Нақши паёмбарони илоҳӣ дар ҷомеаи дунявӣ ва такомули инсонҳо

0
158

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Нақши паёмбарони илоҳӣ дар ҷомеаи дунявӣ ва такомули инсонҳо
Қисмати аввал

Муқаддима
Башар ба сабаби маҳдудият ва хатои ақл, наметавонад камоли ниҳоии худ ва роҳу равшҳои онро ҳосил кунад. Агар Худованди Мутаол огоҳӣ аз ҳадафи хилқат ва роҳи расидан ба камолро дар ихтиёри инсон қарор намедод, офариниш ҳам лағву беҳуда мешуд. Худованд, паёмбаронро фиристодааст, то роҳи рушду камолро ба инсонҳо нишон бидиҳад ва дар ҳақиқат Худованд, паёмбаронро барои камоли инсон мабъус кардааст.

Аз назари дини Ислом, рафтор, гуфтор ва пиндори инсонҳо дорои арзишҳои динӣ ҳастанд ва қасди дин ҳам хушнудии инсонҳо дар дунё ва охират аст. Ҳамин нигариш сабаб шудааст, тамоми рафторҳои инсонӣ дар қолаби хубу бад, дурусту нодуруст, гуноҳу савоб ва ҳалолу ҳаром табақабандӣ шаванд, аммо бетардид ақли башар ҳам дар бархе аз маворид (ва на дар тамоми марҳилаҳои зиндагӣ) метавонад роҳи дурустро интихоб кунад. Паёмбарони илоҳӣ ва раҳбарони осмонӣ вазифаҳои илоҳии худро ба мавриди иҷро гузошта ва зимни даъвати инсонҳо ба дини илоҳӣ, бо намунаҳои шоистаи ахлоқӣ, усулӣ, осебнопазир, сабурона ва фидокоронаи худ ҳар фарде аз ҷомеаро таҳти таъсир ва ҳидоят қарор медиҳанд. Роҳу равиши паёмбарон як нусхаи ҷомеъ ва комил барои растагории мӯъминон дар дунё ва охират аст. Паёмбарон, ки ба хосту иродаи Худованди Мутаол ба сӯи мардум фиристода шудаанд, ҳамаи талошҳои худро дар ҷиҳати пешрафти ҷомеа сарф карда ва беҳтарин намунаҳои инсонҳои комил ҳастанд, ки инсонҳо бо баҳрагирӣ аз роҳи ҳидоягаронаи онҳо хайри дунёву охиратро ҳосил хоҳанд намуд. Қуръони Карим дар сураи Анбиё фармудааст:

وَجَعَلْنَاهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنَا وَأَوْحَيْنَا إِلَيْهِمْ فِعْلَ الْخَيْرَاتِ وَإِقَامَ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءَ الزَّكَاةِ وَكَانُوا لَنَا عَابِدِينَ

Ва онҳоро пешвоёне қарор додем, ки ба фармони мо ҳидоят мекарданд; ва ба онҳо анҷом додани некиҳо ва барпо доштани намоз ва пардохтани закотро ваҳй кардем; ва фақат ибодаткунандаи мо буданд.(Сураи Анбиё, ояти 73)

Башар дар тамоми давраҳо барои наҷот аз гумроҳӣ ва рафтан ба сӯи хайру растагорӣ ниёзи ҷиддӣ ба вуҷуд касоне доштааст, ки оятҳои Худовандро барои онҳо тазаккур бидиҳанд. Ин паёмбарон ва анбиёи илоҳӣ ҳастанд, ки ҳамеша ҳамчун як нури дурахшон ва чароғи равшане дар давронҳои торики таърихи башарият будаанд.

Бар асоси омӯзаҳои дини Ислом, ҷомеаи солим он ҷомеае нест, ки дар он, фақат афроди солим бошанд. Балки ҷомеае аст, ки ҳамаи ниҳодҳои он солим бошад; агар ҳадафи ниҳоии ҷомеа дастёбӣ ба фалсафа ва ҳадафи хилқат набошад ва агар арзишҳои илоҳӣ бар тамоми бахшҳо ва ниҳодҳои ҷомеа ҳоким набошад, он ҷомеа, динӣ нахоҳад шуд. Агар қонунҳои мавҷуд дар ҷомеа динӣ набошад ва ё равобити иҷтимоӣ дар доираи дин набошад ва ё сиёсати дохилӣ ва хориҷии он бар асоси мабноҳои динӣ набошад ва арзишҳои илоҳӣ дар ниҳоли ҷомеа реша надавонда бошад, он ҷомеа динӣ нахоҳад шуд. Дар як ҷомеаи тоғутӣ ҳам диндорон метавонанд ҳузур дошта бошанд, аммо чеҳраи он ҷомеа, динӣ нахоҳад буд. Ин ҳама усули иҷтимоӣ, ки дар дини Ислом вуҷуд дорад, (намоз, закот, ҳаҷ, рӯза, амри маъруф ва наҳй аз мункар, ҷиҳод ва ғ.) нишондиҳанди он аст, ки ҷомеаи динӣ ҷомеаеро шомил мешавад, ки ниҳодҳои он ҳам динӣ бошанд ва дар домани дин рушд пайдо кунанд.

Худованди Мутаол ҳам бо фиристодани паёмбарони илоҳӣ дар тӯли таърих ирода кардааст, ки башар ҷомеаро бар асоси арзишҳои исломӣ ва динӣ ҳидоят кунад ва паёмбарон ҳам василаи муҳим ва арзишманде барои ҳаёти ҷомеа ва рушду такомули инсонҳо ҳастанд.

Ҳадафи муҳими паёмбарон
Қуръони Карим дар сураҳои мухталиф ҳафт ҳадафи муҳими паёмбаронро баён кардааст, ки онҳо зикр мешавад ва сипас ҳадафи ниҳоӣ ва асосии паёмбарон шарҳу тавзеҳ дода хоҳад шуд. Албатта маълум аст, ки тамомии ҳадафҳои зикршуда дар Қуръони Карим ва ривоятҳо, дар ҷиҳати пешрафти ҷомеа ва камоли инсонҳо мебошад.

Ҳафт ҳадафи муҳими паёмбарон дар Қуръони Карим:

  1. Даъват ба тавҳиду яктопарастӣ. Сураи Наҳл, ояти 26.
  2. Даъват ба маод ва ҳаёти абадӣ. Сураи Аъроф, ояти 59.
  3. Таълими башарият ва илму огоҳӣ бахшидан ба мардум. Сураи Бақара, ояти 129.
  4. Таълим ва фарогири ҳикмат, ки рушди инсонро дар пай дорад. сураи Оли Имрон, ояти 164.
  5. Даъват ба тақво ва дурӣ аз худхоҳиҳо, палидиҳо ва шаҳватҳои нафсонӣ, ки монеи расидани инсон ба камол мешавад. Сураи Шуаро, ояти 106.
  6. Озодсозии инсонҳо аз занҷирҳои душманони дарунӣ ва берунӣ ва мубориза бо арзишҳои дурӯғин. Сураи Аъроф, ояти 157.
  7. Мубориза бо фасодҳои мавҷуд дар ҷомеа ва иҷрои адолати иҷтимоӣ. Сураи Ҳадид, ояти 25.

Аммо оё паёмбарон чанд ҳадаф доштаанд, ё як ҳадафи онҳо асосӣ буда ва дигар ҳадафҳо фаръӣ мебошанд? Чӣ робита байни аҳдофи паёмбарон вуҷуд дорад? Ва асосан ҳадафи муҳими паёмбарони илоҳӣ чӣ андоза дар камоли ҷомеа таъсир дорад? Дар ҷавоб ба ин суолҳо чанд фарзияро метавон тасаввур кард, ки фарзияҳо баён мешавад ва сипас фарзияи дуруст шарҳ дода мешавад:

  1. Паёмбарон ҳадафҳои гуногун доштаанд ва ҳар ҳадафе як арса ва масъалаи хосро дар назар доштааст. Бархе ҳадафҳо саодати дунявии инсонҳо ва бархе ҳам сабаби саодати ухровии онҳо будааст.
  2. Паёмбарон танҳо як ҳадаф доштаанд ва он адолати иҷтимоӣ будааст. Онҳо дар талош будаанд то ҷомеаи одилона ташкил бидиҳанд ва барои ҳосил намудани адолат дар ҷомеа ҳам ночор буданд, мардумро ба тавҳиду яктопарастӣ, тақво ва ғ. даъват кунанд. Ба баёни дигар, паёмбарон танҳо барои обод сохтани ҳаёти дунявии инсонҳо омадаанд ва агар аз охират ҳам сухан ба миён овардаанд, ба хотири беҳбуди ҳаёти дунявии инсонҳо будааст, зеро агар инсонҳо ба Худованд ва маод, имон дошта бошанд ва илму ҳикмат пеша кунанд, зиндагии саодатмандона дар дунё хоҳанд дошт.
  3. Ҳадафи ҳақиқӣ, ҳамон тавҳид ва камоли инсон аст. Шинохти Худованд ва наздик шудан ба даргоҳи Худованди Мутаол, ҳадафи ниҳоии ҳамаи паёмбарон будааст. Бар асоси ин назария ҳадафҳои дигар дар ҳукми муқаддима барои ин ҳадафи арзишманд будаанд. Паёмбарон аз он ҷиҳат адолати иҷтимоиро матраҳ карданд, то заминаҳои рушд ва камоли инсонҳо фароҳам шавад.

Дар миёни се назарияи зикршуда, назарияи ахир саҳеҳ аст, зеро ҳадаф аз хилқати инсонҳо бандагӣ ва парастиши Худованди Мутаол аст ва паёмбарон омада буданд, то мардумро ба ҳадафи ниҳоии хилқаташон бирасонанд. Худованди Мутаол дар сураи Зориёт ҳадафи ниҳоии хилқати бандагонро ингуна баён фармудааст:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

Ва ҷин ва инсро ҷуз барои ибодат[-и Худам] наофаридам.” (Сураи Зориёт, ояти 56)

Паёмбарон аз он ҷиҳат мардумро ба парастиши Худо ва наздик шудан ба даргоҳи Ӯ даъват мекарданд, то онҳоро ба сӯи ҳадафи офариниш ҳидоят кунанд. Паёмбарон фиристода шуданд, то инсонҳоро бо ҳадафи ниҳоии ҳаёт, ошно созанд ва бо эҷоди заминаҳои муносиби иҷтимоӣ, ки бо адолати иҷтимоӣ таҳаққуқ пазир аст ва ироаи барномаҳои такомулӣ, ки бар асоси китоб ва ҳикмат аст, башариятро ба мақсад ва ҳадафашон бирасонанд. Дар ҳақиқат ҳадафи хилқат, чизе ғайр аз парастиши Худованд ва камоли инсонҳо нест, пас ҳадафи анбиё ҳам яқинан ҳамон даъват ба тавҳиду яктопарастӣ ва камоли инсон будааст.

Агар паёмбарон, фақат ба тавҳид даъват мекараднд, дар масъалаи тавҳидисозии мардум таъсири комил расонда наметавонистанд, чароки андешаҳои тавҳидӣ дар сарзамине рушд мекунад, ки дар он адл ва баробари ҳукмфармо бошад, на зулму ситам. Ба ҳамин иллат аст, ки вақте ҳазрати Шуаъйб(а) мардумро ба тавҳид даъват мекард, аз масъалаи фасоди иҷтимоии замони худ ҳам ёд мекунад ва бо он фасодҳо (камфурӯшӣ, напардохтани ҳуқуқи мардум, сураи Шуаро,) мубориза мекард.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед