Достони паёмбарон(ҳадафи севум)

0
26

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ба ҳидояти паёмбарон иқтидо  кун

Иқтидо ва пайравӣ кардан аз паёмбарон  ҳадафи мо дар ин бахш мебошад ва пеш аз онки дар мавриди ҳадафи севум матлаберо зикр кунем, мехоҳем маънои иқтидоро баён кунем.

Маънои иқтидо

Ин вожа ба маънои  пайравӣ ва иқтидо  кардан аст (Фарҳанги муосири арабӣ-форсӣ, саҳ 134). Тақлид, мутобиат, пайравӣ кардан, намоз хондан пушти сари пешнамоз (Луғатномаи, Деҳхудо, бахши иқтидо).

Ҳадафи севуми мо (иқтидо кардан ба ҳидояти паёмбарон) ин баррасӣ, аз ду ҳадафи қаблӣ (дилатро бо достонҳои паёмбарон  устувор месозем) (дар достонҳои паёмбарон ибрат вуҷуд дорад)  кам аҳаммияттар нест, балки аҳаммияти он бештар аст, ба вижа барои ҷавонон. Чун ин ҳадаф марбут ба улгӯ аст.

Паёмбарон барои мо улгӯ мебошанд ва ин нуктаи муҳимме аст, ки мо дар ин рӯзгор онро гум кардаем, чун мафҳуми улгӯ дар назди ҷавонон тағйир карда ва ташхиси роҳ аз чоҳ барои онҳо мушкил гаштааст.

Ҳадафи мо аз баёни ин суханон ин аст, ки ҷомеъаи башариро дӯстдори паёмбарон созем ва достонашонро бозгӯ карда ва онҳоро улгӯе дар зиндагӣ қарор диҳем ва ин орзӯест, ки аз Худованди Субҳон дархост мекунем онро ба амал табдил созад.

Юсуф ва Марям  улгӯ ҳастанд!

Чи хушбахт ва хушҳолам аз писари ҷавоне, ки ба маҳзи шунидани достони Юсуф ба Ӯ муҳаббат пайдо кард ва бо он иртибот барқарор намуд ва ҳазрати Юсуфро  улгӯи худ дар зиндагиаш қарор дод. Ӯ дар ҳазрати Юсуф намунаи покдоманӣ, покӣ, бовафоӣ, гузашт аз гуноҳи дигарон ва бартариро ёфт.

Чи саодате барои духтари ҷавоне, ки Ҳазрати Марями Узроро (душиза) улгӯи худ қарор дода, ба ӯ муҳаббат пайдо кард ва дар саросари зиндагии худ ба вай иқтидо намуда, аз Ӯ пайравӣ кард.

Ҳазрати Иброҳим улгӯи дигарест!

Ҳамеша падару модарон дар фикри ояндаи фарзандонашон ҳастанд, ки ояндаи онҳо ба чӣ сурат хоҳад буд. Чӣ гуна зиндагии хуб ва ороме барои онҳо фароҳам кунанд? Фикр мекунанд бо вуҷуди ин ҳама сахтие, ки дар ҷомеъаи имрӯзӣ бо он рӯ ба рӯ ҳастанд ва бо улгӯҳои номатлубе, ки аксари ҷавонон аз онҳо пайравӣ мекунанд, ҳақ доранд, ки аз ояндаи фарзандонашон нигарон бошанд.

Эй падарон ва модарон! Акнун фурсате барои шумо фароҳам шудааст, фурсати иқтидо ва пайравӣ ба ҳазрати Иброҳим(а), то аз он ҳазрат  ёд бигирем чӣ гуна ба Худованд таваккул карда дар зиндагиамон муваффақ гардем.

Пас аз он ки он ҳазратро ба даруни оташ афканданд нигоҳ кунем, ки чӣ гуна эътимод, итминон ва таваккал ба Худои хеш дорад.

Дар инҷо мехоҳем ёдоварӣ кунем, ки ҳазрати Иброҳим(а) бо тамоми сахтиҳое, ки дошт Худовандро фаромӯш накард ва танҳо аз Ӯ кӯмак хост, пас мо ҳам ба Ӯ иқтидо  карда дар мушкилот ба Худо таваккул кунем. Ҳамчуноне, ки Худованд дар Қуръони Карим дар ин маврид мефармояд:

حَسْبُنَا اللَّهُ وَ نِعْمَ الْوَکیلُ

“Худованд моро бас аст ва неку ҳимоятгаре аст”.(Сураи Оли Имрон, ояти 173)

Ё дар ҷойи дигар мефармояд:

أُولَٰئِكَ الَّذِينَ هَدَى اللَّهُ ۖ فَبِهُدَاهُمُ اقْتَدِهْ ۗ قُلْ لَا أَسْأَلُكُمْ عَلَيْهِ أَجْرًا ۖ إِنْ هُوَ إِلَّا ذِكْرَىٰ لِلْعَالَمِينَ

Онон касоне буданд, ки Худо ҳидояташон кард, пас ба ҳидояти онон иқтидо кун бигӯ: барои ин (рисолат) аз  шумо музде намехоҳам, ки ин ҷуз панде барои ҷаҳониён нест.” (Сураи Анъом, ояти 90)

Вақте ба оятҳои пеш аз ин ояте, ки зикр шуд, нигоҳ мекунем дар онҷо номи ҳаждаҳ паёмбарро хоҳем ёфт, ки Худованд эшонро ҳидоят кардааст ва ба паёмбар низ фармони “ба ҳидояти  онон иқтидо кун”-ро додааст.

Дустони гиромӣ! Паёмбарон улгӯҳои мо ҳастанд, бо диққат ва тааммул дар достони ҳар паёмбар, роҳи муборизаталабӣ  бо нафс, мубориза бо ҳукуматҳои золим ва мубориза бо ҳар ончи, ки амали кардани он сахт ё гумон мекунем душвор аст-ро меёбем. Пас бо тааққул  дар достони ҳар паёмбар аз онҳо ибрат гирифта алайҳи нафси аммора ва зулму ситамгарӣ мубориза бурда ва роҳи онҳоро идома диҳем.

Натиҷа

Мо дар инҷо мехоҳем хотирнишон кунем, ки достони паёмбарон нуре аст дар ин ҷаҳони зулмонӣ барои ҳидояти башар ва пайравӣ аз онҳо инсонро ба саодат ва камол мерасонад. Ҳамчунин достонҳои паёмбарон манбае барои ахлоқи некӯ, ибодот, ислоҳи қалб, шукуфои истеъдодҳо ва  мубориза алайҳи зулму ситамгарӣ мебошанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед