Достони Паёмбарон

0
70

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Дар ин таҳқиқ саъй ва кӯшиш кардем, то сабаб ва аҳаммияти интихоби достонҳои паёмбаронро дар ҳафт бахш баён кунем.

Ҳоло мумкин аст савол шавад, ки чаро достони паёмбаронро интихоб кардед, ин достонҳо дар солҳои қадим рӯй додааст ва дар зиндагии имрӯзаи мо ба чӣ кор меояд, ки онро баррасӣ мекунед. Дар ҷавоб бояд гуфт: Мардуми  ин замон бо шаку тардид (шубҳа) ва дар ҳоли саргардонӣ зиндагӣ мекунанд ва ба назар мерасад улгӯ ва сармашқи  худро гум кардаанд ва аз тарафи дигар ҳамаи мардуми ҷаҳон бо мушкилот ва сахтиҳои зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд. ки роҳи ҳал барои онҳо надоранд ва ба хусус мусулмонон, ки аз тарафи ҳукуматҳои ба ном демократӣ,  вале дар асл  золим ва ситамгар дар фишору тангно қарор доранд.

Эҳсос мешавад, ки зиндагии ҳозира як дигаргунӣ ва тағйироти асосӣ мехоҳад ва ё ба як улгӯи солим, комил, пирӯз ва муваффақ ниёз дорад. Ва чи хуб аст, ки улгӯҳоеро пайравӣ кунем, ки Худованд Худ онҳоро дар Қуръон тасдиқ кардааст. Ва зиндагии онҳоро барои мо намуна қарор додааст. Мо ҳам кӯшиш кардем, ки достонҳои зиндагии Паёмбаронро баён намуда ва зиндагии худро бо зиндагии Паёмбарон мутобиқат дода аз онҳо пайравӣ кунем, то аз зиндагии он бузургворон ибрат ва панд гирем ва ҳамон тавре ки онҳо дар зиндагии худ аз ҳаққи мазлумон дифоъ карда ва дар баробари ҳукуматҳои золиму ситамгар истодагӣ ва муқовимат кардаанд, мо ҳам роҳу равиши онҳоро сарлавҳаи барномаҳои зиндагиамон қарор диҳем.

Ҳамин мушкилоту сардаргумии башарият ба хусус мусулмонон сабаб шуд, ки мо достони Паёмбаронро интихоб ва баррасӣ кунем.

Оё ин далел кофӣ нест, то ба ин мавзӯъ диққат кунем?

Барои аҳамият ва диққат дар ин мавзӯъ ҳамин бас аст, ки як қисмат аз се қисмати Қуръон ( муъҷизае, ки то қиёмат монданӣ аст)  достони Паёмбарон аст. Оё ин амр нишонаи аҳаммияти ин мавзӯъ нест?

Достонҳои Паёмбарон барои мо улгӯ ва сармашқ ва пур аз панду ибрат аст, то битавонем зиндагии худро бисозем ва ба роҳи рост қадам гузорем, ки ризояти Парвардигор дар он  бошад. Ҳамон тавр ки Худованди  Мутаол дар Қуръони Карим  мефармояд:

لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِأُولِي الْأَلْبَابِ ۗ مَا كَانَ حَدِيثًا يُفْتَرَىٰ وَلَٰكِنْ تَصْدِيقَ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ كُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

Ба ҳақиқат дар саргузашти онҳо (яъне Юсуф ва бародарон ва дигар пайғамбарон) ибрат барои ҳамаи хирадмандон аст.(ончи гуфта шуд) як афсонаи сохтагӣ (ва достони хиёлӣ ва дуруғин) набуда, балки (як ваҳйи бузурги осмонӣ аст, ки) китобҳои пешинро тасдиқ ва пайғамбарони(ростгӯ) ро таъйид мекунад ва баёнгари ҳамаи чизҳое аст, ки ( инсонҳо дар саодат ва такомули худ ба онҳо ниёз доранд ва ба ҳамин далел сабаби) ҳидоят ва раҳмат барои ҳамаи касоне аст, ки имон меоваранд. (Сураи Юсуф, ояти 111).

Ба назар мерасад барои баррасии ин мавзӯъ ин далел басанда бошад.

Мавзӯи достони паёмбарон ин қадар аҳамият дорад, ки вақте мо зиндагии онҳоро мехонем ҳоли мо дигаргун шуда, дар рӯҳияи мо таъсири мусбат мерасонад. Метавонад зиндагии моро тағйир дода роҳи зиндагии беҳтарро ба мо нишон диҳад.

Ин сухани Худованд аст, ки чунин мефармояд:

وَكَذَٰلِكَ أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ رُوحًا مِنْ أَمْرِنَا ۚ مَا كُنْتَ تَدْرِي مَا الْكِتَابُ وَلَا الْإِيمَانُ وَلَٰكِنْ جَعَلْنَاهُ نُورًا نَهْدِي بِهِ مَنْ نَشَاءُ مِنْ عِبَادِنَا ۚ وَإِنَّكَ لَتَهْدِي إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ

Ҳамонгуна, ки ба Пайғамбарони пешин ваҳй кардем,  рӯҳро (Қуръонро) аз амри худ ба Тӯ ваҳй кардаем,  Ту ки намедонистӣ китоб чист ва Имон кадом аст. Лекин мо Қуръонро нӯр қарор додем, ки бо василаи Он ҳар кас аз бандагони Худро бихоҳем ҳидоят мекунем. Ту қатъан (мардумонро бо ин Қуръон) ба роҳи рост раҳнамуд месозӣ(роҳнамои мекунӣ). (Сураи Шуро, ояти 52).

Дар бораи ин мавзӯъ  ва аҳамияти он ибни Қайим барои мо инчунин шарҳ додааст.

Бояд донист, ки ниёз ба Паёмбарон, беш аз ниёзи ҷисм ба ҷон ва чашм ба рушноӣ аст, зеро ба василаи Паёмбарон Худованди бузург шинохта мешавад. Дар ҳоле, ки бидуни шинохти Худованд на ҷоне ҳаст, на нуре ва на чашме. Ғайр аз Паёмбарон низ роҳе барои шинохти Худованд нест. Ин аст ҷойгоҳи Паёмбарон дар замин. Ба тавре, ки бидуни онҳо ҳаргиз Худовандро нахоҳем шинохт. Дар ҳоле, ки шинохти Худованд рози ҳастӣ аст ва касе, ки Худоро нашиносад, мурдае аст дар миёни зиндагон. (Достони Паёмбарон, саҳ  51).

Дар инҷо ибни Қайим натиҷаи пардохтан ба достонҳои Паёмбаронро шинохти Худованд медонад. Агар мо ба зандагии Паёмбарон напардозем шинохти мо нисбат ба Худованд суст мешавад ва зиндагии бе рӯҳу ҷон ва сардаргум хоҳем дошт.

Ҳоло то инҷо бояд фаҳмида бошем, ки ин мавзӯъ чӣ қадар муҳим ва зарурӣ аст. Баёни достонҳои паёмбарон вақте аҳаммият пайдо мекунад, ки мо аз ин достонҳо дарси ибрат бигирем ва битавонем онро дар зиндагии худ татбиқ диҳем. Ва аз ин роҳ битавонем барои мушкилоти худ роҳи ҳалле пайдо кунем.

Дар ҳақиқат дар ин таҳқиқ қасд дорем дар ҳафт бахш, ҳадаф ва роҳҳои расидан ба зиндагии беҳтарро аз достонҳои паёмбарон, ки дар Қуръони Карим омадааст баён кунем.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед