Никоҳ(бахши шашум)

0
38

Ба номи Худованди бахшандаи маҳрубон

Чанд масъала дар бораи маҳри мисл

  1. Агар марде бо зане издивоҷ намояд ба шарти ин ки ба он зан Қуръон биёмӯзад, дар ин сурат никоҳ саҳеҳ аст, аммо маҳри мисл бар мард воҷиб мешавад.
  2. Агар марде қодир ба додани маҳр набошад, аммо шарт кунад, ки дар сурати никоҳ гӯсфандони занро ба чарогоҳ мебарад ва ё дар заминҳои зироатии зан ҳамчун як коргар кор мекунад, ин шарту никоҳ саҳеҳ буда ва маҳри мисл низ бар уҳдаи мард воҷиб аст.
  3. Агар марде шарт кунад, ки дар сурати никоҳ, ҳалолу ҳаром ва аҳкоми шаръиро ба зан омӯзиш медиҳад ва ё шарт кунад, ки ба ҷои зан ҳаҷҷи умра адо мекунад, ингуна шартҳо эътибор надорад, аммо агар никоҳ сурат гирифта бошад саҳеҳ буда ва маҳри мисл бар мард воҷиб мешавад.
  4. Агар зане шарт кунад, ки дар сурати никоҳ мард ӯро аз хонааш хориҷ накунад ва ё зани дигаре нагирад, ингуна шартҳо низ эътиборе надоранд ва агар никоҳ сурат гирифта бошад саҳеҳ буда ва маҳри мисл бар мард воҷиб мешавад.
  5. Агар марду зани мусалмон ҳангоми никоҳ шарт кунанд, ки маҳри зан хун, майта ва ҳайвони худмурда ( бидуни зибҳи шаръӣ ) бошад, дар ин сурат низ ингуна шартҳо эътибор надоранд, аммо никоҳ саҳеҳ буда ва маҳри мисл бар мард воҷиб мешавад.
  6. Агар зане ба марде бигӯяд ман бо ту издивоҷ мекунам ба шарти инки ту зани худро талоқ диҳӣ ва ё бигӯяд ман бо ту издивоҷ мекунам ба шарти инки аз хун ва қасосе, ки бар гардани ман дорӣ бигзарӣ, ингуна шартҳо низ ботил аст ва агар никоҳ сурат гирифта бошад саҳеҳ буда ва маҳри мисл воҷиб мешавад.
  7. Марде чизеро ба зане ба миқдори 1000 дирҳам фурӯхтааст, вале зан ҳануз он маблағро пардохт накардааст, дар инҷо агар зан ба мард бигӯяд, ки ман бо ту издивоҷ мекунам ба шарти инки муддати пардохти он маблағро ба таъхир бияндозӣ, дар ин сурат низ шарт ботил буда, вале агар никоҳ сурат гирифта бошад саҳеҳ аст ва маҳри мисл воҷиб мешавад.
  8. Агар марде занеро ба никоҳи худ дароварад ва ҳангоми никоҳ маҳри занро ғулом ва ё хонаи мушаххасе таъйин намояд ва пас аз никоҳ маълум шавад ғулом ва ё хонае, ки мушаххас шуда буданд аз дороиҳои он мард набудаанд, дар ин сурат мард бояд соҳиби он ғулом ва ё хонаи мушаххасшударо розӣ намуда ( яъне он ғулом ва ё хонаеро, ки таъйин кардааст аз соҳибаш бихарад ) ва онро ба милкияти худ дароварда ва ба зан ба унвони маҳр бибахшад. Аммо агар натавонист соҳиби ғулом ва ё хонаро розӣ намояд, бояд маблағе ба арзиши он ғулом ва ё хона ба зани худ ба унвони маҳр бибахшад.
  9. Агар зане ғуломи айбдореро ба марде бифурӯшад ва мард пас аз онки мутаваҷҷеҳ шуд ғулом айб дорад ба зан бигӯяд бо ман издивоҷ мекуни ба шарти инки он миқдор маблағе, ки тафовути байни ғуломи солим ва ғуломи айбдор аст ва бояд ту ба ман бипардозиро ба унвони маҳри ин издивоҷ қарор медиҳем, дар ин сурат шарт саҳеҳ аст бо ин тафсир, ки агар он маблағ аз 10 дирҳам (ҳаддиақали маҳр) бештар бошад ҳамон ба унвони маҳр қарор мегирад, вале агар он маблағ камтар аз 10 дирҳам бошад ҳамон миқдор аз 10 дирҳам кам мешавад ва боқимондаи онро ба унвони маҳри мисли мард бояд бипардозад.

Ғуломи айбдор ба ғуломе гуфта мешавад, ки гурезпо, хиёнаткор ва … бошад.

  1. Никоҳи шиғор (муовиза): Никоҳи шиғор ба никоҳе гуфта мешавад, ки муовизае дар миён бошад монанди инки ду зан ба ақди никоҳи ду мард дар биёянд ва чизе ба унвони маҳр дар назар гирифта нашавад ва маҳри ҳар кадом аз он занҳо издивоҷи дигарӣ бошад.

Масъала: Агар марде ба марди дигаре бигӯяд, ки духтарамро ба издивоҷи ту дармеоварам ба шарти инки ту низ хоҳарат (ё модарат, ё духтарат ё … )-ро ба никоҳи ман дароварӣ, маҳри ту издивоҷи ман бо хоҳарат ва маҳри ман издивоҷи ту бо духтарам бошад, дар ин сурат агар никоҳ анҷом шуда бошад ин шарт ботил аст ва маҳри мисл воҷиб мешавад ва ҳар кадом аз он занҳо метавонанд маҳри мислро аз шавҳаронашон талаб намоянд.

  1. Агар дар замони ақди никоҳ байни зану мард чизе ба унвони маҳр муайян шавад, ки маъдӯмулҳол аст (мушаххас нест) монанди инки гуфта шавад маҳри зан тамоми меваҳои фалон боғ бошад (маълум нест, ки он боғ мева медиҳад ё на ва агар мева медиҳад чи қадр медиҳад) ва ё ин ки гуфта шавад маҳри зан ҳосили фалон замин аст, дар замони дарав кардан (маълум нест он замин чиқадр маҳсул медиҳад) ва ё инки гуфта шавад маҳри зан миқдори даромади имсоли фалон ғулом бошад (мушаххас нест он ғулом чиқадар даромад касб мекунад), дар ин маворид он чизҳое ки номбурда шудаанд ба далели инки миқдоршон мушаххас нест, наметавонанд ба унвони маҳри мусаммо қарор бигиранд ва маҳри мисл бар мард воҷиб мешавад.
  2. Агар марде ҳангоми ақди никоҳ шарт кунад, ки маҳри зан он чизе аст, ки дар шиками гӯсфандон аст (барраҳое, ки ба дунё меоянд) ва ё маҳри зан он фарзанде аст, ки дар шиками канизе аст, ки ман мавлои ӯ ҳастам ва агар он фарзанд ба дунё омад ба унвони маҳри зан ба ӯ дода мешавад, дар ин маворид чун мушаххас нест, пас аз муддате он барраҳо ва ё он фарзанди дар шиками каниз солим ба дунё меоянд ё носолим, ин шартҳо саҳеҳ нестанд ва агар никоҳ сурат гирифта бошад маҳри мисл воҷиб мешавад.
  3. Агар марду зане ба дасти як шахси дигаре ба никоҳи ҳам даромада бошанд ва он шахс маҳри онҳоро низ худаш мушаххас карда бошад, дар ин сурат агар миқдори таъйиншуда ба унвони маҳр ба андозаи 10 дирҳам бошад ризояти завҷайн шарт набуда ва ҳамон маҳри таъйиншуда бар мард воҷиб мешавад. Аммо агар миқдори маҳри таъйиншуда тавассути он шахс аз 10 дирҳам бештар бошад дар сурате, ки завҷайн ба он миқдор розӣ шаванд, он маҳр воҷиб мешавад. Ва агар миқдори маҳри таъйиншуда аз 10 дирҳам камтар бошад, дар ин сурат ризояти завҷайн шарт нест ва он миқдори маҳр низ мавриди қабул нест ва бояд маҳри мисл пардохт шавад.

Манобеъ

Мухтасарулвиқоя маа шарҳи ихтисор ал-ривоя, Дорулкутуб ал-илмия Бейрут.

Алҳидоя шарҳи бидоятулмубтадӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, Дорулдақоқ ва дорулфайҷо, Димишқ – Бейрут.

Фатовои Оламгир = Алфатово алҳиндия, шайх Низом, Дорулфикри Бейрут.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед