Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши шашум)

0
69

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мотуридӣ ва Мотуридия тарафдори ҳусну қубҳи ақлӣ 1

Чуноне ки баён кардем, дар миёни мутакаллимони исломӣ бархе аз мутакаллимон ва фирқаҳои каломӣ, ҳусну қубҳи ақлиро пазируфта ва доварии ақлро дар бархе аз мавридҳо муътабар донистаанд. Аммо бархе дигар аз мутакаллимон ва фирқаҳои каломӣ, ҳусну қубҳи ақлиро ба куллӣ инкор карда ва доварии ақлро ба ҳеҷ унвон қабул надоранд ва ҳусну қубҳро фақат шаръӣ ва динӣ медонанд.

Дар  қисмати гузашта, яке аз фирқаҳои инкоркунандаи ҳусну қубҳи ақлӣ, яъне мактаби каломии Ашоираро баррасӣ намудем. Дар ин қисмат ва қисмати баъдӣ қасд дорем дидгоҳи яке аз фирқаҳои тарафдори ҳусну қубҳи ақлӣ, яъне мактаби каломии Мотуридия ва  назари худи имом Мотуридиро мавриди баррасӣ қарор диҳем. Аммо қабл аз он, ишораи кӯтоҳе ба дидгоҳи Муътазила хоҳем кард.

Ҳусну қубҳи ақлӣ нақши муҳим ва асосие дар бисёре аз масъалаҳои каломӣ ва эътиқодӣ дорад ва масъалаҳои фаровоне дар илми калом бар он бино ниҳода шудааст. Мутакаллимони Муътазила, ки ба адлия маъруфанд, аз тарафдорони ҷиддии ҳусну қубҳи ақлӣ мебошанд. Онҳо бар ин боваранд, ки адли илоҳиро бидуни асл донистани ҳусну қубҳи ақлӣ наметавон тафсир кард ва мегӯянд инкори ин асл лозимааш инкори адли Худованд аст. Аҳмад Амини Мисрӣ ҳам гуфтааст: “Аз онҷо, ки Муътазила Худовандро одил ва ҳаким донистаанд, масъалаи ҳусну қубҳи ақлиро матраҳ кардаанд”. (Аҳмад Амини Мисрӣ, Заҳил Ислом, ҷ 3, саҳ 47)

Аз ин рӯй, адлро яке аз усули мазҳаби худ қарор додаанд. Мутакаллимони Муътазила дар оғози баҳси адли илоҳӣ ба исботи масъалаи ҳусну қубҳи ақлӣ пардохтаанд.

Қозӣ Абдуҷаббори Муътазилӣ, яке аз донишмандони бузурги ин фирқа дар бораи ҳусну қубҳи ақлӣ мегӯяд:

“Асли дуввум аз усули панҷгонаи (Муътазила), масъалаи адли илоҳӣ аст. Манзур аз адли илоҳӣ он чизе (сифате) аст, ки ба афъоли қадими Худованди Мутаол бармегардад ва ҳамчунин ончи ки бар Худованд ҷоиз аст ва ончи ки бар Худованд ҷоиз нест. Вай сипас мегӯяд: Мо вақте Худованди Мутаолро ба ин васф мекунем, ки аз қадим одил ва ҳаким аст, манзур ин аст, феъли қабеҳро анҷом намедиҳад ва интихоб намекунад ва ин ҳеҷ мушкиле эҷод намекунад, ки бигӯем ин феъл бар Худованд воҷиб аст ва ҳамаи афъоли Ӯ ҳасан ва хуб ҳастанд”. (Қозӣ Абдуҷаббор, Шарҳул усулул хамса, саҳ 301 то 302)

Имом Абумансури Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони пайрави мактаби каломии Мотуридия низ монанди Муътазила тарафдори ҳусну қубҳи ақлӣ ҳастанд ва муътақиданд, ки ақл ин тавоноиро дорад, ки ҳусну қубҳи (хубӣ ва будӣ) бархе аз афъол ва ашёъро дарк кунад ва бифаҳмад. Мотуридия дар асли ин масъала, ки ақл метавонад ҳусну қубҳи (хубӣ ва будӣ) бархе аз афъол ва ашёъро дарк мекунад ва мефаҳмад, бо муътазила мувофиқ ҳастанд, аммо бархе аз натиҷаҳоеро, ки Муътазила аз он ба даст меоваранд монанди وجوب علي الله(вуҷубун алал-Аллоҳ)” (воҷиб шудан бар Худованд) ва وجوب اصلح(вуҷуби аслаҳ)”-ро намепазиранд. (Аҳмад ал-Ҳарбӣ, Алмотуридияту диросатан ва тақвиман, саҳ 151. Булқосим ал-Ғолӣ, Абумансурул Мотуридӣ Ҳаётуҳу ва ороул ақидияҳ, саҳ 73)

(Манзур аз “вуҷуби аслаҳ” он аст, ки ҳар феъл ва коре, ки фоида ва нафъи он барои инсон зиёд ва зарари он кам бошад, бар Худованди Мутаол воҷиб аст, ки онро анҷом диҳад).

Муҳаммад Абузуҳра, яке аз донишмандони муосири илми калом дар ин маврид менависад:

“Аз натиҷаҳои эътимоди беқайду шарти муътазилиҳо бар ақл ин буд, ки онҳо ба ҳусну қубҳи ақлии аъмол ҳукм карда мегуфтанд: Тамоми маъорифи исломӣ ба василаи ақл қобили дарк ва бар асоси ақл воҷиб аст, шукр дар баробари неъматдиҳанда ҳатто қабл аз онки далели нақлӣ дошта бошем, воҷиб аст, ҳусну қубҳ, ду сифати зотии нек ва бад ҳастанд”. (Муҳаммад Абузуҳра, Таърихи мазоҳиби исломӣ, саҳ 222)

Абумансури Мотуридӣ яке аз далелҳои ниёзмандии инсонро дар маърифату шинохт ба воситаи фикру назар (ақл), ташхиси ҳусну қубҳи афъол ва хубиву бадии умур донистааст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 74). Ва ин ба равшанӣ бар тавоноии ақл бар дарки ҳусну қубҳи афъол ва хубиву бадии умур далолат дорад.

Имом Мотуридӣ дар баҳси исботи набуввт низ бар асли ҳусну қубҳи ақлӣ таъкид карда ва чнин гуфтааст:

“Ақл ростӣ ва адолатро таҳсин мекунад (хуб мешуморад) ва зулму дуруғро тақбеҳ мекунад (бад мешуморад)…. Пас ақл инсонро ба ончи, ки сабаби шарофат аст амр мекунад ва аз ончи, ки сабаби хориву пастӣ аст наҳӣ (манъ) мекунад. Пас амру наҳӣ (шаръӣ) ба зарурати ақл воҷиб аст, чуноне ки подош барои касоне, ки таклифҳои илоҳиро анҷод додаанд ва азоб барои касоне, ки аз ҳавои нафси худ пайравӣ кардаанд, ба ишора ва ҳукми ақл воҷиб аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 196)

Ҳамчунин вай дар бораи ҷойгоҳ ва нақши ақл дар маърифату шинохти динӣ мегӯяд:

Ақл ҳоким  бар ин аст, ки офариниши ин ҷаҳон ҳакимона аст ва беҳадафӣ ва беҳудагӣ дар он роҳ надорад, зеро феъл ва кори мухолифи ҳикмат аз назари ақл қабеҳ аст. Бар ин асос ҳадаф аз офариниш бақо ва боқӣ мондан аст, на фано ва нобудӣ ва чун дар вуҷуди инсонҳо тамоюлот ва хостаҳои мухталиф вуҷуд дорад, ки таҳаққуқ ёфтани беҳаду марзи онҳо, ба фано ва нобудии башар мунҷар мегардад, пас бояд асле бошад, ки мояи улфати онҳо шуда ва аз танозуъ ва ихтилофи онҳо боз дорад. Би ин ҷиҳат вуҷуди имоми одил ва олим дар ҷомеаи башарӣ амри лозим ва зарурӣ аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 67 от 68)

Ҳамон гуна ки муолҳиза менамоед, имом Мотуридӣ дар иборатҳои зикршуда ба равшанӣ эътиқод ба ҳусну қубҳи ақлиро баён мекунад. Чунин иборатҳое дар китоби “Ат-тавҳид” ва “Таъвилоту аҳли ас-сунна”-и  Мотуридӣ ба сурати ошкор ва ғайриошкор фаровон дида мешавад. Ҳамчунин дар китобҳо ва навиштаҳои дигари мотуридиён низ эътиқод ба масаъалаи ҳусну қубҳи ақлӣ ба равшанӣ ва ошкоро баён шудааст.

Илова бар Мотуридӣ ва мотуридиён, дигар мутакаллимони пайрави мазҳаби имоми Аъзам Абуҳанифа низ тарафдори асли ҳусну қубҳи ақлӣ ҳастанд, чуноне ки Саъдуддини Тафтозонӣ мегӯяд:

“Бархе аз Аҳли суннат яъне ҳанафиён бо назарияи Муътазила дар масълаи ҳусну қубҳи ақлӣ дар мавриди баъзе аз афъол мувофиқат кардаанд, монанди воҷиб будани нахустин воҷиб (воҷиб будани шинохти ақлии Худованд), воҷиб будани тасдиқи пайғамбарон ва ҳаром будани такзиб кардани онҳо, ҳаром будани ширк варзидан ба Худованд, ҳаром будани нисбат додани корҳои бад ва нораво ба Худовнди Мутаол ва воҷиб будани тарки он, ин ки кори пасандидае воҷиб аст ва ҳар кори нописанде ҳаром аст. Вале дар айни ҳол онҳо (мутакаллимони ҳанафӣ) қоил ба وجوب يا حرمت علي الله (воҷиб шудан ё ҳаром шудан бар Худованд) нестанд ва ҳоким бар ҳусну қубҳ ва холиқи афъоли бандагонро Худованди Мутаол медонанд. Аз назари онҳо ақл василаи маърифат ба бархе аз ин умур аст ва воҷиб кардан ва тавлид кардан марбут ба ақл нест, балки ба воҷиб кардан ва эҷод кардани илоҳӣ аст, ки дар бархе мавридҳо бидуни касби бандагон ва дар мавридҳои дигар бо касб ва назари саҳеҳ таҳаққуқ пайдо мекунад”. (Саъдуддини Тафтозонӣ, Шарҳул мақосид, ҷ 3, саҳ 215)

Идома дорад…

Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия (бахши панҷум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед