Хаббоб ибни Арат 1

0
32

Баноми Худованди бахшандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Хаббоб ибни Арат(рз)
Устоди ҳунари фидокорӣ

  Гурӯҳе аз куффори Қурайш бо қадамҳои устувор ба сӯи хонаи Хаббоб(рз) раҳсипор шуданд, то шамшерҳои худро, ки қарор буд Хаббоб(рз) барои онҳо бисозад, таҳвил бигиранд.

Ӯ шамшерсоз буд, шамшер месохт ва дар бозори Макка ба фурӯш мерасонд.

Он рӯз бархилофи одати рӯзона, Хаббоб(рз) дар хона набуд. Ин идда чун ӯро дар хона наёфтанд, мунтазир нишастанд, то ҳарҷо рафтааст, баргардад.

Хаббоб(рз) баъд аз муддати зиёде омад, вале дар симояш нишонаи саволе медурахшид ва ашки шавқ дар чашмонаш ҳалқа зада буд, ба меҳмонон хушомад гуфт ва нишаст, шитобзада аз ӯ пурсиданд: Хаббоб(рз) оё шамшерҳои моро сохтаӣ?

Ашки чашмони Хаббоб(рз) хушк шуд ва дар ҳоле ки шодӣ дар чеҳрааш мавҷ мезад, гуфт:

Ба рости, ки кораш бисёр шигифтангез аст.

Он чанд мард гуфтанд: Кори чӣ касеро мегӯӣ?

Мо аз шамшерҳои худ савол мекунем, оё онҳоро сохтаӣ?

Хаббоб(рз) нигоҳи мулоим ва зудгузаре ба онҳо андохт ва гуфт: Оё ӯро дидаед? Аз суханонаш чизе шунидаед?

Харидорони шамшер бо тааҷҷуб ва ҳайрат ба якдигар нигоҳ карданд, яке аз онҳо бо шайтанат пурсид: Хаббоб(рз), оё ту худат ӯро дидаӣ?

Хаббоб(рз) дар ҳоле, ки шайтанати ӯро ба сухра мегирифт пурсид:

Манзурат кист?

Он мард ҳам бо асабоният гуфт: Манзурам ҳамон касе аст, ки ту мегӯӣ.

Хаббоб(рз) ба онҳо фаҳмонд, ки ӯ болотар аз он аст, ки битавонанд аз розаш огоҳ шаванд ва агар ӯ пеши онҳо ба имони худ эътироф мекунад, на барои ин аст, ки онҳо ӯро фиреб карда матлабро аз зери забонаш берун кашидаанд, балки барои ин аст, ки ҳақро ошкоро мушоҳида намуда ва ба он гардан ниҳода ва тасмим гирифтааст, то нидои ҳақро ошкоро ба гӯши мардум бирасонад. Ба ҳамин ҷиҳат ҳам чун ошиқе, ки дар висоли маъшуқ бо сармастӣ ва шодӣ сар аз по намешиносад, гуфт:

Оре ӯро дидаам, суханонашро шунидаам, аз симои ӯ ҳақ берун мерезад ва аз миёни лабонаш нур медурахшад.

Ин ҷо буд, ки муздурони Қурайш ба матлаби ӯ пай бурданд ва яке аз онҳо фарёд зад:

Ин чӣ касе аст, ки аз ӯ сӯҳбат мекунӣ, эй бардаи Умми Анмор?

Хаббоб(рз) бо оромише, ки дар симои мардони осмонӣ ба чашм мехӯрад, ҷавоб дод:

Ғайр аз ӯ кист дар миёни Қурайш, ки аз симояш ҳақ бирезад ва аз миёни лабонаш нур бидурахшад?

Яке дигар аз Қурайшён, ки аз шиддати тарс ва ваҳшат меларзид фарёд зад: Манзурат Муҳаммад(с) аст?

Хаббоб(рз) низ бо шавқу шодӣ сарашро ба аломати таъйид такон дод ва гуфт: Оре ӯ Паёмбар(с) аст ва аз ҷониби Худо фиристода шудааст, то моро аз торикӣ ва гумроҳӣ ба сӯи нур ва рӯшнои ҳидоят кунад.

Ӯ дигар нафаҳмид чӣ гуфт ва Қурайшён ба ӯ чӣ гуфтанд, ончи ба ёд дошт фақат ин буд, ки баъд аз чандин соат беҳушӣ, ба ҳуш омад ва дид меҳмонҳояш рафтаанд ва тамоми бадан ва устухонҳояш хурд шуда ва бадан ва либосҳояш ғарқи хун аст.

Хаббоб(рз) бо чашмони дурушти хеш атрофро нигарист. Фазои хона дар баробари вусъати нигоҳҳои нофизи ӯ бисёр танг менамуд, ногузир бо вуҷуди дард, худро кашон-кашон ба беруни хона расонд, канори дари хона ба девор такя дода ва нигоҳи амиқи худро, то уфуқҳои дӯрдаст дӯхта ба росту чап назар андохт. Абъоде, ки барои мардум он рӯз ошно буд, дар назар ӯ танг менамуд, ӯ дар ҷустуҷӯи буъди мармузе буд, ки барои мардуми одӣ ношинохта буд.

Оре ӯ дар ҷустуҷӯи «буъде» буд, ки зиндагии он рӯзи ӯ ва мардуми Макка ва ҷаҳониён фоқиди он буд.

Ӯ бо худ меандешид, кӣ: Оё сухане, ки имрӯз аз Муҳаммад(с) шунидам, ҳамон нуре нест, ки мардумро ба «буъде», ки зиндагии онон фоқиди он аст, ҳидоят мекунад?

Ӯ бар дари хона дар андешаҳои дӯр ва дарозе фурӯ рафт, сипас ба даруни хона бозгашт, то захмҳои худро дармон карда ва худро барои шиканҷаҳо ва озорҳои баъдӣ муҳайё кунад.

Аз он рӯз ба баъд Хаббоб(рз) дар миёни сафи мустазъафон мавқеияти бузурге ба даст овард, ӯ дар миёни касоне, ки ба рағми фақр ва нотавонӣ, дар баробари хушунат ва зӯргӯӣ ва такаббури Қурайш истодагӣ мекарданд, мақоми барҷастае касб кард.

Ӯ дар сафи ҷонибозоне, ки парчами Исломро ба эҳтизоз дар меоварданд, ҷойгоҳи волое ба худ ихтисос дод. Парчаме, ки дар фазои васеъ ба эҳтизоз даромада ва нобудии даврони бутпарастӣ ва истибдодро эълом мекард ва ба ҷаҳон мужда медод, ки даврони бутпарастӣ сипарӣ шуда ва давраи парастиши Худои ягона фаро расидааст, парчаме, ки мужда медод, ки мустазъафон ва заҳматкашон бо касоне, ки то дирӯз хуни онҳоро мемакиданд ва мавриди шиканҷаву озор қарор медоданд, яксон хоҳанд зист.

Хаббоб(рз) ҳам чунонки аз раҳбар ва қаҳрамоне интизор мерафт, бо камоли шуҷоат қадам дар роҳ ниҳод.

«Шуабӣ» мегӯяд: «Хаббоб(рз) дар баробари ҳаргуна шиканҷае сабр ва муқовимат намуд ва кӯчактарин заъфе аз худ нишон надод ва гоме пас наниҳод ва кор ба ҷое расид, ки бутпарастон ӯро хобонда ва сангҳои доғе бар пушташ мениҳоданд, то ин, ки гӯшти пушт ва паҳлуяш дар асари ин шиканҷаҳо фурӯ рехт».

Оре Хаббоб(рз) шиканҷаи бисёре дид, вале сабр ва пойдории ӯ беш аз шиканҷаҳо буд.

Куффори Қурайш оҳанҳоеро, ки дар манзили Хаббоб(рз) буд ва мехост аз онҳо шамшер бисозд, табдил ба занҷир ва ҳалқаи оҳанин намуда, онҳоро дар оташ сурх мекарданд. Замоне, ки хуб гарм ва тафтида мешуд, онро ба даври гардан ва дасту пои ӯ мебастанд.

Ӯ рӯзе бо чанд тани дигар аз мусулмонон шиканҷадида ба маҳзар Паёмбар(с) расиданд, на барои шикоят ва тарс аз қурбонӣ шудан, балки ба умеди инки аз ин вазъ наҷот ёбанд, арз карданд:

Эй Расули Худо оё моро ёри намедиҳӣ?

Беҳтар он аст риштаи суханро ба «Хаббоб(рз) бисупорем, то худ, достонро онгуна, ки ҳаст баён кунад ӯ мегӯяд:

«Рӯзе дар ҳоле, ки Паёмбар(с) дар канори девори Каъба бар рӯи абояш нишаста буд, ба ҳузури муборакаш ба шикоят рафтем ва гуфтем:

Эй Расули Худо оё моро ёри намедиҳӣ?

Чеҳраи Паёмбар(с)  барафрӯхта шуд, рост нишаст ва фармуд:

Пеш аз шумо касоне буданд, ки кофирон онҳоро гирифта ва дар миёни хандақе менишонданд ва бар сарашон арра мениҳоданд ва онҳоро аз миён ду тикка мекарданд ва ё гӯшт ва устухони онҳоро бо шонаҳои оҳанӣ аз ҳам ҷудо мекарданд, аммо онҳо ҳаргиз даст аз дини худ барнадоштанд. Худованд Исломро пирӯз хоҳад гардонид ва мусулмонон чунон амнияте пайдо хоҳанд кард, ки саворае аз «Санъо», то «Ҳазрамавт» хоҳад рафт ва ҷуз аз Худо ва ҳамлаи гург ба гӯсфандонаш аз ҳеҷ касе тарсе ба дил роҳ намедиҳад. Аммо шумо аҷала мекунед.

Аз шунидани ин суханон, имон ва пойдории Хаббоб(рз) ва ҳамроҳонаш афзӯнтар шуд ва тасмим гирифтанд маротиби азми оҳанин ва шакибоӣ ва аз ҷон гузаштагии худро ончунон, ки мавриди таваҷҷӯҳи Худо ва Паёмбар(с) аст, нишон диҳанд.

Хаббоб(рз) баъд аз он таърих, беш аз пеш дастхуши шиканҷа ва таҳдид буд, вале дар роҳи имон ва ақидаи худ ҳамагуна шиканҷаҳоро бо камоли шакибоӣ таҳаммул менамуд. Қурайшиён ногузир барои дарҳам шикастани муқовимати Хаббоб(рз) аз «Умми Анмор», ки Хаббоб(рз) қабл аз озодӣ бардаи ӯ буд, талаби ёрӣ карданд. Аз он рӯз ба баъд ӯ низ дар шиканҷаи Хаббоб(рз) бо онҳо ҳамкорӣ мекард.

Идома дорад…..

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед