Муаллифаҳои гуфтугӯ аз манзари Қуръони Карим(бахши аввал)

0
32

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мухотаб ва ҷомеаи ҳадафи Қуръони Карим ҳамаи инсонҳои асри нузул ва пас аз он аст. Қаламрави ҳидоятгари Қуръони Карим ҳама арсаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоии инсонро шомил мешавад. Бо диққат ва тааммуқ дар омӯзаҳои каломии ваҳй равшан мегардад, ки моҳият, зарфият ва ғояти инсон ва масири рушд ва таолии ҳамаҷонибаи ӯ дар ҳама абъод ва шууни фардиву иҷтимоӣ ва наҳваи таомули муассир ва созандаи афрод бо ҳамнавъон ва муҳити перомуни худ аз ҷумла пурсишҳо ва чолишҳои бунёдин ва фарогире аст, ки дар қонуни рӯйкарди ҳидоятии Қуръони Карим қарор гирифта ва меҳвар ва мавзӯи аслибахши умед аз оёти Қуръони Карим мебошад. Аз ин рӯ саъй шуда дар ин пажӯҳиш бо муроҷиат ба оятҳое аз каломи ваҳй ба сурати мухтасар чигунагии таомули муассир бо дигаронро мавриди таҷзия ва таҳлил қарор гирад ва аз ин раҳгузар тарсими ҷомеияти Қуръони Карим, наҳваи таомул бо дигарон дар сатҳҳои мухталиф иртибототро ба сурати корбурдӣ ва созанда бо истинод ба адиллаи қуръонӣ табйин ва ташреҳ шавад.

  • Гуш додани сухани дигарон ва гузиниши беҳтарин

 «استماع القول و اتباع الاحسن»

Бахши зиёде аз гирифториҳо ва хусуматҳои инсонҳо реша дар ин доранд, ки ба дурустӣ сухани дигаронро гӯш намедиҳанд, ки чӣ мегӯяд ва ба думболи таҷзия, таҳлил ва гузиниши аҳсан намераванд ва ҳол он ки Қуръони Карим бо ташвиқ ва тарғиб тасреҳ мекунад, ки касоне, ки ба хубӣ сухани дигаронро гӯш фаро медиҳанд ва аз миёни онҳо беҳтаринро гузиниш ва интихоб мекунанд, аз хирадмандони олам ҳастанд.

«فَبَشِّرْ عِبَادِ الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ  أُوْلَئكَ الَّذِينَ هَدَئهُمُ اللَّهُ  وَ أُوْلَئكَ هُمْ أُوْلُواْ الْأَلْبَاب»

“Ҳамон касоне, ки суханонро ме‏шунаванд ва аз некӯтарини онҳо пайравӣ ме‏кунанд; Онон касоне ҳастанд, ки Худо ҳидоятшон карда ва онҳо хирадмандонанд”.(Сураи Зумар, ояти 18)

Паёми шаффофи ин ояти шарифа ин аст, ки пайравӣ аз аҳсан аз тоатҳои илоҳӣ маҳсуб мешавад, масалан дар масъалаи қисос, Худо ҳам иҷозати қисос ба эшон дода ва ҳам афву гузашт ва эшон афвро пайравӣ ме‏кунанд. Ва ҳамчунин иҷозат дода садақаро ошкоро диҳанд ва ҳам пинҳонӣ ва эшон пинҳонӣ садақа ме‏диҳанд. (Олусӣ, Рӯҳул Ал-Маъонӣ, ҷ‏12, саҳ 242). Дар ин ки мурод аз қавл чист? Муфассирон бо таваҷҷӯҳ ба вожаи «تبعیت» “Табаият”, ки дар идомаи он зикр шудааст гуфтаанд: Он қавле аст, ки иртиботе бо амал дошта бошад, пас беҳтарин қавл он қавле аст, ки одамиро беҳтар ба ҳақ бирасонад, ва барои инсон хайрхоҳона‏тар бошад ва яқинан гуфтаҳои Қуръони Карим ва фармудаҳои Расули гиромии Ислом (с) беҳтарин ақвол мебошанд (Ибни Ошур, Ал-Таҳрир ва Ал-Тавир, ҷ‏24, саҳ 51), ҷони пок рӯ ба сухани пок мегӯшояд ва онро дарёфт менамояд ва бадон посух мегӯяд. Ҷони нопок ҷуз рӯ ба сухани нопок намегӯшояд ва ҷуз бадон посух намегӯяд. (Қутб, Физилолил Қуръон, ҷ‏5, саҳ 3045). Ба иборати дигар эшон тасреҳ мекунанд, ки бандагони илоҳӣ бар асоси фитрат ва покии тинат ва тазкияи нафсе, ки доранд суханони тайиб ва тоҳирро мепазиранд ва иҷобат мекунанд, аммо қалбҳои олуда ва инсонҳои мунҳариф ва хабис намепазиранд, магар ботилҳо ва хабоисро.

Пас ҳақ ва рушд, матлуби бандагони Худост ва ба ҳамин ҷиҳат ҳар чӣ бишнаванд ба он гӯш ми‏диҳанд ва ин тавр нест, ки мутобиати ҳавои нафс кунанд ва ҳар суханеро ба сирфи шунидан бидуни тафаккур ва тадаббур рад кунанд.

Бар ин асос истифода аз ояти «الَّذِينَ يَسْتَمِعُونَ الْقَوْلَ فَيَتَّبِعُونَ أَحْسَنَهُ» ин аст, ки бандагони Худо толиби ҳақ ва рушд ҳастанд. Ба ҳар сухане, ки гӯш диҳанд ба ин умед гӯш медиҳанд, ки дар он ҳаққе биёбанд ва метарсанд, ки дар асари гӯш надодани ба он, ҳақ аз онон дур шавад.

Ҷумлаи «أُولئِكَ الَّذِينَ هَداهُمُ اللَّهُ»   ин аст, ки сифати пайравӣ аз беҳтарин қавл, худ ҳидояте аст илоҳӣ ва ин ҳидоят иборат аст аз талаби ҳақ ва омодагии комил барои пайравӣ аз он ҳарҷо ёфт шавад.

Ва ҷумлаи «وَ أُولئِكَ هُمْ أُولُوا الْأَلْبابِ» яъне инҳо ҳастанд танҳо касоне, ки соҳиби ақланд. Ва аз ин ҷумла истифода мешавад, ки ақл иборат аст аз нерӯе, ки бо он ба сӯи ҳақ роҳ ёфта мешавад ва нишонии ақли солим пайравӣ аз ҳақ аст.

Ғараз онки ояти шарифа тасреҳ дорад, ки дар ҷомеаи башарӣ озодии қалам, баён ва ақида ҳаст; зеро агар озодӣ ба ин маъно вуҷуд надошт, чигуна мумкин буд мусалмонон аз миёни ақвол ва ақоиди мухталиф, беҳтарини онро баргузинанд, пас озодии фикрӣ ва фарҳангӣ, то онҷое ки ба инҳирофи инсон аз масири инсоният наянҷомад дар Ислом иҷозат дода шудааст.

Бинобар ин озодии сухан аз роҳи эроди суханронӣ ва хитоба дар маҳфилҳои илмӣ ва фарҳангӣ, озодии қалам дар навиштани мақолаҳо ва осори тахассусӣ дар ҳитаи тафаккури андешамандон ва соҳибназрон, озодии мутолиаи орои гуногун ва ошноӣ бо ақоиди мухталиф барои мутафаккирон ва андешамандон ва маҳдуд будани он барои соҳибназарон ва онон, ки тавоноии ташхиси назарияи саҳеҳ аз сақимро доро ҳастанд. Аз дигар матолибе аст, ки метавон аз ояти шарифа фаҳмид.

Албатта  сиёқи ояти шарифа ва дигар оёти мушобеҳ афроде, ки қудрати таҷзия ва таҳлили ҳар матлаберо надоранд ва ба таъбире ба зудбоварӣ мубтало ва гирифторанд дар бар нами‏гирад, зеро мухотаб бояд қудрати ташхис ва қувваи истинбот дошта бошад. Як гӯянда ё нависанда дар муҳите ме‏тавонад озодона бигӯяд ва бинависад, ки мухотабони ӯ қудрати ташхиси ҳақ аз ботилро дошта бошанд. Пас дар фазое, ки мухотабони он мубтало ба истизъофи фикри‏анд, тарвиҷ ва таблиғи чунин умуре озод нахоҳад буд.

Чунин озодӣ ба афроде, ки фикри заиф доранд дода нашудааст, то ҳар асареро бихонанд ва ё ҳар суханеро гӯш диҳанд; монанди инки озодии шино дар дарёи амвоҷ ба ғайри ғаввоси моҳир дода наме‏шавад, зеро ғайри моҳир ба ҷойи ғавс ғарқ ме‏шавад ва ивази султа бар баҳр, мақҳури он хоҳад шуд ва ба ҷой гирифтани дарё лошаи хешро таслими ӯ мекунад. Шояд чунин гумон шавад, ки афзудани ин ҳама шароит бар озодӣ ба маънои хилофи озодӣ аст. Гӯем бале: Ин бандҳо ба сурати банданд ва ба сирати панд , ба зоҳир қайданд ва ба ботин озодӣ.

Бар ончи гуфта шуда мушаххас мешавад, ки яке аз муаллифаҳои аслӣ, таомул ва барқарории иртибот бо дигарон вобаста ба шунидани суханони тарафи муқобил аст, баъд аз ин марҳала метавон вориди гуфтугӯ ва ба шеваи матлуб ва писандида ва маъқул, ки мунтаҳӣ ба натиҷа гардад шуд ва Қуръони Карим аз ин равиш истиқбол намуда ва муъминонро бадон супориш намудааст, ки дар зайл мавриди баҳс ва баррасӣ қарор мегирад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед