Нақши имон ба Маод

0
450

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Нақши имон ба маод

Имон ба маод дар тамоми мароҳили зиндагии инсон бисёр таръсироти фаровон аз худ боқӣ мегузорад ва чӣ басо эътиқодоту боварҳои инсонро мустаҳкамтар мекунад ва инсон метавонад дар сояи имон ба маод ба ҷойгоҳи баланд ва саодати илоҳӣ даст ёбад.
Имон ба маод, пуштвонаи тамоми камолот
Аксари камолҳо ва фазоили ахлоқӣ ҳамроҳ бо як навъ маҳрумият, зиндагии содда, таҳаммули фишор ва ногувориҳо барои инсон мебошад, ки бо он ин вазнаҳоро битавон ҳаракат дод ва он ҳама ногувориро таҳаммул кард, ҳамон имон ба қиёмат ва ҷуброни он рӯз аст ва таноҳо имон ба Худо рӯзи қиёмат тамоми сахтиҳоро мутаҳамил месозад.

Умед ба подошҳои илоҳӣ ба инсон дар охират ин ангезаро медиҳад, ки агар инсон чанд рӯзе дар дунё фишору нороҳатӣ ҳам бубинад қобили таҳаммул аст, зеро фардои қиёмат, ки рӯзи ниёз аст аҷру подоши тамоми заҳамотро чандину чанд баробар мегирад.
Ба ростӣ бо чӣ омиле размандагон ҷони худ ва сарватмандон пулу сарвати худро нисор мекунанд, ё кадом неру метавонад инсонро ба тарки ҳавасҳо ва шаҳватҳо дилгарм кунад?
Агар ишқи мулоқоти Худо ва ёрони ростини ӯ ва сухан бо ёди ӯ набошад бо чӣ ангезаҳо ин ҳама роҳҳои пурпечу хам паймуда шавад?
Агар аҷру подоше дар байн набошад чаро инсон зери бори таклиф биравад?
Агар интиқоме набошад кадом неру инсонро аз таҷовуз боз дорад?
Агар имрӯз мӯъминон ин ҳама захми забон ва тӯҳмати кофиронро таҳаммул мекунанд ба хотири ваъда ва башоратҳое аст, ки дар Қуръони Карим омадааст:

فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُوا مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ
Пас, имрӯз, касоне, ки имон овардаанд ба кофирон механданд.(сураи Мутаффифин, ояти 34).

Агар зани Фиръавн (Осия) ба ҳеҷ қимате ҷазби қудрат, мол, унвон, коху тиллоҳои Фиръавн намешавад барои ин аст, ки чашм ба ҷои дигар дӯхтааст, ӯ мегӯяд:

رَبِّ ابْنِ لِي عِنْدَكَ بَيْتًا فِي الْجَنَّةِ
Парвардигоро! Хонае барои ман назди Худ дар биҳишт бино кун. (сураи Таҳрим, ояти 11).

Яъне инки маро аз кохи Фиръавн наҷот деҳ ва барои ман дар биҳишт хонае дар даргоҳи раҳмати худат бино кун.

Бале, агар дил ҳавои биҳишт кард кохи Фиръавн ҳам барояш зиндон мешавад. Дар ин бора ҳазрати Алӣ(к) мефармояд:

أخسَرُ النّاس مَن رَضَى الدّنيا عِوَضاً عن الآخرة
Зиёнкортарини мардум касе аст, ки (ба ҷои охират) ба дунё розӣ ва дилгарм бошад.(Ғурар-ул-ҳикам, ҷ 1, ҳадиси 2473).

Нақши имон ба маод дар тақво, амонат, амният ва дар бисёре аз масоили калон ва кӯчак бар касе пӯшида нест ва мо танҳо ба чанд намунаи қуръонӣ ва ҳадисии он ишора кардем.
Имон ҳамроҳ бо ёди маод
Танҳо имон ба маод кофӣ нест, балки бояд дар ёди маод ҳам буд, ҳамонгуна, ки танҳо имон ба Худованд бидуни ёди Ӯ фоида надорад.

Тасаввури баъзеҳое, ки гумон мекунанд ёди марг ва маод инсонро нисбат ба дунё ва рушди моддӣ бетафовут мекунад, бар хилофи онҳо бовари мо он аст, ки ёди қиёмат ва ҳисобрасӣ инсонро аз зиштиҳо, саргардонӣ ва инҳироф дур карда ва ӯро инсони ҳушманд ва боҳадаф мекунад ва ҳаргиз кореро беҳисоб анҷом намедиҳад.
Қуръони Карим ҳушёрӣ ва таваҷҷӯҳро танҳо махсуси соҳибони ақл дониста ва фармудааст:

إِنَّمَا يَتَذَكَّرُ أُولُو الْأَلْبَابِ
Танҳо соҳибони хирад панд мегиранд.(сураи Зумар, ояти 9).

 Имони забонӣ ба маод кофӣ набуда, балки ба амал ва рафтори худ ба ёди он рӯз бошем ҳамонгуна, ки имон ва бовар доштан ба гул лаззатофарин нест, балки бояд ҳар чанд лаҳза якбор бӯи онро истишмом кунем.
Аз ҳамин хотир аст, ки Қуръон гоҳе аз касоне, ки имон ба маод надоранд ва нисбат ба он ғафлат варзида ва фаромӯшкор ҳастанд ба шиддат интиқод мекунад:

يَعْلَمُونَ ظَاهِرًا مِنَ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَهُمْ عَنِ الْآخِرَةِ هُمْ غَافِلُونَ
[Онҳо] Зоҳире аз зиндагии дунёро медонанд; ва онон худ аз охират ғофиланд.(сураи Рум, ояти 7).

Шояд далели инки он ҳама барои рафтан ба қабристон ва зиёрати аҳли қубур супориш шудааст ин бошад, ки ғофил набошем ва дар ёди марг бошем ҳамонтавр, ки дар ҳар шабонарӯз воҷиб аст дар намоз чанд бор ҷумлаи “مَالِكِ يَوْمِ الدِّينِ”-ро ба забон биоварем, то ҳамвора ва пайваста ба ёди қиёмат бошем.
Умедворем Худованд имони моро нисбат ба маод маҳкамтар, шинохти моро аз дин бештар ва қадами моро дар бандагиаш устувортар бигардонад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед