Оини бародарӣ (ақди ухувват) қисми аввал

0
122

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ин мақола танҳо ба дунболи баҳси илмӣ ва тахассусӣ нест, ки ҷойгоҳ ва аҳаммияти ақди ухувватро аз нигоҳи Қуръону ҳадис баҳс кунад ва натиҷаи илмӣ бигирад,  балки он ба дунболи баён ва тарҳи равиши зиндагии исломӣ аст, ки роҳе барои дармони дардҳои мусалмонон дар асри кунунӣ бошад.  Асре ки мусалмононро душманон аз ҳам ҷудо кардаанд, то  онҳоро гурӯҳ-гурӯҳ карда ва нобуд кунанд ва касе ҳам эътироз накунад. Ин чунин  мақола ба дунболи он аст, ки мусалмононро водор ба фикру андеша кунад, то худ роҳи ҳалле барои наҷот пайдо кунанд ва аз мушкилоте, ки имрӯз ҷаҳони Ислом ва мусалмононро фаро гирифтааст наҷот диҳад.

Решаи калимаи ухувват аз масдари  (اخ) ба маънои бародар ё  ба маънои робитаи бародарӣ аст, ки дар баҳси ақди ухувват дар ибтидои ҳукумати исломӣ дар замони Паёмбар(с) дар миёни мусалмонон баста шуд ва ба он  ақди “мувохот” ҳам гуфта шудааст, ки маслиҳат, саодат ва растагории дину дунёро дар пай хоҳад дошт. Ақди бародарӣ дар ҳақиқат як неъмати бузург ва муҳаббати илоҳӣ барои мусалмонон аст. Ибни Муъамор робитаи ухувватро муоҳида ва паймони байни ду нафар муаррифӣ мекунад, ки аз тариқи он,  ду бародар дар дунё ва охират ҳамдигарро кифоят мекунанд ва эшон  асли ин моҷароро ба робитаи ухуввате, ки Паёмбар(с) дар миёни асҳоби худаш ҷорӣ кард бармегардонад.(Ибни Муамори Абиабдиллоҳ, Муҳаммад ибни Абилмакорим, китоби Алфутувват, саҳ 150)

Ҳадафи ақди ухувват дар дини Ислом, эҷоди робитаи хубу самимӣ миёни мусалмонон аст, ки  аз ду нафар шурӯъ мешавад  ва дар ниҳоят миёни ҳамаи мусалмонон густариш пайдо мекунад. Ақди ухувват дар миёни мусалмонон рӯҳияи бародарӣ, маънавӣ ва самимиятро афзоиш медиҳад.

Аҳамият ва зарурати ақди ухувват

Яке аз таълимҳои бисёр муҳим ва шиорҳои асосӣ ва решаӣ дар дини Ислом  ақди ухувват ва ё ҳамон оини бародарӣ аст, ки дар миёни мусалмонон вуҷуд дорад. Ин таълим ва шиор бисёр амиқ, комил ва ҷаззоб аст, ки дар дигар адён  ва мактабҳо ба чунин сурат матраҳ нашудааст. Пайравони дигар динҳо агар  бихоҳанд бо ҳамдигар изҳори алоқа кунанд, ба ҳамдигар рафиқ ва дӯст мегӯянд, вале пайванди  дӯстӣ дар Ислом ба андозае муҳим аст, ки дар қолаби наздиктарин пайванди ду инсон яъне бародарӣ ва баробарӣ матраҳ мешавад. Ин аз таълимҳои Ислом аст, ки мусалмонон бо ҳар забон, нажод, қавм, миллат  ва дар ҳар сину сол, дар ҳар замону маконе аз шарқу ғарб, ки бошанд, бояд эҳсоси амиқи бародариро нисбат ба ҳамдигар дошта бошанд. Дар ақди бародарӣ марзҳои бародарӣ густариш пайдо мекунад  ва ин моҷаро  замону макон намешиносад, балки он  дар сояи  имон ва ишқу алоқа ба Худованди Мутаол ба вуҷуд меояд.

Аҳаммият ва зарурати оини бародарӣ дар ҷаҳони муосир

Дар ҷаҳони муосир оини бародарӣ (ухуввати исломӣ ё ақди ухувват) ба қадре муҳим аст, ки ҳеҷ ҷои шакку шубҳа вуҷуд надорад, ки он миёни гуруҳҳои исломӣ тақвият ва густариш пайдо кунад. Имрӯз набояд худро ва қавму  мазҳаби худро танҳо дид, мусалмонон имрӯз  бештар аз ҳар замони дигар ба ҳамдигар ниёз доранд ва оини бародарӣ як баҳси ҳаётӣ барои мусалмонон ва ҷаҳони Ислом аст. Замоне ки душманони дин фурсат пайдо кунанд, мусалмононро аз ҳам ҷудо карда  мехоҳанд нақшаи  нобудии динро бирезанд  ва  дини Исломро таҳрифшуда ба  мусалмонон ироа диҳанд.

Имрӯз замони он расидааст, ки бояд салиқаҳои шахсӣ ва хоҳишҳои қавмӣ ва гурӯҳиро канор гузошта, дар фикри ҳифзи Ислом аз газанди таҳриф  шавем. Дар ин робита  маслиҳати умумии мусалмононро дар назар гирифтан лозим ва зарурӣ аст, на маслиҳати худ ва қавми худро. Оини бародарӣ ба мусалмонон меомӯзад, ки ба бародарат эътимод кун, на ба душмани дини Ислом, душманони дин ҷуз бадбахтӣ ва сардаргум кардани мо чизи дигаре намехоҳанд.  Онҳо манфиати худро дар  ихтилофу даъвои мо мусалмонон медонанд. Пас лозим аст, ки ба нидои рӯҳбахши ҳаётофарин барои мусалмонон, яъне  Қуръони Карим гӯши ҷон бисупорем ва аз сари сидқу ростӣ онро иҷро кунем. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ إِخْوَةٌ فَأَصْلِحُوا بَيْنَ أَخَوَيْكُمْ وَ اتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُرْحَمُون‏

“(Мӯъминон фақат бародарон[-и якдигар]-анд, пас, миёни ду бародаратон сулҳ барқарор созед; ва аз Худо битарсед, шояд, ки шумо мавриди раҳмат қарор гиред.” (Сураи  Ҳуҷурот, ояти 10)

Кинаву адовати худро дар баробари касоне, ки мехоҳанд мусалмононро аз ҳам ҷудо кунанд ба кор гирем ва дар муқобили онҳо маҳкаму устувор бошем, ин амр  фақат  бо иттиҳод ва зинда кардани оини бародарӣ ба даст меояд.

Дар даврони муосир душман танҳо ва танҳо рӯи ихтилофу ҷангу даъвои мусалмонон барнома дорад, танҳо аз ин роҳ метавонад онҳоро дар ихтиёри худ бигирад ва ҳадафи палиди худро бар сари онҳо иҷро кунад.

Маъно ва мафҳуми бародар дар Қуръони Карим

Бародар ё ҳамон “اخ” дар Қуръон ба чанд маъно ба кор рафтааст, ки  маънои ҳақиқии он ҳамон бародари насабӣ аст. Яъне ду ё чанд писар, ки аз як падар бошанд бо ҳамдигар бародаранд. Дар сураҳои Нисо ояти 11,  Моида ояти 30,  Мӯъминун ояти 45 ба маънои бародари аз як падар омада аст. Вожаи “اخ” дар Қуръон ҳам ба маънои ҳақиқии он омадааст ва ҳам ба маънои  истиора ва эътиборӣ, яъне дар ҳақиқат ду нафар  бо ҳам бародари насабӣ нестанд, балки он боварҳо ва ҳадафҳое, ки онҳоро дар канори ҳам ҷамъ мекунад, ба онҳо эътиборан бародар гуфта мешавад, ки дар Қуръони Карим  бисёр ба кор рафтааст. Дар инҷо чанд  маънои бародарро меоварем, ки ба ин баҳс иртибот дорад.

1.Касоне, ки дар куфру ширк, нифоқ ва гуноҳу маъсият иштирок доранд ва шарики ҳам ҳастанд, инҳо ҳамчун  бародари якдигар ба ҳисоб меоянд. Барои мисол Қуръони Карим  дар мавриди ин гурӯҳ мефармояд:

وَ إِخْوانُهُمْ يَمُدُّونَهُمْ في‏ الغَيِّ ثُمَّ لا يُقْصِرُونَ

“Ва бародаронашон онҳоро дар гумроҳӣ мекашанд; сипас, кутоҳӣ намекунанд.” (Сураи Аъроф, ояти 202)

إِنَّ الْمُبَذِّرينَ كانُوا إِخْوانَ الشَّياطينِ وَ كانَ الشَّيْطانُ لِرَبِّهِ كَفُوراً

“Ҳамоно исрофкорон бародарони шайтонҳо ҳастанд; ва шайтон ба Парвардигораш бисёр носипос буд.” (Сураи Исро, ояти 27)

Ин гурӯҳ касоне ҳастанд, ки дӯстону наздикон ва ҳамфикрони худро ба куфру ширк, гуноҳу маъсият, исрофу носипосӣ даъват мекунанд, ба ин хотир Худованд онҳоро бародарони шайтон гуфтааст.

  1. Гурӯҳи дувум, касоне ҳастанд, ки дар сифатҳои хубу некӯ ва покию таҳорат муштараканд ва ҳеҷ ихтилофе миёнашон нест.

وَ نَزَعْنا ما في‏ صُدُورِهِمْ مِنْ غِلٍّ إِخْواناً عَلى‏ سُرُرٍ مُتَقابِلين‏

“…Ва он чӣ аз кина дар дилҳояшон аст, барканем; бародарона бар тахтҳо рӯ ба рӯи ҳам, нишастаанд.” Сураи Ҳиҷр, ояти 47)

Ин оят дар барои биҳиштиён аст, ки чи гуна бародарӣ ва муҳабати байни онҳоро муаррифӣ мекунад.

  1. Гурӯҳи севум касоне ҳастанд, ки бародари динӣ ва имонӣ ҳастанд, ки баҳс дар инҷо дар бораи ин гурӯҳ аст ва ақди ухувват ҳам барои ин гурӯҳ аст. Дар инҷо маънои бародарӣ танҳо ба маънои луғавӣ нест, балки маънои васеъ ва густарда пайдо кардааст. Ҳамон тарве ки дар гурӯҳи дувум чунин буд.

Ақди бародарӣ, ақди ухувват, оини бародарӣ, ин таъбирҳо ба қадре зебо аст, ки бӯи отифа ва ҳисси оромиш ба инсон медиҳад, отифитарин ва комилтарин пайвандҳои бародарӣ аст. Истифодаи аз ин калима (бародар) ҳисси ғарибӣ ва бегонагиро аз инсон дур мекунад ва барои инсон пайванд ва иртиботи отифӣ ва оромиш меоварад. Расули Худо(с) ба пайванди отифӣ кифоят накардааст, балки онро  пайванди имонӣ ва мактабӣ донистааст. Бар ин асос зиндагии ҳар касе бо дини ҳақ ва имони комил пайванд бихӯрад ва даст аз душмании Худо ва ширку куфр бардорад, бо мӯъминон бародар мешавад ва мусалмонон вазифадор ҳастанд, ки ӯро бо чашми бародар бингаранд. Ва дар муқобил бародар ва фарзанде, ки аз дину оини ҳақ бармегардад ва бар шумо вафо намекунанд ва дар муқобили дини ҳақ ва тавҳид меистанд, аз бародарӣ ва фарзандӣ берун мешаванд, чаро ки чунин афроде дар ҷомеъа  пайванди  динӣ ва маънавӣ бо дигаронро  надоранд. Фарзанди Нуҳ(а), ки Худованд роҷеъ ба ӯ  мефармояд:

“Фармуд: «Эй Нӯҳ! Қатъан ӯ аз хонадони ту нест, дар ҳақиқат, ӯ кирдори ношоист аст.”  (Сураи Ҳуд, ояти 46)

Дар ин ки он фард писари Нуҳ (а) буд шаке нест, вале чун бо атрофиёни худ  пайванди мактабӣ ва имонӣ  надошт аз бегонагон дониста шуд.

Ухуввати исломӣ ҳар замон ва дар ҳар маконе, ки дар миёни мусалмонон эҷод  шудааст, он  боиси иззати онҳо шуда  ва хори чашми душманон будааст. Аммо мутаассифона имрӯз ин суннати ҳасана дар миёни мусалмонон заъиф шуда  ва мусалмонон аз осору фоидаҳои он бебаҳра ва ғофил гаштаанд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед