Куфри ба тоғут имон ба Худо(қисми дуввум)

0
91

Ба номи Худованди бахшанди меҳрубон

Тоғут  ва  имон дар канори ҳам наметавонанд зиндагии бидуни таъсир ба ҳамдигар дошта бошанд. Тоғут намегузорад, ки имон дар қалбҳо ҷой гирад.  Ӯ аз роҳҳое, ки худ мешиносад аз имоне, ки дилҳоро фаро мегирад ва инсонҳоро ба ҳаракат водор мекунад ҷилавгирӣ мекунад. Тоғуту истикбор барои зуҳуру бурузи имон музоҳимат ба вуҷуд меоваранд, то аз рушд ва короии имон ҷилавгирӣ кунанд. Имон ба Худо ва пазириши тоғут дар канори ҳам наметавонанд якҷо бошанд  қабули  яке дигариро дафъ ва аз худ дур меандозад.

Имон дар сояи тоғут гум мешавад

Ин ки Қуръон мефармояд, имон ба Худо баъд аз куфр ба тоғут дар даруни инсон шакл мегирад  ба хотири он аст, ки онҳо бо ҳамдигар наметавонанд дар вуҷуди инсон ва канори ҳам бошанд.

«… فَمَن يَكفُرْ بِالطاغوتِ و يُؤمنْ باللَّه فَقَدِ اسْتَمْسَكَ بِالْعُرْوَةِ الوُثْقى‏ لَاانْفِصامَ لَها…»

“Пас, ҳар касе ба тоғут куфр варзад ва ба Худо имон оварад, дар ҳақиқат  ба дастовези устуворе чанг задааст, ки ҳеҷ гусастание барояш нест.(Сураи Бақара, ояти 257)

Инсон пас аз мухолиф шудан ба тоғутҳои саркашу вайронгар метавонад имонро дар даруни худ ҷой диҳад. Худованд ҳам дар ин ояти аввал куфр ба тоғутро гуфтааст, баъд имон ба Худоро ин ба хотири он аст, ки базри имон дар қалбе, ки дар ихтиёри тоғут аст рушд намекунад,  ҳол он ки имон бояд соҳибашро рушд диҳад.

Куфру имон  ҳамеша бо ҳам мубориза доранд,  наметавонанд бо ҳам созгорӣ дошта бошанд. Инсон ҳар кадом аз онҳоро қабул кард дар муқобили дигарӣ меистад ва мубориза мекунад. Ба ин хотир аст, ки Худованд мефармояд имонро бигиред, ки он ресмони маҳкам ва устувор аст ва ҳаргиз гусаст ва порагӣ дар он нест ва нахоҳад буд.

Роҳи тоғут ва роҳи ҳақу тавҳид ду роҳи аз ҳам ҷудо аст, бо тавалло ва табарро ” дӯстӣ ва душманӣ” сафҳо мушаххас ва дудастагӣ эҷод мешавад. Даргири миёни ин ду сабаб мешавад, ки  дар муқобили ҳам қарор гиранд ва биҷанганд. Чун имон  зотан бо тоғут мухолифат дорад ва онро намепазирад. Тоғут ҳам чунин аст таҳаммули имонро надорад  ҳардуи онҳо дар мубориза ҳастанд,  яке барои Худо ва дигаре дар роҳи шайтон. Густариши тоғут дар ҷомеа ба хотири заъфи имон ба Худованди Мутаол дар он ҷомеа аст. Имон равшаноӣ ва тоғут торикӣ аст,  яке нӯр аст дигари торикӣ ва зулмат.

 اللَّهُ وَلِيُّ الَّذِينَ آمَنُوا يُخْرِجُهُمْ مِنَ الظُّلُماتِ إِلَى النُّورِ وَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَوْلِياؤُهُمُ الطَّاغُوتُ يُخْرِجُونَهُمْ مِنَ النُّورِ إِلَى الظُّلُماتِ أُولئِكَ أَصْحابُ النَّارِ هُمْ فِيها خالِدُونَ

“Худо сарпарасти касонест, ки имон овардаанд, онҳоро аз торикиҳо ба сӯи нӯр берун меоварад. Ва касоне, ки куфр варзидаанд, сарпарастонашон тоғутанд, ки ононро аз нӯр ба сӯи торикиҳо мебаранд; онҳо аҳли дӯзаханд, онҳо дар он мондагоранд” (Суари Бақара,ояти 257)

Худованд сарпарастии мӯъминонро бар уҳда дорад ва тоғутҳо сарпарастии кофиронро бар уҳда доранд. Худованд ба тарафи нӯр ва зиндагии ҳақиқию саодати дунёву охират даъват мекунад, аммо тоғут ба тарафи торикӣ ва нобудӣ. Қабули ҳар кадом аз онҳо натиҷаи хосси худро дорад, биҳишт ва зиндагии саодатманд натиҷаи имон аст  ва ҷаҳаннам ва азоби дарднок натиҷаи куфр ва пазириши тоғут. Имон ба Худо ва куфр ба тоғут бо ҳам дар ҷангу мубориза ҳастанд.

«الّذين آمنَوا يُقاتِلونَ فى سبيل اللَّه و الّذين كفروا يُقاتلون فى سبيل الطاغوتِ فقاتلُوا اولياء الشيطانِ، انّ كيدَ الشيطان كانَ ضعيفاً»

“Касоне, ки имон оварданд дар роҳи Худо меҷанганд ва касоне, ки куфр варзиданд дар роҳи тоғут меҷанганд. Пас, бо ёрони шайтон биҷангед; дар ҳақиқат, найранги шайтон заиф аст.”(Сураи Нисо, ояи 76)

Пас ҳар ду гурӯҳ дар ҷангу мубориза ҳастанд, яке барои Худо ва дигаре дар роҳи шайтон, аммо тоғутиҳо ёрон ва кумаккунандагони шайтонанд ва мӯъминон вазифадор ҳастанд, ки дар муқобили шайтонҳо аз ҳар гурӯҳе, ки бошанд биҷанганд чӣ шайтони аз ҷинси инсон ва чӣ аз ҷинси ҷин.

Мубориза  миёни мӯъминон ва пайровони тоғути шайтонсифат қатъист ва дастури Худованд аст, ки бо онҳо биҷангед, то имон рушд кунад ва тақвият шавад, ҳарчанд, ки шайтон ва тоғут заъифанд ва найрангҳояшон ба шикаст рӯ ба рӯ мешавад.

Имон ба Худо то тамоми вуҷуди инсонро фаро нагирад ва дар даруни синаҳо хайма назанад ва тамоми ширкҳо ва бутҳоро канор назанад ва поксозӣ накунад, ба ҳақиқати худ ва камоли тавҳид намерасад. Ба ин хотир аст, ки Худованд мефармояд ибтидо  ба тоғут кофир шавед, то имон дар дилҳо ҷой гирад.

Ин ки Худованд фармуданд бо ёрони шайтон биҷангед ба хотири он аст, ки заминаи ба камол расидани имон мубориза бо шайтон аст, ки палидиҳо, ширку олудагиҳоро аз инсон мерезонад ва покизагиҳо ва таҳоратро барои ӯ ба вуҷуд меоварад. Худованди Мутаол мефармояд:

«…وَ يُنَزِّلُ عَلَيكُم من السماء ماءً لِيُطهِّركُم به و يُذهبَ عنكُم رِجْزَ الشيطانِ و ليربطَ على قلوبِكُم و يُثبِّتَ به الاقدام»

“Ва аз осмон обе бар шумо мефиристод, то шуморо бо он пок созад ва олудагии шайтонро аз шумо дур кунад ва то дилҳоятонро устувор созад; ва қадамҳоро бо он собит гардонид.”(Сураи Анфол, ояти11)

 Дар муқобили шайтон ва тоғут истодан  чанд хислат барои инсон дорад: 1 Покӣ ва таҳорат аз палидӣ меоварад  2.Наҷот аз шайтон 3. Пас аз он ки дилҳо пок шуд шайтонҳо дур шуданд дилҳо оромиш пайдо мекунад ва устувор мешаванд, 4. Қадамҳо намелағзад, ин шайтон ва тоғутҳо ҳастанд, ки боиси лағзиши инсон мешаванд, вақте бо онҳо мубориза кард ва дар муқобилашон қарор гирифт, мешиносадашон ва вақте ки онҳоро (шайтон ва тоғутро) шинохт дигар фиребашонро намехурад.

  Даргирии имон ва тоғут

Мӯъмин наметавонад дар канори тоғут бо оромиш ва бидуни гирифторӣ зиндагӣ кунад. Тамоми даргирии Анбиё(а) ва солеҳон бо туғёнгарони саркаш ҳамеша буда ва ҳаст, агар паёмбарон ва солеҳон дар муқобили онҳо хомӯш мешуданд, имрӯз ҷомеаро зулму ситами тоғутиён фаро гирифта буд.

Тоғут гоҳе барои ин ки худро дар ҷомеа ҷой диҳад ва саркашию туғёнро дар дилҳои афроди ҷомеа ба вуҷуд оварад, намеоянд Худоро инкор кунанд, балки барои Худо ҳамтоёне месозад ва онҳоро дар дилҳо бузург мекунад. Суратаке аз Худо месозанд, то дар дилҳо ба ҷои Худо худоёнро(бутҳоро) ҷой диҳанд. Ҳол он ки чунин чизе шудани нест, агар ғайри Худои Ягона дар дилҳо ҷой гирифт дигар Худо онҷо нест.

Тоғут дар ҳар либосе бошад  комунизм ё демокрот ва ё дигар мактабҳо  андеша ва бовари худро бар дигарон таҳмил мекунад ва ғайри онро аз байн мебаранд. Фиръавн яке аз тоғутҳоест, ки намегузорад андеша ва боваре ғайр аз бовар ва андешаҳои ӯ дар ҷомеа садо баланд кунад.

«… قالَ فِرْعَوْنُ ما أُريكُمْ إِلاَّ ما أَرى‏ وَ ما أَهْديكُمْ إِلاَّ سَبيلَ الرَّشاد»

“Фиръавн гуфт: Ҷуз он чӣ мебинам, ба шумо нишон намедиҳам ва шуморо ҷуз ба роҳи рушд ҳидоят намекунам” (Сураи Ғофир, ояти29)

Фиръавн ин суханонро кай  мегӯяд?  Замоне ки садҳо ҳазор инсонро барда кардааст ва ҳеҷ ҳақе барои онҳо қоил нест. Кӯдаконро мекушад занонро барда мекунад.

Тоғут  замоне ки дар муқобили дини Худо меистад, шариатро таҳриф ва мунҳариф мекунад. Ҷудо кардани ақида аз шариат ва қонун аз дигар фаъолиятҳои онҳо аст, ки динро барои мардум ҳифз мекунад ва аҳкому қонуни онро бармедоранд ва як дини бидуни қонун барои ҷомеа матраҳ мекунанд, ки баъдан худ барои он дин аҳком содир кунанд, то бо исми дин ҷомеаро ба назм дароваранд. Бо ин тариқ тоғутҳо бар рӯҳу ҷони мардум султа  пайдо кардаанд ва хатари аз ин бад вуҷуд надорад, ки ҷомеае ба фикри ин ки бандаи Худо аст ва барои ӯ бандагӣ мекунад гирифтори тоғутҳое шуда аст, ки барои ӯ динсозӣ мекунанд, на ин ки дини ҳақиқиро барои онҳо ошкор кунанд, онҳо бо пӯшонидани ҳақиқат ботилро ҳақ нишон медиҳанд.

«اذْهَبْ إِلى‏ فِرْعَوْنَ إِنَّهُ طَغى»

 “Ба сӯи Фиръавн бирав, ки қатъан ӯ туғён кардааст”.(Сураи  Тоҳо, ояти,24)

Тоғутҳо натанҳо бар башарият зулму ситам намекунанд, балки молу мулки мардумро дар ихтиёри худ мегиранд ва онҳоро хору залил мекунанд ва ҳатто   андешаву мантиқи  афроди ҷомеаро дар ихтиёр мегиранд ва тавонмандиҳои онҳоро дар масири тоғут ва тоғутӣ кардани ҷомеа ба кор мегиранд.

Натиҷа

Пас хулоса ва натиҷаи баҳс ин шуд, ки то замоне ки тоғутро аз худ дур накарда бошем наметавонем имони ҳақиқӣ дошта бошем. Ин ду бо ҳамдигар дар як қалб қарор намегиранд, ҳамдигарро дафъ ва аз худ дур мекунанд, тазод ва таорӯз доранд, мубориза ва ҷанги поённопазире бо ҳам доранд. Тоғутиён дар ҳар либосе, ки бошанд аз рушди имон ҷилавгирӣ мекунанд.

Тоғутҳо ёрони шайтонанд, то замоне ки инсон дар сафи онҳо қарор дорад, амру наҳйи онҳоро мепазирад ва иҷро мекунад, наметавонад мӯъмин ба Худо бошанд. Тоғутҳо намегузоранд имон вориди қалбҳои башарият шавад. Кори онҳо ин аст, ки нагузоранд инсонҳо дар зери нӯри имон ва парчами ҳақ зиндагӣ кунанд, зиндагии зулмонӣ ва шаҳвониро дар ҷомеа густариш медиҳанд, то бо ин роҳ аз имон ба Худо ҷилавгирӣ кунанд.

То палидиҳои тоғутӣ ва инҳирофҳои онҳоро аз қалб берун нарехта бошӣ наметавони дар он қалб имон ба Худовандро меҳмон кунӣ ва амру наҳй Худовандро бипазирӣ.

Тоғут барои дини Худо қонун вазъ мекунанд ба ҷои ин ки  ҳокимият ва давлатдории худро бо аҳкоми Худованд мутобиқ ва созгор кунанд, дини ҳақро ба инҳироф мекашанд ва барои он аҳком месозанд. Лизо даргирии онҳо бо анбиё (а) ва бандагони солеҳи Худо ҳамешагӣ ва поённопазир аст ва Худованд ба бандагонаш дастур додааст, ки ибтидо ба тоғут кофир шаванд ва ӯро нафй кунанд ва баъд мӯъмин ба Худованд шаванд. Дар ин сурат ба ресмони ҳақиқии дин ҷанг задаанд, ки ҳаргиз дар он гусастагӣ ва пора шудани роҳ надорад.

Куфри ба тоғут имон ба Худо(қисмати аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед