Намози мариз – бемор (қисми дуюм)

0
346

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тарки намоз ҳатто дар ҳоли беморӣ ҳам ҷоиз нест, аммо дар бархе маворид шиддати маризӣ ба ҳадде аст, ки қудрати анҷоми аркони ибодот ва махсусан намозро аз намозгузор мегирад. Дар чунин шароите дини Ислом аҳкоми хоссеро вазъ кардааст. Дар ин қисмат ба чанд масаъла дар бораи аҳкоми намози мариз ишора мекунем.

Масаълаи якум

Агар намозгузор намозро дар ҳолати саҳеҳ ва солим будан оғоз кунад, сипас беморие ба вуҷуд ояд, ки сабаби манъи вай аз қиём мешавад ва дигар наметавонад ба қиём идома диҳад, дар ин ҳолат намозгузор нишаста намозро идома медиҳад ва рукуъ ва суҷудашро дар ҳолати нишаста ва саҷдаашро поинтар аз рукуъ анҷом медиҳад. Агар нишаста ҳам натавонад, ба пушт ё паҳлу ва ё бо имо ва ишора намоз мехонад.

Масаълаи дуюм

Шахсе, ки намозашро нишаста мехонад ба тартиби мазкур, баъд аз он саломатиашро ба даст орад, намозро бояд қоим ва истода идома диҳад, ба қавли Шайхайн.

Аммо акси ин масаъла, яъне шахсе, ки бо имо ва ишора намоз мехонад ва дар васати намоз саломатияшро ба даст меорад ба қавли иҷмоъ беҳтар аст, ки намозро аз ибтидо дар ҳолати қиём ба ҷо оварад.

Вале шахсе, ки нишаста намоз мехонаду сиҳатии худро ба даст меорад, метавонад идомаи намозро дар ҳолати қиём ба ҷо оварад.

Масаълаи сеюм

Агар мариз аз хондани намоз дар ҳолати имо ва ишора оҷизу нотавон шуд, яъне тавони қиём, қаъда, рукуъ ва саҷдаро дар ҳолати нишаста ва на ба пушту паҳлу надошта бошад, аз чунин шахсе намоз соқит мешавад.

Баъзе дар ин маврид ихтилоф карда ва гуфтаанд, ки чунин шахсе бояд бо ҳаракати чашмонаш ё абрувонаш аҷзои намозро ба ҷо оварад, аммо асл ҳамон аст, ки намоз барои чунин шахсе ва дар чунин ҳолате соқит мешавад.

Ҳаракати чашм дар намоз эътибор надорад, имо ва ишора замоне эътибор дорад, ки бо ҳаракти сари намозгузор бошад.

Аммо дар мавриди қазои намоз баъд аз саломатии чунин шахсе ихтилоф вуҷуд дорад:

Баъзе гуфтаанд, ки агар ҳолати нотавонии мариз аз як шабонарӯз бештар бошад, қазо лозим нест, аммо агар камтар аз як шабонарӯз бошад лозим аст, ки мариз қазои намозҳояшро ба ҷо оварад.

Ҳамчунин аст дар бораи шахсе, ки ба ҳолати иғмо ва беҳӯшӣ рафтааст, бар чунин шахсе ҳам агар беҳӯшиаш камтар аз як шабонарӯз бошад қазои намозҳо воҷиб ва агар беш аз як шабонарӯз бошад қазои намозҳо воҷиб нест. Аммо дар асл бояд қазои намозҳоро пас аз маризӣ ба ҷо оварад.

Агар бемор дар ҳамон ҳолати нотавонӣ фавт кард, қазои намоз дигар бар гарданаш нест ва бар ворисонаш ҳам фидя нахоҳад буд.

Масаълаи чорум

Агар шахси намозгузор намози чаҳор ракъатиро дар ҳолати нишаста бихонад, пас дар ҳолати қаъдаи ракъати чоруми пас аз рукуъ ва суҷуди намоз ба ҷои ташаҳҳуд Ҳамд хонд (масалан фикр кард, ки дар ҳолати қиём қарор дорад) ин таъхир дар аркон агар қабл аз рукуъ ва суҷуд бошад, баргашта ба ҷо меорад ва агар баъд аз рукуъ ва суҷуд бошад, саҷдаи саҳв лозим мешавад, ба монанди саҷдаи саҳве, ки барои намозгузори оддӣ воҷиб мешавад.

Масаълаи панҷум

Шахси мариз дар намоз ҳар коре, ки шахси солим дар намоз ба ҷо меорад, шахси намозгузори мариз ҳам дар ҳамон ҳолате, ки метавонад намозро ба ҷо орад, бояд анҷом диҳад, ба монанди қироату рукуъ ва саҷда.

Масаълаи шашум

Агар маризе қибларо бидонаду аз шиддати беморӣ қодир набошад (қудрату нерӯ надошта бошад), ки рӯяшро ба тарафи қибла баргардонад, агар касе набошад, ки ба вай ёрӣ расонад, шахси мариз дар ҳамон ҳолати рӯ ба ғайри қибла намозашро бихонад, намозаш саҳеҳ аст. Лозим ба иода ҳам нест.

Агар шахсе бошад, ки битавонад рӯи намозгузори беморро ба тарафи қибла баргардонад, дар сурати амр кардани шахси мариз ба дигаре, аммо агар амр накунаду намозашро ба ғайри қибла гузорад, намозаш саҳеҳ нест.

Ҳамчунин аст замоне, ки намозгузори мариз дар болои фарши наҷас бошад, агар шахсе пайдо нашавад, ки фаршро иваз кунад, бемор метавонад дар рӯи ҳамон фарши бенамоз намоз гузорад, аммо шахсе пайдо шавад, ки фаршро иваз кунад, вале бемор тақозо накунад ба мисли боло намозаш саҳеҳ нест.

Масаълаи ҳафтум

Маризе, ки зерпӯше дорад, ки бенамоз аст, агар бенамозии он либос дар ҳадде бошад, ки ба дигар либосҳои ӯ сироят намекунад (паҳн намешавад) хондани намоз бо он саҳеҳ аст. Аммо дар сурати паҳншавӣ намоз саҳеҳ нест.

Дар сурати сироятӣ будани бенамозӣ ва сахт будани иваз кардани он барои мариз ва дар машаққат буданаш шахси мариз метавонад бо ҳамон намоз бихонад. Ба монанди шахсе, ки пешобаш доим манъ намешавад ё хуни биниаш ҳамеша ҷорӣ аст ё ба монанди инҳо.

Масаълаи ҳаштум

Агар шахсе ба муддати панҷ намоз беҳуш шавад, қазои намоз ба ӯ воҷиб нест. Маҷнун ва девона ҳам ҳамин ҳукмро дорад.

Агар беш аз панҷ намоз бошад қазо ба ӯ воҷиб аст, аз назари Имом Муҳаммад (рҳ) ва қавли асаҳ ҳам ҳамин аст. Ин беҳушӣ (припатка) дар сурате аст, ки дар ин байн ба ҳуш наояд, аммо ба ҳуш ояд, агар гузаро бошад, як ҳукм ва агар бештар бошад, ҳукми дигар дорад.

Идома дорад… .

Намози мариз (бемор) бахши аввал

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед