Хулосае аз зиндагии Расули Худо (с) 3

0
138

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Хулосае аз зиндагии Расули Худо (с)
Қисмати севвум

 Амини Қурайш дар ғори Ҳиро
Кӯҳи Ҳиро дар шимоли Макка қарор дорад. Ба фосилаи ним соат метавон ба болои он рафт. Дар тарафи шимоли он ғоре аст, ки инсон пас аз гузаштан аз миёни сангҳо метавонад ба он бирасад. Баландии он ба андозаи қомати як инсон аст. Қисмате аз дохили ғор бо нури офтоб равшан мешавад ва қисматҳои дигари он дар торикӣ фурӯ рафтааст. Он ҳазрат шабҳо ва рӯзҳо, пеш аз он ки ба мақоми рисолат бирасад, дар инҷо ба сар мебурд. Вай, ин макони дур аз ғавғоро ба мақсади ибодат ва парастиши Худои худ интихоб карда буд. Тамоми моҳи Рамазонро дар ин макон мегузаронд ва дар ғайри ин моҳ баъзе вақтҳо ба инҷо мерафт. Дар ин муддат, ки дар инҷо буд ба фақирону ятимон таом медод. Расули Худо(с) дар байни мардуме бузург шуда буд, ки ҳама бутпараст ва шаробхур  буданд. Ба ҳамин хотир пеш аз беъсат аз ин муҳити олуда худашро дур мекард ва тарафи ғор мерафт.
Ҳазрат ҳар вақт, ки аз ғор бармегаштанд, аввал ҳафт маротиба даври хонаи Каъба мечархиданд, баъд ба хонаи худ мерафтанд.  (Сират-ун-набавия, ибни Исҳоқ, ҷ. 1, саҳ,167-168)

Башорати Қуръон барои зуҳури Расули Худо(с)
Ҳар як аз пайғамбароне, ки аз тарафи Худои Мутаол мабъус шудаанд пайғамбарони пеш аз худро тасдиқ карда ва ба омадани Пайғамбари баъд низ хабар додаанд дар ин бора Қуръони Карим чунин мефармояд:

وَإِذْ أَخَذَ اللّهُ مِيثَاقَ النَّبِيِّيْنَ لَمَا آتَيْتُكُم مِّن كِتَابٍ وَحِكْمَةٍ ثُمَّ جَاءكُمْ رَسُولٌ مُّصَدِّقٌ لِّمَا مَعَكُمْ لَتُؤْمِنُنَّ بِهِ وَلَتَنصُرُنَّهُ قَالَ أَأَقْرَرْتُمْ وَأَخَذْتُمْ عَلَى ذَلِكُمْ إِصْرِي قَالُواْ أَقْرَرْنَا قَالَ فَاشْهَدُواْ وَأَنَاْ مَعَكُم مِّنَ الشَّاهِدِينَ

“Ба хотир биёваред, ҳангомеро ки Худованд аз пайғамбарон ва пайравони онҳо паймони маҳкам гирифт, ки ҳар вақт китоб ва дониш ба шумо додам сипас пайғамбаре ба тарафи шумо омад, ки ончиро бо шумост тасдиқ мекунад ба ӯ имон биёваред ва ӯро ёрӣ кунед. Сипас Худованд ба онҳо гуфт: Оё ба ин мавзӯъ иқрор доред? Ва бар он паймони маҳкам бастед? Гуфтанд: Бале иқрор мекунем. Худованд ба онҳо фармуд: Пас гувоҳ бошед! Ва ман низ бо шумо аз гувоҳонам.” (Сураи оли Имрон, ояти. 81)
Ҳазрати Исо(а) низ ошкоро аз омадани Расули Худо(с) хабар дода ва бани Исроилро аз он хабар додааст чунонки Худои Мутаол дар ин маврид мефармояд:

وَإِذْ قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُم مُّصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًا بِرَسُولٍ يَأْتِي مِن بَعْدِي اسْمُهُ أَحْمَدُ فَلَمَّا جَاءهُم بِالْبَيِّنَاتِ قَالُوا هَذَا سِحْرٌ مُّبِينٌ

“Ва ба ёд оваред, ҳангомеро ки Исо писари Марям(а) гуфт: Эй бани Исроил ман фиристодаи Худо ба сӯи шумо ҳастам дар ҳоле, ки тасдиқ кунандаи Тавроте мебошам, ки пеш аз ман фиристода шуда ва башорат диҳанда ба Расуле, ки баъд аз ман меояд ва номи ӯ Аҳмад аст. Вақте ки ӯ (Аҳмад) бо муъҷиза ва далелҳои равшан ба суроғи онон омад гуфтанд: Ин сеҳр ва ҷодӯ аст.” (Сураи Саф, ояти. 6)
Бинобар ин пеш аз зуҳури Пайғамбари Худо(с) пайравони адёни дигар медонистанд, ки Пайғамбаре мабъус хоҳад шуд ва чи басо баъзе аз онҳо дар интизори зуҳури ӯ буданд, зеро номи ӯро дар китобҳои осмонии худ хонда буданд, чунонки Қуръони Карим мефармояд:

الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِندَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُم بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَآئِثَ وَيَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَالأَغْلاَلَ الَّتِي كَانَتْ عَلَيْهِمْ فَالَّذِينَ آمَنُواْ بِهِ وَعَزَّرُوهُ وَنَصَرُوهُ وَاتَّبَعُواْ النُّورَ الَّذِيَ أُنزِلَ مَعَهُ أُوْلَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

“Ҳамонҳо, ки аз фиристодаи Худо Пайғамбари уммӣ (дарснахонда) пайравӣ мекунанд Пайғамбаре, ки сифатҳояшро дар Таврот ва Инҷил, ки наздашон аст меёбанд онҳоро ба маъруф дастур медиҳад ва аз мункар боз медорад, чизҳои покизаро барои онҳо ҳалол мешуморад ва нопокиҳоро ҳаром мекунад ва борҳои сангин ва занҷирҳоеро, ки бар онҳо буд аз душ ва гарданашон мебардорад. Пас касоне, ки ба ӯ имон биёваранд ва ҳимоят ва ёриаш кунанд ва аз нуре, ки бо ӯ нозил шуда пайравӣ кунанд онон растгоранд.” (Сураи Аъроф, ояти. 157)
Вале уламои яҳуд ва насронӣ аз иқрор ба ин ҳақиқат дурӣ карда ва дар ин бора суханони пуч ва беҳуда гуфтаанд дар сурате, ки пас аз беъсати Расули Худо(с) ӯро аз рӯи аломате, ки хонда ва шунида буданд комилан мешинохтанд чунонки Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَعْرِفُونَهُ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَاءهُمْ وَإِنَّ فَرِيقاً مِّنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ

“Касоне, ки китоби осмонӣ ба онон додаем ӯ Пайғамбар(с)-ро ҳамчун фарзандони худ мешинохтанд вале баъзе аз онон ҳақро огоҳона пинҳон карданд.” (Сараи Бақара, ояти. 146)
 Нузули ваҳй
Чиҳил сол аз умри Расули Худо(с) гузашта буд, ки фариштаи ваҳй ба таври ошкор ба он ҳазрат нозил гардид ва он бузургвор ба паёмбарӣ мабъус шуд. Шакке вуҷуд надорад, ки рӯбарӯ шудан бо фариштаи ваҳй ниёзманди руҳи бузург ва неруманд мебошад, ки тоби таҳаммули бори нубувват ва шунидан ва бардошти каломи ваҳйро дошта бошад. Пайғамбари Ислом(с) пеш аз рӯзи беъсат хобҳое медид, ки монанди рӯз, равшан ва дорои ҳақиқат буд. (Саҳеҳи Бухорӣ,ҷ.1, саҳ. 1) Расули Худо(с) муддатҳо пеш дар ибодат буд, то ин ки рӯзи махсусе амини ваҳй фуруд омад ва гуфт: Бихон! Аммо Пайғамбари Ислом(с), ки дарс нахонда буд ҷавоб дод: Ман наметавонам бихонам. Фариштаи ваҳй ӯро сахт фишор дод ва онгоҳ хост, ки бихонад, аммо боз ҳам ҳамон ҷавобро шунид. Ин амал се бор такрор шуд ва пас аз бори сеюм ногаҳон дар худ эҳсос кард, ки метавонад  каломи ваҳйро бихонад.

اِقرَأباسمِ رَبِکَ الَذی خَلَقَ   خَلَقَ الإنسَنَ مِن عَلَقٍ اقرَأ وَرَبُکَ الأکرَمُ    الَذِی عَلَمَ بالقَلَمِ   عَلَّمَ الْإِنْسانَ ما لَمْ يَعْلَمْ
„Бихон ба номи Парвардигорат, ки ҷаҳонро офарид. Касе, ки инсонро аз хуни баста халқ кард. Бихон Қуръонро ва Парвардигори ту гиромӣ аст. Онки ба василаи қалам таълим дод ва ба одамӣ ончиро намедонист омухт.“ (Сураи Алақ, ояти 1-5)

Ҷабраил(а) маъмурияти худро ба анҷом расонид ва Паёмбари Акрам(с) низ аз кӯҳи Ҳиро поин омад ва ба сӯи хонаи Хадиҷа рафт. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ. 1, саҳ.3)
Руҳи бузурги Муҳаммад(с) бо нури ваҳй нуронӣ шуд  ва ончиро аз амини ваҳй омӯхта буд, дар худ ҳифз кард. Пас аз ин ҳодиса фаришта ба ӯ хитоб кард: Эӣ Муҳаммад(с)! Ту Расули Худоӣ ва ман Ҷабраил(а) ҳастам. Пешрафти дини Ислом дар Макка, нимҷазира ва ҷаҳон оҳиста ва ба сурати тадриҷӣ буд ва дар Қуръон ба касоне, ки дар пазирифтани дини Ислом пешқадам буданд ас-собиқун гуфта шудааст. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки аввалин зане, ки ба Паёмбар(с) имон овард ҳамсари гиромии ӯ Хадиҷа буд ва дар ин мавзӯъ ҳеҷ кас мухолифат накардааст. (Сират-ун-набавия, ибни  Ҳишом, ҷ.1, саҳ,240) Ривоёти зиёде ҳаст, ки далолат бар ин мекунад, ки Хадиҷа аввалин занест, ки ба Паёмбар(с) имон овард. Монанди Яъқубӣ, ки мегӯяд: Хадиҷа духтари Хувайлид аввалин зани Паёмбар(с) ва нахустин касе буд, ки ба Паёмбар(с) имон овард ва аз мардҳо Алӣ(к) аввалин касе буд, ки ба он ҳазрат имон овард. (Таърихи Яъқубӣ, ҷ,1, саҳ.342)
Муҳаммад ибни Ҷарири  Табарӣ муваррихи бузурги исломӣ дар китоби худ менависад, аввалин касе, ки аз мардон ба Пайғамбари Ислом(с) имон овард Алӣ(к) буд. (Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Таърихи Табарӣ,ҷ.1, саҳ.537-538) Ин муваррихи бузург даҳ ҳадис аз ровиёни бузург барои ин матлаб нақл кардааст.

Озори мушрикин бар Паёмбар(с)
Мушрикон диданд, ки наметавонанд Расули Худо(с)-ро аз ҳадафаш боздоранд ба озору азияти ӯ пардохтанд. Гурӯҳе аз сарсахттарин душманони Расули Гиромӣ(с), ба  ғуломон ва фарзандони худ гуфтанд, ки он ҳазратро озор бидиҳанд. Ҳатто рӯзе як шутуреро куштанд ва яке аз онон ғуломи худро амр кард то шикамбаи шутурро ба ду шонаи Расули Худо(с), ки дар ҳоли саҷда буд, партоб кард. Пайғамбари Ислом(с) дар муқобили ин беэҳтиромӣ ҳеҷ чизе ба онҳо нагуфт, ҷуз инки Абутолибро  аз ин ҳодиса хабардор кард. Абутолиб бо ғуломи худ, дар ҳоле ки шамшери худро аз ғилофаш берун кашида буд, ба сӯи онон омад ва ба душманони Расули Худо(с), ки ҷамъ шуда буданд, гуфт: Ба Худо қасам, ҳарки аз шумо ҳарфе бизанад, ӯро мекушам. Он гоҳ ба ғуломи худ гуфт, ки шикамбаро ба рӯи ҳамаи онон бимолад. (Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, Таърихи Тбарӣ, ҷ,1, саҳ.545)
Аз ин озор ва азиятҳо ба Расули Худо(с) ин қадар зиёд буд, ки он Ҳазрат ба онҳо таваҷҷӯҳ намекард. Рӯзе Абуҷаҳл (амаки Расули Худо(с)) Паёмбар(с)-ро дар Сафо дид ва ба ӯ суханони бад гуфт ва дашном дод. Расули Худо(с), ба ӯ чизе нагуфт ва ба роҳи худ идома дод. Абуҷаҳл ба канори Каъба рафт ва бо мушрикон нишаст. Ҳамза, ки амаки Паёмбар(с) буд ҳамон рӯз ба шикор рафта буд ва дар ҳамон замон аз шикор бармегашт ва одати ӯ ин буд, ки ҳамеша баъд аз шикор Каъбаро зиёрат мекард ва баъд ба хонаи худ бармегашт. Аз тавоф, ки бармегашт канизи Абдуллоҳ ибни Ҷадон, ки шоҳиди озору азияти Абуҷаҳл буд Ҳамзаро аз ин ҳодиса огоҳ кард.  Ҳамза аз ҳамон роҳе, ки омада буд баргашт ва ба тарафи Абуҷаҳл рафт ва ӯро дар миёни ҷамоате аз Қурайш пайдо кард ва бе онки бо касе сухани бигӯяд бо камони худ бар сари Абуҷаҳл зад, ки сари ӯ хун шуд. Ба ӯ гуфт: Ту ба Паёмбар(с) бад гуфтӣ ва ӯро озор додӣ? Ҳар кас ӯро озор бидиҳад ман ӯро мекушам. Баъд аз ин ҳодиса Ҳамза гуфт: Ман ба ӯ имон овардам ва ҳамон роҳеро, ки ӯ меравад, ман низ меравам.  Дар ин вақт гурӯҳе аз мушрикон ба ёрии Абуҷаҳл бархостанд, вале ӯ як марди ҳилагар буд ва нагузошт, ки ҷанге оғоз шавад ва гуфт ман дар ҳаққи Муҳаммад(с) бадрафторӣ кардам ва Ҳамза ҳақ дорад, ки нороҳат шавад. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки вуҷуди қаҳрамоне монанди Ҳамза, ки баъдҳо бузургтарин сардори Ислом гардид, дар ҳифзу нигаҳдории Паёмбар(с) ва қудрати мусулмонон таъсири зиёде дошт. Ба тавре ки Қурайш исломи Ҳамзаро бузургтарин омили пешрафт ва қудрати Ислом донистаанд. (Ал-комил фит-таърих, Ибни Асир,ҷ,1, саҳ. 592)

Абуҷаҳл дар камини Расули Худо(с)
Пешрафти дини Ислом, Қурайшро сахт нороҳат карда буд. Рӯзе набуд, ки хабари гаравидани фарде ба дини Ислом  аз қабилаҳои Қурайш ба гӯши онон нарасад. Ба ҳамин хотир оташи ғазаби онон бештар мешуд. Абуҷаҳл, рӯзе дар маҷлиси Қурайш чунин гуфт: Шумо эй гурӯҳи Қурайш мебинед, ки Муҳаммад(с) чигуна дини моро бад мешуморад ва ба оини падарони мо ва худоёни онҳо бад мегӯяд ва моро беақл мешуморад. Ба Худо қасам, фардо дар камини ӯ менишинам ва сангеро дар канори худ мегузорам, ҳангоме ки Муҳаммад(с) сар ба саҷда мегузорад, сари ӯро бо он захмӣ мекунам. Фардои он рӯз, Паёмбар(с) барои намоз дохили Масҷидулҳаром шуд ва барои намоз истод.
Гурӯҳе аз Қурайш, ки аз мақсади Абуҷаҳл огоҳ буданд, ба фикр афтода буданд, ки оё Абуҷаҳл дар ин мубориза пирӯз мешавад ё не. Пайғамбари Гиромӣ(с) сар ба саҷда гузошт, душмани деринаи ӯ аз камингоҳ бархост ва наздики Паёмбар(с) омад. Вале чизе нагузашт, ки ваҳшати аҷибе дар дили ӯ ба вуҷуд омад, ларзону тарсон бо ранги парида ба сӯи Қурайш баргашт. Ҳама пеши ӯ омаданду гуфтанд: Чӣ шуд? Вай бо садои бисёр оҳиста, ки аз тарсу ваҳшат буд гуфт: Манзарае дар пеши чашмам омад, ки дар тамоми умрам надида будам. Ба ҳамин хотир натавонистам коре анҷом бидиҳам. Ҳеҷ шаку шубҳае вуҷуд надорад, ки як нерӯи ғайбӣ ба фармони Худо ба кӯмаки Паёмбар(с) бархоста ва чунин манзараеро ба вуҷуд оварда буд ва вуҷуди Паёмбар(с)-ро тибқи ваъдаи ҳатмии илоҳӣ аз шари душманон ҳифз кард:

إِنَّا كَفَيْناكَ الْمُسْتَهْزِئِينَ
Мо туро аз бадии масхаракунандагон нигоҳ медорем.

 Ин тавр озору азиятҳо дар таърих зиёд аст. Озору азияте, ки РасулиХудо(с), аз амаки худ Абу-ҷаҳл ва ҳамсари ӯ Умми Ҷамил медид, аз каси дигаре надида буд. Хонаи Паёмбар(с) дар ҳамсоягии онҳо буд. Онҳо ҳар гуна зуболаҳоро бар сару рӯи он ҳазрат мерехтанд. Рӯзе бачадони гусфандеро ба сараш рехтанд. Саранҷом кор ба ҷое расид, ки Ҳамза ба мақсади интиқом гирифтан, бо Абуҷаҳл ҳамин корро кард.
Акнун баъзе аз касоне, ки дар аввали беъсати Паёмбар(с) имон оварданд ва бадтарин шиканҷаҳоро таҳаммул карданд, ба таври хулоса ном мебарем.
Ясриб, яке аз шаҳрҳои кӯҳистонии Ҳиҷоз аст. Шаҳри Ясрибро кӯҳи Уҳуд дар шимол ва кӯҳи Айр дар ҷануб дар бар гирифтааст.
Шарқу ғарби шаҳрро сангҳои сиёҳи бузург дар бар гирифтааст. Се дара ба номҳои Қанот дар ҷануби Уҳуд ва Ақиқ дар ғарб ва Бутҳон аз дохили шаҳр мегузарад. Шаҳри Ясриб обу ҳавои хубе барои кишоварзӣ дорад.
Шаҳри Ясриб макони муҳимме бар сари роҳи бозаргонони ҷануб ба шимоли Арабистон буд, ки фосилаи он то Маккаи Мукаррама 447 километр аст. Қавмҳои яҳудӣ бо номҳои Бани Қурайза, Бани Назир ва Бани Қайнуқоъ  пас аз муҳоҷират аз Фаластин дар ин макон зиндагӣ мекарданд.
Ба ҳамин хотир бисёре аз маконҳои тиҷорӣ ва кишоварзӣ дар дасти яҳудиён буд ва бо мушрикони Қурайш робитаи тиҷорӣ доштанд. Дар даврони ҷоҳилӣ шаҳри Мадина дорои бозорҳое ҳамчун Зобола ва Зуқоф ва ғайра буд. (Таърих-ул-Мадина-ту-Мунаввара, Ибни Шаббоҳи Басрӣ, ҷ,1, саҳ.305)
Ду қабилаи дигар ба номҳои Авс ва Хазраҷ дар Мадина зиндагӣ мекарданд, ки аз ҷануби Арабистон ба онҷо мусофират карда буданд. Ин ду қабила дар аввал бо ҳам робитаи хубе доштанд вале бо гузашти замон бо ҳам даргир шуданд. Яҳудиён байни ин ду қабила ихтилоф меандохтанд ва ин ду бо ҳам меҷангиданд. Саранҷом дар охирин ҷанг ба номи Буос, аз назари иқтисодӣ зери фишор қарор гирифтанд ва дар соли ёздаҳуми беъсат ҷангро раҳо карданд ва қарор гузоштанд Абдуллоҳ ибни Убайи хазраҷиро, ки дар ҷанг бетараф буд, ба шоҳӣ баргузинанд аз ин рӯ барои ӯ тоҷ сохтанд. (Сират-ун-набавия, Ибни Ҳишом, ҷ,1, саҳ.428-554)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед