Меъроҷи Пайғамбари Акрам (с), сафаре аз фарш то арш

0
139

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Масъалаи меъроҷи Пайғамбари Акрам(с), яке аз масъалаҳои бисёр муҳим ва асосӣ дар Ислом ба ҳисоб меояд. Ҳар чанд дар ҷузъиёти масъалаи меъроҷи Пайғамбари Акрам(с) ихтилофоте вуҷуд дорад, аммо асли меъроҷи Пайғамбар(с) ва ба вуқуъ пайвастани он ҷузъи яқиниёт ва мусалламот дар Ислом аст.

Меъроҷ, воқеаи бузург дар Ислом

Калимаи “меъроҷ” аз назари луғат аз решаи калимаи “арҷ” гирифта шудааст, ки ба маънои зина ва макони болоравӣ аст. (Ибни Манзур, Лисонулараб, ҷ 2,  калимаи “арҷ”)

“Меъроҷ” дар луғати арабӣ ба маънои васила ва абзоре аст, ки бо кӯмаки он метавон ба боло рафт. Аммо дар истилоҳи исломӣ ва дар забони ривоятҳо ва тафсири Қуръони Карим, ин вожа дар мавриди сафари ҷисмонӣ ва рӯҳонии Пайғамбари Акрам(с) аз Макка ба Байтулмуқаддас ва аз онҷо ба осмонҳо ва сипас баргашт ба ватани худ шаҳри Макка ба кор бурда мешавад.

Дар бораи меъроҷи Пайғамбари Акрам(с) машҳур ва маъруф дар миёни олимон ва донишмандони Ислом ин аст, ки Расули Худо(с) қабл аз ҳиҷрат ба Мадина дар замоне, ки дар Макка буд, дар як шаб аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас бо қудрати Худованди Мутаол рафт ва аз онҷо ба осмонҳо боло рафт ва осору нишонаҳои азамати илоҳиро  мушоҳида намуд ва ҳамон шаб ба Макка бозгашт. Ин сайру сафари заминӣ ва осмонии Пайғамбари Акрам(с) бо ҷисму рӯҳ бо ҳам будааст, яъне ҷисмонӣ ва руҳонӣ будааст.

Ончи аз ривоятҳои исломӣ ба даст меояд он аст, ки воқеаи меъроҷ бо ин вежагиҳо ва хусусиятҳо, танҳо барои Расули Акрам(с) ва он ҳам як мартаба анҷом шудааст, ҳар чанд бархе аз марҳалаҳои меъроҷ ва на комили он тавасути Пайғамбарони дигар сурат гирифтааст. Ҳамчунин мумкин аст меъроҷҳои дигаре бо вежагиҳо ва хусусиятҳои дигар, борҳо барои Расули Худо(с) такрор шуда бошад.

Меъроҷ ва исроъ

Меъроҷи Пайғамбари Акрам(с) ду қисмат будааст, ҳар чанд, ки ба кулли он воқеъа меъроҷ гуфта мешавад. Яке аз ин ду қисмат “исроъ” ва дигаре “меъроҷ” будааст. “Исроъ” ба интиқол ва сафари Расули Худо(с) бо қудрати илоҳӣ ва ба сурати ғайритабиӣ аз Масҷидулҳаром дар шаҳри Макка ба Масҷидулақсо дар Байтулмуқаддас гуфта мешавад. Мавзуъи меъроҷ дар оятҳои сураи Наҷм ҳам баён шудааст.

Исроъ

Шуруъи меъроҷи Пайғамбари Акрам(с) бо “исроъ”, яъне бо сайри шабона Расули Худо(с) аз Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо будааст. Чуноне ки Худованди Мутаол дар ин маврид мефармояд:

“سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلاً مِّنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ البَصِيرُ”

 “Пок ва муназзаҳ аст Худое, ки бандаашро дар як шаб аз  Масҷидулҳаром ба Масҷидулақсо, ки атрофашро пурбаракат сохтаем, бурд, то бархе аз нишонаҳои худро ба ӯ нишон диҳем, зеро Ӯ шунаво ва биност ”. (Сураи Исроъ, ояти 1)

Аз ин ояти Қуръони Карим чанд нукта дар бораи меъроҷи Пайғамбари Акрам(с) ба даст меояд:

1- Аз суханони донишмандони илми луғати араб фаҳмида мешавад, ки калимаи “исроъ” ба маънои ҳаракат ва сайри шабонааст. (Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфозил-Қуръон, саҳ 237(

2- Калимаи “لیلا(шабона)”, ки дар ин оят омадааст ба унвони таъкид бар “исроъ” зикр шудааст. Канори ҳам қарор додани ин ду вожа ин маъноро нитиҷа медиҳад, ки ҳама рафу баргашти воқеаи меъроҷи Расули Худо(с) шабона будааст.

3- Аксари муфассирони исломӣ бар ин назаранд, ки манзур аз Масҷидулақсо дар ин ояти Қуръон ҳамон Байтулмуқаддас аст. (Замахшарӣ, тафсири Ал-Кашшоф, ҷ 2, саҳ 646. Ҷалолуддини Суютӣ, Ад-Дурулмансур, ҷ 5, саҳ 182)

4- Ин сайру сафар, ки дар як шаб ва муддати кӯтоҳе анҷом шуд, ҳади ақал дар шароити он замон, бо таваҷҷӯҳ ба масоҳати миёни Макка ва Байтулмуқаддас аз роҳҳои маъмулӣ имконпазир набуд. Ба ҳамин сабаб ин воқеа ҳолати муъҷизаомез ва хориқулодат (хориҷ аз ҳолати табиӣ) дорад.

Бинобар ин аз ин ояти Қуръони Карим истифода мешавад, ки “исроъ” ба унвони муқаддимае барои меъроҷ буда ва сайру сафар аз Макка ва Байтулмуқаддас сурат гирифтааст.

Меъроҷ

Меъроҷ дар маънои дақиқтари худ ба мафҳуми интиқол ва сафари Расули Акрам(с) аз замин ба сӯи осмонҳо аст, ки ин масъала ва мавзуоти марбут ба он дар сураи Наҷм матраҳ шудааст. Дар ин сура воқеаи меъроҷи Расули Худо(с) ин гуна баён шудааст:

“وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَى/ عِندَ سِدْرَةِ الْمُنْتَهَى/ عِندَهَا جَنَّةُ الْمَأْوَى/ إِذْ يَغْشَى السِّدْرَةَ مَا يَغْشَى /مَا زَاغَ الْبَصَرُ وَمَا طَغَى/ لَقَدْ رَأَى مِنْ آيَاتِ رَبِّهِ الْكُبْرَى”

 “Як бори дигар ӯро(ҳазрати Ҷабраилро) мушоҳида намуд/ Дар назди сидратул-мунтаҳо/ Ки ҷаннатул-маъво дар онҷост/ Дар он ҳангом, ки чизе(нури хиракунандае) сидратул-мунтаҳоро пӯшонида буд/ Чашми(Муҳаммад) мунҳариф нагардид ва (аз ҳад) туғён накард/Ба таҳқиқ нишонаҳое бугург аз Парвардигорашро мушоҳида кард ”. (Сураи Наҷм, ояти 13 то 18)

Аз ин оятҳои сураи мубораки Наҷм чанд нукта дар бораи меъроҷи осмонии Расули Акрам(с) ба даст меояд:

1- Пайғамбари Бузургвор(с) барои бори дуввум ҳазрати Ҷабраил, фариштаи ваҳйро дар сафари меъроҷ ба сурат ва шакли ҳақиқӣ ва воқеии худ мушоҳида намуд. Худованд мефармояд: “وَلَقَدْ رَآهُ نَزْلَةً أُخْرَى” “Як бори дигар ӯро(ҳазрати Ҷабраилро) мушоҳида намуд.”

Ҳазрати Ҷабраил маъмулан ба сурати як инсони зебо ва хушчеҳра бар Расули Худо(с) нозил мешуд, аммо ду мартаба ба сурат ва шакли ҳақиқӣ ва воқеии худаш бар Расули Худо(с) зоҳир шуд. Бори аввал ҷое аст, ки фосилаи ӯ бо Расули Худо ба “қоба-қавсайни ав адно(ба андозаи фосилаи ду камон ё камтар)” (Сураи Наҷм, ояти 9) таъбир шудааст.

Бори дуввум ҳам дар воқеаи меъроҷ буд, ки боз ҳам Расули Акрам(с) ӯро ба сурат ва шакли ҳақиқии худаш мушоҳида карданд.

2- Аз ин оятҳои зикршуда ба даст меояд, ки Расули Худо(с) дар сафари меъроҷ, масъалаҳои муҳими зиёдеро дар мавриди асрори олами ҳастӣ мушоҳида намуда ва дар бораи онҳо илму огоҳӣ пайдо кардааст.

3- Аз ин оятҳои Қуръони Карим метавон истифода кард, ки меъроҷи осмонӣ ва шигифтангези Пайғамбари Акрам(с) дар бедорӣ сурат гирифтааст ва ин мушоҳидаҳо бо чашми зоҳирӣ будааст. Ин матлабро аз иборатҳо ва мафҳумҳои “مَا زَاغَ الْبَصَرُ وَمَا طَغَى” ба хубӣ метавон ба даст овард. Аксари муфассирони исломӣ низ ин масъаларо таъйид мекунанд.

Ҳадафҳо ва ҳикматҳои меъроҷи Пайғамбар(с)

Дар мавриди масъалаи меъроҷи Пайғамбари Акрам(с) бо муроҷиат ба Қуръони Карим метавон бархе аз  ҳадафҳо ва ҳикматҳои онро ба даст овард, ки иборатанд аз:

1- Аслитарин ва муҳимтарин ҳадаф ва ҳикмати меъроҷи Пайғамбари Акрам(с), дидан ва мушоҳида кардани оятҳо ва нишонаҳои асрори азамат ва бузургии Худованди Мутаол дар ҷаҳони ҳастӣ, махсусан дар олами боло бо ҳамин чашми зоҳирӣ аст. Ба ин матлаб ҳам дар сураи Исроъ ояти як ва  ҳам дар сураи Наҷм ояти 18 ишора шудааст.

2- Ҳадаф ва ҳикмати дигари меъроҷ, ки дар ҳақиқат ҳосили ҳамон ҳадафи аввал аст, дастёбии руҳи бузурги Пайғамбари Акрам(с) ба дарк ва нигоҳи тозае барои ҳидоят ва раҳбарии инсонҳо аст. Расули Акрам(с) дар ин сафари осмонии худ ба масъалаҳои зиёд ва муҳиме дар бораи фариштагон, биҳиштиёну дузахиён, пайғамбарони гузашта ва ғайра илму огоҳӣ ёфт, ки дар тӯли умри худ ва дар анҷоми рисолати илоҳии худ роҳнамоии он ҳазрат дар таълим ва тарбияти инсонҳо будааст.

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифа мешавад, ки меъроҷ, муқаддастарин ва боарзиштарин сафар дар тӯли таърихи башар аст. Мусофири ин сафари боарзиш беҳтарин махлуқи Худованди Мутаол ҳазтари Расули Акрам(с), шурӯи он аз Масҷидулҳаром, гузаргоҳаш Масҷидулақсо, макони сафар осмонҳо, мизбонаш Худованди Мутаол, ҳадафи он дидани нишонаҳои илоҳӣ ва огоҳӣ аз хабарҳои осмонҳо ва натиҷаи он боло бурдани дарку фаҳми башар будааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед