Мусъаб ибни Умайр 02

0
207

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)

Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид

Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Мусъаб ибни  Умайр (рз)

(Қисмати дуввум)

Мусъаб (рз) дар Мадина меҳмони Асъад ибни Зурора буд. Он ду бо ҳам ба дидори қабилаҳо ва хонаводаҳо ва маҷлисҳо рафта ва он миқдор аз Қуръонро ки медонистанд, барои мардум қироат мекарданд. Ва дар ниҳояти оромиш ва бо ҳавсала ба онҳо эълом меқарданд, ки фармонраво ва фарёдрасе ба ҷуз Худо вуҷуд надорад. Мусъаб (рз) зимни даъвати худ ,гоҳе бо пешомадҳое рубарӯ мешуд, ки агар ҳушёриву тезбинӣ ва азамати рӯҳии ӯ набуд, мумкин буд ҳам барои ӯ ва ҳам барои касоне, ки даъваташро пазируфта буданд, сахт тамом мешуд.

Аз он ҷумла рӯзе дар ҳангоми мавъиза барои мардум ногаҳон Усайид ибни Хазир бузурги қабилаи бани Абдулашҳал дар ҳоле, ки силоҳе дар даст дошт, бо хашм ва асабоният ба сӯи шахсе ки қавми ӯро гумроҳ сохта ва аз онҳо мехоҳад, ки даст аз парастидани Худоёни худ бардоранд ва аз Худои ягонае сухан мегӯяд, ки пеш аз ин на бо ӯ камтарин ошноӣ доштанд ва на то ин лаҳза заррае аз Ӯ улфат омад.

Худоёни онҳо ҳамеша сари ҷои худ хобидаанд, ҳар кас эҳтиёҷе бо онҳо дошта бошад ҷояшонро медонад, рӯ ба онҳо оварда Худоён ҳам дуъои эшонро иҷобат намуда ва гирифторӣ ва мушкилоти онҳоро ҳал мекунад.

Аммо Худои Муҳаммад(с) ки ин сафир, ононро ба сӯяш фаро мехонад, на касе ҷойгоҳашро медонад ва на касе метавонад ӯро бубинад!

Мусалмононе, ки дар атрофи Мусъаб (рз) буданд, бо дидани Усайид, ки хашмгин ва ғазабнок ба сӯи эшон меомад, дучори тарсу ҳарос шуданд ва рӯҳияи худро аз даст доданд, вале Мусъаб (рз) аслан наҷунбид, балки ором дар ҷои худ монд.

Усайид дар баробари Мусъаб (рз) истод ва бо асабоният хитоб ба ӯ ва Асъад писари Зурора гуфт:

Чаро ба миёни қабилаи мо омадаед? Мехоҳед афроде заифи моро ба нобахирадӣ ва нодонӣ бикашонед? Агар мехоҳед зинда бимонед, моро раҳо кунед.

Мусъаб (рз) бо оромиш ва бузургӣ хитоб ба Усайид кард ва гуфт, наменишинӣ то бишнавӣ? Агар суханони моро писандидӣ қабул мекуни ва агар нохушоянд буд ва написандидӣ, мо суханонеро, ки ту хуш надорӣ ва намеписандӣ намегӯем.

Усайид марди хирадманд ва оқиле буд, дид Мусъаб (рз) виҷдони ӯро ҳакам қарор медаҳад ва ӯро фақат ба шунидан даъват мекунад, агар қонеъ шуд аз мухолифат даст бикашад ва агар қонеъ нашуд Мусъаб (рз) бе ин ки осеб ва зиёне бирасонад ва ё осеб ва зиёне бибинад, қабила ва ашираи онҳоро тарк гуфта ба суроғи қабила ва ашираи дигар меравад.

Усайид гуфт: Сухани мунсифонае гуфтӣ. Сипас шамшерашро ба замин кубид ва худ бар замин нишаст, то ба суханони Мусъаб (рз) гӯш диҳад.

Мусъаб (рз) машғули хондани Қуръон  ва ташриҳи усули даъвати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с) буд, ки сурат ва симои Усайид кам-кам нуронӣ ва дурахшон гардид ва хатҳои чеҳрааш боз шуд. Бо ҳар ҷумлае ки аз забони Мусъаб (рз) берун меомад, Усайид дигаргун мешуд ва ҳалқаи аз нӯр рӯяшро мепӯшонд.

Ҳануз суханони Мусъаб (рз) ба поён нарасида буд, ки Усайид хитоб ба ӯ ва мардуми атрофаш кард ва гуфт:” Ваҳ! Ин суханон чӣ қадар зебо ва дилангез ва бар пояи сидқу сафо устуворанд; касе, ки мехоҳад вориди ин дин бишавад, бояд чӣ кор кунад?”

Мусалмонон дар ҷавобаш чунон (ло илоҳа илла аллоҳ) сар доданд, ки заминро ба ларза даровард. Сипас Мусъаб (рз) ба ӯ гуфт: “Либос ва бадани худро шуста ва пок мекунад ва шаҳодат медаҳад, ки фармонраво ва фармонрасе ҷуз Аллоҳ вуҷуд надорад.”

Усайид барои мудати каме онҳоро танҳо мегузорад ва андаке баъд дар ҳоле ки қатраҳои об аз мӯи сараш мечакид, бозгашт ва бо садои баланд гуфт: Ашҳаду алло илоҳа илла аллоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммадар Расулуллоҳ.

Ин хабар бо суръат дар Мадина пахш шуд… баъд аз он Саъд ибни Маоз омад ва ба суханони Мусъаб (рз) гӯш фаро дод ва чун онро писандид, Ислом  овард ва пас аз ӯ ҳам Ибни Саъд ибни Ибода буд, ки имон овард.

Мусалмон шудани эшон сабаби хайр ва баракат шуд. Мардуми Мадина бо якдигар мегӯфтанд: Вақти Усайид ибни Хазир, Саъд ибни Маъоз ва Саъд ибни Ибода имон оварданд, чаро мо ҳам имон наёварем, то боз намонем? Зуд биёед пеши Мусъаб (рз) рафта ва имон биёварем, магар на ин ки мардум мегӯянд ҳақ аз миёни лабонаш ҷорӣ мешавад?

Ба ин тартиб нахустин сафири Расули Худо(с) муваффаққияти беназире касб кард, мувафақияте, ки дар ҳақиқат шоиста ва сазоворӣ он буд.

Рӯзҳо ва солиёне аз паси ҳам гузаштанд Паёмбар ва ёронаш ба Мадина муҳоҷират карданд. Дилҳои қурайшиён доиман аз кина пур мешуд ва нерӯи худро ҷамъ мекарданд, то бандагони солеҳи Худовандро фирорӣ ва таъқиб кунанд. Ҷанги Бадр барпо шуд, қабилаи Қурайш дар ин ҷанг чунон танбеҳ шуданд, ки орому қарор аз даст дода ба фикри интиқом афтоданд. Ҷанги Уҳуд пеш омад. Мусалмонон худро барои набард ва корзор омода ва муҳаё карданд. Паёмбар(с) дар миёни сафҳои мусалмонон истод ва чеҳраи якояки мусалмононро аз назар гузаронд, то аз миёни онҳо парчамдор интихоб кунад. Нигоҳи Паёмбар(с) бар чеҳраи Мусъаб (рз) афтод. Мусъаб (рз)ро садо заданд, пеш омад ва парчамро гирифт.

Оташи ин ҷанги ваҳшатнок забона кашид ва куштор шурӯъ шуд. Лашкари тирандозҳои сипоҳи Ислом,  ки бо дастури Паёмбар(с) дар шикофи кӯҳ мавзеъ гирифта буданд, бо дидани мушрикин, ки дар ҳоли фирор аз майдони ҷанг буданд, мавзеъи худро дар болои кӯҳ тарк карданд. Аммо ҳамин кори онҳо ба суръати аҷибе пирӯзии мусалмононро бо шикаст мубаддал кард.

Мусалмонон ногаҳон мутаваҷеҳи ҷангҷӯёни Қурайш шуданд, ки аз болои кӯҳ сарозер шуда ва ба сӯи онҳо мешитофтанд, то шамшерҳои тез ва ташнаи худро аз хуни мусалмонон сероб созанд. Лашкари куфр бо дидани сафҳои дарҳамрехтаи мусалмонон ва тарсу ваҳшати онҳо, ба онон ҳуҷум бурда ва дар қасди  он мешавад, ки Расули Худоро ба чанг оваранд.

Мусъаб (рз) хатари воқеиро эҳсос намуд ва парчамро баланд кард ва садои худро чун наъраи шер ба такбир гуфтан баланд намуд. Ӯ мураттаб дар ҳоли ҷавлон додан буд ва бар душман метохт ва тамоми саъй ва ҳадафаш аз ин кор ҷалб  сохтани душман ба тарафи худ  ва мунҳариф карданашон аз Паёмбар(с) буд. Ӯ ба танҳои кори лашкареро анҷом медод ва чунон меҷангид, ки гӯё лашкари бузурге дар ихтиёр дорад.

Бо як даст парчамро дар ихтиёр гирифта буд ва бо дасти дигар заработи шамшерро бар пайкари мушрикон ворид месохт, аммо теъдоди зиёде аз душманон ба ӯ ҳуҷум бурда ва қасд доштанд, ки бо гузар аз рӯи ҷанозаи ӯ худро ба Паёмбари Худо(с) бирасонанд.

Дар инҷо шоҳидеро, ки шахсан нозири фидокории бузурги Мусъаб (рз) дар охирин лаҳазоти зиндагӣ будааст, фаро мехонем, то лаҳазоти поёни умри Мусъаб (рз)ро барои мо баён кунад. Муҳаммад ибни Саъд аз Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Шарҷили Абдари соҳиби китоби Аттабақоту Алкубро аз падараш ривоят кардааст:

Мусъаб ибни Умайр (рз) дар рӯзи ҷанги Уҳуд парчамдор буд, вақте ки мусалмонон фирор карданд, Ӯ ҳамчунон муқовимат мекард. Ибни Қамиъа яке аз ҷанговарони сипоҳи душман ба Мусъаб (рз) ҳамлавар шуда, зарбате бар дасти рости ӯ ворид кард ва онро қатъ намуд, Мусъаб (рз) дар ҳамон  ҳол ин оятро мехонд:

“وَمَا مُحَمَّدٌ إِلَّا رَسُولٌ قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلِهِ الرُّسُل”

«Ва Муҳаммад ба ҷуз фиристодае нест, ба ростӣ, ки пеш аз ӯ паёмбароне гузаштаанд.» (Сураи Оли Имрон, ояти 144)

Мусъаб (рз) парчамро бо дасти чап дар оғӯш гирифт, Ибни Қамиъа зарбаи дигар ба дасти чапи Мусъаб (рз) ворид сохт ва онро низ қатъ кард, дар ин ҳол Мусъаб (рз) бо бозувони бурида шудааш парчамро ба синааш мефишурд ва мегуфт:

«Ва Муҳаммад ба ҷуз фиристодае нест, ба ростӣ, ки пеш аз ӯ паёмбароне гузаштаанд.» (Сураи Оли Имрон, ояти 144)

 

Ибни Қамиъа барои севумин бор бо найза ба ӯ ҳамла кард,  Мусъаб (рз) бар замин афтод ва парчам низ ба каноре афтод.

Оре Мусъаб (рз) бар замин афтод ва парчам низ раҳо шуд.

Ситораи дурахшони осмони шаҳидон зоҳир шуд.

Пас аз рашодат ва фидокори дар ҷанги имон, бар замин афтод.

Ӯ гумон мекард бо афтиданаш бар замин, роҳи душман ба сӯи Паёмбар(с) боз хоҳад монд ва мудофее боқи нахоҳад буд.

Аммо ӯ аз шиддати муҳаббати Паёмбар(с) ва тарс аз кушта шудани Ӯ, ҷони худро тақдим дошт, Мусъаб (рз) барои тасалло ва дилдории худ дар баробари ҳар зарбате, ки бар баданаш ворид мешуд ва яке аз дастҳояшро қатъ мекард, ин оятро қироат мекард:

Ва Муҳаммад ба ҷуз фиристодае нест, ба ростӣ, ки пеш аз ӯ паёмбароне гузаштаанд. (Сураи Оли Имрон, ояи 144)

Пас аз поён ёфтани ин ҷанги сахт ва тарснок, пайкари беҷони ин шаҳидро дар ҳоле пайдо карданд, ки сураташ дар хоки хунолуди худаш фурӯ рафта буд.

Гӯё сураташро аз тарси ин ки мабодо Паёмбарро дар ҳоле ки зараре ба ӯ расида, бубинад, дар зери ниқобе аз хоку хун кашида буд.

Ё гӯё шармсор буд аз ин ки қабл аз итминон аз наҷоти Паёмбар(с) ва қабл аз ин ки дифои лозимро аз ӯ дошта бошад, худ ба шаҳодат расидааст.

Раҳмати Худо бар ту бод эй Мусъаб (рз), эй касе ки ёди атри зиндагист.

Паёмбар(с) ва ёронаш майдони набардро ҷустҷӯ карданд ва бо якояки шаҳидон видоъ мегуфтанд. Ба канори ҷасади Мусъаб (рз), ки расиданд сели аз ашк бар чашмонашон сарозер гашт.

Хубоб ибни Аларт мегӯяд: Ҳамроҳ бо Паёмбар(с) ва дар роҳи Худо ҳиҷрат кардем, ҳадафи мо танҳо ҷалби ризоят ва хушнудии Худо буд ва подоши мо низ назди Худо аст. Иддае аз миёни мо аз дунё рафтанд ва аз мева ва аҷри худ дар дунё насибе набурданд, яке аз онҳо Мусъаб ибни Умайр (рз) буд. Дар рӯзи Уҳуд шаҳид шуд, чизе надошт, то аз он ба унвони кафанаш истифода кунем, ҷуз як абои пашмин… Агар аборо рӯи сараш мекашидем поҳояш берун мемонд ва агар поҳояшро мепушондем, сараш берун мемонд. Саранҷом Паёмбар(с) фармуд: Аборо бар рӯи сараш бикашед ва поҳояшро гиёҳи азхар(гиёҳи хушбӯ ва махсус) бигустаронед.

Бо вуҷуди дарду андӯҳе  амиқе, ки шаҳодати ҳазрати Ҳамза амуи Паёмбар(с) ва шикофта шудани ҷасадаш аз тарафи куффор бар Паёмбар(с) ворид кардан, ва боиси сарозер шудани ашк аз чашмонаш шуд ва дилашро ба дард овард.

Бо пур шудани майдони ҷанг аз пайкарҳои пора-пора шудаи Асҳоб ва ёрони Паёмбар(с), ки ҳар кадом аз онҳо улгуи сидқу поки ва нур буданд, Паёмбар(с) бар сари пайкари нахустин сафираш истод, ашк рехт ва бо ӯ видоъ кард…

Оре Паёмбар(с) дар канори пайкари Мусъаб ибни Умайр (рз) таваққуф кард, ва дар ҳоле, ки чашмони ашколудаш пайкари Мусъаб (рз)ро ғарқ дар утуфату вафо ва нур месохт, фармуд:

“مِنَ الْمُؤْمِنِينَ رِجَالٌ صَدَقُوا مَا عَاهَدُوا اللَّهَ عَلَيْهِ”

«Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба он чи бо Худо бар он паймон бастаанд, содиқона монданд.» (Сураи Аҳзоб, ояти23)

Сипас бо андуҳ нигоҳ ба кафани ӯ, ки иборат буд аз або, андохт ва фармуд:” Туро дар Макка дидам дар ҳоле ки либоси касе зеботар аз либоси ту набуд, касе либосаш беҳтар аз либоси ту набуд,… ва акнун ҳам сари оғушта ба хоку хунат дар абои пашминӣ пӯшида шудааст.”!

Паёмбар(с) дар ҳоле ки нигоҳҳои пурмеҳри худро дар саҳнаи васеъи набард, бар аҷсоди тамоми ёрони Мусъаб (рз) густаронида буд, бо садои баланд фармуданд:

Паёмбари Худо(с) дар рузи қиёмат шаҳодат медаҳад, ки шумо шуҳадои роҳи Худованд ҳастед. Сипас ба ёрони зиндааш, ки атрофи Ӯро фаро гирифта буданд, нигоҳе кард, ва фармуд:

Мардум! эшонро зиёрат кунед, ба дидани якояки шаҳидон биёед, ба онҳо салом кунед, қасам ба Худое, ки ихтиёри ҷонам дар дасти ӯст, то рӯзи қиёмат ҳар мусалмоне ба онҳо салом диҳад, посухи саломашро хоҳанд дод.”

Салом бар ту эй Мусъаб (рз)….

Салом бар шумо эй Шаҳидон…

Салому дуруд ва раҳмату баракоти Худованд бар ҳамагии Шумо бод.

 

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед