Кибр ва осори он

0
27

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Кибр иборат аст аз як ҳолати бади  нафсоние, ки инсон дар худ меёбад ва бар дигарон бузургфурӯшӣ мекунад. Асари кибр дар амалу рафтори  инсон  зоҳир мегардад ва он ғайр аз уҷб ва худбинӣ  мебошад. Уҷб худпасандист ва кибр бузургнамоӣ ва такаббур кардан бар дигарон аст. Пас бояд донист, ки кибр дорои дараҷот ва дорои маротиб аст. Кибр дар инсонҳо ба андозаи мақоми онҳо ва ҷойгоҳашон таъйин мегардад. Як инсони сода ба андозаи худ ва як масъул ва раис ба анодазаи худаш метавонад кибр дошта бошад. Бинобар ин кибрро наметавон гуфт барои ҳамаи инсонҳо яксон ва баробар аст.

Фарқи такаббур бо уҷб  он аст, ки: инсони гирифтори уҷб худашро касе ва ё шахсияте  бидонад ва худписанд бошад. Ин ҳолат дар инсон дар танҳои ва хилваташ вуҷуд дорад,  вале ҳолати инсони гирифтори кибр чунин аст, ки ӯ худро дар муқобили дигарон болотар медонад.  Кибр  сифатест дар нафсу ботини соҳибаш ҳувайдо аст ва он  дар зоҳири инсон осор ва самароташро намоён мекунад ва ба сабаби он осор шахсро мутакаббир  гӯянд. Дар луғат онро ба маънои худро аз дигарон бартар донистан ва фахрфурӯшӣ ба дигарон зикр кардаанд. (Ибни Манзур, Лисонулараб, ҷ5, саҳ 129)

Кибр аз бузургтарин сифоти разила буда,   офати он бисёр  ва зарари он бешумор аст. Чӣ бисёранд аз инсонҳои соҳибмақом  ва инсонҳои оддӣ, ки ба воситаи ин сифати разила ба ҳалокат расидаанд.  Монеи бузургест, ки инсонро аз расидан ба мартабаи файзу раҳмати Парвардигор манъ мекунад. Чун ба воситаи ин сифат   инсон дар худ бузургӣ мебинад,  ки ӯро аз тавозуъ, бурдборӣ, қабули насиҳат, тарки ҳасаду ғайбат ва монанди инҳо манъ мекунад.

Сабаб ва решаи кибр

Уламо сабабҳои бисёр барои кибр зикр кардаанд, ки мо ба  ду сабаби аслии он мепардозем. Уҷб ва ҳасад ду сабаби аслии кибр мебошад. Асоси кибр бар ин бармегардад, ки инсон дар худ як эҳсоси бартарӣ аз дигаронро мебинад ва ин сабаб мешавад, ки инсон аввал ба уҷб ва баъдан ба кибр гирфтор шавад.

Гоҳе сабаби кибр ва мутакаббирӣ  ҳасад мебошад. Яъне гоҳе инсон ба сифати хубе, ки дигар шахс дорад ва он надорад такаббур карда гирифтори кибр мешавад. Масалан фақир ба ғанӣ ва  ҷоҳил ба олим ҳасудӣ ва бахилӣ мекунанд, ки  агар пеши роҳи нафси худашонро нагиранд дучори кибр хоҳанд шуд.

Инсони мутакаббир ба хаёли худаш  ҳамеша аз  бузургтарини инсонҳост, вале дар чашми мардум кӯчактарини онҳост.

Кибр аз нигоҳи Қуръон

وَ إِذْ قُلْنا لِلْمَلائِکَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلاّ إِبْلیسَ أَبى وَ اسْتَکْبَرَ وَ کانَ مِنَ الْکافِرینَ

“Ва (ёд кун) ҳангомеро  ки ба фариштагон гуфтем: «барои Одам саҷда ва хузӯъ кунед! ҳамагӣ саҷда карданд; ҷуз Иблис, ки сар боз заду такаббур варзид (ва ба хотири нофармонӣ ва такаббураш) аз кофирон шуд” (Сураи Бақара, ояти 34)

Саҷда барои Парвардигор ба унвони ибодат ва дар баробари дигарон ба унвони такриму эҳтиром  мебошад.  Ҳамонгуна, ки малоика бар Одам(а) саҷда карданд ва ҳазрати Яъқуб(а) бо фарзандонаш бар Юсуф(а)  саҷда карданд. (Тафсири Замахшарӣ, зири ояти 34  сураи Бақара)

Дар ояти  дигар Худованд мефармояд:

وَ الَّذينَ کَذَّبُوا بِآياتِنا وَ اسْتَکْبَرُوا عَنْها أُولئِکَ أَصْحابُ النَّارِ هُمْ فيها خالِدُونَ

“Ва касоне, ки оёти моро такзиб карданд ва аз онҳо такаббур варзиданд,  онон ёрони оташанд ва дар он ҷовидона хоҳанд бӯд. (Сураи Аъроф, ояти 36)

Парвардигор дар ин оят мефармояд касоне, ки оятҳои  манро такзиб кунанд ва  бар тавҳид душманӣ варзанд ва онро такфир кунанд ва ҳамчунин   ба далелҳо ва ҳуҷатҳо такаббур варзанд, дар оташи ҷаҳаннам то абад мемонанд.(Замахшарӣ, зери ояти 36 сураи Аъроф)

Кибр дар аҳодис

Паёмбари Акрам(с) мефармояд:

لا يَدْخُلُ الجَنَّةَ مَنْ كَانَ في قَلْبِهِ مثْقَالُ ذَرَّةٍ مَنْ كِبرٍ

Дохили ҷаннат намегардад касе, ки дар қалбаш зарае аз кибр дошта бошад.(Саҳеҳ Муслим, китоби имон, ҳадиси 91)

Аз Савбон(рз) ривоят шуда аст, ки Расули Акрам(с) фармуд:

من فارق الروح جسده وهو برئ من ثلاث دخل الجنة الكبر والدين والغلول

Касе, ки руҳаш аз баданаш ҷудо шавад ва дар ҳоле ки ӯ аз се чиз;  кибр, қарз ва хиёнат  пок бошад, вориди ҷаннат мешавад.(Муснади Аҳмади Ҳанбал, ҳадиси 22434)

Дармони кибр

Танҳо роҳи наҷот ва ғалаба бар нафси аммора ва шайтон ин аст, ки бар хилофи майлу хоҳиши онҳо рафтор кунӣ. Барои дармони такаббур шеваҳое ҳам дар мақоми илмӣ ҳам дар мақоми амал зикр кардаанд.

Аз нигоҳи илмӣ танҳо    роҳи дармони такаббур шинохти азамати Худо мебошад. Инсон бояд  ба чунин шинохте аз азамати Парвардигор бирасад ва ба   заъфу  нотавон будани худ  пай бибарад, ки набояд дар баробари дигарон таккабур ва бузургнамоӣ кунад.

Дар мақоми амал тавсия кардаанд, ки инсон дар гуфтору кирдор диққат кунад, то ҳар коре, ки аз ӯ сар мезанад,  аз сари тавозуъ ва  парҳез аз худписандию такаббур бошад.

Аз дигар  роҳҳои дармони такаббур ин аст, ки инсон ба он чи ки сабаби  такаббур мешавад  таваҷҷӯҳ накунад.  Яъне корҳои нек ва амалҳои хуби   худро дар назар нагирад ва агар кори неке, ки мекунад, онро аз ҷониби Худо ҳамчун лутф ва раҳмати Ӯ бидонад. Ҳамеша айбҳои  худро дар назар дошта бошад ва онҳоро ислоҳ кунад. Ҳамчунин худро бо афроди  холис ва ботақво муқоиса накунад, то аъмолу рафтори хуби худаш дар назараш кӯчак намоён шавад.

Натиҷа

Натиҷаи оёти зикршуда чунин мешавад, ки  таккабур яке аз хатарноктарин сифатҳои разилаи инсонӣ мебошад. Ҳар сифати разила  махсусан кибр осор ва паёмадҳои бад ва хоркунанда доранд. Пас бояд дар фикри  дармони ин сифати разила баромад. Дар аввали кор  аз байн бурдани чунин сифатҳои разила  осонтар аст, аммо агар ин  сифати разила дар инсон  реша давонда  ва мондагор шуда  бошад, дармони он кори бисёр душвор хоҳад буд. Бо баҳраманд шудан аз оятҳои Қуръони Карим ва аҳодиси гаронбаҳои Паёмбари Акрам(с) ва дархости тавфиқ аз даргоҳи Худои Мутаол  талош кунем ин сифати паст  ва разиларо ҳарчи зудтар аз вуҷуди худамон пок гардонем.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед