад, ки шумо душман будед ва бо неъмати Ислом бо ҳам бародар шудед.

إِذْ كُنْتُمْ أَعْداءً فَأَلَّفَ بَيْنَ قُلُوبِكُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْواناً

“Он гоҳ ки душманон[-и ҳамдигар] будед ва [Ӯ] миёни дилҳои шумо улфат андохт ва ба [баракати] неъмати Ӯ бародарон[-и ҳамдигар] шудед.” (Сураи Оли Имрон, ояти103)

Яке аз омилҳое, ки ҳам сабаби  бақо ва пешрафти Ислом дар ибтидои Ислом шуд ҳамин ақди бародарӣ миёни мусалмонон буд.  Аз тарафе ҳам ҳамин Ислом буд, ки боиси аз байн рафтани душманӣ ва кинаву адоват миёни онҳо шуд. Паёмбари Ислом (с) бо таваҷҷӯҳ ба дакри амиқ, ҳикмату басирати илоҳие, ки дошт ва аз тарафе ҳам авзоъи нобасомоне, ки буд, эҷоди ақди ухуват дар миёни мусалмонон беҳтарин ва асоситарин роҳи ҳал буд, ки бояд анҷом мешуд. Ақди ухуват боис шуд, ки мусалмононро дар муқобили фитнаҳо, тафриқаҳо, осебҳое, ки душманони дохилӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд оварда буданд, ҳифз кунад ва аз ҳампошидагӣ ҷилавгирӣ кунад. Ин ҳаракатеро, ки Паёмбар(с) эҷод кард агар бихоҳем онро мисол бизанем, бояд гуфт ин барнома ҳамонанди банди тасбеҳе буд, ки тамоми донаҳои тасбеҳро дар канори ҳам ҷамъ карда ва аз парокандагии онҳо ҷилавгирӣ намуд. Аммо ин мисол танҳо метавонад бахши моддӣ ва зоҳирии ин барномаи бузургро бирасонад, вале бахши маънавии онро, ки дилҳоро бо ҳам гиреҳ зад ва коре кард, ки эҳсоси бародарӣ    дар ҷону имони мусалмонон поярезӣ шавад.

Ин бародарӣ ва ҳамдилӣ дар миёни уммати исломӣ реша давонд, то ҷое ки мусалмонон ҳозир буданд барои ҳамдигар аз молу ҷони худ бигзаранд.

Ин неъмате буд, ки ба василаи он қабилаи Ансор бо вуҷуди он ки баъзе аз онҳо худашон ниёзманд буданд, молу мулк ва хонаҳои худро бо муҳоҷирон тақсим мекарданд. Ин ақди ухуват он ҷанги 120 солаеро, ки миёни қабилаҳои Авсу Хазраҷ   пеш аз Ислом бударо аз миён бурд ва ба баракати Ислом ин ҷанг хомӯш шуд ва онҳо бародари ҳам гаштанд. (Тафсири Алманнор, Рашид Ризо, зери ояти 103 Оли Имрон)

Муҳимтар аз он ҳам ин ки Худованд дар ояти 11 сураи Тавба дар мавриди мушрикон мефармояд.

فَإِنْ تابُوا وَ أَقامُوا الصَّلاةَ وَ آتَوُا الزَّكاةَ فَإِخْوانُكُمْ فِي الدِّينِ

Ва агар тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, пас, бародарони динии шумо ҳастанд.” (Сураи Тавба, ояти 11)

    Дар ин ояти иборати «فَإِخْوانُكُمْ فِي الدِّينِ» Дар асл ин як ҷумлаи исмия аст, яъне оят далолат бар ин мекунад, ки иқтизои имони онҳо аст, ки агар имонашон собит бошад ва идома дошта бошад, бо вуҷуди ин шароит, онҳо монанди мӯъминони собиқ дар асли ухувати динӣ мебошанд. (Ибни Ошур, Атаҳрири ва атанвир,зери ояти 11 Тавба)

Мушрикони дирӯз баъд аз тавба мусалмон шудаанд миёни онҳо ва мусалмонон пайванди бародарӣ эҷод мешавад, ба таъбири Сайд Қутб пайванд бар асоси ақида бар қарор мешавад ва тоза мусалмонон бо мусалмонони пешин бародар мешаванд ва тамоми кирдори бади гузаштаи онҳо аз дилҳо пок мешавад. (Сайди Қутб, Физилоли Қуръон, зери ояти 11, сураиТавба)

Албатта ин оят чанд шарт барои бародариро ёдоварӣ мекунад, ки бояд таваҷҷӯҳ дошт, то онҳо дар касе вуҷуд надошта бошанд, он кас ба унвони бародари динӣ ва имонӣ наметавонад бошад:

  1. Тавба кардан аз гузашта ва даст кашидан аз душманӣ.
  2. Намозро барпо доштан.
  3. Закотро бидиҳанд.

Ин се мелок ва шарт дар ҳар касе, ки бошад бо дигар мусалмонон ҳукми бародарро дорад.

Худованд дар ояти дигар мӯъминонро бародари ҳамдигар медонад.

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ وَ اتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُون‏

“Мӯъминон фақат бародарон[-и якдигар]-анд, пас, миёни ду бародаратон сулҳ барқарор созед; ва аз Худо битарсед, шояд, ки шумо мавриди раҳмат қарор гиред.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 10)

 Он чи дар  миёни бародарон лозим аст, ин аст, ки муҳаббат,   дӯстӣ, сулҳу сафо, ҳамкориву  ҳамдилӣ ва  итиҳоду иттифоқ аст, ки бояд миёни гурӯҳҳои мусалмонон ҷорӣ бошад. Ихтилоф ва ҷангу даъво як амри истисноъ ва нодир аст, ки ҳарвақт ба ҳар далели миёни мусалмонон ба вуҷуд омад, мусалмонони дигар бояд он ҷангу даъворо ба асли худаш, яъне ҳамон муҳаббату дӯстӣ, сулҳу сафо, итиҳоду иттифоқ баргардонанд. (Физилолил   Қуръон, зери ин ояти 10 Ҳуҷурот)

Ин оят дорои паёмҳо ва нуктаҳои бисёрест, ки дар инҷо ба чанд намунаи он ишора мешавад.

Аввал ин ки мусалмонон бояд талошу кушиш кунанд, ки миёни мардум ислоҳу оромиш эҷод кунанд, дуввум ин ки инсбат ба ҳамдигар бетафовут  набошанд. Ин оят мусалмононро бародари ҳам медонад, ки дар як ҷомеа канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва ин имон аст, ки онҳоро ҳамонанди донаи тасбеҳ канори ҳам қарор додааст, пас мушкилоти ҳамдигаро бояд ислоҳ кунанд ва дар ҳадафи дин ҳамдигарро ёрӣ расонанд.

Дар воқеъ Худованд дар инҷо як қонун ва ҳукмро қарор додааст ва он ин аст, ки мӯъминон бародари ҳамдигар ҳастанд. Ин чизе ҳаст ки пеш аз ин набуд ва Худованд ин қонун ва ҳукмро эътибор кард, то мусалмонон нисбат ба ҳам ҳамбастагӣ, ҳамдилӣ, ваҳдату якпорчагиро ҳифз кунанд ва умури худро ислоҳ кунанд.

Мӯъминон нисбат ба ҳамдигар бетафовут нестанд

 Ҳоло ки собит шуд, ки мусалмонон ва мӯъминон бародари ҳамдигар ҳастанд, ин нисбати бародарӣ ба онҳо ҳуқуқ ва вазифаеро ба вуҷуд меоварад, ки онҳоро нисбат ба ҳам масъулиятпазир мекунад. Ақди ухувват танҳо як шиори исломӣ нест, агар чунин мебуд асосан ақд гуфта намешуд. Ақд дар ҷое аст, ки ҳақу ҳуқуқ ва таклифу вазифа барои тарафҳои ақд ба вуҷуд меоварад. Ақди ухуват барои мусалмонон як вазифа ва масъулиятеро ба вуҷуд меоварад ва он ин аст, ки мусалмонон вазифа доранд, ки аз ҷангу даъво миёни ҳамдигар ҷилавгирӣ кунанд ва нисбат ба даъвои мусалмонон тамошочӣ набошанд. Қуръон онҳоро вазифадор кардааст, монеъ аз ҷангу даъво миёни ҳамдигар шаванд.

وَ إِنْ طائِفَتانِ مِنَ الْمُؤْمِنينَ اقْتَتَلُوا فَأَصْلِحُوا بَيْنَهُما فَإِنْ بَغَتْ إِحْداهُما عَلَى الْأُخْرى‏ فَقاتِلُوا الَّتي‏ تَبْغي‏ حَتَّى تَفي‏ءَ إِلى‏ أَمْرِ اللَّهِ فَإِنْ فاءَتْ فَأَصْلِحُوا بَيْنَهُما بِالْعَدْلِ وَ أَقْسِطُوا إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الْمُقْسِطينَ

 “Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар биҷанганд, пас, байни он ду сулҳ барқарор кунед; ва агар яке аз он ду бар дигарӣ ситам кунад, пас, бо он касе, ки ситам мекунад биҷангед, то ба сӯи ҳукми Худо бозгардад; ва агар бозгашт, пас, дар миёни он ду бо адолат сулҳ барқарор кунед ва адолат варзед; ҳамоно Худо адолатпешагонро дӯст медорад.” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 9)

Сабаби нозил шудани ояти 9 ва 10 ки пештар баҳс шуд, нақл шуда аст, ки ду нафар аз Ансор дар Мадина бо ҳам ихтилоф ва душманӣ карданд, яке бар дигари гуфт, ман бо зур ҳақамро аз ту мегирам, чаро ки қавм ва ҷамъияти мо зиёд аст! Дигарӣ гуфт: Барои довари биё назди Паёмбар (с) биравем, нафари аввал қабул накард. Ихтилоф шадид шуд ва ин оятҳо нозил шуд ва вазифаи мусалмононро дар баробари ин гуна ҷангу даъвоҳо таъйн кард  ва фармуд; як фарди мусалмон дар чунин шароити се вазифа  асосӣ ва муҳим дорад.

  1. Эҳсоси масъулият кунад ва аз чунин даъвоҳо ва кашмакашҳое, ки миёни мусалмонон иттифоқ меафтад ҷилавгирӣ кунад.
  2. Пешниҳоди сулҳу оштӣ кунад, агар қабул накарданд иҷрои адолат кунанд, то монеъ аз зулму ситам шаванд, (бо золим ва ситамгар биҷанганд).
  3. Агар пешниҳоди сулҳро пазируфтанд, барои барқарории сулҳ бар асоси адолат сулҳро иҷро кунанд.(Қуртубӣ Ҷомеъул аҳкомил Қуръон, зери ояти 9 сураи Ҳуҷурот)

Оини бародарӣ ва иқтисод

Дар баҳси оини бародарӣ таваҷҷӯҳ ба иқтисод ва вазъияти маишати бародарон яке аз баҳсҳои муҳим ва асосӣ аст, мусалмонон нисбат ба ҳамдигар вазифадор ҳастанд, ки ҳамдигарро дастгирӣ ва кӯмак кунанд. Дар тӯли таърихи Ислом ин вазифа иҷро мешуд, ҳар замоне, ки яке аз онҳо ба лиҳози молӣ гирифтори фақру тангдастӣ мешуд дигарон ба ӯ кӯмак мекарданд. Қуръон яке аз намунаҳои онро оварда аст, ки дар ҳеҷ миллат ва оине чунин азхудгузаштагӣ иттифоқ наафтодааст. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

وَ الَّذينَ تَبَوَّؤُا الدَّارَ وَ الْإيمانَ مِنْ قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هاجَرَ إِلَيْهِمْ وَ لا يَجِدُونَ في‏ صُدُورِهِمْ حاجَةً مِمَّا أُوتُوا وَ يُؤْثِرُونَ عَلى‏ أَنْفُسِهِمْ وَ لَوْ كانَ بِهِمْ خَصاصَةٌ وَ مَنْ يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

“Ва [низ] касоне, ки пеш аз онҳо дар ин саро[-и ҳиҷрат] ва имон (=Мадина) ҷой гирифтанд, касонеро, ки ба сӯи онҳо ҳиҷрат кунанд, дӯст медоранд ва дар дилҳои худ, нисбат ба он чи ба онҳо дода шудааст, ниёзе намеёбанд ва [муҳоҷиронро] бар худашон муқаддам медоранд ва ҳарчанд онҳо худ ниёзманданд; ва ҳар кас аз бухли нафсаш нигоҳ дошта шавад, пас, онон худ растагоронанд. (Сураи Ҳашр, ояти 9)

 Ақди ухуват дар миёни мусалмонон ба ҳадде густариш ёфта буд, ки яке аз муҳимтарин иттифоқоти Ислом шуд. Сайд Қутб, дар тафсири он оят овардааст, ки таърихи башарият ҳодисаи монанди истиқболи Ансор аз Муҳоҷиронро надида буд,  ин ҳама дӯстии каримона, базлу бахшиши саховатмандона ва  мушорикати ҳамагонӣ, ки мусобиқа медоданд ба ҳамдигар, ҳатто муҳоҷирон хонаи касе аз онҳо намерафтанд, магар бо қуръакашӣ, ин ба хотири он буд ки теъдоди муҳоҷирон кам буд, вале Ансор теъдодашон зиёд буд. (Физилолил   Қуръон, зери ин ояти 10 Ҳуҷурот)

Дуо ва талаби бахшиш барои бародарон

 Яке аз сифатҳое, ки барои бародарон дар Қуръони Карим  омадааст, ин аст, ки онҳо нисбат ба ҳам бетафувут нестанд. На танҳо дар бахши молӣ ва моддӣ, балки дар бахшҳои маънавӣ ҳам ба ёди ҳамдигаранд. Аз Худованд нисбат ба ҳам дуои хайр ва талаби бахшиш мекунанд, онҳо на танҳо барои бародароне, ки бо онҳо зиндагӣ мекунанд, балки ба касоне аз мӯъминон, ки дар гузашта зиндагӣ мекарданд дуо мекунанд. Муҳаббат нисбат ба ҳамдигар, дар миёни мусалмонон бояд ба ҳадде зиёд бошад, ки ҳатто марг ҳам набояд онҳоро аз ҳам ҷудо кунад, ҳамон тавре, ки Қуръони Карим  мефарояд:

وَ الَّذينَ جاؤُ مِنْ بَعْدِهِمْ يَقُولُونَ رَبَّنَا اغْفِرْ لَنا وَ لِإِخْوانِنَا الَّذينَ سَبَقُونا بِالْإيمانِ وَ لا تَجْعَلْ في‏ قُلُوبِنا غِلاًّ لِلَّذينَ آمَنُوا رَبَّنا إِنَّكَ رَؤُفٌ رَحيم

“Ва касоне, ки баъд аз онҳо омаданд, мегӯянд: «Парвардигори мо! Мо ва бародаронамонро, ки дар имон овардан бар мо пешӣ гирифтанд, биомӯрз ва дар дилҳои мо нисбат ба касоне, ки имон оварданд, кинае қарор мадеҳ; Парвардигори мо! Ҳамоно Ту меҳрварзи меҳрубон ҳастӣ. (Сураи Ҳашр, ояти 10)

Дар ин оят, ки мегӯяд  касоне, ки баъд аз онҳо меоянд чӣ касоне ҳастанд? Қуртубӣ дар маънои ин оят «… وَ الَّذِينَ جاؤُ مِنْ بَعْدِهِمْ » Ва касоне, ки баъд аз онҳо омаданд.  Мефармояд; Тобеъин ва касоне, ки то рӯзи қиёмат дохил бар Ислом шударо шомил мешавад.  Касоне ки барои худ танҳо талаби омурзиш намекунанд, балки бародарони худро ҳам барояшон талаби омӯрзиш мекунанд. Аз Худованд мехоҳанд, ки ҳеҷ кинаву адоват дар дилҳояшон нисбат ба бародаронашон қарор надиҳад.  Ин меҳру муҳаббат ва алоқамандӣ нисбат ба ҳамдигар дар миёни мусалмонон ба қадре муҳим аст, ки онҳо бояд эҳсоси хешовандӣ кунанд, хешованде, ки марзҳои замон ва маконро нодида мегиранд аз рангу пуст, нажод ва забон фаротар меравад. (Сайд Қутб, Физилолил Қуръон, зери ояти 10 Ҳашр)

Дар китоби Эҳёи улуми дин омадааст, яке аз ҳуқуқи бародарон нисбат ба ҳамдигар дуо кардан барои ҳамдигар аст. Имом Ғазолӣ дар инҷо чанд ривтоятро меоварад, ки бародарон нисбат ба ҳамдигар дуо мекунанд. Паёмбар (с) фармуданд:

إذا دعا الرجل لأخيه في ظهر الغيب قال الملك ولك مثل ذلك

Чун бародаре барои бародари худ дар набуд ва ғиёбаш дуо кунад, фаришта гӯяд, барои ту бошад мисли он.

Ва ё дар ҳадиси дигар омада аст, ки мефармояд:

دعوة الرجل لأخته في ظهر الغيب لا ترد

Дуои бародар барои бародар дар ғиёби ӯ рад нашавад. (Эҳёи улуми дин, Муҳаммади Ғазолӣ, боби дувум, ҳуққуи бародарӣ)

Идома дорад…

Оини бародарӣ (ақди ухувват) қисми аввал

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед