Масъалаҳои марбут ба афъоли Худованд(бахши панҷум)

0
24

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дидгоҳи мотуридиён дар бораи масъалаи “аҷал”

Яке дигар аз масъалаҳо ва мавзӯъҳое, ки дар баҳси халқ кардани аъмол ва афъол матраҳ мешавад, масъалаи “аҷал” аст.

“Аҷал” дар луғат ба маънои муддати муайяншуда барои умури монанди поёни умри инсонҳо, умматҳо ва мавҷудот омадааст. (Роғиби Исфаҳонӣ, Алмуфрадот фи ғарибил Қуръон, саҳ 11. Халил ибни Аҳмади Ал-Фароҳидӣ, Ал-Айн, ҷ 6, саҳ 178). “Аҷал” дар асл ба маънои “муддати муайян” аст ва қазои аҷл ба маънои таъйини муддате ва ё ба охир расондани муддат аст. Дар истилоҳ  ба ҳади поёнии муайяншуда барои зиндагии инсон, аҷал гуфта мешавад.

“Аҷал” дар бораи инсон ба маънои “муддати умр” ё “поёни умр” омадааст. Қуръони Карим аз ду навъ аҷал барои инсон ёд мекунад. Яке бо қайди “мусаммо” яъне аҷали мусаммо(аҷали ҳатмӣ, аҷали қатъӣ), ки аҷали ғайри қобили тағйир аст ва дигарӣ аҷали бидуни қайду шарте. Худованди Мутаол дар ин маврид мефармояд:

هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ طِينٍ ثُمَّ قَضَىٰ أَجَلًا ۖ وَأَجَلٌ مُسَمًّى عِنْدَهُ

“Ӯ касе аст, ки шуморо аз лой офарид, сипас муддатеро (барои шумо умр) муқаррар дошт ва аҷали ҳатмӣ назди Ӯст”. (Сураи Анъом, ояти 2)

Бар асоси зоҳири ин ояти Қуръони Карим манзур аз аҷал дар ҳар ду маврид, замони поёни умри одамӣ аст, на умри ӯ. Албатта мутакаллимон ва донишмандони исломӣ ин ояти Қуръони Каримро ҳар кадом ба асоси дидгоҳи каломӣ ва эътиқодии худ тафсир кардаанд.

Мутакаллимон дар таърифи аҷал гуфтаанд: Аҷал замоне аст, ки Худованд марги ҳайвон ва инсонро ба марги табиӣ ё ғайритабиӣ дар он вақт муқаррар карда ва медонад, ки ҳаёти ӯ дар он замон поён мепазирад. (Саъдуддини Тафтозонӣ, Шарҳул мақосид, ҷ 4, саҳ 314. Муҳаммади Ғаззолӣ, Ал-иқтисод фил-эътиқод, саҳ 244)

Инсон як рӯз ба дунё меояд ва як рӯзи дигар аз дунё меравад ва замони аз дунё рафтани инсон дар илми илоҳӣ муқаддар шудааст. Ин замони муайян ва дақиқи марги инсонро “аҷал” меноманд.  Қуръони Карим дар тавзеҳи аҷал баён медорад, ки ҳар гоҳ аҷал фаро расад, дигар маҷол ва замоне барои муқаддам доштан ва таъхир андохтани он нест ва фард аз дунё хоҳад рафт ва ба диёри абадӣ хоҳад шитофт. Аз ҷумла Худованди Мутаол мефармояд:

فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ لاَ يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً وَلاَ يَسْتَقْدِمُونَ

“Ва ҳангоме, ки аҷалашон фаро расид, на соъате таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд”. (Сураи Наҳл, ояти 61)

وَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٌ فَإِذَا جَاءَ أَجَلُهُمْ لاَ يَسْتَأْخِرُونَ سَاعَةً وَلاَ يَسْتَقْدِمُونَ

“Барои ҳар қавм ва ҷамъияте, замони муайяне аст ва ҳангоме, ки замони муайяни онҳо фаро расад, не соате аз он таъхир мекунанд ва на (соате) пешӣ мегиранд ”. (Сураи Аъроф, ояти 34)

Аммо марги инсон гоҳе бар асари пирӣ, гоҳе бар асари ҳодисаҳои табиӣ монанди зилзила, сел ва …, гоҳе бар асари беморӣ ва гоҳе ҳам бар асари қатл ва куштан иттифоқ меафтад.

Ончи дар ин масъала мавриди баҳс аст, ин аст оё шахсе, ки кушта шуда ва ба қатл расидааст, бо аҷали худ аз дунё меравад ё аҷали ӯ чизи дигаре аст ва қотилу кушанда бар хилофи аҷали ӯ, вайро куштааст.

Дар миёни мутакаллимони исломӣ дар мавриди ин ки оё як аҷал вуҷуд дорад ё чанд аҷал? Ду дидгоҳ аст. Гурӯҳе аз мутакаллимон бар ин боваранд, ки инсон фақат як аҷал дорад, аммо гурӯҳе дигар мегӯянд Худованди Мутаол барои инсон ду аҷал муқаррар кардааст, яке аҷали ҳатмӣ ва қатъӣ (аҷали мусаммо) ва дигарӣ аҷали ғайри ҳатмӣ ва ғайри қатъӣ (аҷали машрут). ( Саъдуддини Тафтозонӣ, Шарҳул мақосид, ҷ 4, саҳ 314)

Мотуридиён дар мавриди масъалаи “аҷал” бар ин ақида ҳастанд, ки инсон фақат як аҷал дорад ва ба воситаи он аз дунё меравад, яъне инсон ду аҷал надорад. Лизо онҳо бар ин боваранд, ки шахси кушташуда ва ба қатл расида, бо аҷали худ аз дунё меравад. Мотуридиён бар ин назаранд, ки бар асоси ончи дар мавриди афъоли илоҳӣ исбот кардем, собит мешавад, ки қатлу куштор низ феъле аст, ки Худованд онро халқ мекунад ва дар паи он марг дар инсонҳо ва ҳайвонот эҷод мешавад ва руҳи онҳо аз бадан хориҷ мешавад. Бинобар ин, марг сохта ва халқшудаи қотил ва кушанда нест, балки феъл ва махлуқи Худованди Мутаол аст. Пас шахсе, ки кушташуда ва ба қатл расидааст, бо аҷали худ аз дунё рафтааст, зеро инсон фақат як аҷал дорад.

Абумуъини Насафӣ аз бузургони мотуридия дар ин замина мегӯяд: “Шахси кушташуда аз назари мо бо аҷали худ аз дунё  рафтааст. Марге, ки аз байнбарандаи ҳаёт аст, феъл ва махлуқи Худованди Мутаол аст ва феълу кори қотил (кушанда) нест ва қотил дар он дахолате надорад, балки феъли қатл (куштан), ки кори қотил ва қоим ба ӯ аст, дар шахси кушташуда нуфуз намекунад. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ 944)

Насафӣ  дар идома бо рад кардани дидгоҳ ва назари Муътазила дар мавриди инки инсон ду аҷал дорад, куштан ғайр аз марг ва мурдан аст ва нисбат додани феъли марг ба Худованд ва феъли куштан ба қотил, баён медорад: “Каъбӣ (яке аз донишмандони Муътазила) гумон кардааст, ки кушташуда ва ба қатл расида ғайр аз мурда аст, зеро марг феъли Худованд аст ва қатл кори қотилу кушанда аст. Бархе дигар аз Муътазила гуфтаанд, ки дар кушташуда ду маъно вуҷуд дорад, яке маргу мурдан аст, ки аз ҷониби Худованд аст ва дигарӣ қатлу куштан аст, ки аз ҷониби банда аст. Бар асоси ончи қаблан баён кардем, ин дидгоҳ ботил аст”. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ 944 то 945)

Абуляср Муҳаммади Баздавӣ низ дар тавзеҳи ин масъала менависад: “Аҳли суннати валҷамоат (Мотуридия) бар ин ақидаанд, ки шахси кушташуда бо аҷали худ аз дунё рафтааст, зеро қатл (куштан) низ як сабаби марг аст монанди беморӣ. Муътазила бар ин назаранд, ки фарди кушташуда аҷалаш қатъ шудааст (бо аҷли худ аз дунё нарафтааст). Ҳар кас чунин ақидае дошта бошад фосид аст (ботил аст). … ба хотири инки қатл низ як сабаби марг аст, монанди дигар сабабҳои марг. Мурда бо дигар сабабҳо низ бо аҷали худ аз дунё меравад”. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 171)

Худи имом Мотуридӣ низ дар тафсири ояти: “ثُمَّ قَضَىٰ أَجَلًا ۖ وَأَجَلٌ مُسَمًّى عِنْدَهُ” (Сураи Анъом, ояти 2), ки ба ду навъ аҷал ишора мекунад, ду дидгоҳро баён медорад, ки дар онҳо манзур аз “аҷали аввал” яъне аҷал ба танҳоӣ ва бидуни қайду шарт, марг ва муҳлати зиндагии дунё аз хилқат то замони марг аст ва манзур аз аҷали дуввум яъне аҷали мусаммо (аҷали ҳатмӣ ва қатъӣ), рузи қиёмат аст. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 4, саҳ 15)

Абумансури Мотуридӣ ҳамчунин дар  тафсири чандин ояти Қуръони Карим дидгоҳи Муътазиларо дар мавриди ин ки Худованд барои инсон аҷалҳо муқаррар кардааст ва мумкин аст инсон қабл аз инки аҷалаш бирасад ба воситаи қатлу куштан аз дунё биравад, рад мекунад ва ин дидгоҳро ботил ва бар хилофи оятҳои Қуръони Карим медонад. Ӯ мегӯяд вақте Худованд медонад, ки он шахс ба қатл мерасад, аҷали ӯро ба сабаби қатл қарор медиҳад. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 6, саҳ 522. Ҳамон, , ҷ 10, саҳ 222)

Мотуридиён барои исботи дидгоҳ ва назари худ истидлолҳои гуногуне баён кардаанд, ки бархе аз онҳо иборатанд аз:

1- Яке аз истидлолҳои асосии онҳо барои исботи дидгоҳи худ дар мавриди ин ки инсон фақат як аҷал дорад, оятҳои мухталифи Қуръони Карим аст, ки дарбардорандаи ин матлабанд, ки аҷал ба ҳеҷ унвон муқаддам намешавад ва ба таъхир намеафтад. Бар асоси ин оятҳои Қуръони Карим инсонҳо тавоноии пеш ё пас андохтани аҷали худро надоранд. Аз ҷумла оятҳое, ки дар боло зики кардем: Сураи Наҳл ояти 61, Сураи Аъроф ояти 34, Сураи Нуҳ ояти 4 ва …  (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ  945. Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 171. Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 370)

2- Аз назари онҳо қатл, яъне коре, ки қотил анҷом медиҳад ва дар паи он Худованд ба сурати иҷрои одат, рӯҳро аз бадани шахси кушташуда хориҷ месозад. Лизо ин хориҷ шудани рӯҳ рабте ба қотил надорад. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 2, саҳ  944)

3- Истидлоли дигари мотуридиён ин аст, ки агар шахси кушташуда бо аҷали худ аз дунё наравад, лозимааш ин аст, ки Худованд аз ҳифз ва нигаҳдоштани он шахс, то замони фаро расидани аҷалаш нотавон бошад ва ин маҳол аст. Пас шахси кушташуда бо аҷали худ аз дунё меравад. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 308)

Мотуридиён дар посух ба ин савол, ки агар шахси кушташуда бо аҷали худ аз дунё меравад, пас чаро бояд қотил (кушанда) қасос шавад? Мегӯянд: Чун қотил кореро анҷом додааст, ки Худованд аз он наҳй ва манъ кардааст ва феълеро муртакиб шудааст, ки Худованд ба сурати одат маргро дар паи он қарор додааст ва лизо қасоси он воҷиб аст. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 308. Нуриддини Собунӣ, Албидоя минал-кифоя, саҳ 133).

Натиҷа

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки мотуридиён дар масъалаи “аҷал” бар ин ақида ҳастанд, ки инсон фақат як аҷал дорад, ки ҳатмӣ аст ва бо он аз дунё меравад, яъне инсон ду аҷал надорад. Ҳачунин шахси кушташуда ва ба қатл расида низ, бо аҷали худ аз дунё меравад. Бар асоси дидгоҳи мотуридиён марг сохта ва халқшудаи қотил ва кушанда нест, балке феъл ва махлуқи Худованди Мутаол аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед