Макрӯҳоти дохили намоз

0
195

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Баҳси мо дар мавриди ончи макрӯҳ  дар ҳолати намоз аст ва ё корҳои андаке, ки макрӯҳ  нестанд мебошад.

Макрӯҳ  ду навъ аст:

  1. Макрӯҳи таҳримӣ, ки агар дар намоз анҷом шавад, лозим аст, намоз дубора хонда шавад.
  2. Макрӯҳи танзиҳӣ, яъне макрӯҳе, ки аз назари ахлоқӣ макрӯҳ аст, ин макрӯҳ  агар дар намоз анҷом шавад, иодаи намоз мустаҳаб аст.

Чанд масъала дар мавриди макрӯҳот

Масъалаи якум:

Агар намозгузор бо савб (либос) ё ришаш ё аъзои баданаш дар дохили намоз бозӣ кунад макрӯҳ  аст, ин тавр, ки дар ҳангоми рукуъ ва суҷуд либосашро боло кунад ё ҷамъаш кунад, аммо агар либос дар баданаш мепечад макрӯҳ  нест, аз он пешгирӣ кунад.

Масъалаи дуюм:

Ва ин чунин макрӯҳ  нест агар пешониаш дар ҳолати саҷда кардан хоколуд ё ғуборолуд шавад ё каҳу хас дар пешониаш часпаду онро пок кунад. Бо диққат ба ин масъала ошкор мешвад, ки асли саҷда дар замин ё ҳамон хок аст агар фарде, ки пешониашро аз хоку ғубор пок кард, ин шахс агар ба рӯи қолин намоз мехонд пешониаш пур аз хок намешуд. Макрӯҳ  буданаш дар сурате аст, ки дар васати намоз бошад, зеро пок кардан ба маънои машғул шудан аст, агар пас аз анҷоми аъмоли намоз ва қабл аз салом бошад, макрӯҳ  нест, боз ҳам беҳтар аст, ки пас аз итмоми намоз пок кунад.

Масъалаи сеюм:

Пок кардани арақ дар васати намоз макрӯҳ  нест.

Масъалаи чаҳорум:

Дар ҳолати оби рақиқе дар биниаш зоҳир шавад, пок кардани он беҳтар аст аз чакиданаш бар замин ва макрӯҳ  нест.

Масъалаи панҷум:

Бо даст шуморидани адади оятҳо дар намоз ё тасбеҳоти намоз, ин назди Имом Абуҳанифа аст, он ҳам дар намозҳои фарз, аммо дар намози нафлӣ макрӯҳ  нест, бо иҷмоъ ва бидуни ихтилоф.

Масъалаи шашум:

Макрӯҳ  аст дур кардани сангрезаҳо аз ҷои саҷда дар ҳолати намоз, магар як маротиба, аммо таркаш беҳтар аст, ин масъала ҳам нишон медиҳад, ки асли саҷда дар замин аст.

Масъалаи ҳафтум:

Фишор додани ангуштон агар садо диҳад дар намоз ва берун аз намоз макрӯҳ  аст, аз боби макрӯҳи  ахлоқӣ ва аз рӯи адаб.

Масъалаи ҳаштум:

Макрӯҳ  аст гузоштани дастон ба хосира, лаган яъне такягоҳ дар намоз ва инчунин беруни намоз ҳам макрӯҳ  аст аз ин ҷиҳат, ки ҳолати такаббурро дорад.

Масъалаи нуҳум:

Гардондани рӯ ба тарафи росту чап ҳамроҳ бо ҳаракат додани гардан дар намоз макрӯҳ  аст, аммо бо гӯшаи чашм ва бидуни гардондани рӯ ва гардан халале ба намоз намерасонад.

Масъалаи даҳум:

Бо сари бараҳна намоз хондан макрӯҳ  аст, ба шарте, ки кулоҳ ё аммома дар хона дошта бошад, вале намозгузор аз рӯи сустӣ вайро бар сар нагузорад, аммо агар кулоҳу аммома набошад ё бошаду вай аз рӯи хоксорӣ онро бар сар нагузорад, дар ин сурат макрӯҳ  нест.

Масъалаи ёздаҳум:

Агар фарди мунфарид (шахсе, ки танҳо намоз мехонад) дар васати сафи намози ҷамоъат шурӯъ ба хондани намоз кунад, макрӯҳ  аст, зеро, ки бо ҷамоъат ҳамоҳанг нест, ҳамчунин намоз хондан дар сафи ҷудогона дар ҳоле, ки дар сафи пеш ҷой ҳаст, макрӯҳ  аст.

Масъалаи дувоздаҳум:

Дар рӯ ба рӯи қабр намоз хондан макрӯҳ  аст, аммо қабр пушти сари намозгузор бошад макрӯҳ  нест ё байни шахси намозгузор ва қабр ба андозаи гузари шахсе ҷои холӣ бошад.

Масъалаи сездаҳум:

Агар дар муқобил  ва болои сари намозгузор сурати ҳайвоне бошад ё дар тарафи росту чапаш ё дар либосаш сурати ҳайвон бошад макрӯҳ  аст, аммо агар дар қолине, ки зери пояш аст, дар ин маврид ихтилоф аст, ихтилоф ба ин наҳв, ки агар дар ҷои саҷдааш бошад макрӯҳ  аст, аммо агар дар атрофаш бошад макрӯҳ  нест, зеро сурати рӯи фаршро касе эҳтиром намекунад, боз ҳам дар сурате макрӯҳ  аст, ки сурат ба ҳадде, бузург бошад, ки бидуни машаққат дида шавад, агар бо машаққат дида шавад макрӯҳ  нест.

Ҳамчунин макрӯҳ  нест, агар сари суратро ба василаи кандан ё рангмолӣ пок карда бошад. Аммо сурати тимсоли ғайри ҷондор, мисли гулу дарахт макрӯҳ  нест.

Масъалаи чаҳордаҳум:

Такрори як сура дар як ракъати намози фарз макрӯҳ  аст, аммо дар навофил макрӯҳ  нест, аммо агар такрор ба сабаби узр бошад ё фаромӯшӣ бошад дар ин сурат макрӯҳ  нест.

Масъалаи понздаҳум:

Хондани сураи дорои саҷдаи тиловат, ки дар 14 ҷои Қуръон аст, дар намози ҷумъа макрӯҳ  аст ва ҳамчунин макрӯҳ  аст хондани сураи дорои саҷдаи тиловат дар намозҳое, ки хуфия хонда мешаванд, яъне паст хонда мешаванд, мисли намози пешину аср.

Масъалаи шонздаҳум:

Хондани намоз дар ҳоли ҳамл кардани кӯдак макрӯҳ  аст, аммо агар гиря мекунаду касе ҳам набошад, ки аз ӯ нигаҳдорӣ кунад макрӯҳ  нест.

Масъалаи ҳабдаҳум:

Саҷда кардан ба печи аммома макрӯҳ  аст, ба наҳве, аммома ба ҳадде пеш омадааст, ки ба рӯи пешониаш қарор гирифааст, зеро, ки байни пешонӣ ва саҷдагоҳ фосила меандозад. Ин кароҳат дар суратест, ки ба ҳангоми саҷда вуҷуди заминро эҳсос кунад, аммо дар ғайри ин сурат намозаш ботил аст.

Масъалаи ҳаждаҳум:

Саҷда ба остини ҷома макрӯҳ  аст.

Масъалаи нуздаҳум:

Шахсе ба сабаби гармои шадид почаеро барои саҷда паҳн кунад, макрӯҳ  нест.

Масъалаи бистум:

Дар ҳолати намоз бӯ кардани атру гулу райҳон макрӯҳ  аст.

Масъалаи бистуякум:

Намоз хондан дар болои боми Каъба макрӯҳ  аст, зеро намоз хондан дар болои Каъба сабаби беэҳтиромӣ ба азамати Каъба аст, аз ин ҷиҳат азамати ин хона металабад, ки намоз дар атрофаш хонда шавад.

Масъалаи бистудуюм:

Маконеро дар масҷид махсуси худ қарор додан макрӯҳ  аст.

Масъалаи бистусевум:

Агар дар пеши рӯи намозгузор касе бошад, макрӯҳ  аст намоз хондан ба тарафи ӯ дар сурате, ки он шахс рӯяш ба тарафи намозгузор бошад, дар сурате ҳам, ки касе байни намозгузору он шахс бошад, макрӯҳ  нест.

Масъалаи бистучаҳорум:

Намоз хондан ба тарафи пушти касе, ки сухан мегӯяд, ё Қуръон мехонад ё зикр мегӯяд, макрӯҳ  нест, магар инки он шахс садояшро баланд кунад, намозгузор хавф кунад, ки халале дар қироаташ ба вуҷуд ояд. Аммо агар дар пеши рӯи намозгузор хобида бошад, намоз хондан макрӯҳ  аст.

Масъалаи биступанҷум:

Агар имом эҳсос кунад, ки касе меояду дар ҳолати рукуъ буд ва як ё ду тасбеҳ гуфта буд, агар намозро тӯл дод намозаш макрӯҳ  нест, дар сурате, ки надонаи касе, ки меояд чи касе аст, агар донад, ки касе, меояд чи касе аст ва ба хотири ӯ намозро тулонӣ кунад, макрӯҳ  аст.

Масъалаи бистушашум:

Дар ҳолати намоз хондан, дирҳам (пул)-ро дар даҳонаш гузорад, ин кор макрӯҳ  аст гарчанде, ки дар қароаташ халал эҷод нашавад. Ҳамчунин нигаҳ доштани моле дар даст, ҳам макрӯҳ  аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед