Фазилати Шаби Қадр ва нузули Қуръони Карим

0
179

Ба номи Худованди бахшанди меҳрубон

Муқаддима

Дар зиндагии мо мусалмонон бисёр шабҳое вуҷуд дорад, ки диламон худоӣ мешавад ва рангу бӯи илоҳӣ мегирад, зеро шаби тӯлонӣ ба зикру ёди Худованди Мутаол машғул мешавем. Яке аз бузургтарин шабҳо, ки назди Худованди ҷойгоҳи бисёр болое дорад, “Шаби Қадр” аст; шабе ки хайру баракат ва раҳмати илоҳӣ шомили ҳоли бандагони рӯзадор дар моҳи шарифу мубораки Рамазон мешавад ва яке сабабҳои муҳими ин азамату фазилати Шаби Қадр ба хотири нузули Қуръон дар инчунин шабе аст ва сураи Қадр ба таври комил ба ҳамин масъала ишора дорад, ки Худованди Мутаол дар ин сура мефамояд:

بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَٰنِ الرَّحِيمِ

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ

وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ

لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ

تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ

سَلَامٌ هِيَ حَتَّىٰ مَطْلَعِ الْفَجْرِ

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ҳақиқат, Мо он [Қуръон]-ро дар шаби “Қадр” нозил

кардем.

Ва ту чӣ медонӣ, ки шаби “Қадр” чист?

Шаби “Қадр” беҳтар аз ҳазор моҳ аст.

Фариштагон ва “Рӯҳ” дар он [шаб], ба хости Парвардигорашон, барои [тақдири] ҳар коре фуруд меоянд.

Он [шаб], то тулӯи сапедадам, саломат аст. (Сураи Қадр)

Маънои “Қадр” ва далолати он

Қадр дар луғати арабӣ “قدر” ба маънои тақдир ва сарнавишт аст, аммо инки чаро ин шаб “Шаби Қадр” номгузорӣ шудааст, далелҳои гуногуне дорад; баъзе аз донишмандон бар ин ақида ҳастанд, ки дар ин шаб тақдиру сарнавишти инсон таъйин мешавад. Гурӯҳи дигар эътиқод доранд касе, ки ин шабро эҳё дорад, соҳиби ҷойгоҳи боло ва қадру манзалат мешавад. Гурӯҳи дигар назарашон ин аст, сабаби номгузории ин шаб ба хотири шарофат ва қадри болои ин шаб аст. Аммо ҳар сабаберо дар назар бигирем, нишонаи аҳамияту фазилати ин шаб аст. Аз нигоҳи Қуръони Карим, Шаби Қадр шаби сарнавишту тақдир аст ва Қуръони Карим ҳам ба ин масъала ишора намудааст: Худованди Мутаол дар сураи Духон мефармояд:

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُبَارَكَةٍ إِنَّا كُنَّا مُنْذِرِينَ

فِيهَا يُفْرَقُ كُلُّ أَمْرٍ حَكِيمٍ

Дар ҳақиқат, Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем; ҳамоно Мо ҳушдордиҳандаем.

Дар он [шаб] ҳар кори устуворе ҷудо карда мешавад. (Сураи Духон, ояти 3-4)

Бар асоси оятҳои мазкур, дар Шаби Қадр, ҳар масъалае бар асоси ҳикмати маслиҳати илоҳӣ таъйин хоҳад шуд. Нуктаи шоистаи зикр ин аст, ки тақдири илоҳӣ бар асоси шоистагиҳои инсонҳо ва дараҷаи имону тақво ва покии нияти онҳост. Ҳар андоза инсон дар худ заминаҳоро фароҳам карда бошад, раҳмати илоҳӣ бештари насибаш хоҳад шуд.

Ҷойгоҳ ва фазилати Шаби Қадр

Барои Шаби Қадр фазилатҳои фаровоне дар Қуръони Карим ва ривоятҳо зикр гардидааст, ки ба бархе аз онҳо ишора мешавад:

  1. Шаби нузули Қуръон

Шаби Қардр, шабе аст, ки Қуръони Карим, ин китоби ҳидоятгари башарият аз ҷониби Худованди Мутаол бар қарлби поки Расули Аъзам(с) нозил шудааст.

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ

  1. Бартар аз ҳазор моҳ

Шаби Қардр бофазилаттарин ва бартаирин шабҳо дар гардунаи замон аст ва ва шабе аст, ки қаламоҳо дар тавсифи он мешикананд, ақлу фаҳми иносн аз дарки чунин шабе дар ҳайрат мемонад ва забон аз тавсифи ин шаб нотавон аст.

لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ

  1. Фариштагони мукарраби илоҳӣ дар ин шаб фуруд меоянд ва бо худ хайру салому раҳмати илоҳиро ҳамроҳ доранд ва то субҳ ба назораи шабзиндадорон менишинанд.

تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ

  1. Ин шаб аз аввал то охир салом аст, саломе аз Худо ва фариштагон.

سَلَامٌ هِيَ حَتَّىٰ مَطْلَعِ الْفَجْرِ

Маънои “салом” дар сураи Қадр ҳамон лутфу таваҷҷӯҳи вежаи илоҳӣ аст, ки Худованди Мутаол нисбати бандагонаш дорад, зеро ин шаб саросар раҳмату баракат аст ва кайду макри шайтон бетаъсир мебошад.

  1. Шаби тавба ба даргоҳи илоҳӣ

Ҳар чанде, ки мо мусалмонон эътиқод дорем дарҳои тавба ҳамеша ва дар ҳамаҷо барои бондагон гушода аст, аммо тавба дар ин шаб ба сабаби фазилату бартарияш бисёр супориш шудааст ва беҳтарин фурсат барои касоне аст, ки ба даргоҳи илоҳӣ паноҳ оваранд ва аз кардаҳову каҷравиҳои яксолаи худ аз даргоҳои Худованд талаби омурзиш кунанд ва барои идомаи ҳаёти худ аз Ӯ ёрӣ биҷӯянд.

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، عَنِ النَّبِيِّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَ: «مَنْ صَامَ رَمَضَانَ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ، وَمَنْ قَامَ لَيْلَةَ القَدْرِ إِيمَانًا وَاحْتِسَابًا غُفِرَ لَهُ مَا تَقَدَّمَ مِنْ ذَنْبِهِ»

Аз Абуҳурайра (рз) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: “Касе, ки рӯзаи моҳи Рамазонро аз рӯи имон ва умед ба подоши илоҳӣ бигирад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешаванд ва касе ҳам, ки Шаби Қадро аз рӯи имон ва умед ба подоши илоҳӣ барпо дорад, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешаванд”. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 3, саҳ 35)

Ин ривоят нишондиҳандаи он аст, ки ин шаб чӣ қадар фазилату бартарӣ дорад ва шаби таваллуди дубораи инсон ба ҳисоб меояд ва бандагони рӯзадори Худованди Мутаол дар ин шаб фурсат пайдо мекунанд, ки ба Парвардигор паноҳ бурда аз талаби афв кунанд. Ҳар кас худро барои ин меҳмонии моҳи Рамазон беҳтар омода карда бошад, аз хони густардаи лутфу карами илоҳї бештар баҳраманд хоҳад шуд ва ҳар кас ҳар андоза дар ин меҳмонї муаддабтару оростатар бошад, соҳибхона ба ӯ лутфу навозиши бештар хоҳад дод.

Расули Акрам(с) дар даҳ рӯзи охири моҳи Рамазон ҷойгоҳи хоби худро ҷамъ намуда, дар масҷид ба эътикоф менишастанд. Он ҳазрат пайваста мусалмононро ба барподоштани Шаби Қадр тавсия мекарданд. Борҳо аз Паёмбари Акрам (с) пурсиданд, ки кадом шаби моҳи Рамазон Шаби Қадр аст? Вале он ҳазрат ҳаргиз шаби муайянеро ном набурдаанд ва фақат ҳаминро зикр намудаанд, ки тавсия ва супориш мекарданд, ки “Шаби Қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон ҷустуҷӯ кунед”. Шояд ҳикмати номуайян будани ин шаб он бошад, ки рӯзадорон барои дарки он дар чанд шаби охири моҳи Рамазон шабзиндадорї кунанд ва раҳмату лутфи Худоро бештар ба даст оваранд. Аз ҳазрати Оиша (рз) ривоят шудааст, ки Расули Акрам (с) фармуд:

عَنْ عَائِشَةَ (رضی الله عنها) قَالَتْ: كَانَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: «تَحَرَّوْا لَيْلَةَ القَدْرِ فِي العَشْرِ الأَوَاخِرِ مِنْ رَمَضَانَ»

Расули Худо (с) мефармуд: “Шаби Қадрро дар даҳ шаби охири моҳи Рамазон ҷустуҷӯ кунед”. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 3, саҳ 37)

Ҳарчанд дар бархе аз манобеъ шабҳои бистуяк, бистусе, биступанҷ, бистуҳафт ва бистунуҳро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додаанд ва эҳтимол дода шудааст, ки шаби бистуҳафтум Шаби Қадр аст, аммо боз яқинӣ нест, чароки рози Шаби Қадр дар ҳамон пинҳон будани он аст ва асосан тамоми моҳи мубораки Рамазон моҳи ибодату бандагӣ аст ва бар асоси фармудаи Расули Акрам(с) даҳ рӯзи охир аҳамияти вежа дорад ва сабабаш дар Шаби Қадр ва нузули Қуръони Карим дар чунин шабе аст.

Ҳикмати Худованди Мутаол инчунин розеро талаб мекунад; Худованди Мутаол ризояташро дар аъмоли нек махфӣ кардааст, то инсонҳо ба тамоми тавсияҳои дин амал кунанд ва ба онҳо пойбанд бошанд. Инчунин ғазабашро ҳам дар аъмоли нописанд пинҳон доштааст, то бандагон аз тамоми аъмоли зишту нописанд парҳез кунанд. Барои даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон ҳам ҳамин ҳикмати илоҳӣ вуҷуд дорад ва ин фурсати шоистае барои бандагон аст, ки тамоми шабҳои ин моҳи шариф ва ба вежа даҳаи охирро гиромӣ доранд ва дар ҷустуҷӯи ризояту саодати илоҳӣ бошанд.

Ҳаққ; Шаби Қадр аст дар шабҳо ниҳон

То кунад ҷон ҳар шаберо имтиҳон

Мавлавӣ

Шаби Қадр; шаби нузули Қуръони Карим

Дар байни тамоми фазилатҳое, ки Шаби Қадр дорад, яке аз фазилатҳои ин шаб он аст, Қуръони Карим дар инчунин шабе нозил шудааст.

Бар асоси дидгоҳи муфассирон, Қуръони Карим ду мартаба нозил шудааст; якбор ба шакли комил дар Шаби Қадр, ки сураи Қудр ба он ишора кардааст ва бори дигар ба таври тадриҷӣ дар муддати 23 сол давраи рисолати Расули Акрам(с).

Ин нузул, як нузули дафъӣ аст ва ба ин маънон аст, ки Қуръони Карим ба таври комил ва якбора нозил шудааст ва ин бо нузули тадриҷӣ, ки Қуръони Карим тӯли 23 сол дар ҷиҳати шароит ва рӯйдодҳо нозил шудааст, фарқ дорад.

Дар Қуръони Карим се ояти шарифа вуҷуд дорад, ки аз ҷамъи ин оятҳо метавон ингуна истифода намуд, ки нузули Қуръони Карим ба сурати дафъӣ –тавре, ки тавзеҳ дода шуд- дар дар Шаби Қадр будааст.

  1. Сураи Бақара

Худованди Мутаол дар сураи Бақара баён доштааст, ки Қуръони Карим дар моҳи Рамазон нозил шудааст:

شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ

Моҳи Рамазон аст, ки дар он Қуръон [ҳамчун] роҳнамо барои мардум ва нишонаҳои равшан аз ҳидоят ва ҷудокунанда[-и ҳақ ва ботил] нозил шудааст. (Сураи Бақара, ояти 185)

Моҳи Рамазон моҳи Қуръон аст ва ягона моҳе аст, ки номаш дар Қуръони Карим омадааст ва Шаби Қадр ҳам дар ҳамин моҳ аст, моҳи Рамазон моҳи Худо аст ва ҳама бандагони рӯзадор дар ин моҳ меҳмони Худованди Мутаол ҳастанд. Моҳе аст, ки бар асоси ривоятҳо аввали он раҳмат, васати он мағфират ва охири он подош аст. Фазилати ин моҳ бар моҳҳои дигар дар ҳамин масъала аст, ки Шаби Қадр дар ҳамин моҳ аст ва Қуръони Карим дар ин шаби пурхайру баракат нозил шудааст.

  1. Сураи Духон

Қуръони Карим дар сураи Духон мефармояд, ки ин китоби шариф ва нусхаи ҳидоятгари башарият дар шаби мубораке нозил шудааст:

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُبَارَكَةٍ إِنَّا كُنَّا مُنْذِرِينَ

“Дар ҳақиқат, Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем; ҳамоно Мо ҳушдордиҳандаем”. (Сураи Духон, ояти 3)

 

Мақсуд аз шаби муборак ҳамон Шаби Қадр аст, ки шаби нузули Қуръони Карим мебошад. Албатта бояд қайд намуд, ки Қуръони Карим аз ҳама ҷиҳат муборак аст:

  • Аз ҷиҳати нозилкунанда:

تَبارَكَ الَّذِي نَزَّلَ الْفُرْقانَ

“Пурбаракат аст Зоте, ки “Фурқон”-ро бар бандааш нозил кард”. (Сураи Фурқон, ояти 1)

  • Худи Қуръон ҳам муборак аст:

كِتَابٌ أَنْزَلْنَاهُ إِلَيْكَ مُبَارَكٌ لِيَدَّبَّرُوا آيَاتِهِ

“[Ин Қуръон] Китоби муборак аст, ки онро ба сӯи ту нозил кардем, то дар оятҳояш биандешанд”. (Сураи Сод, ояти 29)

  • Аз ҷиҳати замони нузул

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةٍ مُبَارَكَةٍ

Дар ҳақиқат, Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем“. (Сураи Духон, ояти 3)

Шаби Қадр шаби мубораке аст ва нузули Қуръон дар ин шаб бар азамату бузургияш афзудааст.

  1. Сураи Қадр

Худованди Мутаол дар сураи Қадр байн намудааст, ки Қуръон дар Шаби Қадр нозил шудааст:

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ

“Дар ҳақиқат, Мо он [Қуръон]-ро дар шаби “Қадр” нозил

Кардем”. (Сураи Қадр, ояти 1)

Бо дар канори ҳам ниҳодани оятҳои зикршуда (оятҳои сураи Бақара, Духон ва Қадр) равшан мешавад, ки Қуръони Карим дар моҳи мубораки Рамазон ва Шаби Қадр нозил шудааст ва инчунин тавсияҳои зиёде барои тиловату хондани Қуръон дар ин шаби муборак шудааст.

Натиҷагирӣ

Аз маҷмӯи ончи баён шуд, равшан мешавад, ки Моҳи Рамазон шарифтарин моҳ назди Худованди Мутаол аст ва яке аз фазилатҳои азими ин моҳи шариф ин аст, ки Шаби Қадр дар он воқеъ шудааст. Нузули Қуръони Карим ҳам ба аҳамияти он афзудааст ва савоби фаровоне барои тиловати ин китоби шифобахшу ҳидоятгари башарият дар ривоятҳо баён шудааст, ки хондани як ояти шарифа бо як хатми комил баробарӣ мекунад. Инҳо ҳама ҳикоятгари як шаби осмонӣ ва як нузули илоҳӣ аст, шабе ки саросари он хайру саломат аст ва китобе, ки мояи раҳмату ҳидоятгари башарият мебошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед