Мусъаб ибни Умайр 01

0
502

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)

Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид

Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Мусъаб ибни  Умайр (рз)

(Қисмати аввал)

Ӯ яке аз ёрони Муҳаммад (с) аст чи хубаст ки ибтидо бо зиндаги ӯ ошно шавем.

Мусъаб (рз) саромади ҷавонони Қурайш зеботарин ва хушрӯтарин ва дар айни ҳол ҷавонтарини онҳо буд. Таърихнависон ва нависандагон дар васфи ҷавонии ӯ зиёд гуфтаанд. Хӯшбӯтарин фарди Макка буд. Ӯ дар миёни нозу неъмат чашм ба ҷаҳон гушуд ва парвариш ёфт. Шояд дар миёни ҷавонони Макка касе ҳамчун ӯ аз меҳр ва навозиши падару модар бархӯрдор нагашта буд.  Оё ҳаргиз тасаввур мешуд ин ҷавони хушандому нозпарварда, мавзӯи сӯҳбати аҳли Макка ва зинати маҷлисҳову маҳфилҳои шаҳр табдил ба улгуе имон ва фидокорӣ шавад? Ба Худо қасам қиссаи зиндагии Мусъаб писари Умайр (рз) ё чунон, ки дар миёни дӯстонаш машҳур буд ба (Мусъабул хайр) Шигифт ангезтарин қисса аст.
Тарбияташонро Муҳаммад (с) ба уҳда гирифт.
Аммо ӯ чи касе буд?
Достони зиндагии ӯ барои тамоми инсонҳо боиси шарофат ва бузургворӣ аст.

Ин ҷавон рӯзе ҳарфҳоеро шунид, ки аҳли Макка ба тозагӣ аз Муҳаммади Амин(с) мешуниданд. Муҳаммаде(с), ки мегуфт: Худованд Ӯро ба унвони башоратдиҳанда ва бимдиҳанда фиристодааст, то мардумро ба сӯи ибодати Худои Ягона фаро хонад. Он ҳангом, ки мардуми Макка шаб ва рӯз кору пеша ва ғаму ғӯссаи ҷуз баҳс ва гуфтугӯе дар бораи паёмари нав ва оини Ӯ надоштанд ин ҷавони нозпарвардаи қурайшӣ пештар аз ҳаркас ба ин гуфтгӯҳо гӯш фаро медод. Зеро ӯ бо доштани сину соли камаш зинатбахши маҷлисҳо ва маҳфилҳо буд ва ҳозирони ҳар маҷлисе бар он буданд, ки Мусъаб (рз) яке аз меҳмонони он маҷлис бошад.зираки ва ҷаззоби симо ва ҳуш ва ақли вофир аз сифоти писари Умайр (рз) буд, ки ҳамеша дарвозаи дилҳо ва дарҳои маҷлисро ба рӯи Ӯ боз нигоҳ медошт.

Мусъаб (рз) шунида буд, ки Паёмбар(с) ҳамроҳ бо касоне, ки ба Ӯ имон овардаанд ба дур аз чашми Қурайш ва азияту озорҳояшон дар хонаи Арқам писари Арқам дар пойини кӯҳи Сафо гирди ҳам меоянд. Ӯ тардиде ба худ роҳ надод ва дар яке аз шабҳо бо шавқ ва алоқа худро ба хонаи Арқам расонд. Паёмбар(с) дар онҷо бо ёронаш дидор мекард ва оёте аз Қуръонро барои онҳо қироат мекард ва ҳамроҳ бо онҳо дар пешгоҳи Худованди Мутаол ба ниёиш ва намоз меистод.

Мусъаб (рз) ҳануз ҷойгоҳи худро боз наёфта буд. Ӯ оёте Қуръонро, ки аз қалби Паёмбар (с) ба сӯи лабҳояш лағзида ва дар миёни лабонаш медурахшид ва сипас гӯшҳо ва дилҳоро дар пеш мегирифт, ба гӯши ҷон шунид, то ҷое, ки қалбаш дигаргун шуд ва дар сафи дилҳое қарор гирифт, ки ба Паёмбар(с) ваъда дода шуда буд.

Ӯ аз шиддати шуру шавқ болои пойҳои худ истода наметавонист, аз шодии зиёд мехост парвоз кунад Паёмбар (с) дасти навозишгари худро дароз кард ва рӯи синаи пурҳаяҷон ва дили пуртапиши ӯ гузошт. Оромиши амиқе тамоми вуҷуди ӯро фаро гирифт… Дар чашм барҳам задан имон овард ва мусалмон шуд. Дар ҳамин замони кӯтоҳ беш аз иқтизои умраш ҳикмат андӯхт ва чунон тасмими қавие дар дилу  ҷони ӯ ҷой гирифт, ки ба нерӯи он метавонист бар гардиши замон ғолиб гардад.

Модари Мусъаб (рз), Хуннос духтари Молик буд. Зани бо убуҳат, ки аз назари шахсият аз ҷойгоҳи болое бархӯрдор буд. Мусъаб (рз) аз ӯ шарм дошт ва метарсид.

Мусъаб (рз) вақте ки Ислом  овард, дар рӯи замин ҷӯз аз модараш   аз ҳеҷ кас камтарин тарсу ҳаросе дар дил надошт.

То он ҳангом агар тамоми Макка ва бутҳояш, бо тамоми ашроф ва бузургонаш ва ҳамаи саҳрои васеаш гирди ҳам меомаданд, то Мусъаб (рз)ро аз роҳи худ боз доранд, лаҳзае дар тасмими худ тардид раво намедид ва онҳоро ҳеҷ медонист, вале душмании модар, чизе набуд, ки тоқат ва тавони таҳаммули онро дошта бошад.

Фикре ба зеҳнаш расид, тасмим гирифт, то муваққатан Ислом  овардани худро аз модараш пинҳон кунад, то балки Худо гиреҳ аз кори ӯ кушояд.

Ӯ мураттаб ба хонаи Арқам рафту омад мекард. Дар ҳузури Пёмбари Худо(с) менишаст ва аз ин ки имон оварда ва дар айни ҳол аз туфони хашми модараш, ки ҳануз аз Ислом   овардани ӯ огоҳ набуд, дар амон буд, бисёр хушҳол ва башшош менамуд. Вале Макка дар он замон ҷое набуд, ки розе дар он махфӣ бимонад. Қурайш дунболи касони, ки имон оварданд мегашт.

Як бор Усмон писари Талҳа ӯро дар ҳоле, ки мехост махфиёна вориди хонаи Арқам шавад, дида буд. Як бори дигар низ вақте, ки  мисли Паёмбар (с) намоз мехонд ӯро дид, бо шитоб назди модари Ӯ рафт ва хабареро, ки модар аз шунидани он девона мешуд, ба вай иттилоъ дод. Мусъаб (рз) дар баробари модар ва хешони қабилаи худ ва ашрофи Макка, ки ҳамагӣ гирди ӯро гирифта буданд, истод ва бо камоли имон ва ақида ба ойини ҳақ, ва собитқадам дар дини худ, шурӯъ ба тиловати оёти Қуръони Карим кард, ки Муҳаммад (с) бо он зангҳои дили онҳоеро тоза менамуд ва дилҳои онҳоеро аз ҳикмат ва шараф ва додгарӣ ва порсоӣ лабрез месохт.

Модараш хост бо задани шаппотие сахте ӯро сокит намояд, вале дасте ки, монанди тири партобшуда дароз шуда буд, андаке баъд дар баробари нуре, ки бар рӯшании рухсор ва зебои сурати Мусъаб (рз), шукӯҳи қобили эҳтиром ва оромиш ҳамроҳ бо нуфузи калом низ афзуда буд, суст ва нотавон гашт.

Аммо, оё модараш таҳти фишори меҳри модарӣ аз озору азияти ӯ даст бар медорад?. Ӯ ба осонӣ метавонад интиқоми Худоёне (бутҳо) ро, ки Мусъаб (рз) аз онҳо рӯй гардон шуд, ба тариқи дигар аз ӯ бигирад…

Барои ҳамин ӯро ба яке аз утоқҳое, ки дар гӯшае аз хона воқеъ шуда буд, бурда ва зиндони кард.

Бадингуна Мусъаб (рз) дар зиндон монд, то ин ки гурӯҳе аз Мусалмонон ба сарзамини Ҳабаша муҳоҷират карданд. Мусъаб (рз) ин хабарро, ки шунид, чорае худро дар фирор аз зиндон дид. Барои ҳамин модар ва нигаҳбонони худро ғофилгир карда, ба сарзамини Ҳабаша муҳоҷират кард.

Мудате ҳамроҳи бародарони динии худ дар Ҳабаша буд, то ин, ки ҳамроҳи онҳо ба Макка бозгашт. Баъд аз муддате дубора бо фармони Расули Худо (с) ба сӯи Ҳабаша муҳоҷират карданд.

Мусъаб (рз) хоҳ дар Ҳабаша бошад ва ё дар Макка, таҷрибаи имон оварданаш ӯро дар ҳамаи замонҳо ва маконҳо пирӯз менамояд. Ӯ аз бозсозии зиндагии худ бар асоси роҳу равиш ва услуби ҷадиде, ки Муҳаммад (с) улгӯи матлуби онро дода буд, фароғат ҳосил намуд ва мутмаин шуд, ки дигар зиндаги ва вуҷуди Ӯ лаёқат ва шоистагии онро дорад, ки дар пешгоҳи Офаридгори Якто онро қурбонӣ намояд.

Мусъаб (рз) дар яке аз рӯзҳо ба сӯи ҷамъе аз мусалмонон, ки дар ҳузури Паёмбар(с) нишаста буданд, рафт. Мусалмонон ба маҳзи дидани Ӯ ҳамагӣ сарҳояшонро пойин андохта ва аз шиддати нороҳатӣ пилкҳояшонро баста ашк аз чашмонашон сарозер шуд.

Чаро магар чӣ чизе дида буданд?

Ӯро дар ҳоле диданд, ки либоси васладор ва кӯҳна бар тан дошт. Вазъияти қабл аз Ислом и ӯ дар зеҳнашон зинда шуд. Он ҳангом, ки либосҳояш мисли гулҳо дилрабо ва хӯшранг ва хушбӯ буд.

Дар ин ҳангом Паёмбар(с) нигоҳи ҳакимона ва сипосгузор ва пурмеҳри худро чанд лаҳза бар қомати ӯ дӯхт ва дар ҳоле, ки лабханде бар лаб дошт, фармуд: рузгори Мусъаб (рз)ро дидам, ки дар шаҳри Макка ҳеҷ ҷавоне ба андозаи ӯ хӯшгузарон ва назди падару модараш, нозпарварда набуд, аммо Ӯ ҳамаи инҳоро ба хотири дӯстӣ бо Худо ва паёмбараш раҳо сохт!.

Модараш чун аз баргаштани ӯ аз пайрави аз ойини Муҳаммад ноумед шуд, тамоми молу матоъи зиндагиро, ки дар ихтиёри ӯ гузошта буд, ҳамаро аз ӯ пас гирифт, зеро ӯ ҳаргиз ҳозир набуд касе, ки бутҳоро раҳо карда ва мавриди нафрини Худоён воқеъ шудааст, ғизои ӯро бихӯрад. Ҳатто агар он шахс писари Ӯ бошад.

Охирин боре, ки модараш талош кард ӯро ба бутпарастӣ баргардонад, замоне буд, ки баъд аз бозгашт аз Ҳабаша хост барои бори дувум ӯро зиндонӣ кунад, вале Мусъаб (рз) гуфт: ба Худо қасам агар даст ба ин кор бизанӣ,ҳар касе ки туро ёри даҳад, ӯро хоҳам кушт!

Модар медонист, ки фарзандаш аз рӯҳияи болое бархӯрдор аст ва агар тасмим барои анҷоми коре бигирад, ҳатман онро анҷом медаҳад, барои ҳамин бо чашмони ашкбор ӯро видоъ кард. Мусъаб (рз) низ бо чашмони намнок аз модар ҷудо шуд.

Лаҳзаи видоъ, аз исрори аҷиби модар бар куфр ва низ исрори аҷибтари писар бар имон, парда бардошт. Модар дар ҳоле ки ӯро аз хона берун мекард, гуфт бирав аз имрӯз дигар ман модари ту нестам.

Мусъаб (рз) ба модараш наздик шуд ва гуфт. Модар! ман туро насиҳат мекунам, дилам ба ҳолат месӯзад. Гувоҳи бидеҳ фармонраво ва фарёдрасе ҷуз Худо вуҷуд надорад ва Муҳаммад(с) банда ва фиристодаи ӯст.

Модар бо хашм ва ҳаяҷон ҷавоб дод, қасам ба ситорагон, ки ҳаргиз дини туро намепазирам, чун камақл ва суст имон хоҳам шуд.

Бадин гуна Мусъаб (рз) аз зиндагии саршор аз неъматҳои фаровони зиндагӣ чашм пӯшид ва зиндагии ҳамроҳ бо фақр ва олуда бо ранҷро бар он тарҷеҳ дод. Ҷавоне, ки замоне ҷаззобу хушбӯ буд, ҳамеша бо либосҳои васладор дида мешуд, агар як рӯз аз ғизо сер мегашт, рӯзҳои дигар гурусна мемонд, вале рӯи ӯ, ки бо зевари шараф ва ақида ороста шуда буд ва бо нури Худо равшан гашта буд, аз ӯ инсони дигаре сохта буд, ки ӯ чашмҳоро хира ва дилҳоро шигифтзада мекард.

Дар чунин вазъе Паёмбар (с) ӯро барои анҷоми муҳимтарин коре, ки дар он ҳангом пеш омада буд, интихоб кард ва ӯро ба унвони сафири худ ва мубаллиғи Ислом, равонаи шаҳри  Ясриб намуд, то таълимҳои диниро ба афроди (Ансор), ки дар паймони «Ақаба» имон оварда ва бо он ҳазрат байъат намуда буданд, омӯзиш даҳад ва дигаронро ба дини Ислом  даъват кунад ва Мадинаро барои рӯзе ки он ҳиҷрати бузург рӯй хоҳад дод, омода созад.

Он рӯз дар миёни асҳоби Паёмбар(с) касони буданд, ки аз назари син аз ӯ бузургтар ва аз лиҳози ҷоҳ ва мавқият болотар ва аз назари хешӣ бо Паёмбар(с) бисёр наздиктар буданд. Аммо Паёмбар(с) аз миёни ҳамаи онҳо Мусъабулхайрро баргузид, зеро Паёмбар(с) худ мутаваҷеҳ буд, ки пурмасъулияттарин ва хатиртарин вазоифи рӯзро, ки иборат аст аз нуфуз ва густариши Ислом  дар Мадинаро дар ояндаи наздик шаҳри ҳиҷрат ва пойгоҳи даъват ва даъваткунандагон ва башорат диҳандагон ва муҷоҳидон хоҳад шуд, бар уҳдаи ӯ гузошта аст.

Мусъаб (рз) ин бор амонатро дар вуҷуди худ равшан ва ахлоқи каримонае, ки Худованд ба ӯ арзонӣ карда буд бар дӯш кашид, ӯ ба воситаи зуҳду мақоми боло ва ихлосаш қалбҳои аҳли Мадинаро чунон шефта ва ҷазб намуд, ки гурӯҳ-гурӯҳ ва даста-даста ба дини Худо ворид шуданд.

Рӯзе, ки Мусъаб (рз) бо фармони Расули Худо(с) ба Мадина ворид шуд, танҳо дувоздаҳ нафар дар мадина мусалмон буданд, ки қаблан дар ҳодисаи байъати Ақаба, имон оварда буданд, вале ҳануз аз вуруди ӯ ба Мадина чанд моҳе нагузашта буд, ки аҳли Мадина ба нидои Худо ва Паёмбараш(с) лаббайки иҷобат гуфтанд.

Як сол баъд аз паймони ақаба, мусалмонони Мадина дар мавсими ҳаҷ, ҳайатеро ба намояндагӣ аз тарафи худ барои мулоқот бо Паёмбар(с), ба Макка равон карданд, ки шомили ҳафтод зану марди мусалмон буд, ин ҳайат бо сарпарастии муаллим ва фиристодаи Паёмбар(с) Мусъаб ибни Умайр (рз) вориди Макка шуд.

Мусъаб (рз) бо ҳушёрӣву тезбинӣ ва имтиҳоне, ки пас дода буд, собит кард, ки интихоби Расули Худо(с) дар он шароит беҳтарин интихоб будааст.

Ӯ рисолати худро комилан дарк кард ва аз ҳудуди он таҷовуз нанамуд, Мусъаб (рз) бо хубӣ дарк мекард, ки вазифаи ӯ даъват ба сӯи Худо ва башорат ба дине аст, ки мардумро ба роҳи ҳидоят ва сироти мустақим фаро мехонад. Ӯ медонист, ки вазифааш ҳамонанди Паёмбаре, ки ба ӯ имон оварда аст, чизе ҷуз расондани пайғоми Худо нест.

 

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед