Исботи сифоти Худованд аз назари Мотуридӣ

0
197

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Исботи сифоти Худованд аз назари Мотуридӣ

Яке аз усул ва пояҳое, ки мактаби каломии мотуридӣ бар он устувор аст, асли ’’танзеҳ’’ ва ’’нафйи ташбеҳ’’ аст. ’’Тафаккури танзеҳӣ’’ ба ин маъно аст, ки Худованд Мутаъол аз ҳар чизе, ки дорои нақс ва камбуд бошад, пок аст. Ва ҳар исм, сифат ва феълеро, ки дорои камбуд аст набояд ба Худованд нисбат дод. Бар асоси ин асл, имом Мотуридӣ бидуни ин ки сифоти илоҳиро нафй кунад, зоти Худовандро аз ҳар гуна ташбеҳ ва таҷсим(ҷисм донистан) поку муназзаҳ медонад ва ҳар навъ ташбеҳ ва таҷсимро дар мавриди Худованд рад мекунад. Вай муътақид аст оятҳоеро, ки дар Қуръони Карим зикр шудаанд ва маънои зоҳирии онҳо баёнгари ташбеҳ ва таҷсим аст, монанди даст, руй, чашм, қарор гирифтан бар арш ва ғайра, ки набояд ин ташбеҳҳоро ба маънои зоҳирӣ тафсир кард, зеро тафсири зоҳирии ин оятҳо бо оятҳои равшану ошкори Қуръони Карим (оятҳои муҳками Қуръони Карим) мухолифат дорад. Пас ин оятҳоро бояд бо таваҷҷуҳ ба далелҳои воридшуда дар бораи танзеҳ, ба гунае тафсир кард, ки бо асли тавҳид ва поку муназзаҳ будани Худованд аз ташбеҳ ва таҷсим (ҷисм донистан) созгор бошад ва агар натавонем онҳоро чунин тафсир кунем, бояд маънои ҳақиқии онҳоро ба илми Худованд вогузор кунем.
Бинобар ин Абумансури Мотуридӣ ҳар сифатеро, ки лозимааш ташбеҳ ва таҷсими Худованди Мутаол бошад комилан нафй ва рад мекунад, агар он сифат дар Қуръони Карим зикр шуда бошад онро ба тавре тафсир мекунад ва тавзеҳ медиҳад, ки бо асли танзеҳ созгорӣ дошта бошад. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 4, саҳ 444 то 455. ҷ 3, саҳ 550 то 552.  ҷ 6, саҳ 129 то 130)
Аз тарафи дигар имом Мотуридӣ касонеро, ки ба хотири наафтодан дар мушкили ташбеҳ ва таҷсим, сифоти Худоро нафй ва инкор мекунанд ва қоил ба таътил мешаванд, рад мекунад ва ин равишро ботил медонад. Вай мегуяд: “Гуруҳе Худовандро ба сифоти зотӣ тавсиф намекунанд ва Ӯро ба исмҳое зотӣ муъарифӣ намекунанд, зеро гумон мекунанд тавсиф кардани Худованд ба ин сифот ва муъаррифии Ӯ ба ин исмҳо сабаби ташбеҳ мешавад. Онҳо муътақиданд ҳар чизе, ки исм дошта бошад монанди бақияи чизҳо аст…. бинобар ин тавсиф кардани Худованд ба сифати олим, қодирро инкор мекунанд. Вай сипас бо баёни дидгоҳи худ ба таври густарда дар ин замина,  дидгоҳи он гурӯҳро рад мекунад’’.
(Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 159-160)
Вай инчунан назария ва дидгоҳи касонеро, ки сифоти Худовандро ба маънои нафй кардани зидди он сифот аз зоти Худованд тафсир мекунанд ва мегуянд: Манзур аз инки Худо олим, қодир, самиъ (шунаво) ва басир (бино) аст, ин аст, ки Худо ҷоҳил, нотавон, кар ва кур нест, рад карда мегуяд: Нафй кардани ҷаҳл, нотавонӣ, кар ва кур будан, лозимааш ин нест, ки Худованд олим, қодир, самиъ (шунаво) ва басир (бино) бошад. Ба иборати дигар, нафй кардани зидди ин сифот аз Худованд, ин сифотро барои Худо исбот намекунд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 196 – 197)
Бинобар ин имом Мотуридиро метавон ҷузъи гурӯҳе қарор дод, ки сифоти Худовандро исбот мекунад, дар айни инки ташбеҳ ва таҷсимро рад мекунад. Шоҳидҳои равшан ва ошкори зиёде дар навиштаҳо ва китобҳои имом Мотуридӣ ин идиоро таъйид мекунад. Аз ҷумла вай мегуяд:
“Асл дар назди мо ин аст, ки Худованд дорои исмҳои зотияе аст, ки ба онҳо номида мешавад, ҳамонанди исми ’’Ар-Раҳмон’’, ва дорои сифоти зотияе аст, ки ба онҳо тавсиф мешавад, мисли илм ба ашёъ ва қудрат ба ашёъ. Аммо ин тавсиф ва исмгузорӣ аз ҷониби мо ба андозаи тавони худи мо ва ба андозаи таҳаммули иборати мост, зеро роҳи расидан ба ин сифот аз тариқи мушоҳида дар ҷаҳони атрофи мо мебошад, ки мо онро мушоҳида мекунем. Лекин зарурат талаб мекунад, ки мо он ҷиҳатҳои нақсро, ки дар ҷаҳони хориҷ барои ин сифатҳо вуҷуд дорад аз Худованд нафй кунем, то шабоҳат байни холиқ ва махлуқ нафй гардад ва сипас Худовандро бо ончи зикр шуд ёд кунем. Агар метавонистем Худовандро ба чизе исмгузорӣ кунем, ки дигаронро ба он исмгузорӣ накардаем, ин корро мекардем, вале ба сабаби инки ҷаҳони офариниш далел бар вуҷуди Худост ва бар мо лозим аст, ки аз ҳамин роҳ ба вуҷуди Худованд маърифат пайдо кунем, пас роҳи ба даст овардани исмҳо ва сифоти Худованд низ ҳамин ҷаҳони офариниш аст, ки ба андозаи фаҳми худ, Худовандро васф мекунем, агарчи Худованд поку муназзаҳ аз он аст, ки ҳамонанде барои Ӯ вуҷуд дошта бошад’’.
(Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 160)
Ҳоло, ки маълум шуд имом Мотуридӣ ҷузъи исботкунандгони сифоти илоҳӣ аст, бояд мушахас кунем, ки ӯ аз чи роҳҳое ба сифоти Худованд мерасад ва роҳҳои исботи сифоти илоҳӣ аз назари вай кадом аст? Имом Мотуридӣ барои исботи сифоти Худованд аз ду тариқи ақл ва нақл баҳра мегирад ва аз ин ду роҳ сифоти Худоро ба исбот мерасонд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 108)
Аввал: Исботи сифоти Худованд аз роҳи нақл
Манзури Абумансури Мотуридӣ аз нақл, Қуръони Карим ва дигар китобҳое аст, ки аз ҷониби Худованд ирсол шудааст, инчунин суханони Пайғамбари Акрам (с) ва дигар анбиёи илоҳӣ мебошад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 108)
Яъне яке аз роҳҳое, ки метавон ба сифоти Худованд даст ёфт ва иҷозати тавсифи Худовандро ба он сифот пайдо кард ин аст, ки он сифот дар Қуръони Карим ва ривоёти исломӣ ва ё дар дигар китобҳои осмонӣ зикр шуда бошанд. Ин истидлоли Мотуридӣ барои исботи сифоти илоҳӣ бар оятҳо ва ривоятҳои бешуморе мубтанӣ аст, ки Худовандро ба илм, қудрат, ҳаёт ва дигар сифот тавсиф мекунад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 160. Ва Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 9, саҳ 603 то 609)
Дуввум: Исботи сифоти Худованд аз роҳи ақл
Имом Мотуридӣ барои исботи сифоти Худованд аз роҳи ақл ба ду шева ва тариқ истидлол кардааст.
1-  Танзеҳи Худованд аз нақсҳо
Бар асоси ин равиш, тамоми сифатҳо ва вежагиҳое, ки дарбардорандаи нақс ва камбуд ҳастанд, агар Худованд ба онҳо тавсиф шавад бо асли танзеҳ ва тавҳиди илоҳӣ носозгор аст, аз Худованд нафй мешавад ва тамоми сифоте, ки дарбардоранда ва баёнкунандаи камол ва бартарӣ ҳастанд барои Худованд исбот мешаванд. Аз ин тариқ тамоми сифоти салбӣ (сифоте аст, ки баёнгари нақс, камбуд ва ниёзмандӣ ҳастанд ва Худованд аз ин сифот поку мубарро аст монанди ҷисм будан, замону макон доштан, дасту сурат доштан ва …) ва низ теъдоде аз сифоти субутӣ ҳамонанди бениёзӣ, қудрат, илм ва … исбот мешавад.
(Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 77 – 78)
2- Аз тариқи ҷаҳони офариниш
Бар асоси ин равиш аз тариқи мушоҳида дар ҷаҳони офариниш ва огоҳӣ пайдо кардан аз камолоти мавҷуд буда дар ҷаҳон, ба вуҷуд доштани ин камолот дар Худованди Мутаол ба сурати комилтар ва аълотар пай мебарем. Яъне ҳангоме, ки мо ба ҷаҳони офариниш назар мекунем, баъзе аз сифатҳо ва вежагиҳоеро мушоҳида мекунем ва ё баъзе аз афъол ва чизҳоеро мебинем, ки далолат бар сифоти хоссе монанди ихтиёр, илм, қудрат, ирода, ҳикмат ва … мекунад. Аз тарафи дигар  медонем, ки холиқи ин олам ва тамоми ончи дар он аст, Худованди Мутаол аст. Пас натиҷа мегирем, ки бояд холиқи ин ҷаҳон ин сифотро ба сурати комилтар дошта бошад,
(Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 159- 160 ва 108- 109) зеро диҳандаи як камол наметавонд худаш он камолро надошта бошад.
Ба иборати дигар: Агар ба ҷаҳони офариниш  назар кунем, назм ва истиҳкоми шигифтангезеро дар он мебинем, аз тарафи дигар собит шудааст, ки олам ва тамоми ончи дар он аст ҳодис аст, лизо ниёз ба муҳдис ва илате доранд, ки онҳоро ба вуҷуд оварда бошад ва ба онҳо ҳастӣ бахшида бошад. Холиқ ва ҳастибахш ҳам фақат Худованди Мутаъол аст. Вақте холиқ ва офаринанда будани Худованд барои ҷаҳони офариниш ба исбот расид, назм ва истиҳкоме, ки дар олам вуҷуд дорад, инчунин дигар вежагиҳои олам ва ҳатто вуҷуди олам, далолат ба вуҷуди сифоте ҳамчун ихтиёр, илм, ирода, қудрат ва ҳаёт дар Худованд мекунад.
(Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 1, саҳ  246)
Ба иборати севвум: Тамоми мавҷудоти олам ҳодис (пайдошуда) ҳастанд. Пас онҳо ниёзманди муҳдис (пайдокунанда) ва илати ҳастибахш ҳастанд ва ин Худованд аст, ки ҳастибахш аст ва чун Худованд холиқи олам аст, назм ва истиҳком дар олам, ҳатто вуҷуди олам, нишона вуҷуди сифоте ҳамчун ихтиёр, илм, ирода, қудрат ва ҳаёт дар Худованд аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 108 -109)
Дигар мутакаллимони мактаби мотуридия илова бар ин истидлолҳои ақлии Абумансури Мотуридӣ, истидлолҳои ақлии дигаре низ барои исботи сифоти Худованд зикр кардаанд. Аз ҷумла ин ки, агар Худованд сифоти камолӣ ҳамчун ҳаёт, илм, қудрат, самъ (шунавоӣ) ва басарро (биноӣ)  надошта бошад, ногузир сифоти муқобил ва зидди сифатҳои камолиро хоҳад дошт, ки ҳама баёнгари нақс ва камбуд аст. Чун Худованд камоли мутлақ ва қадим аст, аз тамоми сифоти нақс ва камбуд поку муназзаҳ аст ва тамоми сифоти камолиро доро мебошад. (Абумуъини Насафӣ, Табсиратул адилла, ҷ 1, саҳ  246.  Ва  Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ  167)
Натиҷае, ки аз ин таҳқиқ ба даст меоят ин аст, ки имом Мотуридӣ ҷузъи он гурӯҳе аз мутакаллимон қарор дорад, ки сифоти Худовандро исбот мекунад, дар айни инки ташбеҳ ва таҷсимро рад мекунад. Масъалаи дигар ин ки имом Мотуридӣ барои исботи сифоти Худованд аз ду тариқи ақл ва нақл баҳра мегирад ва аз ин ду роҳ сифоти Худоро ба исбот мерасонд. Манзури аз нақл, Қуръони Карим ва дигар китобҳое осмонӣ ва суханони Пайғамбари Акрам (с) мебошад. Манзур аз ақл ҳам яке шиваи танзеҳи Худованд аз нақсҳо ва камбудҳо аст ва дигарӣ мушоҳидаи ҷаҳони офариниш.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед