Достони Паёмбарон(ҳадафи шашум)

0
12

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

То Қуръонро бифаҳмем

Ҳадаф аз баррасии достонҳои пайғамбарон, ки дар Қуръон омадааст фаҳму дарки саҳеҳ ва амиқ аз китоби Худо мебошад. Чуноне ки қаблан баён намудем тақрибан як севвуми Қуръони Карим достонҳои пайғамбарон аст. Мутаассифона баъзе аз афрод ҳастанд, ки фикр мекунанд набояд ба китоби Худованд даст зад ва ҷуръат намекунанд ба он наздик шаванд ва баъзе дигар бошад онро китоби розу рамзҳое медонанд, ки наметавонанд аз он чизе бифаҳманд ва муаммои онро ҳал кунанд.

Бархе дигар ба вижа ҷавонон худро мутмаин сохтаанд, ки миёни онҳо ва Қуръон пардаҳои бепоёне вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат аст, ки мебинем вақте китоби Худоро мехонанд, пиндорашон ин аст, ки ҳеҷ чизро намефаҳманд.

Дар инҷост ки бо баёни достонҳои пайғамбарон тилисми фосилаи байни афрод ва китоби Худо шикаста мешавад ва ин сабаб мешавад, ки китоби Худоро бихонем, бифаҳмем ва дарк кунем ва бо он чӣ гуна таомул намоем ва ҳамаи пардаҳоеро ки миёни мо ва он ҳоил шудаанд, аз байн бардорем.

Фикру андеша яке аз рукни аслии инсоният мебошад ва қивоми инсон ҳам ба он аст ва ҷойгоҳи ақлу андеша низ бар касе пӯшида нест, ҳамон тавре ки дар ояти шарифа омадааст:

فَاقْصُصِ الْقَصَصَ لَعَلَّهُمْ يَتَفَكَّرُون

“Пас ин достонро барои онҳо нақл кун, бошад ки андеша кунанд. (Сураи Аъроф, ояти 176).

Ба сурати возеҳ ва равшан мебинем, ки дар ин оят бар андешидан ба воситаи қисса ва достон таъкид шудаааст, Худованд ба расулаш мефармояд, ки бар онҳо достонро ҳикоят кунад шояд, ки бияндешанд.

Дар инҷо метавонем натиҷа бигирем ки роҳнамои мо дар баррасии достонҳои пайғамбарон китоби Худо мебошад. Пас китоби Худо марҷаъ ва манбаи аслӣ аст.

Ҳадафи ҳафтум

Ғафлатзудоӣ ва ислоҳи хонавода

Бедорӣ ва ҳушёрӣ шарти аввали зиндагӣ аст ва достонҳои қуръонӣ низ дар садади бедории афрод ва умматҳо мебошад. Чуноне ки Худованди Мутаол мефармояд:

نَحْنُ نَقُصُّ عَلَيْكَ أَحْسَنَ الْقَصَصِ بِمَا أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ هَٰذَا الْقُرْآنَ وَإِنْ كُنْتَ مِنْ قَبْلِهِ لَمِنَ الْغَافِلِينَ

“Мо беҳтарин саргузаштро ба сабаби ин Қуръон, ки ба Ту ваҳй кардем бар Ту ҳикоят мекунем ва Ту бе тардид пеш аз он аз бехабарон будӣ.” (Сураи Юсуф, ояти 3)

Иборати وَإِنْ كُنْتَ مِنْ قَبْلِهِ لَمِنَ الْغَافِلِينَ  дар ин оят ба хубӣ нишон медиҳад, ки ин достон ҷиҳати ғафлатзудоӣ омадааст. Бинобар ин яке аз аҳдофи баёни достонҳои қуръонӣ баёни ҳақиқат ва ғафлатзудоӣ мебошад.

Ҳадафи ҳафтум ва поёнии мо аз баррасӣ ва баёни достонҳои паёмбарон ислоҳи хонаводаҳо аст ва ин амр ба сурати ошкор дар маъноҳои зебо ва баёнгари достонҳои паёмбарон намоён мешавад.

Масалан ҳазрати Иброҳим падаре аст, ки ба писараш таваҷҷӯҳ мекунад ва ба тарбияти вай аҳаммият медиҳад, дар натиҷа Исмоил(а) як пайғамбар мешавад. Ё ҳазрати Довуд(а) равиши Иброҳим(а)-ро пайравӣ мекунад ва писари Ӯ низ Сулаймон(а) ҳам пайғамбар мешавад.

Дар қиссаҳои қуръонӣ метавон равишҳои зиндагиро ёд гирифт ва дар айни инсон мондан ба бақоӣ ҷисм ва рӯҳ андешид. Аз баҳраҳои достонҳои қуръонӣ ин аст, ки равишҳои зиндагиро дар пеши рӯйи инсон ба таври мисолӣ намоиш медиҳад, то бо равшание, ки ба андеша мерасад онро эҳсос кунад.

Достонҳои паёмбарон ба мо нишон хоҳанд дод, ки хонавода ҳар қадар бар асоси тақво ва имон бино шуда бошад, ногузир бояд монанди дарахти покизае бошад, ки самараи худро хоҳад дод. Ҳамчунин метавон дид, ки чӣ гуна мушкилоти мо аз миёни достонҳои паёмбарон ҳал хоҳад шуд. Қиссаҳои қуръонӣ манбаи ғанӣ ва саршоре барои ҳалли мушкилоти хонаводаҳои мо аст.

Натиҷа

Достонҳои паёмбарон воқеияте ҳастанд, ки ҳар рӯз дар зиндагии мо такрор мешаванд. Зеро ин достонҳо рӯйдодҳои мушобеҳе ҳастанд, ки танҳо қаҳрамонони онҳо тағйир мекунанд. Вақте мо зиндагии худро баррасӣ мекунем, мебинем ки достони ҳазрати Юсуф ва фитнаангезии ҳамсари азизи Миср дар ҳар ҷо ва дар ҳар замоне такрор мешавад. Достонҳои дигари қуръонӣ ҳам ба ҳамин сурат мебошад. Таърих худро такрор мекунад. Пас афроди боҳӯш касоне ҳастанд, ки аз ин достонҳо дарс биомӯзанд ва дар зиндагии ояндаи худ аз он баҳра бигиранд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед