Нигоҳи тавҳидӣ ба инфоқ (қисмати дуввум)

0
18

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Шубҳае ки дар инҷо матраҳ шуд ин ки чаро ман аз дороии худ ба фақир бидиҳам, магар Худованд наметавонад ба онҳо рӯзӣ бидиҳад? Ҳамон тавре ки дар баҳси қаблӣ гуфта шуд инфоқкунанда бояд ҳадаф ва ғараз аз инфоқро бидонад, вагарна он савоб ва ҳақиқатеро, ки Худо аз инфоқ ва бахшиш дар назар дорад ба даст намеоварад. Бояд бо инфоқ кардан тарбият ва таълими тарафи муқобил ва рӯшду растагории худро ба даст оварад.

Фақирро вобаста ба худ накунем

Дар нигоҳи тавҳидӣ тамоми корҳои инсон бояд барои Худо бошад. Инсони мӯъмин фақирро ба худ вобаста намекунад ва риштаи бандагиро дар фақир пора намекунад, балки онҳоро ба Худо умедвор мекунад. Фақир шояд Худоро ба ӯнвони рӯзидиҳанда фаромӯш карда бошад ва чашми умед ба дасти инфоқкунанда дошта бошад. Инфоқкунанда бояд ба гунае рафтор кунад ва он бутеро ки аз ӯ дар зеҳни фақир ба вуҷуд омадааст, бишканад ва фақирро ба ёди Худо биафтад ва ниёзи худро аз Худои Мутаол талаб кунад. Масалан кӯмаки худро ба фақир аз роҳе бирасонад, ки ҳоҷати фақир бароварда шавад, вале инфоқкунанда дида нашавад. Бо ин равиш ҳам он фақир ва ҳам он касе, ки инфоқ кардааст ба рӯшд мерасад.  Бо ин равиш дар зоҳир фақирро аз худ рондем ва аз тариқи дигар ниёзашро бароварда кардем ва дар натиҷа тавакул ва имонаш ба Худованд бештар мешавад.

Дар сира  ва сулуки бузургон омадааст, ки онҳо дар шаб ба фуқаро кӯмак мекарданд ва чеҳраашонро мепӯшиданд, то шинохта нашаванд. Ҳазарти Алӣ (рз) дар ҳоле ки масъулияти ҳукумати исолмиро бар уҳда дошт, шаб ки мешуд бо либоси мубаддал ва ношинос ба суроғи фақирони шаҳр мерафт ва ба онҳо ғизо мерасонд ва чеҳраи худро нишон намедод. Ниёзмандон ҳам мутаваҷҷеҳ набуданд, ки ин фарде ки барои онҳо нону таом мерасонад кӣ ҳаст. Вақте ки ба шаҳодат расид ва касе дигар ба фақирон кӯмак накард ва ғизои шабашонро нарасонд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки он касе, ки ба онҳо ғизои шаб мерасонадааст, Алӣ (рз) будааст. Бузургон ба дунболи ин набуданд, ки мардум ва фақирон чоплусӣ ва дастнигари онҳо бошанд, балки онҳо мехостанд фақиронро тарбият кунанд ва тавҳидашон тақвият шавад. Худо дар чашмашон бузург шавад, на ғайри Худо. Бузургон ин гуна инфоқ мекарданд ва фақирро ба Худо мерасонданд на ба худ. Агар фақир аз дасти касе, ки намешиносад, кӯмаке дарёфт кунад, бидуни ин ки хору залил шавад, ба Худо мерасад ва ин рӯзиеро, ки ба ӯ расидааст мисдоқ ва намунае аз рӯзии медоданд, ки Худоваданд дар Қуръон фармудааст:

وَ يَرْزُقْهُ مِنْ حَيْثُ لا يَحْتَسِبُ وَ مَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُه…» «…وَ مَنْ يَتَّقِ اللَّهَ يَجْعَلْ لَهُ مَخْرَجاً؛

“…ва ҳар кас тақвои Худоро пеша кунад, барояш роҳи раҳоӣ, қарор медиҳад; Ва ӯро аз ҷое, ки гумон намекунад, рӯзӣ медиҳад; ва ҳар кас бар Худо таваккул кунад, пас Ӯ барояш кофист;…”(Сури Талоқ, ояти 2 ва3)

Ин гуна инфоқ инсонро ба тақво мерасонад ва ӯ рӯзиро аз Худо медонад ва ба афрод тавакул намекунад, балки Худоро рӯзирасон медонад ва тамоми авомилро фиристодаи Худо медонад, ки бо амри Ӯ ба суроғаш меоянд, дар натиҷа ҳеҷ вобастагие ба дигрон надорад.

          Асарҳои инфоқ дар инсон

  • Ҳамон тавре ки дар баҳсҳои гузашта гуфт шуд, агар шароити инфоқ риоят шавад ва инфоқкунанда онҳоро риоят кунад, дар диндории мардум таъсири фаровоне дорад, ҳамчунин дар зиндагии фарди инфоқкунанда.
  • Рушд ва тарбият яке аз асоситарин асари инфоқ аст. Инфоқу бахшиш аз молу сарвати худ сифотҳои паст ва разиларо аз инфоқкунанда дур мекунад, ҳамонанди кибру худхоҳӣ, бухлу ҳирс ва боварҳои ғалати дигарро. Аз тарафи дигар сифоти инсониро дар ӯ рушд ва зинда мекунад, ӯ худро фарде медонад, ки дорад аз моли Худо дар роҳи Худо харҷ мекунад ва худ ҳам аз он баҳраманд мешавад.
  • Худоро дар чашми фақирон ва ниёзмандон бузург мекунад ва бо риояти дурусти инфоқ метавонад бандагони Худоро аз инҳироф наҷот диҳад. Худоро дар назди мардум бузург кардан кори Пайғамбар (с) аст, ки инсони инфоқкунанда бо инфоқаш Ӯро бузург мекунад. Худованд дар Қуръон ба Паёмбар (с) дастур медиҳад, ки Худоро дар қалб ва чашми мардум бузург кунад: وَ رَبَّكَ فَكَبِّرْ” ”Ва Парвардигоратро, пас, бузург бидор.” (Сураи Муддасир, ояти 3)
  • Яке аз осори муҳими инфоқ ин аст, ки ба инсон оромиш мебахшад. Ин оромиш дар дунё ва охират аст. Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

«الَّذينَ يُنْفِقُونَ أَمْوالَهُمْ بِاللَّيْلِ وَ النَّهارِ سِرًّا وَ عَلانِيَةً فَلَهُمْ أَجْرُهُمْ عِنْدَ رَبِّهِمْ وَ لا خَوْفٌ عَلَيْهِمْ وَ لا هُمْ يَحْزَنُون»‏

          “Касоне, ки амволи Худро дар шаб ва рӯз пинҳон ва ошкор инфоқ мекунанд, пас, барои онон аҷрашон назди Парвардигорашон аст; ва на тарсе бар онҳост ва на онон андӯҳгин шаванд.” (Сураи бақара, ояти 274.)

Хавф дар ҷое ба кор меравад, ки нигаронӣ аз оянда вуҷуд дошта бошад, аммо ҳузн нороҳатиҳое аст, ки дар гузашта буда аст.

  • Наҷоти худ аз оташи ҷаҳаннам яке аз осори инфоқ дар зиндагии иносн ва дар воқеъ натиҷаи инфоқ наҷот аз азоби илоҳӣ аст. Расули Худо(с) дар бораи наҷот фармуданд:

«اتَّقُوا النَّارَ، وَلَوْ بِشِقِّ تَمْرَةٍ، فَإِنْ لَمْ تَجِدُوا فَبِكَلِمَةٍ طَيِّبَةٍ»

“Худро аз оташи ҷаҳаннам нигаҳ доред ҳарчанд бо бахшиши пораи хурмое, агар он ҳам набуд, пас бо гуфтани сухани неку.”(Сунани Абудовуд, ҳадиси шумрои 2428)

Натиҷа

Агар  инфоқ ва бахшиш барои Худо ва рушду  таолии инсон набошад, беҳтар аст, ки инфоқ накуем. Ҷомеае, ки дар он фуқаро чашмашон ба дасти сарватмандон аст, муддате намегузарад, ки ба самти ширку куфр рӯи меоварад. Дар ҳоле ки ғарази Худованд аз инфоқ ва бахшиш ин буд, ки ҳар ду тараф, яъне гиранда ва диҳандаи инфоқ бояд тарбият шаванд. Бо нигоҳи тавҳидӣ ба баҳси инфоқ инфоқкунанад бештар аз инфоқгиранда хушҳол мешавад. Дар инфоқ асосан набояд инфоқкунанда матраҳ шавад, балки бояд ниёзи фақир бароварда шавад ва заминаи рушду тарбият ва парҳезкорӣ дар ӯ фароҳам шавад.

Бо нигоҳи тавҳидӣ мӯъмин вақте ба фақир кӯмак мекунад, на ин ки аз такаббур нишон медаҳад, балки худро сарфкунанда медонад ва фақирро фиристодаи Худо медонад, ки ба суроғаш омадааст ва ба дунболи ҷалби ризояти Худованд аст. Бузургон вақте дар дасти фақир чизе мегузоштанд дасти худро мебӯсиданд ва мегуфтанд дасти ман ба дасти Худо расид, чаро ки дар ривоят омадааст, ки пеш аз он ки кӯмки шумо ба  фақир баирасад ба дасти Худо мерасад.

Инфоқ ба ҳар бахшиш ва харҷе гуфта намешавад, ба харҷ ва бахшише гуфта мешавад, ки инфоқкунанда ва гирандаи онро  тарбият кунад ва ниёзе аз ниёзҳои муҳим ва асосии фақирро бароварда кунад ва онро аз нигаронӣ ба ормиш бирасонад, ҳамон тавре ки инфоқкунандаро ба оромиш мерасонад.

Нигоҳи тавҳидӣ ба инфоқ (қисмати аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед