Мабноҳо ва пояҳои каломии Мотуридия (бахши дуввум)

0
44

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Роҳҳои ба даст овардани илму маърифат аз назари мотуридиён -1

Чунонки баён кардем, масъалаи маърифат ва шинохт ва ё ҳамон маърифатшиносӣ дар мактаби каломии Мотуридия аз ҷойгоҳи вежае бархӯрдор аст. Онҳо дар ин баҳс бештар ба масъалаи роҳҳои ба даст овардани маърифат ва шинохт таваҷҷӯҳ кардаанд ва ин масъаларо ба сурати бисёр муфассал мавриди баррасӣ қарор додаанд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 69 то 74. Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 18 то 24. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, саҳ 24 то 33. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 118 то 122 ва … ).

Бинобар ин, яке аз баҳсҳо ва матлабҳои муҳиме, ки дар дидгоҳҳои имом Мотуридӣ ва каломи Мотуридия матраҳ аст, роҳҳои касб ва ба даст овардани маърифат ва илм аст. Яъне инсон аз чи роҳҳое метавонад ҳақиқатҳо ва воқеъиятҳоро кашф кунад ва ба илму маърифат даст пайдо кунад.

Имом Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони мактаби каломии Мотуридия, роҳҳои касб ва ба даст овардани маърифат ва илмро се чиз унвон мекунанд, ки иборатанд аз:

А) Ҳис ё аъзои ҳиссӣ (аъён)

Б) Нақл (ахбор)

В) Ақл (назар) (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 69. Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 18. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, саҳ 24. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 118 ва … ).

Яке аз муҳаққиқони каломи Мотуридия дар мавриди роҳҳои ба даст овардани маърифат ва илм аз назари онҳо мегӯяд:

“Мотуридӣ дар китоби “Ат-тавҳид”-и худ овардааст, ки барои даст ёфтан ба маърифат ва шинохт се роҳ  вуҷуд дорад, ҳис, ахбор ва ақл. Баҳсҳое, ки Мотуридӣ бо мухолифони ин се тариқ дорад, ҳамон баҳсҳое аст, ки бештари ҳакимон ва мутакалимон бо суфастоиён (сафсатакунандагон, сафсатагарон, касоне, ки ҳақиқат ва воқеъияти ошкорро инкор ва рад мекунанд) доранд. Дидгоҳи Мотуридӣ ин аст, ки агар касе ин се тариқро напазирад, суфастоӣ аст. Чигуна мумкин аст касе эътибори “ҳис”-ро мункир шавад… . Дар бораи “ахбор” ва “ақл” низ ҳамин ҳукм ҷорӣ аст. Ҳис ва ахбор эътиборро аз ақл мегиранд. Агар ақл набошад, на ҳис корбурд дорад ва на ахбор”. (Иброҳимии Динонӣ, мақолаи “Каломи Мотуридӣ”)

Лозим ба зикр аст, ки мотуридиён ин роҳҳои сегона (ҳис, нақл ва ақл)-ро барои касб ва ба даст овардани илм ва маърифат дар бораи ҳар чизе дар олами ҳастӣ матраҳ кардаанд ва ин роҳҳо фақат барои ба даст овардани илм ва маърифат дар илми калом нест.

Ҳамчунин аз назари мотуридиён илми ҳисӣ мабно ва поя буда, дар ҳақиқат роҳи даромаде бар ду навъи дигари илм аст. Бар ин асос метавон гуфт: Илми ҳиссӣ асл буда ва бар илми нақлӣ ва ақлӣ муқаддам аст, ҳар чанд арзиши он ду болотар аст.

Аммо ончи дар баҳсҳо ва масъалаҳои каломӣ ва эътиқодӣ аҳаммияти бештаре дорад ва бештар мавриди корбурд аст, ду навъи дигари илм, яъне илми нақлӣ ва илми ақлӣ аст ва ҳар як аз мактабҳои каломӣ ва мутакаллимони исломӣ, бо таваҷҷӯҳ ба аҳаммият ва корбурди илми нақлӣ ва илми ақлӣ  дар илми калом, назар ва мавзеъи худро дар масъалаҳои каломӣ ва эътиқодӣ мушахас ва муайян мекунад. Бархе аз мутакаллимон ва мактабҳои каломӣ монанди Муътазила, дар корбурд ва истифода аз ақл роҳи ифротро дар пеш гирифтаанд. Бархе дигар аз мутакаллимон монанди Аҳли ҳадис дар корбурд ва истифода аз нақл ифрот кардаанд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба матраҳ шудани  ақл ва нақл ба унвони роҳҳои ба даст овардани илм ва маърифат аз ҷониби мотуридиён дар илми калом, метавон гуфт, ки рӯйкарду равиш ва мавзеъи мотуридиён дар баҳсҳои каломӣ, рӯйкард ва равиши васат яъне талфиқе аз ақл ва нақл (омехтае аз ақл ва нақл) аст.

Ҳамчунон, ки баён кардем, мотуридиён роҳҳои ба даст овардани маърифат ва илмро се чиз унвон кардаанд, ки мо дар ин мақола ду қисми он, яъне ҳис ва нақлро тавзеҳ хоҳем дод ва дар мақолаи баъдӣ ба баррасии ақл хоҳем пардохт.

1- Ҳис ё аъзои ҳиссӣ

Манзур аз ҳис ё аъзои ҳиссӣ, ки имом Мотуридӣ аз он ба “аъён” таъбир мекунад, ҳамон ҳавоси панҷгона, яъне ҳисси биноӣ, ҳисси шунавоӣ, ҳисси бӯёӣ, ҳисси чашоӣ ва ҳисси ламскунанда аст, ки ҳар кадом василае барои расидан ба навъи хоссе аз илм ва маърифат аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 70. Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 21. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 119).

Аз назари мотуридиён асл дар маърифат ҳамон идрок ва дарки ҳиссӣ аст, мункири он мукобир (ситезкунанда, лаҷоҷаткунанда, касе, ки ҳақиқатҳои ошкорро инкор мекунад) ва аз назари табиат дар мартабаи пасттар аз табиати ҳайвонӣ қарор дорад, зеро ҳайвонот низ аз чунин ғаризае бархӯрдор ҳастанд. Имом Мотуридӣ мегӯяд: Суфориши ман он аст, ки бо чунин афроде мунозира ва баҳс нашавад, чун баҳсу мунозира ё дар моҳияти як чиз аст ё дар ҳастии он ва чунин фарде мункири онҳо аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 70. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 120).

Дар бархӯрд бо ин гуна афроди сафсатагар ду роҳро метавон пеш гирифт, яке инки аз онҳо бипурсем оё ба ин нафй ва инкори худ илм ва маърифат доред ё на? Роҳи дигар инки даст ба иқдоми амалӣ бизанем; яъне бархурди физикӣ бояд намуд, то дар муқобил аксуламале нишон дода ба ҳиссиёти худ эътироф кунад.(Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 70).

2- Нақл (ахбор)

Яке аз роҳҳои ба даст овардани илм ва маърифат аз назари имом Мотуридӣ ва дигар мотуридиён “нақл” ва ба таъбири худи онҳо “ахбор” аст. Аз назари мотуридиён ахбор ё нақл  ду гуна ҳастанд, яке ахбори “мутавотир (ахбори мутавотир ба ахборе гуфта мешавад, ки яқиновар ва қатъӣ аст)” ва дигари “ахбори анбиё ва пайғамбарон”.  Касе ҳар ду навъи  онро инкор ва ё рад кунад, дар шумори суфастоиён (сафсатакунандагон, сафсатагарон, касоне, ки ҳақиқат ва воқеъият ошкорро инкор ва рад мекунанд) қарор хоҳад гирифт, зеро он шахс бо  инкори мутлақ ва куллӣ, вуҷуди  хурро низ инкор кардааст, чун инкори худи ӯ низ хабар аст. Илова бар ин, ин нақл ва хабар лозимааш таътил кардани гӯшу забон ва куфрони неъмати илоҳӣ аст ва ин ба он маъно аст, ки инкоркунандаи хабар, худро ҷузъи ҳайвонот ва чаҳорпоён медонад, зеро аз тариқи баён ва ахбор аст, ки инсон аз  ҳайвонот фарқ пайдо мекунад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 70 то 71. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 120 то 121. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, саҳ 25).

Аз назари мотуридиён ин ду навъ хабар, яъне ахбори мутавотир ва ахбори пайғамбарон маншаи маърифат ва илмовар ҳастанд. Лозим будани қабули ахбори пайғамбарон аз заруратҳои ақлӣ аст, зеро дар миёни ахбор ва нақлҳо, ҳеҷ хабаре ба ҳадди хабарҳои онҳо, ки бо муъҷиза ҳамроҳ аст, намерасад, аммо фарқе миёни ин ду навъи хабар вуҷуд дорад ва он ин аст, ки ахбори мутавотир сабаби падид омадани илми зарурӣ ва яқинӣ мешавад, ки ниёзманди далел ва истидлол нест, вале ахбори анбиё ниёзманди далел ва истидлол аст, чун ахбори онҳо аз тариқи силсилаи ровиён ба дасти мо расидааст, ки он ровиён аз хато ва гуноҳ муназзаҳ нестанд ва дар нақли хабар  мумкин аст дучор иштибоҳ ё кизб шаванд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 71. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 121).

Абумансури Мотуридӣ ба ҷуз ин ду навъ хабар, хабари дигареро низ зикр мекунад, ки метавон онро ҳамон хабари “воҳид” унвон кард. Имом Мотуридӣ баён медорад, ки агар хабаре ба ҳади мутавотир нарасад, набояд ба роҳатӣ онро канор гузошт ва раҳо кард, балки бояд дар вежагиҳо ва сифатҳои ровиёни он тафаккур, баррасӣ ва таҳқиқ кард. Дар ин сурат агар эҳтимоли сидқу  ростии хабар ба эҳтимоли кизб ва дуруғи он ғалаба ёбад, бояд ба он амал кард, ҳарчанд эҳтимоли хато дар он вуҷуд дошта бошад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 72).

Аз ончи баён гардид метавон ба аҳаммият ва ҷойгоҳи ахбор ва нақлу ҳадис дар мактаби каломии Мотуридия пай бурд. Аз тарафе, мотуридиён бар ин эътиқоданд, ки ахбори мутавотир ва ахбори пайғамбарон барои инсон илм ва маърифат меоваранд. Аз сӯи дигар, ахбореро, ки ба ҳади мутавотир намерасанд ҳам ба таври кулӣ рад ва ё инкор намекунанд, балки бо баррасӣ ва таҳқиқи сифатҳо ва вежагиҳои ровиёни онҳо, дар сурате, ки эҳтимоли сидқи онҳо ба кизбашон ғалаба кунад,  ба онҳо амал мекунанд, ҳар чанд ин ахбор дар эътқодот ҳуҷҷият ва эътибор надоранд.

Бинобар ин, ахбор ва нақлгароӣ дар мактаби каломии Мотуридия аҳаммият ва ҷойгоҳи волоӣ дорад.

Давом дорад ….

Мабноҳо ва пояҳои каломии Мотуридия(бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед