Достони паёмбарон (Ҳадафи дуввум)

0
28

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар достонҳои онҳо(паёмбарон) ибрат вуҷуд дорад

Ҳамонтавре ки дар бахши аввал зикр шуд, ҳадафи аввал аз баёни достонҳои паёмбарон, ки Худованд ба Расулаш фармуд: дилатро ва дили мӯъминонро бо достонҳои паёмбарон маҳкам ва устувор месозем. Дар бахши дуввум ҳадафи баёни достонҳои паёмбаронро Худованд панду ибрат гирифтан медонад.

Ҳадафи дуввум аз ироаи  достонҳои паёмбарон  ба даст овардани ибрат, панд ва дарсҳои баргирифта аз ҳар достон аст, то аз онҳо ёд бигирем ва аз онҳо дар тамоми ҷузъиёти зиндагии худ истифода кунем.

Ба ин тартиб ногузир бояд дар ин сухани Худованд бияндешем, ки мефармоянд:

لَقَدْ كَانَ فِي قَصَصِهِمْ عِبْرَةٌ لِأُولِي الْأَلْبَابِ ۗ مَا كَانَ حَدِيثًا يُفْتَرَىٰ وَلَٰكِنْ تَصْدِيقَ الَّذِي بَيْنَ يَدَيْهِ وَتَفْصِيلَ كُلِّ شَيْءٍ وَهُدًى وَرَحْمَةً لِقَوْمٍ يُؤْمِنُونَ

“Ба ҳақиқат дар саргузашти онон, (яъне Юсуф ва бародарон ва дигар паёмбарон ва ақвоми имондор ва беимон дарсҳои бузург) ибрат барои ҳамаи хирадмандон аст(ончи гуфта шуд) як афсонаи сохтагӣ(ва достони хиёлӣ ва дуруғин) набуда, балки ( як ваҳйи бузурги осмонӣ аст, ки) китобҳои ( асили анбиёи) пешинро тасдиқ ва паёмбарони (ростин)-ро таъйид мекунад  ва баёнгари ҳамаи чизҳое аст,ки ( инсонҳо дар саодат ва такомули худ ба онҳо ниёз доранд ва ба ҳамин далел мояйи) ҳидоят ва раҳмат барои( ҳамаи) касоне аст, ки имон меоваранд.”(Сураи Юсуф, ояти 111).

Ибрат дар луғат ба маънои таъбир кардан, тафсир кардан, (аз рӯд, дара, об) гузаштан, сипарӣ шудан, убур кардан, санҷидан ва … . (Фарҳанги муъосири араби форсӣ, саҳ 710).

Паёмҳое, ки аз ин оят ба даст меояд ба бахше аз онҳо ишора мекунем:

  • Баён аз достонҳои Қуръони ибрат ва пандомӯзӣ аз онҳост.
  • Ибратомӯзи аз достонҳои қуръонӣ, махсуси як замон нест.
  • Достонҳои Қуръони Карим баёни воқеият ва ибратомӯзӣ аст.
  • Қуръони Карим ҳидояти маҳз ва омехта бо ҳеҷ залолате нест.
  • Достонҳои қуръонӣ барои худсозӣ ва тақарруб ба Худо аст.
  • Гуфтори рост ва воқеӣ, таъсири зиёд ва босазое дорад.
  • Танҳо хирадмандон аз достонҳои қуръонӣ панду ибрат мегиранд.

Агар тамоми оёти Қуръони Карим шомили амр ва наҳй ва ё нуктаҳои ахлоқӣ мебуд, шояд ҷазобияти чандоне барои инсонҳои мухталиф бо салиқаҳои мухталифро доро намебуд, аз ҳамин ҷиҳат яке аз роҳҳои панду ибрат ва баёни нуктаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дар Қуръон баёни мисолҳо ва баёни ҳикоятҳои гузаштагон мебошад, то аз онҳо панд гирифта дар зиндагиямон дучори ноумедӣ нашавем.

Натиҷа

Аз ояти боло чунин натиҷа мешавад гирифт, ки достонҳои Қуръони Карим барои ҷӯяндагони ҳақиқат, аҳли имон ва хирадмандон мояи ибрат, ҳидоят ва раҳмат мебошад. Нуктасанҷӣ ва дарс гирифтан ақл лозим дорад, вале раҳмати илоҳӣ имон низ лозим дорад. Ҳадафи бузурге, ки ин оят ба мо меомӯзад ин аст, ки ба ақл мегӯяд: вазифаи аввали ту тааққул ва фаҳмидан ва ба онҳо амал карда, ибрат гирифтан аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед