Фарқи миёни исм ва сифати Худован

0
67

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Исмҳои Худо
Бахши аввал

Фарқи миёни исм ва сифати Худован
Масъалаи исмҳо ва сифоти Худованд, яке аз қадимитарин баҳсҳо дар таърихи каломи исломӣ ва инчунин дар дигар адёни илоҳӣ мебошад.

Дар бисёре аз манобеъи каломӣ марз ва фарқи миёни исму сифат чандон мушаххас нашудааст. Дар аксари китобҳои каломӣ баҳси исму сифат дар ҳам идғом шуда ва таҳти як унвон маврид баҳс қарор гирифтааст. Аммо баҳсҳое, ки дар ин китобҳои каломӣ матраҳ мешавад бештар дар мавриди сифот аст ва атрофи сифот давр мезанад ва ба баҳси исм аҳамияти чандоне дода намешавад. Аксаран дар ин гуна маворид исму сифат ба як маъно ба кор меравад, ҳарчанд гоҳе низ тафовутҳое байни он ду гузошта мешавад.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки исм ва сифат ду чизи ҷудо аз ҳам ҳастанд ва ҳар кадом вежагиҳои махсус ба худро доранд ва мутародифу ҳаммаъно қарор додани онҳо саҳеҳ нест. Қуръони Карим ба унвони аввалин манбаъи исломӣ, исмҳои илоҳиро ба сурати ҷудо мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст. Аз ҷумла Худованд мефармояд:

وَللّهِ الأسْمَاءُ الْحُسْنی فَادْعُوهُ بِهَا

“Ва барои Худо, исмҳои неку аст; Худоро ба он (исмҳо) бихонед” (Сураи Аъроф, ояти 180)

ё дар ҷои дигар мефармояд:

اللّه لاَ إِلَهَ إِلاَّ هُوَ لَهُ الأَسْمَاء الْحُسْنی

Ӯ Худованде аст, ки маъбуде ҷуз Ӯ нест ва номҳои некӯ аз они Ӯст (Тоҳо, ояти 8)

هُوَ اللّه الْخَالِقُ الْبَارِئُ الْمُصَوِّرُ لَهُ الأَسْمَاء الْحُسْنی

Ӯ Худованде аст, Холиқ, Офаринандаи бособиқа, суратгари (беназир) аст; барои Ӯ номҳои неку аст (Сураи Ҳашр, ояти 24)

Аз оятҳое, ки зикр шуд равшан мешавад, ки Қуръони Карим таваҷҷӯҳи хоссе ба исмҳои илоҳӣ дорад ва баён мефармояд, ки “Худованд дорои исмҳо аст”. Ин масъала моро бар он медорад, ки дар мавриди исмҳо таваҷҷӯҳ ва диққати бештаре кунем ва фарқи исмро бо сифат мушаххас ва муайян намоем.

Дар мавриди фарқи миёни исм ва сифат метавон гуфт: Як зотро метавон аз ду ҷиҳат ва ду ҷанба мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод, нахуст ин ки зот ба худии худ ва ба танҳоӣ дар назар гирифта шавад ва чизи дигаре дар он дахолат надошта бошад, дуввумӣ ин ки зот бо таваҷҷӯҳ ба сифати хоссе ва аз он ҷиҳат, ки тавсифшуда ба ин сифат аст, дар назар гирифта шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ду ҷиҳат дар зот, исм бар зот далолат мекунад ва сифат бар маъное, ки зотро васф мекунад. Бинобар ин, унвонҳое монанди “Аллоҳ”, “Олим”, “Қодир” ва ғайра исм буда ва калимаҳое монанди “илм”, “қудрат” ва ғайра сифат мебошад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 128 то 130)

Ба сухани дигар: Исм ва сифат ду навъи нигоҳ ба як чиз аст. Ба ин маъно, ки сифат, иборат аст аз он ҳолат ё чигунагии як чиз ва исм иборат аст аз, дар назар гирифтани зоти тавсифшуда бо он сифат. Яъне вақте, ки худи зоти тавсифшуда ба як сифат лиҳоз мешавад, унвони “исм” бар у итлоқ мешавад. Монанди “қудрат”, ки як сифат аст, вале вақте ки зоти тавсифшуда ба сифати қудрат лиҳоз мешавад, лафзи “Қодир”  бар у итлоқ мешавад. Пас “Қодир” исм аст, яъне касе, ки дорои қудрат мебошад.

Аз ончи баён шуд равшан мегардад, ки дар аксари китобҳои каломӣ баҳси исму сифат дар ҳам идғом шуда ва таҳти як унвон маврид баҳс қарор гирифтааст. Аммо ҳақиқат ин аст, ки исм ва сифат ду чиз ҷудо аз ҳам ҳастанд ва ҳар кадом вежагиҳои махсус ба худро доранд. Фарқи миёни исм ва сифат он аст, ки исм бар зот далолат мекунад ва сифат бар маъное, ки зотро васф мекунад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед