Муоз ибни Ҷабал(рз)

0
38

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Огоҳтарини онҳо нисбат ба ҳалолу ҳаром

Муқаддима

Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбиятёфтагони мактаби Қуръони Карим ва суннати Расули Акрам (с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин сурати мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом, аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбари Акрам(с) ва баъд аз замони эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.

Барои ҳамин лозим аст, то ҳар мусулмон онҳоро бишиносад ва қадрдони онҳо бошад ва  онҳоро барои худ улгӯ қарор бидиҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи дини мубини Ислом истифода барад.

Мушахассоти фардӣ:

Номи комил: Муоз  ибни Ҷабал ибни Амр ибни Авс ибни Оиз

Куния: Абу Абдураҳмон

Маҳали зиндагӣ: Макка, Мадина, Яман ва Шом

Замони Ислом овардан: Қабл аз байати Ақабаи дуввум

Муҳоҷир/Ансор: Ансор

Қабила: Хазраҷ

Замони Паёмбар(с)Вақте ки Паёмбари Ислом(с) дар байати Ақабаи дуввум аз Ансор байат мегирифт, дар байни ҳафтод нафаре, ки ансорро ташкил медод, як ҷавон нишаста буд, ки чеҳраи равшан, чашмони зебо ва дандонҳои тобнок дошт. Оромии ӯ чашмҳоро ба худ хира мекард. Вақте ки сухан мегуфт, тарзи суханрониаш ҳар як бинанда ва шунавандаро маҷзуби худ мекард. Он ҷавон Муоз  ибни Ҷабал(рз) буд.

Ӯ яке аз ансор буд, ки дар байъати Ақабаи дуввум бо Паёмбар(с) байат кард ва ба унвони яке аз собиқон ва мусалмонони аввал дониста мешавад. Ӯ дар ҳеҷ макон аз Паёмбари Худо(с) ҷудо намешуд.
Илова бар ин, яке аз бузургтарин  хусусиятҳои ӯ донистани таълимоти динӣ, яъне “фиқҳ” буд. Ӯ дар илми фиқҳ ба ҷое расида буд, ки сазовори суханоне аст, ки Паёмбар(с)дар бораи ӯ фармудааст: 

Муоз  ибни Ҷабал(рз) огоҳтарин фарди уммати ман нисбат ба ҳалол ва ҳаром аст.”

Вақте ки Паёмбар(с) мехост, ки ӯро ба Яман фиристад, то мардумро ба Ислом даъват кунад, аз ӯ пурсид:

“Эй Муоз Бар чӣ асос дар байни мардум доварӣ мекунӣ? 

Муоз з) дар ҷавоб гуфт: Бар асоси китоби Худо.

Паёмбари Худо(с) фармуд: Агар ҳукмеро дар китоби Худо наёфти чӣ кор мекунӣ?

Муоз  гуфт: Бар асоси суннати Расули Худо(с) қазоват хоҳам кард.

Расули Худо боз пурсид: Агар дар суннати Паёмбари Худо(с) наёфтӣ чӣ кор мекунӣ?

Муоз (рз) гуфт: Ман фавран иҷтиҳод мекунам. 

Чеҳраи Паёмбар(с) вақте ки ин посухро шунид, мисли гул шукуфт ва гуфт: “Худоро шукр, ки фиристодаи Паёмбари худро ба ончи, ки Паёмбарашро рози мекунад, муваффақ гардонидааст.” (Туркӣ, Абдуллоҳ Ибни Абдулмухсин, ҷ.36, саҳ. 333 ҳадиси 22007)

Тавре ки мебинед  алоқаи Муоз (рз) нисбат ба китоби Худо ва суннати Паёмбар(с) ақли ӯро аз пайравӣ ба фаҳму назари худ боз намедошт ва ӯро аз дарки ҳақоиқи бузург ва пинҳонии ақлӣ монеъ намешуд ва шояд ин ду омил тавони иҷтиҳод ва шаҳомат дар истифодаи ақл ва ҳуш бошад, ки Муозро аз он сарвати фиқҳӣ фароҳам овард, ки тавассути он аз бародаронаш сабқат гирифт.

Ончунон фақеҳ ва донишманди аҳкоми Ислом шуд, ки Паёмбар(с) ӯро барои донистани масоили ҳалол ва ҳаром ситоиш карда гуфт:

“Ӯ огоҳтарин мардум нисбат ба ҳалолу ҳаром аст.”

Рӯзе Паёмбар (с) фармуд: 

Эй Муоз  ба Худо қасам ман туро дӯст медорам, фаромӯш накун, пас аз ҳар намоз бигӯ:

أَللّهُمَّ أَعِنى عَلى ذِكِرِكَ وَ شكركَ وَح ونِ عِبَادَتِك

«Худоё, дар зикргӯи, шукргузорӣ ва ибодати нек ба ман мадад кун»

Расули акрам(с) пайваста ба мардум мегуфт ва исрор меварзид, ки мардум дарк кунанд, ки ҷуз Худо ҳеҷ гуна тавоноӣ, қудрат, такягоҳ ва мададкоре надоранд. 

Дар воқеъ, Муоз (рз) дарси худро хуб дарк кард ва худро бо он мутобиқ сохт. 

Паёмбар(с) Муозро дид ва аз ӯ пурсид: Эй Муоз , чӣ гуна субҳ карди?

Муоз з) гуфт: Эй Расули Худо(с), ман ҳамчун мӯъмини ҳақиқӣ шабро субҳ кардам

Паёмбар(с) фармуданд: Ҳар мавзӯе ҳақиқате дорад, ҳақиқати имони ту чист? 

Муъоз(рз) гуфт: Ман ҳеҷ шабро ба субҳ нарасондам, магар ин ки гумон мекардам, ки то шаби дигар зинда нахоҳам буд.

Ҳеҷ шомгоҳеро пушти сар нагузоштам, магар ин ки гумон кардам субҳи рӯзи дигарро набинам.

Ҳеҷ қадаме нагузоштам, ҷуз он ки фикр мекардам, ки қадами дигарро нахоҳам гузошт.

Гӯё медидам, ки ҳар уммате ба зону даромада ва ҳар фирқае ба сӯи номаи аъмоли худ даъват мешаванд.

Гӯё медидам, ки аҳли биҳишт дар нозу неъматҳои биҳиштӣ басар мебаранд ва аҳли дӯзах дар оташи азоб месӯзанд. 

Паёмбар (с) фармуд: “Хуб дарк кардӣ, онро ҳифз кун.” (Мардони гирдогирди Паёмбар(с), саҳ.131)

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед