Хулосае аз зиндагии Расули Худо (с) 2

0
125

Хулосае аз зиндагии Расули Худо (с) 2

 

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Бахши дуввум: Ҳодисаҳои даврони ҷавонӣ

  1. Ҳилф-ул-фузул ё паймони ҷавонмардон

Паймоне аст, ки барои дифоъ аз ҳаққи мазлумин баста шуд ва Паёмбар(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) низ дар ин паймон ширкат кард. (Табақот-ул-кубро, ҷ.2, саҳ.128; Яъқубӣ, ҷ.1, саҳ.13.)

Сабаби Ҳифул фузул ин буд, ки марде аз тоифаи «Зубайд» матоъ ва коло ба Макка овард. Ос писари Воил яке аз бузургони Қурайш колоро аз ӯ харид, вале пулашро надод. Марди зубайдӣ аз бузургони Қурайш ёрӣ ва кӯмак хост, вале ба хотири мақоми Ос ба ӯ кӯмак накарданд. Марди зубайдӣ ба аҳли Макка паноҳ бурд ва аз тамоми ҷавонмардон кӯмак хост. Мардони бомурувват ва ҷавонмард дар хонаи Абдуллоҳ писари Ҷадъон ҷамъ шуданд ва паймон бастанд ва Худоро шоҳид гирифтанд, ки ҳама иттифоқ бошанд ва ҳамроҳи мазлум бар алайҳи золим муттаҳид гарданд, то ҳаққашро бигиранд ва ба ӯ бозгардонанд. Сипас назди Ос рафтанд ва колоро аз ӯ бозситонданд ва ба марди зубайдӣ доданд.

  1. Сафар ба Шом

Вақте амонатдорӣ ва содиқ будани Муҳаммад(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) забонзади ҳамагон шуд, зани сарватманде аз мардуми Макка ба номи Хадича духтари Хувайлид, аз Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) хост, ки корвони тиҷоратии ӯро сарпарастӣ кунад ва бо ҳамроҳи ғуломи худ Майсара ӯро роҳии Шом кард.

Дар ин сафар фоидаи бисёре насиби Хадича гашт ва Майсара каромотеро, ки аз Муҳаммад(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) дар ҳоли мусофират мушоҳида карда буд, барои Хадича бозгӯ кард.

  1. Издивоҷ бо Хадича

Хадича вақте гузоришҳои сафарро шунид, пешниҳоди издивоҷ ба Паёмбар Акрам(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) дод ва гуфт: Ман ба хотири хешовандие, ки миёни мо барқарор аст ва ба хотири он азамату бузургӣ, хештандорию амонатдорӣ, хулқи зебову ростгӯие, ки аз ту суроғ дорам, бар он шудаам, ки ба шумо пешниҳоди издивоҷ диҳам. Он ҳазрат ҳам пешниҳоди издивоҷро қабул намдуд. Абутолиб маросими ақди он ду бузургворро баргузор кард. (Сираи ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ.189.)

  1. Насби Ҳаҷар-ул-асвад

Бар асари ҷорӣ шудани сел, Каъба осеб дид ва пас аз таъмири он барои насби Ҳаҷар-ул-асвад дар маҳалаш байни мардуми Макка ихтилоф шуд, зеро ҳар қабила ва тоифае мехост ин шараф ва бузургӣ насиби худаш шавад ва ин ихтилоф бо довари ва ҳусни тадбири Паёмбар ҳал шуд ба ин сурат, ки он ҳазрат порчаи чоргӯшаеро талаб кард ва худаш сангро дохили он гузошт ва сипас фармуд ҳар як аз қабилаҳо гӯшае аз порчаро бигиранд ва ҳамагӣ онро баланд кунанд. Онҳо сангро баланд карданд ва дар ҷойгоҳаш қарор доданд ва он ҳазрат бо дасти худ онро насб кард. (Сираи ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ.192 ва Муруҷ-уз-заҳаб, ҷ.2, саҳ.279.)

  1. Алӣ(к)-ро ба хонаи худ мебарад

Барои кӯмак ба амакаш Абутолиб дар сабук шудани ҳазинаи зиндагӣ, Аббос амаки Паёмбар, Толибро ва Ҳамза амаки дигараш, Ҷаъфарро ва худаш, Алиро ба хонаҳои худ бурданд, онгоҳ Расули Худо(Салаллоҳу Алайҳи ва Саллам) гуфт: Ҳамонеро баргузидам, ки Худо ӯро барои ман баргузида аст. (Мақотил-ут-толибин, саҳ.26; Ал-комил, ҷ.2, саҳ.37 ва Сираи ибни Ҳишом, ҷ.1, саҳ.236.)

Идома дорад…

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед