Хаббоб ибни Арат 2

0
152

Баноми Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Хаббоб ибни Арат(рз)
Устоди ҳунари фидокорӣ
Қисмати дуввум

Умми Анмор бо сангдили тамом оҳани тафтидаро бар сару сурати Хаббоб(рз) мегузошт, ӯ аз шиддати дард, ба худ мепечид, вале бахотири инки душманон хушҳол нашаванд изҳори аҷз намекард.

Рӯзе Паёмбар(с) аз канори Хаббоб убур кард ва дид, ки оҳани сӯзон ва тафтидаеро бар сараш гузоштанд ва баданшро месӯзонанд, Ҳазрат аз мушоҳидаи ин саҳна, ба шиддат мутаассир ва ғамгин шуд ва қалби рауфу меҳрубонаш ба танг омад, вале оё Паёмбар(с) ҷуз онки сабур бошад ва барояш дуои хайр кунад, чӣ коре метавонист анҷом диҳад? Барои ҳамин дастҳояшро ба сӯи осмон баланд кард ва фармуд: «Парвардигоро Хаббобро ёри кун».

Чанд рӯз нагузашта буд, ки Худованд қасоси Хаббобро аз «Умми Анмор» гирифт, гӯё Худо мехост ба ӯ ва соири бутпарастон ҳушдор диҳад, ки бисёр, мусулмонони бепаноҳро озор надиҳанд. Бале Умми Анмор ба сардарди бисёр сахт ва аҷибе мубтало шуд.

Тибқи гуфта муаррихон вай  аз шиддати дард мисли саг нола мекард. Саранҷом рӯзе ба ӯ гуфтанд: Давои бемориаш фақат ин аст, ки сарашро бо оташ доғ кунанд.

Ба ин тартиб, бар сари ӯ ҳар бомдод ва шом, оҳани сурхшударо мегузоштанд, то ӯ аз шиддати дарде, ки дошт каме ҳам, ки бошад раҳо шавад.

Қурайшиён дар баробари имони мусулмонон, бо ба кор бурдани шиканҷа муқовимат мекарданд ва мусулмонон дар баробари шиканҷа, бо аз ҷон гузаштан муқовимат мекарданд.

Хаббоб(рз) яке аз ин афроди ҷонбоз буд, ки дасти тақдир, ӯро яке аз қаҳрамонони майдони фидокорӣ ва аз ҷон гузаштагӣ қарор дода буд.

Хаббоб(рз) тамоми умру зиндагии худро дар роҳи пешрафти дини Ислом, сарф мекард.

Ӯ дар авоили даъвати Паёмбар(с) натанҳо ба анҷоми ибодат ва намоз иктифо намекард, балки бо тамоми қудрат дар роҳи ёдгирии Қуръони Карим талош мекард. Ӯ шабҳо ба хонаи бархе аз бародарони мусулмонаш, ки аз тарси озори Қурайшён Исломи худро пинҳон мекарданд, мерафт ва бо онҳо Қуръон мехонд ва аз онҳо таълим мегирифт.

Ӯ дар қироат ва тафсири Қуръони Карим, ки дар он ҳангом ба тадриҷ ва ба сурати оят- оят ва сура-сура нозил мешуд – ба қадре варзида буд, ки шахсе мисли «Абдуллоҳ ибнии Масъуд(рз) Хаббобро устоди тафсири Қуръон медонист.

Он ҳангом, ки Умар ибнии Хаттоб ба таври ногаҳонӣ бо шамшераш ба хонаи хоҳараш Фотима рафт. То корашро бо Ислом ва Паёмбари Ислом(с) яксара кунад, ин Хаббоб(рз) буд, ки ба Фотима духтари Хаттоб ва ҳамсараш Саид ибнии Зайд Қуръон омӯзиш медод, аммо Умар ибни Хаттобро ба маҳз ин ки Қуръонро аз рӯи нусхае, ки Хаббоб(рз) аз он Фотима ва Саидро омӯзиш медод, хонд фарёд зад ва гуфт: «Маро назди Муҳаммад(с) бибаред».

Хаббоб(рз) бо шунидан ин сухани Умар ибни Хаттоб(рз) фавран аз маҳалле, ки худро дар он махфӣ карда буд берун омад ва гуфт: Эй Умар ба Худо савганд, умедворам, ки Худой Мутаол дуои Паёмбар(с)-ро ба ту ихтисос дода бошад, дирӯз шунидам Паёмбар(с) мефармуд:

“Худовандо Исломро ба василаи яке аз ин ду мард – Аби-ал-Ҳакам ибнии Ҳишом ва Умар ибнии Хаттоб(рз) иззат ва қувват бибахш.”

Умар ибни Хаттоб(рз) фавран аз Хаббоб(рз) пурсид: Муҳаммад(с)-ро дар куҷо метавонам бибинам?

Хаббоб(рз) гуфт: Дар Сафо дар хонаи Арқам ибни Абиарқам. Умар(рз) ба сӯи хушбахтии фаровон ва сарнавишти азим ва муҳиммаш раҳсипор шуд.

Хаббоб(рз) дар тамоми ҷангҳо дар паҳлуи Паёмбар(с) ширкат кард ва дар тамоми умри худ, имон ва ақидаашро ҳифз намуд.

Дар замон хилофати Умар ва Усмон(рз), ки хазинаи мусалмонон зиёд шуда буд, ба ҳукми инки Хаббоб(рз) яке аз муҳоҷирон ва мусулмонони нахустин буд, ҳуқуқи қобили таваҷҷӯҳе аз сандуқи байтулмол дарёфт мекард. Ӯ бо ин ҳуқуқ дар Куфа хонае харид ва амвол ва асосияашро ҷиҳати истифодаи умум дар гӯшае аз он хона гузошт, ба тавре, ки ҳамаи дӯстон ва меҳмонон ҷои онро медонистанд ва ҳар касе эҳтиёҷе пайдо мекард, мерафт ва ба миқдори эҳтиёҷи худ аз он бармедошт.

Бо ин ҳол Хаббоб(рз) ҳар вақт Паёмбар(с) ва ёрони Он ҳазратро ба ёд меовард, ки дар роҳи Худо ҷонибозӣ ва фидокорӣ карданд, вале қабл аз густариши футӯҳоти исломӣ ва афзоиши байтулмол, даргузаштанд, ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд.

Акнун ба суханони ӯ, ки дар бистари маргаш гуфтааст гӯш фаро медиҳем.

Дар охирин рӯзҳои умри ӯ, иддае аз мусулмонон ба аёдаташ рафтанд ва ба ӯ гуфтанд:

“Хаббоб хушо ба ҳолат, чун фардо бародарони диниатро дидор хоҳӣ кард.”

Хаббоб гирякунон посух дод:

Ман ҳеҷ гуна нороҳатӣ ва тарсе надорам ва гиряҳоям ба хотири худам нест, балки барои ин аст, ки бародарони диниамро ба ёдам андохтед, онҳо, ки бидуни ин, ки баҳрае аз дунё бигиранд, даргузаштанд ва инак подоши онҳо дар пешгоҳи Парвардгор маҳфуз аст. Вале мо пас аз онҳо зинда мондем ва он қадр сарват ва ғанимат ба даст овардем, ки ҷое барои нигаҳдории онҳо пайдо намекунем.

Ва бо ин сухан ба хонаи кӯчакаш ишора кард ва онгоҳ нигоҳи ҳозиронро мутаваҷҷеҳи гӯшаи хонааш кард, ҳамон ҷое, ки амволашро ниҳода буд ва гуфт:

Ба худо савганд онҳоро аз касе дареғ накардаам ва ҳеҷ ниёзмандеро аз онҳо маҳрум насохтам. Сипас ба сӯи кафане, ки барояш омода карда буданд нигоҳ кард ва гирякунон гуфт:

Бубинед, ин кафани ман аст, аммо вақте, ки Ҳамза амуи Паёмбар(с) ба шаҳодат расид ҷуз порчаи кӯчак чизе барои кафанаш ёфт нашуд. Он ҳам ба қадре кӯчак буд, ки вақте онро бар сараш мекашиданд, пойҳояш бараҳна мемонд ва вақте пойҳояшро бо он мепӯшонданд, сараш ошкор мешуд.

Хаббоб(рз) дар сол 37 ҳиҷрӣ даргузашт.

Бале, марде, ки дар ҷоҳилият устоди шамшерсозӣ ва дар Ислом устоди майдони фидокорӣ ва азхудгузаштагӣ буд, даргузашт.

Шояд беҳтарин сухане, ки бихоҳем бадрақаи роҳи Хаббоб кунем суханони Алӣ ибни Абутолиб(к) бошад. Ӯ ҳангоми бозгашт аз ҷанги Саффайн қабри тоза ва мартуберо дид, пурсид:

Ин қабри кист? Гуфтанд: Қабри Хаббоб(рз) аст. Чеҳраи Алӣ(к) ғамгин шуд ва бо андӯҳи амиқе гуфт:

Худо Хаббоб(рз)-ро раҳмат кунад, бо майл ва рағбат мусулмон шуд ва бо ишқу алоқа ҳиҷрат намуд ва умри худро бо ҷиҳод сипарӣ кард.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед