Фалсафаи рисолати паёмбарон

0
183

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Фалсафаи рисолати паёмбарон

Муқаддима
Инсон ба таври фитрӣ дар пайи пешрафт ва саодату комёбӣ аст ва абзорҳое, ки барои тарҳрезии барномаҳои зиндагӣ дар ин ҷаҳон дар ихтиёр дорад, нокоромад ҳастанд ва барои маърифату шинохти ҳақиқати ҳастӣ ва ҷаҳони дигар ҳам ночиз мебошанд. Бинобарин бо диққат дар ҳадаф ва фалсафаи офариниш ва ҳикмати илоҳӣ ин ҳақиқатро мефаҳмем, ки ба манбаи дигаре ниёз дорем, ки моро дар роҳи расидан ба саодати дунёву охират ёрӣ кунад, ки ин манбаъ ҳамон паёмбарони илоҳӣ мебошанд. Худованди Мутаол роҳи парвоз ба сӯи саодату хушбахтиро фароҳам кардааст; ҳуҷҷати ботинӣ (ақл) ва ҳуҷҷати зоҳирӣ (паёмбарон). Бо таваҷҷӯҳ дар оятҳои Қуръони Карим фаҳмида мешавад, ки паёмбарон барои мақсадҳо ва барномаҳои арзишманде аз ҷониби Худованди Мутаол мабъус шудаанд, ки рисолатҳо ва ҳадафҳои муҳиммеро барои ҷомеа дар назар доранд ва дар сураи Анъом ба ин ҳақиқат ва масъалаи насби паёмбарон аз ҷониби Худованд ишора шудааст.

وَإِذَا جَاءَتْهُمْ آيَةٌ قَالُوا لَنْ نُؤْمِنَ حَتَّىٰ نُؤْتَىٰ مِثْلَ مَا أُوتِيَ رُسُلُ اللَّهِ ۘ اللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ ۗ سَيُصِيبُ الَّذِينَ أَجْرَمُوا صَغَارٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعَذَابٌ شَدِيدٌ بِمَا كَانُوا يَمْكُرُونَ

“Ва ҳангоме, ки ояте барои онҳо биёяд, гӯянд: «Ҳаргиз имон намеоварем, то ин ки монанди чизе, ки ба паёмбарони Худо дода шудааст, ба мо [ҳам] дода шавад». Худо донотар аст, ки рисолаташро куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ ба касоне, ки хилофкорӣ карданд, ба сазои ин ки макр мекарданд, аз ҷониби Худо хорӣ ва азоби сахт хоҳад расид.” (Сураи Анъом, ояти 124)

Ин ояти Қуръони Карим дар Макка бар Паёмбари Акрам(с) нозил шудааст ва Шамсиддини Қуртубӣ шаъни нузули онро дар бораи Валид ибни Муғайра донистааст.

Валид гуфта буд: “Қасам ба Худованд агар паёмбарӣ ҳақ бошад, ман аз Муҳаммад болотар ҳастам, чароки синну соли ман ва ҳамчунин молу сарватам нисбати Ӯ бештар аст.” (Шамсиддин Қуртубӣ, Тафсири Қуртубӣ, ҷ 7, саҳ 80)

Қуръони Карим дар ин ояти зикршуда ба чанд нукта ишора кардааст:

  1. Баъзе аз қудратмандон ба сабаби худбартарбинӣ дини Исломро қабул намекунанд ва даъвати илоҳиро намепазиранд.
  2. Меъёри интихоби илоҳӣ, илми Ӯ ба шоистагиҳо ва бартариҳо аст ва паёмбарони илоҳӣ аз ҷониби Худованд ҳастанд, ки муҳимтарин паёми ин ояти Қуръони Карим ҳам ҳамин масъала аст.
  3. Натиҷаи сарпечӣ аз ҳақ, зиллату хорӣ аст.

Мардум бидуни вуҷуди паёмбарони илоҳӣ аз суду зиёни худ огоҳ намешаванд ва бандагии Худовандро ба таври шоиста анҷом дода наметавонанд. Паёмбарон бо овардани шариат ва огоҳ сохтани мардум аз амру наҳйи Худованд, роҳи растгорӣ ва хушбахтиро ба онҳо нишон медиҳанд, подошҳои рӯзи қиёматро барои мардум баён мекунанд ва ба кайфарҳо ҳушдор медиҳанд ва инчунин роҳи расидан ба саодатро барои мардум омода мекунанд.

Зарурати қонунгузорӣ аз ҷониби Худованд
Равшан аст, ки инсон дорои зиндагии иҷтимоӣ аст ва ҳар кадоми инсонҳо қисмате аз ниёзҳои зиндагиро бар ӯҳда мегиранд ва дар ҷомеа бо ҳам зиндагӣ ва рушд мекунад ва дар тӯли зиндагӣ машғули таомулу ҳамкорӣ ҳастанд, пас бояд қонунҳое вуҷуд дошта бошад, ки таъминкунандаи ҳуқуқи инсонҳо бошад ва агар қонунгузор худи инсон бошад ду мушкил пеш меояд:

  1. Инсон ба маслиҳату шоистагиҳо ва суду зиёни худ сайтараи комил надорад.
  2. Ҳар кас мумкин аст дар ҷойгоҳи қонунгузор манфиати худро дар назар бигиранд қонунро ба дилхоҳи худ вазъ кунад, чароки худхоҳӣ як масъалаи фитрӣ аст ва дар тамоми инсонҳо вуҷуд дорад.

Ихтилоф дар барномарезиҳо ва тағйири қонунҳо ба хусус қонунҳои ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки дониши башар кофӣ нест, аз ин рӯ улуми башарӣ ба рағми тамоми пешрафтҳо ҳанӯз натавонистааст меъёри равшане барои зиндагӣ ироа бидиҳад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин матолиб, зурурӣ аст, ки аз ҷониби Худованди Мутаол қонуне барои башар танзим шавад, ки дар муомилаҳо ва зиндагии вай адолати иҷтимоиро таъмин кунад. Албатта, ки Худованди Мутаол муназзаҳу болотар аз он аст, ки бо инсонҳо дар иртибот бошад, пас бояд инсони комиле, ки ба ҳақиқатҳо доно бошад восита ва робита байни инсону Худо бошад ва қонунҳои воқеиро барои мардум бирасонад. Дар ин ҳолат ду ишколи зикшуда дар қонуни илоҳӣ наметавонад вуҷуд дошта бошад, зеро Худованд дар қонунҳо баҳрае надорад, ки гуфта шавад қонунро ба нафъи худ вазъ кардааст ва ҳамчунин ба тамоми ҷанбаҳои олами ҳастӣ иҳотаи комил дорад.

Паёмбарони илоҳӣ ва ҳадафи офариниш
Ногуфта намонад, ки зиндагии башар фақат ҷанбаи моддӣ надорад ва инсон барои ҳадафи болотар офарида шудааст, ки ҳамон саодати ухравӣ аст ва дар сураи Зориёт ин ҳадафи офариниш баён шудааст:

وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ

“Ва ҷин ва инсро ҷуз барои ибодат[-и Худам] наофаридам. (Сураи Зориёт, ояти 56).

Парастиши Худованд иртибот бо Ӯ аст ва иртибот бо Ӯ сабаби камол барои инсон мешавад ва камоли инсонӣ сабаби саодати абадӣ ва ҷовидонааст.

Паёмбарон илова бар ташвиқи мардум ба ибодати Худованд ва парҳез аз тоғут ва бутҳои сохтагӣ, парҳез аз тоғут ва бути нафсро ҳам тавсия мекарданд, ки бадтарин бут, бути нафси одам аст. Пайравӣ аз хоҳишҳои нафсонӣ инсонро аз Худованд ва роҳи рост дур мекунад ва ба инҳироф мекашонад. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар гоҳ мардум аз паёмбарон фосила гирифтанд, гирифтори ширку тоғут шудаанд.

Бинобарин ниёзи инсон ва ҷомеаи башарӣ ба паёмбарон барои ин аст, ки ба дастурҳо ва қонунҳое, ки Худованд барои инсонҳо қарор додааст дастрасӣ пайдо кунад то дар партави он ҳам дар зиндагии моддии ин ҷаҳон ба дигар инсонҳо зулм накунад ва сабаби поймол шудани ҳуқуқи дигарон нашавад ва ҳам бо амал ба дастурҳои паёмбарон ба ҳадафи ҳақиқии офариниш бирасад.

Нотавонии ақл аз дарку фаҳми тамомии масоил
Чароғи ақлу хирад ҳар чанде, ки бахше аз камбудиҳоро бартараф мекунад ва роҳи зиндагиро дар як маҳдудаи хосс барои башар равшан месозад, вале ҳаргиз наметавонад тамоми камбудиҳои инсонро рафъ кунад, зеро башар дар фикру боварҳои холӣ аз хато нест ва дар бисёре аз масоил дучори иштибоҳ ва хато мегардад ва ҳар рӯз дар масоили зиндагӣ ва ҳамчунин дар масоили марбут ба илму дониш, як фарзия ҷойгузини фарзия дигар шуда ва афкори тозатаре ба маҳфилҳои илмӣ арза мешавад. Аз ин ҷиҳат маълумот ва донишҳои башарӣ дар масоиле, ки пояи саодат ва асоси такомулро ташкил медиҳанд, мавриди эътимод нест.

Аммо ваҳйи осмонӣ, ки ягона манбаъ ва сарчашмаи улуми паёмбарон ба ҳисоб меравад, як илми хатонопазир аст, зеро аз ҳар навъ иштибоҳ холӣ аст ва таълимоте, ки бар он устувор аст, яқинан мавриди эътимод буда ва роҳнамои воқеии башар ба сӯи саодат хоҳад буд.

Мумкин аст касе бигӯяд, ки инсон ба василаи ақл, ки Худованд ба ӯ додааст, метавонад неку бадро ташхис бидиҳад, байни онҳо фарқ бигузорад ва роҳро аз бероҳа бифаҳмад, пас чӣ ниёзе ба паёмбарон аст?

Дар посух бояд гуфт; дуруст аст, ки дар омӯзаҳои динӣ ақл ба ҳайси ҳуҷҷати илоҳӣ дониста шудааст, аммо ба ақл ба танҳоӣ наметавонад мушкилоти башарро ҳал кунад ва инсонро ба воқеъбинӣ ва некукорӣ ҳидоят кунад. Зеро тамоми рафторҳои нописанд ва корҳои норавое, ки дар ҷомеаи инсонӣ рӯй медиҳад, ҳама аз ҷониби касоне аст, ки аз ин неъмати илоҳӣ (ақл) баҳраманд мебошанд. Аммо дар асари худхоҳӣ, ҳавасронӣ ва судпарастӣ, ақли онҳо мағлуби хоҳишҳои нафсонӣ шудааст ва дучори гумроҳӣ шудаанд. Пас бояд Худованди Мутаол аз роҳи дигаре, ки ҳаргиз муғлуби хоҳишҳои нафсонӣ намешавад ва дар раҳбарии худ иштибоҳ намекунад, инсонҳоро ба сӯи саодат даъват кунад. Ин роҳ ҳамон фиристодани паёмбарон аст.

Аз нигоҳи дини Ислом, зиндагии инсон бо мурдан поён намеёбад ва дар паси зиндагии дунё, зиндагии охират ҳам вуҷуд дорад ва ақли инсон барои дарки беҳтари ҷузъиёти охират бисёр нотавон аст ва ин нотавонӣ, на фақат дар ахлоқ, балки дар тамоми ҷанбаҳои зиндагии инсон вуҷуд дорад ва аз ин рӯ аст, ки Худованди Мутаол дар сураи Бақара мефармояд:

كَمَا أَرْسَلْنَا فِيكُمْ رَسُولًا مِنْكُمْ يَتْلُو عَلَيْكُمْ آيَاتِنَا وَيُزَكِّيكُمْ وَيُعَلِّمُكُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَيُعَلِّمُكُمْ مَا لَمْ تَكُونُوا تَعْلَمُونَ

“Ҳамон гуна, ки дар миёни шумо паёмбаре аз худатон фиристодем, ки оятҳои Моро бар шумо мехонад ва шуморо пок мекунад ва ба шумо китоб ва ҳикмат меомӯзад ва он чиро, ки намедонистед, ба шумо меомӯзад. (Сураи Бақара, ояти 151)”

Бар асоси ин ояти зикршуда, инсон барои шинохти бисёре аз ҳақиқатҳо, ба ваҳй ниёз дорад ва агар паёмбарон набошанд, инсон аз ояндаи худ ва ҷаҳон ва чигунагии зиндагии исломӣ огоҳӣ пайдо намекард.

Натиҷагирӣ
Бо таваҷҷӯҳ ба ин масъала, ки ақл ба танҳоӣ тавони таъмини идораи башар ва таъмини саодати ӯро надорад, ақл бидуни ҳидояти ваҳй чӣ басо мумкин аст ҳамчун абзоре барои хостаҳои нафсонӣ амал кунад. Ақл онгоҳ муфиду корсоз аст, ки дар банди шариат ва нубувват бошад ва аз ҳидояти анбиё ва дар партави нури ваҳй парвариш ёбад ва фалсафаи рисолати паёмбарон ҳам паравариши инсон мебошад, ки аз ҷониби Худованди Мутаол ӯҳдадори ҳидояти инсон ба пешрафту камол ва саодат мебошанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед