Нубувват

0
213

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Нубувват

Эътиқод ба нубувват ва рисолат, ҳарчанд аз лиҳози мақом пас аз тавҳид қарор мегирад, аммо аҳаммияти он дар фарҳанги исломӣ ҳамрадифи тавҳид аст ва аз аркони имон ба шумор меояд.
Баҳси нубувват дар ду бахши нубуввати омма ва хосса матраҳ мешавад ва дар инҷо пеш аз ҳама ба мафҳуми вожаи нубувват ва рисолат ва тафовути он ду мепардозем.
Маънои луғавӣ ва истилоҳии нубувват
Вожаи нубувват дар луғат ба маънои паёмбарӣ ва вожаи набӣ ба маънои паёмбар аст. Қавли машҳур дар бораи решаи ин ду вожа ин аст, ки аз “набаъ” гирифта шудааст ва “набаъ” ба маънои “хабар” мебошад. Ё  ба  гуфтаи Роғиби Исфаҳонӣ, махсуси хабарҳое аст, ки аз навъе аҳаммият бархурдоранд, яъне хабарҳое, ки фоидаи бузург дорад. (Роғиби исфоҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоти Роғиб, ҷ 1, саҳ 481 моддаи набаъ).
Ин вежагӣ дар масъалаи нубувват мавҷуд аст, зеро хабарҳое, ки паёмбарони илоҳӣ ба башар мерасонанд аз олитарин аҳаммият бархурдоранд, чунки саодат ва шақовати башар бо  навъи бархурди инсон бо хабарҳои паёмбарон рақам мехурад.
Бар ин асос Паёмбар дар  истилоҳи шаръӣ ин аст, ки Худованд яке аз бандагонашро бармегузинад, то бар ӯ ваҳй кунад. Ин маъно бо маънои луғавии он, ки хабар бошад ҳамхонӣ дорад.
Маънои луғавӣ ва истилоҳии рисолат
Маънои луғавӣ: Рисолат дар луғат чизе аст, ки паёмбарро маъмури таблиғи он мекунад.
(Фарҳанги Муин, вожаи расул)
Дар истилоҳи шаръӣ: Худованд бар ҳар як аз паёамбаронаш таклиф ниҳода, то шариатро барои мардум таблиғ намоянд. Пас расул касе аст, ки аз сӯи Худованд маъмури таблиғ ва расонидани шариат ва паёми осмонӣ бар мардум мебошад.
( Бағдодӣ, Усули-дин, саҳ 154 )
Тафовути “набӣ” бо “расул”
Нубувват, яъне дарёфти ваҳй аз Худованд, бинобар ин “Набӣ” касе аст, ки ваҳй бар ӯ нозил мешавад ва ончиро  ба василаи ваҳй дарёфт медорад, чунон ки мардум аз ӯ бихоҳанд, дар ихтиёри онҳо мегузорад.
(Суютӣ, Ҷалолиддин, тафсири Ҷалолайн, сураи Ҳаҷ ояти 52)
Рисолат, яъне иблоғи ваҳй ва таблиғ ва нашри аҳкоми Худованд ва тарбияти мардум аз тариқи таълим ва огоҳӣ бахшидан аст. Бинобар ин “Расул” касе аст, ки вазифадор аст барои баёни маъмурияти худ ба талош ва кушиш бархезад ва аз ҳар василае барои даъвати мардум ба сӯи Худо ва иблоғи фармони Ӯ истифода кунад ва барои як инқилоби фарҳангӣ, фикрӣ ва ақидатӣ талош намояд.
( Суютӣ, Ҷалолиддин, тафсири Ҷалолайн сураи Ҳаҷ ояти 52)
Яъне ҳар расуле набӣ ҳаст, вале баъзе аз набиҳо расул ҳастанд.
Дидгоҳи куллӣ дар фалсафаи нубувват
Фалсафаи нубувватро метавон аз ду дидгоҳи куллӣ баррасӣ кард 1- аз дидгоҳи ваҳй, 2- аз дидгоҳи ақл. Дар инҷо фақат аз дидгоҳи ваҳйро баён мекунем.
Қуръон ва фалсафаи нубувват
Қуръони Карим дар оёти мухталиф ҳадаф аз беъсати паёмбарони илоҳиро баён кардааст. Бархе аз оятҳо марбут ба нубуввати омма ва бархе дигар марбут ба нубуввати хосса аст. Аммо бояд диққат кард, ки ончи дар мавриди паёмбарони хос ба унвони ҳадаф аз нубуввати онҳо баён шудааст ихтисос ба онҳо надорад, зеро ончи матраҳ шудааст дар бораи унвони нубувват ва рисолат аст, на вежагии шахсии он паёмбар. Дар ҳар ҳол ҳадаф аз беъсати паёмбарон аз дидгоҳи Қуръони Каримро дар мавориди зер метавон дунбол кард.
1- Даъват ба яктопарастӣ ва мубориза бо ширк
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

وَلَقَد بَعَثنا في كُلِّ أُمَّةٍ رَسولًا أَنِ اعبُدُوا اللَّهَ وَاجتَنِبُوا الطّاغوتَ ۖ فَمِنهُم مَن هَدَى اللَّهُ وَمِنهُم مَن حَقَّت عَلَيهِ الضَّلالَةُ ۚ فَسيروا فِي الأَرضِ فَانظُروا كَيفَ كانَ عاقِبَةُ المُكَذِّبينَ
“Ва ба таҳқиқ дар ҳар уммате паёмбаре барангехтем, ки Худоро бипарастед ва аз тоғут дурӣ кунед, пас аз миёни онҳо касонеро Худо ҳидоят кард ва аз миёни онҳо касоне ҳастанд, ки гумроҳӣ бар он [ҳо] муҳаққақ шуд, пас дар замин сайр кунед ва бингаред, саранҷоми такзибкунандагон чи гуна буд”. (Сураи Наҳл, ояти 36)

Илова бар ин ояти шарифа, дар оёте, ки саргузашти паёмбарони илоҳӣ баён шудааст ва низ даъват ба тавҳид ва яктопарастӣ ба унвони ҳадафе, ки дар сарлавҳаи даъвати паёмбарон қарор дошт ёд шудааст, чунон ки дар баёни саргузашти ҳазрати Нуҳ, Ҳуд, Солеҳ, Шуайб, (алайҳимуссалом) омадааст, ки онҳо ба қавми худ мегуфтанд:

 يَا قَوْمِ اعْبُدُوا اللَّهَ مَا لَكُمْ مِنْ إِلَهٍ غَيْرُهُ
Эй қавм[-и ман]! Худоро бипарастед, ки ҳеҷ маъбуде ҷуз Ӯ барои шумо нест.
(Сураи Ҳуд, ояти 61)

2- Доварӣ дар ихтилофот ва муноқишаҳо
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ
Мардум уммати ягона буданд, [пас, ихтилоф карданд] он гоҳ Худо паёмбаронро муждарасону бимдиҳанда барангехт; ва бо онон китобро ба ҳақ нозил кард, то миёни мардум дар бораи он чи дар он ихтилоф кардаанд, ҳукм кунад”. (Сураи Бақара, ояти 213)

Ин ояти шарифа баёнгари он аст, ки мардум ба сурати уммати якпорча зиндагӣ мекарданд ва дар миёни онҳо ихтилофоти печидае, ки ниёз ба фиристодани паёмбарон бошад вуҷуд надошт. Сипас ихтилоф ва низоъ дар миёни онҳо ба вуҷуд омад, ба ин хотир Худованд барои ҳалли ихтилофоти онҳо паёмбаронро, ки башорат ва инзордиҳанда буданд, мабъус кард ва ба онҳо китоб ва шариати осмониро ба ҳақ фурӯ фиристод, то мабнои доварӣ дар ихтилофоти онҳо бошанд.
Худованд дар Қуръони Карим Дар бораи ҳазрат Довуд (алайҳиссалом) мефармояд.

يَا دَاوُودُ إِنَّا جَعَلْنَاكَ خَلِيفَةً فِي الْأَرْضِ فَاحْكُمْ بَيْنَ النَّاسِ بِالْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعِ الْهَوَىٰ فَيُضِلَّكَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ ۚ إِنَّ الَّذِينَ يَضِلُّونَ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ بِمَا نَسُوا يَوْمَ الْحِسَابِ
“Эй Довуд! Дар ҳақиқат, Мо туро дар замин ҷонишин қарор додем, пас ба ҳақ дар миёни мардум ҳукм кун ва аз ҳаво [ва ҳавас] пайравӣ накун, ки туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунад; ҳамоно касоне, ки аз роҳи Худо гумроҳ мешаванд, ба хотири фаромӯшкардани рӯзи ҳисоб, барояшон азоби сахт аст.” (Сураи Сод, ояти 26)

Ва дар бораи Паёмбари Акрам (с) мефармояд:

إِنَّا أَنزَلْنَا إِلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِتَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ بِمَا أَرَاكَ اللَّهُ ۚ وَلَا تَكُن لِّلْخَائِنِينَ خَصِيمًا
Ҳамоно Мо китобро ба ҳақ ба сӯи ту нозил кардем, то ба он чи Худо ба ту нишон додааст, дар миёни мардум ҳукм кунӣ ва мудофеъи хиёнаткорон набош”.
(Сураи Нисо, ояти 105)

3- Барпоии қист ва адолат
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

لَقَد أَرسَلنا رُسُلَنا بِالبَيِّناتِ وَأَنزَلنا مَعَهُمُ الكِتابَ وَالميزانَ لِيَقومَ النّاسُ بِالقِسطِ
“Ба таҳқиқ паёмбаронамонро бо далелҳои равшан фиристодем ва бо онҳо “китоб” ва “тарозу”-ро фурӯ фиристодем, то мардум адолатро барпо кунанд”.
(сураи Ҳадид, ояти 25)

Вожаи байина (بینه) дар луғат ба маънои далели равшан аст. Ва мақсад аз байинаи паёмбарон, далелҳои возеҳ ва муъҷизоти онҳо ҳаст ва манзур аз китоб (کتاب), китоби шариат ва аҳкоми илоҳӣ аст, ки мабнои ҳақ ва ботил дар ақида ва амали башар буда ва мизон (میزان) иборат аст аз санҷиши ҳақ ва  ботил ва дурусту нодуруст, ки бахше аз он бо истифодаи аз усул  ва куллиёте ки дар китоби осмонӣ ва шариат баён шудааст ба даст меояд ва бахши дигар аз он, ки ба мавзуот ва масъалаҳои ҷузъи марбут мешавад, тавасути ақл ба даст меояд. Ва дар натиҷа, ақл ва ваҳй, тарозуи ташхиси хуб ва бад ва дурусту нодураст мебошад.
4- Таълим ва тарбият
Таълим ва тарбият дар чаҳор ояте аз Қуръони Карим, ки ҳаммаи онҳо марбут ба нубуввати паёмбари гиромии Ислом(с) мебошад ба унвони яке аз аҳдофи нубувват баён шудааст.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

لَقَد مَنَّ اللَّهُ عَلَى المُؤمِنينَ إِذ بَعَثَ فيهِم رَسولًا مِن أَنفُسِهِم يَتلو عَلَيهِم آياتِهِ وَيُزَكّيهِم وَيُعَلِّمُهُمُ الكِتابَ وَالحِكمَةَ وَإِن كانوا مِن قَبلُ لَفي ضَلالٍ مُبينٍ
Ба ростӣ, ки Худованд бар мӯъминон миннат ниҳод, ҳангоме, ки дар миёни онҳо паёмбаре аз худашон барангехт, ки оятҳои Ӯро бар онҳо бихонад ва покашон кунад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмузад; дар ҳоле ки қатъан пеш аз [он] дар гумроҳии ошкор буданд.
(Сураи оли Имрон, ояти 164)

Таълим ва тарбият аз асоситарин аркони саодати фард ва ҷомеаи башарӣ аст ва паёмбарони илоҳӣ барои роҳнамоии башар ба самти саодат ва камол интихоб шудаанд ва бузургтарин муаллимон ва мураббиёни башар будаанд, чаро ки маориф ва аҳкоми илоҳиро ба башар омӯхтанд ва ба қавл ва амали хеш дар ҷиҳати пок кардани ҷомеа аз палидиҳо ва зиштиҳо  қадам бардоштанд ва дар тӯли таърих беҳтарин усваҳои маърифат ва фазилат барои башар будаанд.  

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед