Намозҳои суннат ва аҳкоми он (қисми дуюм)

0
26

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Баёни чанд масъала дар мавриди намозҳои суннат

Масъалаи якум

Агар намозгузор ду ракъат суннати намози субҳ ё чаҳор ракъат суннати намози пешинро хонду сипас ба байъ (хариду фурӯш) ё хурдану ошомидан машғул шуд (пеш аз онки намози фарзро бихонад) лозим мешавад, ки он намози суннатро дубора бихонад, аммо агар як луқма ғизо бихӯрад ё як чика об бинӯшад, лозим нест намозро дубора бихонад. Аммо агар пас аз хондани намози суннат ва фарзи зуҳр сухан бигӯяд ё чизе бихӯраду биёшомад, лозим ба адои дубораи он суннат нест, вале савобаш камтар мебошад.

Масъалаи дуюм

Намозгузор дар намозҳои суннат, сураи Ҳамдро ба ҳамроҳи як сураи дигар қироат мекунад, агар шахси намозгузор Ҳамдро дар як ракъат ё ду ракъат тарк кунад, намозаш ботил мешавад, аммо замми сураро фаромӯш кард, намоз ботил намешавад.

Масъалаи сеюм

Агар шахси намозгузор гумон кунад, ки намози суннатро нахондаасту шурӯъ кунад ба хондани намози суннат, вале дар васати намоз ёдаш ояд, ки намози суннатро хондааст ва аз намоз хориҷ шавад, қазо кардани он намоз бар гардани намозгузор воҷиб нест.

Масъалаи чаҳорум

Агар намозгузор теъдоди ракаоти намози суннатро ният накунаду дар ракъати якум ё дуюм аз намоз хориҷ шавад, танҳо ду ракъат қазо мехонад, аммо агар чаҳор ракъат ният карда бошаду аз намоз хориҷ шавад, дар мавриди ҳукми он ихтилоф аст.

Масъалаи панҷум

Агар намозгузор шаш ракъат ё ҳашт ракъат бо як қаъда бихонад, дар мавриди аҳкоми он ихтилоф аст, аммо асл ба он мебошад, ки дар ҳар ду ракъат як қаъда ба ҷо орад ва сипас ба ракъати баъдӣ гузарад.

Масъалаи шашум

Чаҳор ракъати суннати намози пешин, ҳукми татаввуъро дорад, намози витр ҳукми татаввуъро дорад назди Имом Муҳаммад ва аммо назди Имоми Аъзам аз рӯи қиёсу истеҳсон мутафовит аст.

Масъалаи ҳафтум

Ҳарвақте, ки намозгузор намози нофиларо бидуни таҳорат ё бо либоси наҷас шурӯъ кунад, шурӯъаш дар намоз сурат нагирифтааст, агар ҳам аз намоз хориҷ шавад қазои он лозим нест.

Масъалаи ҳаштум

Барои намозгузори намози суннат ҷоиз аст намози суннатро нишаста адо кунад, бо вуҷуди онки қудрати қиёмро дошта бошад, макруҳ ҳам нест.

Масъалаи нуҳум

Ҳар вақте, ки намозгузор намози суннатро бо қиём шурӯъ кунад ва сипас бихоҳад, ки идомаи намозро нишаста адо кунад, назди Имом Абуҳанифа макруҳ аст, аммо агар ба девор ё асо такя кунад, дар ин сурат макруҳ нест.

Масъалаи даҳум

Агар шахси намозгузор намози нофиларо бо имо ва ишораи сару гардан бихонад, бидуни онки узре дошта бошад, ҷоиз нест.

Масъалаи ёздаҳум

Агар намозгузор пас аз ташаҳҳуди аввал дар намози суннат ба василаи сухан гуфтан ё расидани ҳадасе аз намоз хориҷ шавад, саҳеҳ нест идома додани он намоз пас аз таҳорат, магар онки аз масҷид хориҷ нашуда бошад, ки дар ин сурат идома додани он ҷоиз аст.

Масъалаи давоздаҳум

Агар намозгузор намози фарз ё суннатро нишаста бихонад, дар ҳоле, ки қудрат бар қиём надошта бошад, намозаш саҳеҳ аст. Бар асоси назари уламо наҳваи нишастани шахсе, ки қудрат бар қиём надорад бояд ба монанди нишастан дар ташаҳҳуд бошад.

Масъалаи сездаҳум

Агар шахси намозгузор намозро нишаста оғоз кунаду идомаи намозро ба сурати истода бихонад, ба иҷмои фуқаҳо ҷоиз аст. Зеро ҳолати қиём нисбат ба ҳолати нишаста афзал аст.

Масъалаи чаҳордаҳум

Агар шахси намозгузор чаҳор ракъати суннатро ният кунад ва дар ракъати якум ё дуюм ва пеш аз қуъуд аз намоз хориҷ шавад, аз рӯи инки ҳар ду ракъати намози суннат як намози комил ба ҳисоб меравад, танҳо ду ракъатро қазо медорад.

Масъалаи понздаҳум

Агар шахси намозугор дар намозҳои суннат ё фарз пеш аз онки қаъдаро ба ҷой орад барои ракъати сеюм аз ҷой бархезад, баргашта қаъдаро мехонад.

Масъалаи шонздаҳум

Агар намозгузор ду ракъат ният кунаду пеш аз онки ташаҳҳуд бихонад ба сӯи ракъати сеюм бархезад, бояд баргашта ташаҳҳуд бихонад, дар ғайри ин сурат намозаш ботил мешавад.

Масъалаи ҳабдаҳум

Агар шахси намозгузор теъдоди ракъатҳои намозро ният накарду ду ракъат хонд, ба назари Имом Абуюсуф қазои ракъати сеюм ва чаҳорум лозим аст.

Масъалаи ҳаждаҳум

Агар намозгузор чаҳор ракъат ният кунаду дар ҳеҷ кадом аз он ракъатҳо қироат накарда бошад ё дар яке аз ракъатҳои сеюму чаҳорум қироат карда бошад, лозим аст қазои ду ракъати аввал назди Имом Абуҳанифа (раҳ) ва назди Абуюсуф қазои ду ракъати охир. Назди Имоми Аъзам (раҳ) тарки қироати намозро ботил мекунад, бар хилофи Абуюсуф, зеро, ки қироат рукни зиёд аст, яъне бидуни он ҳам намоз саҳеҳ аст; монанди намози уммӣ (бесавод), муқтадӣ ё гунг. Аммо чун ин намоз вурудаш саҳеҳ будааст, ба ҳамин хотир қазоаш ҳам лозим аст.

Масъалаи нуздаҳум

Дохил шаванда ба намози ҷамоъат пеш аз онки имом ба ракъати сеюм ва чаҳорум ворид шавад, намозгузор аз намоз хориҷ шуд, танҳо ду ракъат қазо мекунад, вале агар пас аз вуруди имом ба ракъати сеюм ва чаҳорум аз намоз хориҷ шавад, бояд чаҳор ракъат қазо кунад.

Масъалаи бистум

Агар нафлхон ба касе, ки намози зуҳрро мехонад иқтидо кунад, баъд аз он сухан бигӯяд, аз аввали намоз ворид шуда бошад ё охири намоз чаҳор ракъатро бояд қазо кунад, аммо иқтидо ба нияти нафли зуҳр ба касе, ки он шахс фарзи зуҳрро мехонад, сипас ба ёдаш ояд, ки худаш ҳам намози фарзи зуҳрро нахондааст ва аз намоз хориҷ шавад барои намози зуҳр, дигар онро қазо намедорад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед