Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши ҳаштум)

0
38

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Асли “танзеҳ” ва дидгоҳи мотуридиён дар мавриди он

Асли муҳими “танзеҳ” ё “танзеҳи Худованд”, яке аз аслҳои таъсиргузор дар тамоми баҳсҳо ва масъалаҳои каломӣ ба хусус баҳси Худошиносӣ ва махсусан дар масъалаи исмҳо ва сифоти илоҳӣ аст. Эътиқод доштан ё эътиқод надоштан ба асли муҳими танзеҳ метавонад масир ва раванди Худошиносиро таъйин ва мушаххас кунад. Мутакаллим ва донишманде, ки бар асоси асли “танзеҳи Худованд” масъалаҳои каломиро баррасӣ мекунад ва дар баҳси Худошиносӣ мутобиқи ин асл ҳаракат мекунад, Худошиносие, ки ба намоиш мегузорад ва исбот мекунад, аз Худошиносие, ки як мутакаллим ва донишманде ки ин аслро қабул надорад, комилан мутафовит аст.

Асли “танзеҳ” дар муқобили ду равиш ва дидгоҳи “ташбеҳ” ва “таътил” қарор дорад. Ин се истилоҳ дар илми каломи исломӣ дар масъалаи исмҳо ва сифоти Худо ба кор мераванд. “Ташбеҳ” дар имли калом ба маънои ҳамонанд кардани Худованди Мутаол дар зот ё сифот ба махлуқот ва нисбат додани сифоти махлуқот ба Холиқ аст. Бар асоси дидгоҳи ташбеҳ, фарқи асоси миёни сифатҳои Худованд ва сифатҳои махлуқот вуҷуд надорад ва он даста аз сифоте, ки ҳам бар Худо ва ҳам бар инсонҳо нисбат дода мешавад, маънои муштарак ва яксон доранд. Дар муқобили ин дидгоҳ, назарияи “таътил” қарор дорад, ки муътақид аст ақли инсон роҳ ва тавоноӣ барои шинохти сифоти илоҳиро надорад ва лизо ақли инсон аз ҳар гуна шинохт ва маърифате нисбат ба исмҳо ва сифоти Худованд таътил аст.

Дар муқобили ин ду дидгоҳи ифортӣ ва тафритӣ, асли “танзеҳ” қарор дорад. Асли танзеҳ иборат аст аз: Эътиқод ба муназзаҳ ва пок будани Худованди Мутаол аз шабеҳ ва ҳамонанд будан ба махлуқот дар зот ва сифот ва нисбат надодани сифоти махлуқот ба Холиқ. Ҳамчунин салб кардан ва нисбат надодани ҳар навъ исм ва сифате, ки дорои нақс, камбуд ва маҳдудият аст, ба Худованди Мутаол. Аммо ин дидгоҳ шинохт ва маърифати исмҳо ва сифоти Худовандро имконпазир медонад ва бар ин назар аст, ки инсону ақли инсон тавоноӣ шинохт ва маърифати исмҳа ва сифоти Худовандро дорад. Бар асоси дидгоҳ ва асли “танзеҳ”, аз як тараф, муназзаҳ ва пок будани Худованд аз нақсҳо, камбудҳо ва маҳдудиятҳои сифоти махлуқот дар назар гирифта мешавад, аз тарафи дигар исмҳо ва сифоти Худованд шинохтпазир ва қобили маърифат муаррифӣ мегардад.

Имом Абумансури Мотуридӣ ва дигар мутакаллимони Мотуридия муътақид ба асли муҳими танзеҳ ҳастанд. Яке аз аслҳои муҳиме, ки Абумансури Мотуридӣ низоми каломии худро бар он бино ва устувор кардааст, асли “танзеҳ” аст. Вай бинобар асли танзеҳ, бидуни онки сифоти илоҳиро нафй кунад, ба ҳамаи шаклҳо ва навъҳои ташбеҳ (шабеҳ донистани Худованд ба махлуқот) ва таҷсим (ҷисмгароӣ дар мавриди Худованд) ба мухолифат бархостааст. Мотуридӣ муътақид аст оятҳои Қуръони Каримро, ки аз лафзҳои зоҳирии онҳо ташбеҳ ё таҷсим бардошт мешавад, набояд ба маънои зоҳирӣ тафсир ва табйин кард, зеро тафсири зоҳирии ин оятҳо бо оятҳои сареҳ  ва ошкори Қуръони Карим мухолифат дорад. Бинобар ин онҳоро бояд ба сурате тафсир ва табйин кард, ки бо асли танзеҳ созгор бошанд. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 6, саҳ 267 то 269 (Сураи Тоҳо, ояти 5). Ҳамон, , ҷ 9, саҳ 109 то 110 (Сураи Шуро, ояти 11). Ҳамон, , ҷ 4, саҳ 444 то 457 (Сураи Аъроф, ояти 54). Ҳамон, , ҷ 3, саҳ 550 то 552 (Сураи Моида, ояти 64). Ҳамон, ҷ 6, саҳ 129 то 130 (Сураи Ҳуд, ояти 37))

Имом Мотуридӣ дар китоби тафсири худ бо номи “Таъвилоту аҳли ас-сунна”, зери ояти:

“الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى”

“Худованде, ки бар арш мусаллат (ҳоким комил) аст” (Сураи Тоҳо, ояти 5)

мегӯяд:

“Асл дар назди мо дар бораи ин ояти Қуръон он аст, ки Худованди Мутаол фармудааст: “لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ” “Ҳеҷ чизе ҳамонмнди Ӯ (Худованд) нест” (Сураи Шуро, ояти 11). Пас Худованди Мутаол шабеҳ будани худ ба махлуқоташро нафй кардааст. Мо ҳам баён кардем, ки Худованди Мутаол дар феълаш ва дар сифаташ муназзаҳ ва пок аз ташбеҳ аст, пас воҷиб аст ояти: “الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى”-ро бар ончи нозил шуд тафвиз ва вогузор намоем ва дар ончи ба Худованди Мутаол нисбат дода мешавад шабеҳ будан ба махлуқотро нафй мекунем. Вақте муназзаҳ ва пок донистани Худованд аз ташбеҳ ҳам дар зот ва ҳам дар феъл лозим ва воҷиб бошад, пас ҷоиз нест аз ончи ба Худованди Мутаол нисбат дода мешавад чизе ғайр аз он фаҳмида шавад”. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 6, саҳ 269)

Имом Мотуридӣ ҳамчунин дар китоби “Ат-тавҳид” менависад:

“Худованди Мутаол фармудааст: “لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ” “Ҳеҷ чизе ҳамонмнди Ӯ (Худованд) нест” (Сураи Шуро, ояти 11), Худованд ба ин восита шабеҳ будани худ ба махлуқотро аз худ нафй кардааст… . Пас мо ба ояти: “الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى” “Худованде, ки бар арш мусаллат (ҳоким комил) аст” (Сураи Тоҳо, ояти 5), ба он сурат, ки нозил шудааст, муътақид мешавем ва маънои онро ба таври қатъ ба чизе таъвил намебарем, зеро эҳтимол дорад, ки маънои дигаре ғайр аз ончи мо таъвил кардаем, дошта бошад… . Ва мо ба он чизе, ки Худованд аз он ирода кардааст, имон дорем ва низ дар ҳар ончи ки ояти қуръонӣ нозил шудааст монанди дидани Худованд (руъяти Худованд) ва мисли он, нафйи шабеҳ будани Худованд ба махлуқот ва имон ба ончи Ӯ ирода кардааст, лозим аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 138)

Ончи баён гардид фақат чанд маврид аз суханон ва навиштаҳои Абумансури Мотуридӣ дар бораи қабул ва исботи асли “танзеҳ” ва нафй ва ради назарияи “ташбеҳ” ва “таътил” буд. Монанди ин иборатҳои баёншуда дар китобҳои имом Мотуридӣ фаровон вуҷуд дорад. (бархе аз манбаъҳои онҳо дар боло зикр гардид)

Аммо чуноне ки гуфтем, дигар мутакаллиомни Мотуридия низ муътақид ба асли муҳими танзеҳ ҳастанад ва дар китобҳои онҳо ин масъала ба равшанӣ баён шудааст. Аз ҷумла Абумуъини Насафӣ дар ин маврид менависад:

“Дар ҷои худ исбот шуд, ки Худованди Мутаол араз ва ҷавҳар ва ҷисм нест. Пас собит мешавад, ки ҳеч шабоҳат ва монандие миён Худованди Мутаол бо ҳеҷ як аз махлуқоти Ӯ вуҷуд надорад. Дар ин масъала бархе аз афрод бо мо мухолифанд ва қоил ба ин ҳастанд, ки Худованди Мутаол ҳамшакл ва ҳамонанди одамӣ аст ва Ӯ монанди башар дорои аъзои бадан аст. Дар ҳоле, ки Худованд аз ончи золимон мегӯянд муназзаҳ  ва пок аст”. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 1, саҳ 187)

Ҳамчунин Муҳаммади Баздавӣ дар ин бора мегӯяд: “Аксарияти   Аҳли суннати валҷамоат бар ин назаранд, ки Худованди Мутаол шабеҳ ва монанди ҳеҷ чизе нест ва ҳеҷ чизе низ шабеҳ ва монанди Ӯ нест. Бархе аз пайравони дигар динҳо низ ин дидгоҳро қабул доранд”. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 33). Вай дар ҷои дигар мегӯяд: “Аҳли суннати валҷамоат бар ин ақида ҳастанд, ки Худованди Мутаол бар макон ва ҷое қарор надорад (дорои макон ва ҷой нест), ҳамчунин бар арш ва ғайри арш қарор надорад ва дар болои арш нест. Ӯ дорои ҳеҷ ҷиҳате намебошад (монанди ҷиҳатҳои рост, чап, боло, поён ва ғайра)”. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 40)

Натиҷа

Бинобар ин, аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки Абумансури Мотуридӣ ва дигар мотуридиён дорои тафаккури танзеҳӣ буда ва маътақид ба асли муҳими “танзеҳ” ҳастанд ва Худованди Мутаолро дар зот, исмҳо, сифто ва афъоли худ муназзаҳ ва пок аз ҳар навъ айб, нақс ва камбудӣ медонанд. Имом Мотуридӣ аҳаммияти зиёде барои асли танзеҳ қоил аст ва лизо яке аз пояҳои аслии мактаби каломии ӯро ин асл ташкил медиҳад. Вай бар асоси ин асл ҳар лафз ва ё феълеро, ки баёнкунандаи айб, нақс ва камбудӣ бошад аз зоти Худованди Мутаол нафй мекунад ва зоти Худовандро аз он муназзаҳ медонад, лизо яке аз роҳҳои исботи сифоти илоҳӣ аз назари ӯ асли муҳими “танзеҳ” аст. Ҳар сифатеро, ки холӣ аз айбу нақс ва камбудӣ бошад барои Худованд исбот мекунад ва ҳар сифатеро, ки дарбар дорандаи айбу нақс ва камбудӣ бошад аз Худованд нафй мекунад.

Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия (бахши панҷум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед