Хулосае аз зиндагии Расули Худо (с) 4

0
160

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Хулосае аз зиндагии Расули Худо (с) 4

 Аввалин мусулмонони Авс ва Хазраҷ
Дар соли ёздаҳуми беъсат Пайғамбари Акрам(с) бо шаш нафар аз қабилаи Хазраҷ дар маросими ҳаҷ мулоқот кард ва онҳоро ба дини Ислом даъват кард. Хазраҷиҳо ба Расули Худо(с) гуфтанд, қавми мо дар ҳоли ҷанг аст, умедворем, ки Худованд ба василаи шумо ононро бо ҳам дӯст гардонад. Акнун мо ба Ясриб бармегардем ва онҳоро ба дини Ислом даъват мекунем. Шояд, ки Худованд онҳоро роҳнамоӣ кунад ва азизу неруманд шаванд. Хазраҷиҳо паёми исломро ба шаҳри худ бурданд ва дар тамоми ханаҳои қабилаҳои Авс ва Хазраҷ сӯҳбат аз дини исломбуд.

Паймони Ақаба (Ақаба, гарданае аст, дар тарафи рости Макка )

Ҳангоми ҳаҷҷи соли дувоздаҳуми беъсат, даҳ нафар аз хазраҷиҳо ва ду нафар аз авсиҳо дар ақабаи Мино дар Макка бо Расули Худо(с) байъат карданд, ки барои Худо шарик қарор надиҳанд, (Байъати занон дар Қуръон баён шудааст сураи Мумтаҳина ояти 12 чунки  дар ин паймон мавзуи ҷанг баён нашуда буд, бинабарин ба унвони байъатуннисо номида шуд.) дуздӣ ва зино накунанд, фарзандони худро накушанд, бутҳоро напарастанд ва дар корҳои хуб, ки Расули Худо(с) фармон медиҳад нофармонӣ накунанд. Ин паймон ба номи Ақабаи аввал ё Байъат-ун-нисо хонда шудааст. (Муҳаммад Ибни Саъд, Табақот-ул-Кубро,ҷ, 1, саҳ.220)

Пас аз анҷоми ин байъат онҳо аз Расули Худо(с)хостанд як нафарро барои даъвати мардуми Ясриб ва таълими Қуръон ҳамроҳи онон бифиристад.

Расули Худо(с) Мусъаб ибни Нумайр ибни Ҳошимро ҳамроҳи онон ба Мадина фиристод. Мусъаб дар хонаи Асъад ибни Зурора зиндагӣ мекард ва рӯзҳо дар маҷлисҳо ва маконҳои Авс ва Хазраҷ мерафт ва онҳоро ба Ислом даъват мекард. Вай пас аз як сол таблиғи Ислом муваффақиятҳои зиёде касб кард, ба тавре ки Саъд ибни Маоз ва Усайд ибни Ҳузайр раисону бузургони Авс мусулмон шуданд.

Паймони Ақабаи Дуввум

Дар соли 13 беъсат, дар мавсими ҳаҷ, 75 нафар, ки 11 нафарашон авсӣ ва бақия хазраҷӣ ва ду нафар зан буданд, ҳамроҳи ҳоҷиён аз Ясриб вориди Макка шуданд ва дар ақабаи Мино, дуюмин паймонро шабона бо Паёмбар(с) бастанд. Дар ин паймон аҳд карданд, ки агар Паёмбар(с) ба шаҳри онҳо ҳиҷрат кунад, ҳамчун занон ва фарзандонашон аз ӯ ҳимоят кунанд ва бо ҳар касе,ки меҷангад бо ӯ биҷанганд. Ба ҳамин хотир ин байъатро Байъатулҳарб номиданд.

Ҳиҷрати мусулмонон

Пас аз Байъа-ту-лҳарб мусулмонони Макка аз Расули Худо(с) иҷозати муҳоҷират хостанд. Он ҳазрат низ ба онон иҷозати муҳоҷират ба Ясрибро дод. Муҳоҷирон аз соли 13 беъсат ва дар моҳҳои муҳаррам ва сафар соли 14 беъсат ба таври махфиёна аз Макка хориҷ шуданд. Фақат ду гурӯҳ дар Макка боқӣ монданд: Расули Худо(с), ҳазрати Алӣ(к), ҳазрати Абубакр(р), Фотима бинти Асад ва Фотимаи Заҳро. Гурӯҳи дигар мусулмонони бемор ва зиндоние, ки дар дасти Қурайш буданд. (Муҳаммад Ибни Саъд, Табақот-ул-кубро,ҷ, 1, саҳ.226) Мусулмонон дар он шароити сахту душвор ва ҳавои гарм бо пои пиёда аз Макка ба Мадина сафар мекарданд. Баъзе аз муҳоҷирон зану фарзанди худро раҳо карда ҳиҷрат мекарданд. Дар ин вақт буд, ки сураи Анкабут бар Паёмбар(с) нозил шуд ва таклифи мӯъминонро равшан кард.  (Таърихи Яъқубӣ, ҷ. 1, саҳ. 34) Дар аввалин ояти ин сура ба имтиҳони мӯъминон ва умматҳои гузашта ишора карда ва дар ояи 26 наҷот ва ҳиҷрати ҳазрати Иброҳим(а)-ро зикр мекунад. Дар ояти дигар мефармояд: Эй бандагони боимони ман! Замини ман паҳновар аст, пас ҳар куҷо ҳастед маро бипарастед.  (Сураи Анкабут, ояти.56)

 Иқдомоти Паёмбар(с)дар Мадина

Сохтани масҷид дар Мадина дар маконе, ки шутураш зонӯ зада буд ва ба номи Масҷид-ун-Набӣ маъруф шуд ва эъломи мавҷудияти Ислом ва эъломи ҳукумате бар асоси Ислом гардид, аз нахустин иқдомот буд. Ҳамчунин сохтани ҳуҷраҳое дар атрофи он ки дар тули як сол анҷом шуд. Дар муддати ин як сол қабилаи Авс ва Хазраҷ мусулмон шуда буданд.РасулиХудо(с) барои фақирон ва бехонумон маконе сохт. Инҳо ҳам аз Ансор (Ансор ба касоне, ки дар шаҳри Ясриб зиндаги мекарданд ва ба Паёмбари Ислом имон оварда ва уро ёри карда буданд  гуфта мешуд. Муҳоҷир ба касоне, ки аз Макка ба мадина рафтаанд гафта мешавад.) буданд ва ҳам аз муҳоҷирон, ки дар он¬ҷо зидагӣ мекарданд. Пайғамбари Ислом(с) аз тарафи Худованд маъмур шуд то  байни муҳоҷирон ва ансор ва Авс ва Хазраҷ, ки душмании дерина доштанд дустӣ ва ваҳдат барқарор кунад. Пайғамбари Акрам(с) паймоне бо яҳудиёни Мадина баст ва ба онҳо чунин фармуд:

  1. Мусулмонон ва яҳудиён монанди як уммат ҳастанд ва дар маросими динии худ озод ҳастанд.
  2. Вақте ки ҷанг шуд ва душман ба Мадина ҳамла кард ин ду гурӯҳ (яҳуд ва ансор) бояд ба ҳам кӯмак бикунанд.
  3. Қарордоди сулҳ бо душман, бо машварати ҳарду гурӯҳ бояд анҷом шавад.
  4. Чун Мадина ҳарам аст, ҳарду гурӯҳ бояд ба он эҳтиром бигузоранд, ва ҳар гуна хунрезӣ дар он ҳаром аст.
  5. Ҳар кас аз яҳудиён аз мо пайравӣ бикунад, нисбат ба ӯ некӣ ва ёрӣ хоҳад шуд ва бар онон ситам нахоҳад шуд.
  6. Ҳангоми ихтилоф охирин довар РасулиХудо(с) хоҳад буд.
  7. Имзокунандагони ин паймон бо якдигар ба некӯӣ рафтор хоҳанд намуд.

Мо дар ин паймоннома мебинем, ки он ҳазрат ҳатто яҳудиён, ки ӯро ба унвони паёмбар қабул надоштанд бародар ва аз як уммат мехонад. Бо ин ки Расули Худо(с) медонист, ки яҳудиён ин паймонномаро қабул надоранд, аммо ба хотири ин ки дини мубини Ислом дини ваҳдат ва бародарӣ аст бо онҳо аз дари дӯстӣ ворид шуд. Ин ахлоқ ва рафтори Пайғамбари Ислом(с) сабаб шуд, ҳар гоҳ ҳазрат фармон медод, мусулмонон омода буданд то ҷони худро ба хотири Худо фидо кунанд. Ин паймоннома сабаб шуд Пайғамбари Ислом(с) ҳукумати динӣ ва сиёсӣ ба раёсати худ таъсис кунад.

 Ҳаҷҷатулвидоъ

Ҳаҷҷи видоъ охирин зиёрате аст, ки Пайғамбари Ислом(с) аз хонаи Каъба анҷом дод. Бо нозил шудани ояти ҳаҷ

وَأَذِّن فِي النَّاسِ بِالْحَجِّ يَأْتُوكَ رِجَالًا وَعَلَى كُلِّ ضَامِرٍ يَأْتِينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٍ

“Ва дар миёни марудм Ҳаҷро эълон кун, то ба сӯи ту биёянд; дар ҳоле ки пиёда ва [савора] бар ҳар шутури лоғаре ки аз ҳар роҳи дуре меоянд”. (Сураи  Ҳаҷ,  ояти 27)

Расули Худо(с) эълом кард, ки ҳар кас мехоҳад ба зиёрати хонаи Худо биравад ба Мадина биёяд. Расули Худо(с) дар ин сафар ҳаҷро ба мардум ёд дод. Ҳазрат дар маросими ҳаҷ таъкид мекард,ки мусулмонон корҳои ҳаҷро бо диққат аз ӯ ёд бигиранд. (Муҳаммад ибни Саъд, Табақот-ул- кубро, ҷ, 2  саҳ. 181)  Хутбаи Расули Худо(с) дар Арафот: Эй мардум, хунҳо ва моли шумо бар якдигар то рӯзи қиёмат монанди имруз муҳтарам ва таҷовуз ба онҳо ҳаром аст. Паёмбар ба онҳо фармуд: Ин моҳ чӣ моҳе аст? Ҳама гуфтанд: Моҳи ҳаром аст ва ҷанг ва хунрезӣ дар ин моҳ ҳаром аст. Паёмбар фармуд: Имрӯз чӣ рузе аст? Ҳама гуфтантд ҳаҷҷи акбар аст. Ҳазрат фармуд хун ва моли шумо имрӯз муҳтарам аст. Расули Худо(с) фармуд: Ҳама ба зудӣ ба сӯи Худо бозмегардед, дар он дунё ба амалҳои хубу бади шумо расидагӣ мешавад. Ман ба шумо мерасонам: Ҳар кас амонате назди ӯ бошад бояд онро ба соҳибаш баргардонад. Ҳазрат фармуд: Суханони маро бишнавед ва дар бораи он фикр кунед. Ҳар мусулмоне бо мусулмони дигар бародар аст ва ҳамаи мусулмонони ҷаҳон бо якдигар бародаранд ва чизе аз молҳои мусулмонон барои дигар  мусулмон ҳалол нест. (Муҳаммад ибни Саъд, Табақот-ул- кубро, ҷ, 2 саҳ.186) Эй мардум! Пас аз ман паёмбаре нест ва баъд аз шумо уммате нест. Эй мардум! Бидонед ман имрӯз ҳамаи маросимҳои даврони ҷоҳилиро зери пои худ қарор дода ва онҳоро ботил кардаам.

Беморӣ ва даргузашти Паёмбар(с)

Расули Худо(с) пас аз баргаштан аз Ҳаҷҷатулвидоъ дар худ як навъ сангинӣ ва мариз будан эҳсос мекард. Ин эҳсос табдил ба бемории сахт шуд ва саранҷом бо ҳамин беморӣ аз дунё рафт. Расули Худо(с) аз ин ки подшоҳи Рум ҳамла бикунад, хеле нороҳат буд. Чунки онҳо сарзамини Шомро гирифтанд ва таҷовуз ба марзҳои Исломиро шурӯъ карда буданд. Бинобар ин он ҳазрат пас аз бозгашт ба Мадина лашкаре муназзам, ки дар он афроди бузургро монанди ҳазрати Абубакр ва ҳазрати Умар, Абуубайда ва Саъд ибни Ваққос дар он буданд тартиб дод то ҳамагӣ ба тарафи марзҳои Шом бираванд ва душманонро аз байн бибаранд. (Ибни Ҳишом, Сират-ун- набавия, ҷ, 2, саҳ. 642 )

Паёмбар(с) барои ташвиқи муҷоҳидон парчамро ба дасти Усома ибни Зайд як ҷавони бистсола дод ва ба ӯ дастур дод: Ба номи Худо ва дар роҳи Худо ҷиҳод бикун. Баъзе аз саҳоба ба хотири ин ки Расули Худо(с) Усомаи ҷавонро сарлашкар қарор дод, нороҳат буданд. Расули Худо(с) барои омода кардани ёрони худ барои ҷанг хеле кушиш кард, вале баъзе аз саҳоба фармони Паёмбарро гӯш накарданд ва лашкари Ислом дар берун аз Мадина истод. (Муҳаммад ибни Саъд, Табақот-ул- кубро, ҷ, саҳ. 120)

Рузе, ки Пайғамбари Ислом(с) парчамро ба дасти Усома дод, рӯзи баъд дар бистари беморӣ афтод. Лашкари Усома дар урдугоҳ буд, ки хабар ба онҳо расид,ки Пайғамбари Ислом(с) аз дунё рафт ва ҳама ба тарафи хонаи он ҳазрат баргаштанд. ( Муҳаммад ибни Саъд, Табақот-ул- кубро, ҷ, саҳ. 190) Дар таърихи вафоти он ҳазрат ихтилоф аст. Баъзе мегӯянд дувоздаҳуми рабеъ-ул- аввал аз дунё рафта ва баъзе бисту ҳаштуми сафарро мегӯянд. Ҷанозаи Расули Худо(с)-ро дар рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамон маконе, ки аз дунё рафта буд, дафн карданд. ( Муҳаммад ибни Саъд, Табақот-ул- кубро, ҷ, саҳ. 292)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед