Намози ҷумъа (қисми дуюм)

0
8

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар қисмати қабл нақши намози ҷумъа дар миёни мусалмонон, аҳаммият ва фазилати анҷоми онро барои мусалмонон зикр кардем, дар ин қисмат аз баҳс, баён хоҳем кард:

  • Шартҳои вуҷуби намози ҷумъа
  • Шартҳои сиҳҳати намози ҷумъа
  • Суннатҳои хутбаи намози ҷумъа
  • Бархе аз масоил ва аҳкоми намози ҷумъа

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим, Сураи Ҷумъа ояти 9 дар мавриди намози ҷумъа мефармояд:

یَا أیُّها الَّذِینَ آمَنُوا إذَا نُودِیَ لِلصَّلاَةِ مِن یَومِ الجُمُعَةِ فَاسعَوا إلَی ذِکرِ اللهِ وَ ذَرُوا البَیعَ ذَلِکُم خَیرٌ لَکُم إن کُنتُم تَعلَمُون

“Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз нидо дода шавед, пас, ба сӯи ёди Худо бишитобед ва доду ситадро раҳо кунед; ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.”

Шартҳои вуҷуби намози ҷумъа

Замоне ки шартҳои зер дар мавриди шахси мусалмоне ёфт шавад, ҳузур дар намози ҷумъа барои он шахс фарз мегардад, дар ғайри ин сурат хондани намози ҷумъа мустаҳаб аст:

  1. Мард будан;
  2. Озод будан;
  3. Муқими шаҳр ва ё минтақае, ки дар ҳукми шаҳр қарор дорад;
  4. Сиҳҳатӣ ва саломатӣ;
  5. Таъмин будани амният;
  6. Бино будани шахс;
  7. Қудрати пиёдаравӣ доштан.

Пас намози ҷумъа барои шахсони зер фарз нест:

  1. Занон;
  2. Бардагон ва канизон;
  3. Шахсе, ки мусофир ё муқими деҳае мебошад;
  4. Шахсе, ки бемор ва мариз аст;
  5. Барои касе, ки аз тарси зулми золимон ва душманон пинҳон шудааст;
  6. Шахсе ки нобино ва кур аст;
  7. Барои шахсе, ки қудрати пиёдаравӣ надорад.

Касоне, ки намози ҷумъа бар онҳо фарз нест, агар дар ин ибодат иштирок кунанд, на танҳо намозашон саҳеҳ аст, балки амали мустаҳаб анҷом дода ва намози пешин аз онҳо соқит мешавад.

Шартҳои сиҳҳати намози ҷумъа

Барои сиҳҳати намози ҷумъа шартҳои зер бояд таҳаққуқ ёбад:

  1. Баргузор кардани намози ҷумъа дар шаҳр. Пас намози ҷумъа дар деҳаҳо саҳеҳ намебошад.
  2. Ҳузури имом (халифа, раисҷумҳур, подшоҳ) ва ё ҷонишини ӯ. Дар кишварҳое, ки раисону ҳокимон ва ё ноибон ва намояндагони он дар намози ҷумъа иштирок намекунанд, фатвои уламо бар он аст, ки мардуми мусалмон имоми худро бо тавофуқ ва ризои якдигар интихоб ва таъин кунанд.
  3. Баргузор кардани намози ҷумъа дар вақти намози пешин. Пас баргузории намози ҷумъа пеш аз намози пешин ва ё баъд аз он сеҳеҳ нест.
  4. Хондани хутбаҳои намози ҷумъа. Хутбаи намози ҷумъа бояд баъд аз завол ва пеш аз намози ҷумъа хонда шавад.
  5. Изни ом, яъне ҳузури ҳамагон дар маконе, ки намози ҷумъа баргузор мешавад мумкин бошад ва монеае вуҷуд надошта бошад. Баргузории намози ҷумъа дар маконҳое, ки дарҳои он бар рӯи умуми мардум бастааст саҳеҳ нест.
  6. Ҷамоат; ҳузури ҳадди ақал се нафар ба ҷуз имом дар намози ҷумъа. Пас баргузор кардани намози ҷумъа ба таври фуродо саҳеҳ нест.

Суннатҳои намози ҷумъа

  1. Суннатҳое, ки хатиб бояд риоя кунад:
  • Пок будани хатиб аз ҳадас;
  • Пок будани хатиб аз наҷосат;
  • Сатри аврат доштани хатиб.
  1. Суннатҳои марбут ба хутба:
  • Хутбаи якум
  • Қабл аз оғози хутба бар минбар нишастан;
  • Азонро дар пеши рӯи хатиб гуфтан;
  • Хатиб истода хутба бихонад;
  • Оғози хутба бо ҳамду ситоиш ва санои Худованд бошад;
  • Зикри шаҳодатайн дар хутба;
  • Дуруд фиристодан ба Паёмбари Худо (с) дар хутба;
  • Панду андарз гуфтан барои мардум;
  • Хондани ҳадди ақал як оят аз Қуръони Карим.
  • Хутбаи дуюм
  • Хондани хутбаи дуюм аз суннатҳои намози ҷумъа мебошад;
  • Нишастани сабук ва кутоҳ байни ду хутба;
  • Оғоз хутба бо ҳамду санои Худованд;
  • Дуруд фиристодан бар Паёмбар Акрам (с);
  • Дуо дар ҳаққи мусалмонон ва талаби мағфират барои онҳо.
  1. Суннатҳои марбут ба ҳар ду хутба:
  • Хондани хутба бо овози баланд;
  • Хондани хутба ба андозаи хондани сурае аз сураҳои таволӣ муфассал (сураҳои таволӣ муфассал иборатанд аз сураи Ҳуҷурот ва сураи Буруҷ).

Бархе аз аҳкоми намози ҷумъа:

  1. Аҳкоми воҷиб:
  • Шитоб ба сӯи намози ҷумъа ва тарки тиҷорат бо шунидани азони аввал.
  1. Корҳое, ки анҷоми онҳо ҷоиз нест:
  • Намоз хондан ва суҳбат кардан дар ҳангоми хондани хутбаҳо.
  1. Корҳое, ки анҷом додани онҳо барои имом макруҳ аст:
  • Тӯлонӣ кардани хутба;
  • Тарки яке аз суннатҳои хутба;
  • Салом додан бар қавм баъд аз қарор гирифтан бар минбар.
  1. Корҳое, ки анҷоми онҳо барои намозгузорон макруҳ аст:
  • Хӯрдану ошомидан;
  • Кори беҳуда ва бозӣ кардан;
  • Нигоҳ кардан ба ин тарафу он тараф.

Идома дорад…

Намози ҷумъа (қисми аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед