Имон аз назари мотуридиён (бахши ҳаштум)

0
38

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Махлуқ будан ё ғайри махлуқ будани имон аз назари мотуридиён

Яке аз баҳсҳои муҳими дигаре, ки дар зери масъалаи “имон” матраҳ мешавад, баҳси “махлуқ будан ё махлуқ набудани имон“аст.

Махлуқ будан ё махлуқ набудани имон, яке аз баҳсҳои муҳим ва пурдаъво миёни фирқаҳо ва мутакаллимони исломӣ буд. Бархе аз фирқаҳо ва мутакаллимони исломӣ имонро махлуқ намедонистанд, аммо бархеи дигар бар махлуқ будани имон таъкид мекарданд.

Ин ихтилофи назар дар мавриди махлуқ будан ё ғайри махлуқ будани имон, миёни ҳанафиён ва пайравони мазҳаби ҳанафӣ низ вуҷуд дошт. Дар қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ, олимон ва бузургони ҳанафии Самарқанд қоил ба махлуқ бадани имон буданд. Аммо олимон ва бузургони Бухоро, ки то он замон андешаҳои Мотуридӣ ва мактаби каломии ӯ дар онҷо тасаллут пайдо накарда буд, қоил ба махлуқ набудани имон буданд. Бузургон ва олимони ҳанафии Фарғона низ монанди ҳанафиёни Бухоро бовар ба ғайри махлуқ будани имон дошатанд ва ҳотто онҳо дар ин ақида аз аҳли Бухоро низ сарсахттар буданд ва бовармандон ба махуқ будани имонро ба шиддат сарзаниш ва такфир мекарданд.

Абулясри Баздавӣ дар ин бора менависад: “Мардум дар мавриди инки имон махлуқ аст ё ғайри махлуқ, ихтилоф кардаанд. Ин ихтилофи назар миёни Аҳли суннати вал ҷамоъат (ҳанафиён) низ ба вуҷуд омада буд. Бо вуҷуд инки ҳамаи ҳанафиён дар мавриди инки тамоми афъоли бандагон махлуқи Худованд аст, иттифоқи назар доштанд. Олимон ва бузургони Бухоро бар ин ақида буданд, ки ба ҳеҷ унвон ҷоиз нест гуфта шавад “имон махлуқи Худованд аст”, ҳатто бар ин иттифоқи назар доштанд, ки намоз хондан пушти касе, ки қоил ба махлуқ будани имон аст, ҷоиз нест…. Олимон ва бузургони Фарғона низ аз бузургони Бухоро пайравӣ кардаанд ва  дар ин бора сарсахтонатар амал кардаанд…. Аммо аҳли Самарқанд бар ин назаранд, ки имон махлуқ аст ва онро Худованд халқ кардааст ва касе, ки қоил ба ғайри махуқ будани имон аст, ҷоҳил аст”. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 158)

Мулло Алӣ Қорӣ, аз мутакаллимони мотуридӣ низ дар ин маврид менависад: “ Бузургони ҳанафӣ дар мавриди махлуқ ё ғайри махлуқ будани имон ихтилофи назар доштанд. Аҳли Самарқанд дидгоҳи аввалро (махлуқ будани имонро) баргузидаанд ва аҳли Бухоро дидгоҳи дуввумро (ғайри махлуқ будани имонро) интихоб кардаанд, бо вуҷуди онки ҳамаи ҳанафиён иттифоқи назар доранд, ки тамоми афъоли бандагон махлуқи Худованди Мутаол аст. Бархе аз бузургони Бухоро ба ҷое расиданд, касонеро, ки бовар ба махлуқ будани имон доштанд, кофир мешумориданд ва лозимаи бовар ба махлуқ будани имонро махлуқ будани каломи Хуодванд (Қуръон) медонистанд”. (Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фӣ Шарҳил фиқҳил акбар (Шарҳул фиқҳил акбар), саҳ 401)

Аммо баъд аз қарни чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ, ки андешаҳои Имом Мотуридӣ ва мактаби каломии Мотуридия дар миёни тамоми ҳанафиён, аз ҷумла дар минтақаи Мовароунаҳр ва Бухоро густариш пайдо кард ва тамоми марказҳои илмии Мовароунаҳр аз мактаби эътиқодӣ ва каломии Мотуридия пайравӣ мекарданд, аксарияти ҳанафиён ва мотуридиён ба пайравӣ аз имом Абумансури Мотуридӣ, имонро махлуқ медонистанд. Ҳар чанд боз ҳам гурӯҳи кӯчаке буданд, ки бовар ба ғайри махлуқ будани имон доштанд. Бинобар ин мотуридиён бар ин назаранд, ки имон махлуқ аст ва Худованд онро офаридааст.

Мабно ва поя ва далели аслии мотуридён дар “масъалаи махлуқ будани имон”, иртибот ва нисбат додани он ба масъалаи “халқи аъмол ва афъол” аст. Мотуридиён дар масъалаи халқи аъмол ва афъол бар ин ақида ҳастанд, ки ҳар падида ва мавҷуде дар ҷаҳон, аз ҷумла худи инсон ва тамоми афъол ва аъмоли ӯ махлуқи Худованди Мутаол ҳастанд. Аз тарафи дигар, имон низ чизе ҷуз тасдиқи қалбӣ ё тасдиқи қалбӣ ба ҳамроҳи иқрори забонӣ нест, тасдиқи қалбӣ ва иқрори забонӣ низ аз афъоли ихтиёрии инсон ҳастанд. Бинобар ин имон низ ҷузъи афъол ва аъмоли инсон аст ва монанди дигар афъол ва аъмоли ӯ махлуқи Худованди Мутаол мебошад.

Ин матлаб ва истидлол дар суханони мотуридиён аз ҷумла худи имом Мотуридӣ баён гардидааст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 483 то 484)

Абуляср Муҳаммади Баздавӣ дар зикри истидлоли ин дидгоҳ менависад: “Далели сухани касоне, ки мегӯянд имон махлуқ аст, ошкор мебошад ва он ин аст, ки имон аз дидгоҳи Аҳли суннати вал ҷамоъат иқрори забонӣ ва тасдиқи қалбӣ аст ва ҳар дуи онҳо аз афъоли бандагон аст ва тамоми ашёъ ва афъол махлуқи Худованд аст, инчунин ин ду феъл (иқрори забонӣ ва тасдиқи қалбӣ) низ махлуқи Худованд аст”. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 158)

Мулло Алӣ Қорӣ низ мегӯяд: “ Чун ба иттифоқи назар, имон ҳамон тасдиқи қалбӣ ва иқрори забонӣ аст ва ҳар дуи онҳо феъле аз афъоли бандагон ҳастанд, афъоли бандагон низ ба иттифоқи Аҳли суннати вал ҷамоъат махлуқи Худованди Мутаол аст”. (Мулло Алӣ Қорӣ, Манҳул равзул азҳар фӣ Шарҳил фиқҳил акбар (Шарҳул фиқҳил акбар), саҳ 401)

Абумансури Мотуридӣ барои исботи махлуқ будани имон ба сурати муфассал истидлолҳои зиёде баён менамояд, ки хулосаи бархе аз онҳо ба ин шарҳ аст: Аввалан: Роҳи шинохти мавҷудот ё фақат далелҳои нақлӣ аст ва ақл дар он ҳеҷ роҳе надорад, ки дар ин сурат қоил шудан ба махлуқ будани имон воҷиб аст, зеро Хуованди Мутаол фармудааст: “…هُوَ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ… ” “…(Худованд) офаридгори ҳама чиз аст … ”. (Сураи Анъом, ояти 102”, ва имон низ чизе ғайр аз Худованд аст. Пас бояд имонро ба хотири ин сухани Худованд махлуқ донист. Ё ба сабаби онки имон ҷузъи аъмоли инсонҳо аст, бояд онро махлуқ шумурд, зеро Хуованди Мутаол фармудааст: “وَاللَّهُ خَلَقَكُمْ وَمَا تَعْمَلُونَ ” “Ва Худованд шумо ва ончиро амал мекунед, офаридааст ”. (Сураи Софот, ояти 96”. Ё ақл дар шинохти мавҷудот роҳ дорад, ки дар ин сурат ақл тамоми нишонаҳои офаридашуда будан ва махлуқ буданро, ки дар дигар ашёъ пайдо мекунад, дар имон низ пайдо мекунад. Дуввуман: Дар ҳадисе аз ҳазрати Расули Акрам(с) ривоят шудааст, ки фармуданд:  Худованд имонро халқ кард ва онро дар порчаи ҷавонмардӣ ва ҳаё қарор дод. Зимни инки Худованд гоҳе имонро ба дарахт, гоҳе ба чашму гӯш, гоҳе ба ҳаё, гоҳе ба замини пок ва гоҳе ба чароғ ташбеҳ кардааст, ки ҳамаи инҳо махлуқанд, пас имон низ монанд онҳо махлуқ аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 484 то 486)

Ончи баён гардид бархе аз истидлолҳои мотуридиён барои исботи дидгоҳи худ дар бораи махлуқ будани имон мебошад.

Аммо касоне, ки қоил ба махлуқ набудани имон ҳастанд ва имонро ғайри махлуқ медонанд, дар ин масъала, “махлуқ бадани имонро” ҳамонанди “махлуқ будани Қуръон” медонан. Яъне ин баҳсро ба баҳси бисёр чолишбарангез ва пурдаъвои “махлуқ будан ё махлуқ набудани каломи илоҳӣ ва Қуръони Карим” муқоиса мекунанд ва пайванд медиҳанд. Онҳо дар ин замина ба сухане аз имом Абуҳанифа истинод мекунанд, ки гуфтааст: Касе ки қоил ба махлуқ будани имон бошад, қоил ба махлуқ будани Қуръон шудааст ва эътиқод ба махлуқ будани Қуръон низ ботил аст. (Камолуддин ибни Ҳаммом, Ал-мусойира фи илмил калом, саҳ 191. Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 158 то 159)

Онҳо бар ин назаранд, ки чуноне ки эътиқод ба махлуқ будани каломи илоҳӣ ва Қуръони Карим як амри нодуруст ва ботил аст, эътиқод ба махлуқ будани имон низ як амри нодуруст ва ботил аст, зеро мелок дар ҳар ду масъала як чиз аст.

Аммо қоилон ба махлуқ будани имон ин далели тарафдорони ғайри махлуқ будани имонро рад мекунанд ва истидлоли онҳоро носаҳеҳ ва нодуруст медонанд. Хулосаи посухи онҳо дар ради тарафдорони ғайри махлуқ будани имон он аст, ки аввалан, ҳақиқат ва моҳияти имон тасдиқи қалбӣ аст ва тасдиқи қалбӣ ҷузъи афъоли инсон аст, ки шомили махлуқоти Худованд мешавад. Даввуман, инки махлуқ донистани имон лозимааш махлуқ донистани каломи илоҳӣ ва Қуръон аст, сеҳеҳ нест ва ин ду масъала иртибот ва нисбате бо ҳам надоранд. (Камолуддин ибни Ҳаммом, Ал-мусойира фи илмил калом, саҳ 191. (Абуляср Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ 159)

Бинобар ин аз ончи баён гардид натиҷа гирифта мешавад, ки дар баҳси “махлуқ будани ё ғайри махлуқ будани имон”, назария ва дидгоҳи мотуридиён ин аст, ки имон махлуқ аст ва онро Худованд халқ кардааст. Ин назарияи онҳо дар мавриди имон, бо масъалаи халқи аъмол ва афъол муртабит аст ва бо мабноҳо ва усули онҳо дар баҳси халқи аъмол ва баҳси махлуқ будани Қуръон созгор аст, зеро дар баҳси халқи аъмол мотуридиён бар ин назаранд, ки тамоми падидаҳо ва мавҷудоти ҷаҳон, аз ҷумла худи инсон ва тамоми аъмол ва афъоли ӯ махлуқи Худованд ҳастанд ва имон низ, ки ҳамон тасдиқи қалбӣ аст, аз доираи аъмоли инсон хориҷ нест, лизо ҷузъи махлуқоти Худованд аст. Ҳамчунин мотуридиён дар баҳси қадим ва ҳодис будани каломи илоҳӣ ва Қуръони Карим, ақида доранд, ки асли каломи азалии Худованд қадим аст, вале Қуръоне, ки мо қироат мекунем ва мешунавем ва менависем, ҳодис ва махлуқ ва баёнкунандаи он каломи азалӣ ва ғайри махлуқи Худованд аст.

Имон аз назари мотуридиён(бахши ҳафтум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед