Намози ҷумъа (қисми аввал)

0
12

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Намози ҷумъа як ибодати бузург аст, ки осори бузурге ҳам дорад, аз ҷумла сабаби шустани олудагиҳои гуноҳон ва зангори маъсият аз қалби мӯъминон мешавад. Намози ҷумъа як гирдиҳамоии бузурги ҳафтагӣ пас аз бузургтрин иҷтимои азими солонаи мусулмонон дар ҳаҷ аст. Дар ҳақиқат дар Ислом се навъ иҷтимоъ ва гирдиҳамоӣ вуҷуд дорад: як иҷтимои рӯзона, ки бо намозҳои ҷамоат ҳосил мешавад, як иҷтимои ҳафтагӣ, ки бо намози ҷумъа ҳосил мешавад ва як иҷтимои солона, ки бо иҷтимои ҳаҷ ҳосил мешавад.

Нақши намози ҷумъа дар миёни мусалмонон

Нақши намози ҷумъа дар миёни мусалмонон муҳим буда ва мӯъминон бо иҷтимои худ дар намози ҷумъа аҳдофи зерро дунбол мекунанд:

  1. Огоҳи ёфтани мусалмонон дар заминаи маорифи исломӣ;
  2. Эҷоди ҳамбастагӣ ва иттиҳоди бештари мусалмонон;
  3. Зинда кардани руҳияи динӣ ва нишоти маънавӣ;
  4. Эҷоди ҳамкорӣ бо ҳамдигар барои ҳал кардани мушкилот.

Душманони Ислом аз намози ҷумъае, ки чунин аҳдоферо дар пай дошта бошад тарс доранд ва бар зидди намози ҷумъа таблиғот мекунанд, то иҷтимои мусалмонон шакл нагирад ва онҳо аз дин ва эътиқодоти худ огоҳ набошанд,  то худашон роҳаттар битавонанд ақоиди худро таблиғ кунанд.

Аҳаммияти намози ҷумъа

Намози ҷумъа аз назари Қуръони Карим ва аҳодиси Паёмбари Акрам (с) аҳаммияти фаровоне дорад.

Аҳаммияти намози ҷумъа аз нигоҳи Қуръони Карим ба андозае зиёд аст, ки сураеро ба он ихтисос дода ва аҳдофи ин намозро дунбол мекунад, Қуръони Карим дар мавриди намози ҷумъа чунин мефармояд:

یَا أیُّها الَّذِینَ آمَنُوا إذَا نُودِیَ لِلصَّلاَةِ مِن یَومِ الجُمُعَةِ فَاسعَوا إلَی ذِکرِ اللهِ وَ ذَرُوا البَیعَ ذَلِکُم خَیرٌ لَکُم إن کُنتُم تَعلَمُون

“Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз нидо дода шавад, пас ба сӯи ёди Худо бишитобед ва доду ситадро раҳо кунед; ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед.” (Сураи Ҷумъа, ояти 9)

Худованди Мутаол дар ин оят намози ҷумъаро барои мо сарчашмаи баракатҳо ва фазилатҳои фаровон ва ҳамчунин бастани аҳд бо худ медонад. Ҳамчунин бо баёни беҳтар будани намоз аз тиҷорат, фазилати ин намозро гӯшзад мекунад. Худованди Мутаол дар поёни оят баён мекунад, ки хондани намоз ва иҷрои дастуроти Худо ва расулаш сабаби растгорӣ ва расидан ба саодати мо мешавад.

Паёмбари Акрам (с) ҳам дар ин маврид мефармоянд:

نَحْنُ الْآخِرُونَ السَّابِقُونَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ بَيْدَ أَنَّهُمْ أُوتُوا الْكُتَّابَ مِنْ قَبْلِنَا وَأُوتِينَاهُ من بعدهمْ ثمَّ هَذَا يومهم الَّذِي فرض عَلَيْهِم يَعْنِي يَوْم الْـجُمُعَةَ فَاخْتَلَفُوا فِيهِ فَهَدَانَا اللهُ لَهُ وَالنَّاسُ لَنَا فِيهِ تَبَعٌ الْيَهُودُ غَدًا وَالنَّصَارَى بَعْدَ غَد

Мо дар дунё охирин уммат ҳастем, аммо дар қиёмат пешопеши дигар умматҳо хоҳем буд ва аз ҳамаи умматҳо муқаддам мебошем; ҷуз инки онҳо пеш аз мо соҳиби китоби осмонӣ шудаанд ва онро дарёфт намудаанд ва мо пас аз онҳо соҳиби китоб шудаем; пас ҷумъа ҳамон рӯзе аст, ки (дар он рӯз анҷоми шаоир фарз шуд); аммо онҳо дар ин маврид ихтилоф карданд. Онгоҳ Худованд моро ба рӯзи ҷумъа роҳнамоӣ кард ва (ба сабаби оғози ҳафта аз ҷумъа) мардуми аҳли китоб пушти мо қарор доранд, ба ҳамин хотир яҳудиҳо дар шанбе ва масеҳиҳо дар якшанбе ибодат мекунанд. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Фазилати рӯзи ҷумъа ва намози он

Рӯзи ҷумъа маҳбубтарин рӯзи ҳафта дар Ислом аст ва бар асоси аҳодиси Паёмбари Акрам (с) ин рӯз фазилатҳои зиёде дорад, ки онро аз дигар рӯзҳои ҳафта бартар месозад.

Бархе аз фазилатҳои рӯзи ҷумъа:

  1. Рӯзи ҷумъа бартарин рӯзҳои ҳафта аст.
  2. Ҳазрати Одам (а) дар ин рӯз халқ шудааст.
  3. Нузули Одам (а) ба замин дар ин рӯз будааст.
  4. Пазириши тавбаи Одам (а) дар рӯзи ҷумъа будааст.
  5. Вафоти ҳазрати Одам (а) дар рӯзи ҷумъа будааст.
  6. Оғози қиёмат дар рӯзи ҷумъа хоҳад буд.
  7. Вуҷуди замони хос дар рӯзи ҷумъа, ки Худованд дуои бандагонашро қабул мекунад.

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

و عَنْ أَبِی لُبَابَهَ بْنِ عَبْدِ الْمُنْذِرِ قَالَ : قَالَ النَّبِیُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَیْهِ وَسَلَّمَ : إِنَّ یَوْمَ الْجُمُعَهِ سَیِّدُ الأَیَّامِ ، وَأَعْظَمُهَا عِنْدَ اللَّهِ ، وَهُوَ أَعْظَمُ عِنْدَ اللَّهِ مِنْ یَوْمِ الأَضْحَى وَیَوْمِ الْفِطْرِ

Сарвари рӯзҳо рӯзи ҷумъа мебошад ва бузургтарини онҳо дар назди Худованд аст ва дар пешгоҳи Худованд аз Иди Фитр ва Иди Қурбон бузургтар аст. (Ҳадиси Ибни Моҷа)

Фазилати намози ҷумъа

مَنِ اغْتَسَلَ ثُمَّ أتَى الجُمُعَةَ، فَصَلَّى ما قُدِّرَ له، ثُمَّ أنْصَتَ حتَّى يَفْرُغَ مِن خُطْبَتِهِ، ثُمَّ يُصَلِّي معهُ، غُفِرَ له ما بيْنَهُ وبيْنَ الجُمُعَةِ الأُخْرَى، وفَضْلُ ثَلاثَةِ أيَّامٍ

Ҳаркас дар рӯзи ҷумъа ғусл кунад ва ба намози ҷумъа биравад ва ончи барои ӯ муқаддар шудааст намоз бихонад, сипас то поёни хутбаи имом сокит бимонад, сипас бо ӯ намоз бихонад, гуноҳони байни ин ҷумъа ва ҷумъаи дигараш ва се рӯз изофа бар он бахшида мешавад. (Ривояти Муслим)

Мазаммати касе, ки дар хондани намози ҷумъа сустӣ мекунад

Аз Русли Худо (с) нақл шудааст, ки он Ҳазрат бар рӯи минбар мефармуданд:

لَيَنْتَهِيَنَّ أَقْوَامٌ عَنْ وَدْعِهِمُ الْجَمَاعَاتِ أَوْ لَيَخْتِمَنَّ اللَّهُ عَلَى قُلُوبِهِمْ ثُمَّ لَيَكُونُنَّ مِنَ الْغَافِلِينَ

Касоне, ки намози ҷумъаро тарк мекунанд, бояд аз ин амалашон даст кашанд, дар ғайри ин сурат Худованд бар қалбҳои онҳо муҳри (ғафлат) мезанад, сипас онҳоро аз ҷумлаи ғофилон қарор медиҳад. (Ривояти Ибни Моҷа)

Паёмбари Акрам боз фармуданд:

لقد هممت أن آمر رجلا یصلی بالناس، ثم أحرق علی رجال یتخلفون عن الجمعة بیوتهم

Ният доштам шахсеро маъмур кунам то барои мардум намоз бихонад, сипас биравам ва хонаҳои мардонеро, ки намози ҷумъа намехонандро бар сарашон оташ занам. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

Дар ривояте, ки Тирмизӣ нақл кардааст Паёбар (с) фармуданд:

مَن ترَكَ ثلاثَ جمعٍ تَهاونًا بِها ، طبعَ اللَّهُ على قلبِهِ

Касе, ки намози се ҷумъаро аз рӯи бетаваҷҷӯҳӣ тарк кунад, Худованд бар қалбаш муҳр мезанад.

Дар ҳадиси дагаре Расули Худо(с) фармуданд:

مَنْ تَرَكَ ثَلاثَ جُمُعاتٍ مِنْ غَيْرِ عُذْرٍ كـُتِبَ مِنَ الْمُنافـِقيـنَ

Ҳар кас се намози ҷумъаро пай дар пай бидуни узре тарк кунад, аз мунофиқон ба ҳисоб меравад. (Канзул-уммол, ҷ 7, саҳ 729)

Натиҷа

Чуноне ки баён шуд, рӯзи ҷумъа ва намози ҷумъа аз муҳимтарин рӯзҳо ва иҷтимои ибодии мусалмонон аст, ки дар он илова бар масоили ибодӣ, масоили иҷтимоӣ ва сиёсии мусалмонон матраҳ шуда ва сабаби ҳамбастагии ҷомеа мешавад. Қуръони Карим ва аҳодиси Расули Худо(с) ҳам аҳаммияти фаровоне барои намоз ҷумъа қоил шуда ва касонеро, ки аз рӯи бетаваҷҷӯҳӣ онро тарк мекунанд, мазаммат кардаанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед